Skip to main content

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои 2020 – 2040 – Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидааст.

Олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, дар ин самт як қатор корҳои муҳимро ба анҷом расонида истодаанд.

Имрӯз (25.12.2024) бо мақсади тақвияти корҳо дар ин самт бо дастуру пешниҳодҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ семинари илмӣ бахшида, ба солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.

Дар аввал директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. баромад намуда, оиди заҳмату ғамхориҳо барои пешрафти илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданаш, ки ин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушд ва инкишофи устувори кишвар гувоҳӣ медиҳад минатдорӣ баён намуданд.

Инчунин Раҳимзода А.О. қайд намуданд, ки барои рушд ва равнақ ёфтани илмҳои табиатшиносӣ заҳмату талошҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт беандоза буда, як қатор корҳоро барои рушд намудани ин фанҳо ба анҷом расониданд ва дар баланд бардоштани илми тоҷик кушишҳо ба харҷ дода истодаанд, низ минатдорӣ баён намуданд.

Дар семинар д.и.ф.м. Каримов Умед Хилолович бо мавзуи васеъи илмиашон баромад намуданд, ки хеле пурмӯҳтаво буд.

Инчунин академики АМИТ д.и.ф.м., профессор Илолов М. , академики АМИТ д.и.ф.м., профессор Шабозов М. ва узви вобастаи АМИТ д. и.ф.м. профессор Исҳоқов С. А. оиди мавзуҳои пешрафти илмҳои дақиқ ва риёзӣ ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» суханронӣ намуданд.

Дар семинари илмӣ якчанд намоядангон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва инчунин кормандони илмии институт, магистрон ва доктарантон (PhD) иштирок варзиданд.