Skip to main content

Имрӯз, 1 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, кормандон ва олимони соҳаи кишоварзӣ иштирок намуданд. Қабл аз оғози чорабинии идона президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону кормандон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои назди Академия, инчунин дастовардҳои илмӣ-тадқиқотии олимони соҳаи кишоварзӣ боздид намуданд.

Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш бори дигар тамоми олимони кишварро ба фарорасии ҷашни Меҳргон табрик намуда, таъкид кард, ки ин иди бостонӣ ифодагари фарҳанги куҳан, меҳнатдӯстӣ, фаровонӣ ва эҳтиром ба заҳмати деҳқон мебошад. Таъкид гардид, ки дастовардҳои илмии олимони кишвар, бахусус дар самти инноватсияҳои кишоварзӣ, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ нақши муҳим доранд.

Гуфта шуд, ки ҷашни Меҳргон на танҳо рамзи фаровонӣ ва ҳосили пурбаракат аст, балки ҳамчун ҷузъи муҳими тамаддуни ориёӣ ҷойгоҳи хоса дар фарҳанги миллӣ дорад. Таъкид гардид, ки арзишҳои Меҳргон, аз қабили меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба табиат, фазилати накӯкорӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати деҳқонон, дар шароити муосир низ аҳамияти хоса доранд ва барои таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим мебозанд.

Дар идома барои болидарӯҳии кормандон барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он сарояндагони ҷавон бо суруду навозишҳои миллӣ фазои идона ва рӯҳбаландро фароҳам оварданд.