Skip to main content

Бахшида ба 100-солагии пойтахт эълон намудани шаҳри Душанбе

Ҳар пойтахте ба таври куллӣ бо пойтахтҳои дигар кишварҳо шабеҳ мебошад, чунки тамаддунҳо дар таърихи башар бо якдигар шабоҳат доранд. Гузашта аз ин, ҳар пойтахте зимни баррасиҳои пайваста ба таври куллӣ бо мардумаш мушаххас мешавад, чунки шаҳрҳоро тибқи анъана тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии сокинонаш баҳогузорӣ мекунанд.

Аз ин хотир, масали мардумӣ низ ҳаст, ки агар хоҳед аҳволи миллате ва давлатеро пай бубаред, ҳатман ба бозорҳояш равед, чунки дар бозорҳо одамон ҷамъ шуда, авзоро баррасӣ мекунанд. Илова бар ин, дар шаҳрҳое, ки мақоми пойтахти давлатҳоро соҳиб мебошанд, ё худ бо ҳар баҳона диққати хориҷиҳоро ба хеш ҷалб намудаанд, аз лиҳози тартиби иқоматкунандаҳояш ба аносири милливу хориҷӣ ҷудо мешавад, аммо хориҷиҳое, ки дар дилхоҳ пойтахт зиндагӣ мекунанд, дар асл ба хориҷиҳо монанд намебошанд. Аз рӯйи ин шабоҳатҳо метавон шаҳри Душанберо бо дигар шаҳрҳо ва пойтахтҳо муқоиса намуд, ки дар гузашта тибқи сарчашмаҳои таърихӣ маркази тамаддун ва иқоматгоҳи афроди шуҷову матинирода буда, имрӯз ба мартабаи ҷанини илму маърифат ва ҷавлонгаҳи фарҳанги миллӣ баррасӣ мешавад.

Яке аз китобҳое, ки ин андешаро исбот мекунад, бо унвони “Душанбе - қалби Тоҷикистон” Душанбе соли 2021 нашр гардидааст ва ҳадафи камина аз ин навиштаҳо мақолаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо номи “Бунёдкорӣ - рукне аз фарҳанги миллии тоҷикон” маҳсуб мешавад. Ба қавли муаллиф, Душанбе чун пойтахти кишварамон дар замони муосир ба яке аз шаҳрҳои соҳибнуфуз ва зебоманзари дунё табдил ёфтааст. Маҳз соҳибфарҳангӣ ва аз тамаддун бохабар будани тоҷикон онҳоро дар шаҳрсозӣ муваффақ гардонидааст: “Мусаллам аст, ки тоҷикон дар паҳнои таърих ҳамчун миллати шаҳрдору шаҳрсоз эътироф шудаанд ва ба гаҳвораи тамаддуни инсоният шоҳкориҳои нодиреро мерос мондаанд. Хушбахтона, ин асолатро онҳо давоми садсолаҳо боз побарҷо нигоҳ дошта, бо риояи накутарин анъанаҳо то ба замони мо расондаанд. Ба таври дигар, тоҷикон ҳар куҷое пой ниҳоданд, он маконро дар партави сарҷамъиву иттиҳод ва нангу номуси миллӣ ба мавзеи ободу зебо табдил доданд. Ҳамин аст, ки миллати моро Ҷаҳониён ба сифати мардуми ободгару созанда ва шаҳрсозу шаҳрдор мешиносанд ва эҳтиром мекунанд” (саҳ. 68).

Айни замон бобати шаҳрсозиҳо бештари муҳаққиқон машғул гардида хоҳишҳое пайдо мешаванд, ки тибқи онҳо таҳияи илми воҳид дар бораи пойтахтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Масалан, ибораи “шаҳри оқил” имрӯз дар аксар шаҳрҳо мушоҳида шуда, раванди навсозии шаҳрсозӣ падид омадааст. Шаҳр ҳамҷун як падида мавзӯи омӯзиши амиқ буд ва боқӣ мемонад, зеро маҳз дар шаҳр соҳаҳои асосии ҳаёти инсон мутамарказ шудаанд. Дар илм тамоюлҳое ҳастанд, ки мувофиқи онҳо хусусиятҳои рушди пойтаҳт ва шаҳрҳои музофотӣ дар мавзуъҳои алоҳида баррасӣ карда мешаванд ва ин бо он шарҳ дода мешавад, ки мақоми шаҳр бештар тақдири тараққиёти онро муайян мекунад. Бисёр шаҳршиносон таҳқиқоти ҳудро ба омӯхтани пойтахтҳо бо мақсади ташхиси хусусиятҳои маданию таъриҳии дар он ба амаломада мебахшанд. Чунки тибқи анъана, пойтаҳт на танҳо шаҳри асосии ҳар як давлат, балки ҳамҷун маркази иқтисод, фарҳанг ва ҳамҷун ташаббускори фаъолияти инноватсионӣ дар кишвар маҳсуб мешавад. Пойтахт ҳамҷун як падидаи гуногунҷанба аз мавҷудияти равишҳои зиёде ба омӯзиши он шаҳодат медиҳад. Дар ин бобат, ки Душанбе чун маркази бунёдкорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ кадом дигаргуниҳоро ба худ касб намудааст, профессор Қобилҷон Хушвахтзода чунин менигорад: “Дар ин миён шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маркази воқеии ташаббусҳову бунёдкориҳо табдил ёфта, симои ҳудро комилан дигар намуд. Акнун он ба шаҳри умеду орзуҳо табдил ёфта, аз шаҳрҳои замонавии давраи нави инкишофи инсоният мондание надорад. Душанберо имрӯз ҷаҳониён ҳамҷун маркази бузурги илму фарҳанг ва таъриҳу тамаддуни давлати Тоҷикистон мешиносанду медонанд ва орзуи боре ҳам ба он сафар кардану аз наздик шиносоӣ бо онро доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик ба бузургшаҳрҳои кишварҳои гуногуни Ҷаҳон ҳампо гашта беҳтарин анъанаҳои шаҳрсозии тоҷиконро дар худ инъикос мекунад” (саҳ. 68).

Муаллиф дар мақола нақши Сарвари давлатро дар рушду такмилёбии меъморӣ ва шаҳрсозӣ таъкид намуда, ба хулосае меояд, ки дар бартариҳои пойтахт саҳми сокинонаш кам нестанд. Чунки ҳар шаҳре тибқи мавқеъ ва тарзи зисту зиндагонии сокинон муаррифӣ мешавад. Зимни баррасӣ ва таҳқиқи хусусиятҳои хосси пойтахтамон, метавон хулоса кард, ки тафовути он аз шаҳрҳои минтақавӣ дар татбиқшавии фарҳанги пешқадам аст. Пойтахт ҳамчун намуна ва рамзи ҳама чизи пешқадам ва идеалӣ ғояву зебоии худро тавассути замону фазо мебарад, ба пеш саъй мекунад ва монеаҳои сари роҳро пай намебарад. Маҳз ҳамин омил, ки нақши созандаро дорост, ба шаҳри Душанбе нисбат дода мешавад ва ба ибораи профессор Қобилҷон Хушвахтзода, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ, ки дар пойтахт қомат афрохтаанд, омили ҷалбшавии ҷавонони минтақаҳо ба пойтахт мегардад: “Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки миёни ин ҳама ташаббусу корҳои созандагӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва хусусан шаҳри Душанбе, таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба таъмиру таҷдид ва сохтмони муассисаҳои таълимии сатҳҳои гунотун махсус арзёбӣ мешавад. Хосатан, дар замони соҳибистиқлолӣ нисбат ба ин масъала чораандешиҳои саривақтӣ амали гардида, шумораи зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олин касбӣ сохта ба истифода дода шуданд. Худ қазоват намоед, ки агар дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ миқдори донишгоҳу донишкадаҳо дар саро- сари кишвар ҳамагӣ 13 ададро ташкил медоданд, имрӯз танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе 19 мактаби олии тахассусӣ фаъолият доранд” (саҳ. 69).

Бинобар андеша ва баррасиҳои муаллиф, дар рушди ҳамаҷонибаи шаҳри Душанбе нақши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле қобили қабул ва бо қаноатмандии хос арзёбӣ гардидааст. Дар воқеъ, аксар биноҳои баландошёна ва тарҳи нави муассисаҳо бо дарназардошти меъморӣ ва намуди зоҳирии онҳо дар солҳои охир пазируфта шуда, пойтахтамонро дар қатори бузурггарин пойтахтҳои ҷаҳон муаррифӣ хоҳад кард. Бинобар ин, профессор Қобилҷон Хушвахтзода нақши калидии Раиси шаҳрамонро дар самти бунёдкориҳои камназир таъкид намудааст: “Бо ибтикору раҳнамоии Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба яке аз пойтахтҳои зеботарини дунё табдил хоҳад ёфт, ки ин иқдоми наҷиб барои рушду такомули илму фарҳанги миллати сарбаланди тоҷик заминаи мусоид фароҳам меорад. Симои пойтахт ба таври куллӣ дигаргун гардида, бунёди инфрасохтори муосир шароити зисти бошандагони ин шаҳри биҳиштосоро беҳтару хубтар месозад” (саҳ. 69).

Тағйироти босуръати иҷтимоӣ боиси мушкилисозии эътимоди шахс гардида, ҳангоми кӯшиши муайян кардани шахсияти худ, одамон ба таснифоти равшантарин, аз ҷумла ҳудудӣ муроҷиат мекунанд. Ин, дар навбати худ, масъалаи ҳуввияти шаҳрнишиниро актуалӣ месозад. Хусусияти шаҳр ҳамчун субъекти иҷтимоӣ мавҷуд набудани як ҷомеаи ягонаи шаҳрӣ ҳамчун манбаи намунаҳои якхела барои муайянкунӣ мебошад. Ҷомеаи иттилоотии муосир танҳо гуногунии мавҷудаи сокинони шаҳр ва ҷамоатҳоро афзоиш медиҳад. Аз ин рӯ, ғояҳои аслии шахсият аслан ғояҳо дар бораи шаҳр мебошанд. Яъне, шаҳр макони густариши ҳуввият аст ва инсон дар шаҳр зиста, чун шахсият такмил меёбад. Бинобар ин, фақат пойтахт имкон фароҳам меорад, ки тафаккур ва ҳуввияти миллӣ ташаккул ёфта, маркази ҳимояи манфиатҳои миллӣ гардад. Ба ибораи дигар, пойтахти кишварамон маркази бунёдкориҳо буда, имкон фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон на аз рӯйи мансубияти маҳалли, балки аз дидгоҳи созандагӣ мавқеи сазоворро интихоб кунанд. Яке аз вижагиҳои ҳуввияти шаҳрнишинӣ дар замони муосир мубориза алайҳи падидаҳое маҳсуб мешавад, ки мафкураи рустоиро дар шаҳр тақвият мебахшанд. Аз ин хотир, бунёдкорӣ роҳи асосии пешрафти шаҳрамон буда, тибқи андешаҳои муаллиф, роҳи таъмини рушди бемайлон шинохта мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки баррасӣ ва таҳқиқи худогоҳии миллӣ тибқи андешаи сокинони пойтахт сурат гирифта, таваҷҷуҳ ба он торафт меафзояд, чунки имконоти пойтахт назар ба минтақа фарқ карда, хусусиятҳои ободкорӣ бештар дар шаҳрҳо густариш ёфтаанд. Бинобар падидаҳои навин дар сохтори меъморию корезии шаҳрҳо усули такмил додани бахши ақлии шаҳрҳо нуфуз пайдо кардааст ва ин омилҳоро ба инобат гирифта, метавон пойтахтамонро ба яке аз шаҳрҳои муосиртарин табдил дод.

Ширин Қурбонова - доктори илмҳои таърих

Рӯзи пойтахт муборак, ҳамдиёрони азиз!

Рӯйхати адабиёт:

Душанбе қалби Тоҷикистон III. – Душанбе, 2021. – 344 саҳ.

Сомона: www.hhdt-shohmansur.tj 16.04.2024

Иди Меҳргон, дар баробари Иди Наврӯз, Иди Сада яке аз ҷашнҳои муҳими фарҳангӣ, ҷашни аҷдодии мардуми форсизабон ба ҳисоб меравад. Меҳргон ба монанди Иди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои бостонӣ ва инкишофи тамаддуни башарист.

Меҳргон ҷашни фаровонию ҷамъоварии ҳосилот дар фасли тирамоҳмебошад. Калимаи «меҳр» ба маънои рушноӣ, дӯстӣ, муҳаббат ва гармӣомада, дар ин рӯз кишоварзон ба ҷамъоварии ҳосил шурӯъ мекарданд. Ин ҷашн рӯзи 16-и меҳр, ки онро рӯзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст ва таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад. «Иди Меҳргон дар баробари Сада ва Наврӯз дар сарзамини ориёӣиди бузург ҳисобида шуда, бо риояи расму оинҳои қадимаи ориёӣгузаронида мешудаст».

«Доир ба пайдоиши иди Меҳргон ривоятҳои гуногун низ то ба мо омада расидаанд. Меҳр номи Офтоб буда, дар ойини Сосониён дар Меҳрмоҳтоҷеро, ки сурати Офтоб дар он буд, ба сар мегузоштанд. Муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣпайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ– Ҳурмуз дар ин самт қадамҳои аввалинро гузошт ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуд, ки дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид.»

«Мутобиқи солшумории яздигурдӣ, ки бо ибтикори шоҳЯздигурди Шаҳриёр давоми асрҳои IV-VI тақвими маъмурии шоҳони Сосонӣбуд, моҳи панҷуми сол Меҳр ном дошт. Ин моҳ дар байни мардуми мо бо номи Мизон ҳам маъмул буда, давомнокиаш 30 рӯз аст ва аз 23 сентябр то 22 октябр давом мекунад».

«Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд.

Мувофиқи ойини гузашта­гонамон, дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, пас аз ҷамъоварии ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст.»

Ҳар сол бо дарназардошти ин ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои гуногуни меваю сабзиҷот, консерву оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мешавад.

Дар бораи мавҷудияти «Иди Меҳргон» дар ноҳияҳо ва водиҳои дигари Тоҷикистони имрӯза низ маълумотҳои зиёде мавҷуданд. Дар рӯзи Иди Меҳргон мардум дастархон меоростанд ва занони ҳунарманд аз ҳафт намуди зироат нону ғизо пӯхта бо ҳафт меваи меҳргонӣ, ки неъмати худовандӣ ва боиси бақои инсонӣ аст хони идона, меоростанд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ ширинӣ аз ҳар намуди меваҷот, ҳамчунин таомҳое, ки бо зироатҳо тайёр мешаванд ба монанди: ширбиринҷ, далда, мошкичири ва ғ. мегузоштанд. Сарчашмаҳои кӯҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки мардум дар ин рӯз пироҳани идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик менамуданд.

Дар манобеи хаттӣ, аз ҷумла «Авасто», «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дар дигар асарҳо дар бораи ин ид маълумоти зиёд оварда шудааст. Мардумшиносӣ машҳур Н.А.Кисляков қайд намудааст, ки «Меҳргон дар баробари Сада ва Наврӯз дар сарзамини ориёӣ иди бузург ҳисобида шудааст».

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон марҳалаи тозаеро боз намуд. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳмонда шудааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояш бо зиёиёни кишвар ҷашни Меҳргонро аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон хонда, чунин иброз доштанд «Меҳргон яке аз кӯҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣва меҳру садоқат аст.»

Таҷлили расмии Меҳргон ва дигар ҷашнҳои миллӣгувоҳи равшани он аст, ки миллати кӯҳанбунёди мо рӯба омӯзишу эҳёи арзишҳои гузаштаи фарҳангии худ овардааст ва ҳифзу гиромидошти онҳоро вазифаи бошарафи хеш медонад. Оид ба пайдоиш ва густаришу бузургдошти Меҳргон мутафаккирони барҷастаи Шарқу Ғарб чунин ибрози назар намудаанд. Иди Меҳргон ҷашни покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва он шукӯҳу ҷалоли дурахшони тамаддуни ниёгони мост.

Иброҳимова С. Ҳ. - ходими калони шӯъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

1Сарфи назар аз сафбандии низоми қонунгузорӣ ва мартаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мазмун, таъиноту вазифаҳо, хислатҳои онҳо тибқи мувофиқати онҳо бо Конститутсия муайян мегардад. Низоми қонунгузории миллӣ ва усулҳои асосии ташкилёбии он дар Конститутсия муқаррар гардида, дар қонуни махсус дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муфассал танзим карда мешавад.

23Ҳамаи онҳо бояд дар танзими муносибатҳои мушахаси ҷамъиятӣ рӯҳи Конститутсияро ба асос гиранд. Ҳамзамон Конститутсия зарурияти қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро пешбинӣ карда метавонад, ки ҳолатҳои онро ривоҷ дода тавонанд. Масалан, Конститутсияи ҶТ масъалаҳоеро пешбинӣ кардааст, ки бояд тавассути қонунҳои конститутсионӣ ё қонунҳои ҷорӣ танзим карда шаванд.

Ба ин шумора ҳолатҳои дар қ.4 моддаи 7, қ.3 моддаи 15, қ.4 моддаи 48, қ.4 моддаи 51, қ.5 моддаи 65, қ.5 моддаи 71, қ.4 моддаи 74, қисмҳои 5 ва 6 моддаи 78, моддаи 83, қ.3 моддаи 84, моддаи 92, қ.3 моддаи 95 муқаррар шуда мисол шуда метавонанд. Сарфи назар аз ҳаҷми танзимёбии муносибатҳои ҳуқуқии конститутсионии мазкур, қонунҳои ишора шуда бояд ба мазмун ва рӯҳи Конститутсия мувофиқ бошанд. Қабул ва амалӣ чунин санадҳо амали меъёрҳои конститутсиониро боздошта ва ё халадор карда наметавонанд.

Хусусиятҳои ҳуқуқии Конститутсия. Ҳар кадом конститутсияи ҳуқуқӣ хусусиятҳои хоси ҳуқуқӣ ва сифатҳои Қонуни асосии давлатро дорад. Конститутсия дар қатори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, яке аз навъҳои қонун мебошад ва ба он ҳамаи нишонаҳои қонун хос аст. Хусусияти конститутсия пеш аз ҳама дар волоияти ҳуқуқии он инъикос меёбад. Волоияти конститутсия ба ҳамаи қонунҳои ҳадди гуногун таъсир дорад. Мувофиқи Конститутсия ва қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар низоми қонунгузории ҷумҳурӣ чор намуди қонунҳои зерин пешбинӣ шудаанд: қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда; қонунҳои конститутсионӣ; қонунҳои ҷорӣ ва кодексҳои ҳуқуқӣ. Дар таҷрибаи қонунгузории ҶТ ҳанӯз ҳодисаи қабули қонунҳо ба таври раъйпурсии умумихалқӣ ҷой надоранд. Албатта ба ин гурӯҳи қонунҳо, он қонунҳое, ки ҳадафи тағйиру иловаҳо дохил кардан ба конститутсия доранд, дахл надоранд. Аммо дар ҳолати қабули чунин қонунҳо низ бояд мувофиқати онҳо ба конститутсия ба эътибор гирифта шавад. Мувофиқи тартиби қабул ва қувваи ҳуқуқии худ кодексҳо ва қонунҳои ҷорӣ ҳамвазн буда, фақат бо таркиб ва мазмуни худ фарқ доранд. Дар робита бо ҳамаи ин қонунҳо усули волоияти ҳуқуқии конститутсия риоя карда шуда, мувофиқати онҳо бо конститутсия таъмин карда шавад. Волоияти ҳуқуқии Конститутсия одатан дар матни он қайд меёбад. Мисол мувофиқи моддаи 10 Конститутсияи ҶТ «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад… Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд».

Амали мустақими меъёрҳои Конститутсия (муродифи амали бевоситаи конститутсия) – усулест, ки мувофиқи он меъёрҳои Қонуни Асосӣ мустақиман сарфи назар аз мавҷуд будани қонунгузории тафсилдиҳанда амалӣ карда мешаванд. Дар ҳолати риоя нашудани усули мазкур имкони муроҷиат ба суд барои ҳимояи ҳуқуқи конститутсионӣ вуҷуд дорад. Дар моддаи 10 Конститутсияи ҶТ муқаррар карда шудааст, ки меъёрҳои Конститутсия мустақиман амал мекунанд. Барои амали намудани усули мазкур меъёри конститутсионӣ оид ба танзими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти калон дорад. Дар конститутсияи аксари давлатҳо дар ин хусус меъёрҳои дахлдор вуҷуд доранд. Масалан, дар қисми дуюми моддаи 14 Конститутсияи ҶТ муқаррар карда шудааст, ки «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд». Дар Қонуни Асосии он давлатҳое, ки дар хусуси амали бевоситаи конститутсия меъёр мавҷуд нест таҷрибаи судӣ онро амалан татбиқ менамояд. Дар ин ҳолат презумпсияи (эҳтимоли) амали мустақими конститутсия риоя карда мешавад. Дар ин хусус дар қарори Суди конститутсионии Федератсияи Русия аз 31 октябри соли 1995 ба судяҳо тавсия карда шудааст, ки дар баррасии маводҳо дар ҳамаи ҳолатҳои зарурӣ Конститутсияи ФР-ро ҳамчун санади мустақиман амалкунанда ба асос гиранд.

Адлияи конститутсионӣ (адолати судии конститутионӣ) ибораи ҷамъбастиест, ки низоми мақомот ва расму қоидаҳое, ки имкон медиҳад, мувофиқати санадҳои парлумон, мақомоти воҳидҳои мухторӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, санадҳои ҳокимияти иҷроия ва шахсони хусусиро ба Қонуни Асосӣ тафтиш намояд. Адлияи конститутсионӣ яке аз шаклҳои асосии амалӣ намудани назорати конститутсионӣ мебошад. Назорате, ки дар шакли мурофиаи судии конститутсионии аз тарафи мақомоти судии махсус – Суди конститутсионӣ, инчунин мақомоти квазисудӣ – Шӯрои конститутсионӣ ва баъзе дигарҳо, инчунин худи ин мақомот амалӣ менамоянд. Дар низоми адолати суди адлияи конститутсионӣ шохаи махсус мебошад, чунки дар он мавзӯи (предмети) баррасӣ, мақомоти махсус, тартиби махсуси мурофиаи судӣ ва як қатор хусусиятҳо онро аз дигар мақомоти амаликунандаи адолати судӣ тафовут дошта, мавҷуд мебошанд.

Давраҳои пайдоиш ва инкишофи конститутсияҳои Тоҷикистон. Пайдоиши падидаи Конститутсия ва рушди он дар Тоҷикистон бо таърихи соҳибдавлат гаштани миллати тоҷик дар давраи ҳокимияти шӯравии сотсиалистӣ рост меояд. То давраи аз тарафи Русияи подшоҳӣ забт гардидани мулкҳои Осиёи Миёна ва паҳн кардани низоми ҳуқуқии ҳокимияти подшоҳӣ, низоми ҳуқуқӣ дар ин мулкҳо Шариат ба ҳисоб рафта рукнҳои он ба тарзи ҳаёти мардуми тагҷойи роҳ ёфта буд. Аз ин рӯ, зарурият ба низоми ҳуқуқ ва коидаҳои дунявӣ ҷой надошт. Бо ѓалабаи инқилоби пролетарӣ дар Русия ва ташакулёбии ҳуқуқи типи нави сотсиалистӣ доираи амали он ба ҳамаи мулкҳои дар ихтиёри Русия қарор дошта паҳн карда шуд. Минбаъд бо забт шудани Аморати Бухоро ва хонигарии Хива дар Осиёи Миёна мавқеи шариат бо тадриҷ маҳдуд ва оқибат тамоман бекор карда шуд. Бо таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидо ҳамчун ҷумҳурии мухторӣ (соли 1924) ва табдилёбии он ба ҷумҳурии шӯравии сотсиалистӣ (соли 1929) низоми қонунгузории шӯравӣ дар Тоҷикистон пурра пойдор ва то татбиқи расмиёти конститутсионӣ расид. Вазъи ҳуқуқии ҶМШС Тоҷикистон дар Конститутсияи соли 1929 танзим ёфт. Аммо ин воқеа бо ҳодисаи тағйирбии сохтори давлатии Тоҷикистон рост омад. Кушиши халқи тоҷик ба устувор намудани давлатдории миллии худ тавассути санадҳои давлати иттифоқии шӯравии сотсиалистӣ дар моҳи октябри соли 1929 асоси ташкилёбии (табдилёбии ҷумҳурии мухторӣ ба ҷумҳурии иттифоқӣ) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гардид. Ин ҳодиса тавассути санадҳои таасисдиҳандаи иттифоқии шӯравӣ ва ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуд.

Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон соли 1929. Конститутсияи мазкур давраи нахустини соҳибдавлат гардидани халқи тоҷикро ҷамъбаст ва тавассути санадҳои сиёсӣ-ҳуқуқии дар Анҷуманҳои якум ва дуюми Шӯроҳои ҷумҳурӣ қабулшуда, расмӣ гардиданд. Мувофиқи супориши Анҷумани якуми таъсискунандаи Ҷумҳурии Мухтории Шуравии Сотсиалистӣ (декабри соли 1926) ҳукумати ҷумҳурӣ ба Анҷумани дуюми умумитоҷикистонии Шӯроҳо лоиҳаи Конститутсияи аввалинро тайёр ва пешниҳод намуд. Моҳи апрели соли 1929 Конститутсияи мазкур қабул карда шуд ва дар он дар ҳайати ҶШС Узбекистон бо ҳуқуқи мухторӣ қарор доштани Тоҷикистон ва тавассути он ба ҳайати ИҶШС дохил будани он инъикос карда шуд. Дар рӯзи хотимавии кори Анҷумани дуюм баробари қабули Конститутсия инчунин қарор дар бораи қонеъ гардонидани муроҷиати ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон қабул кардани округи маъмурии Хуҷанд тасдиқ ёфт. Қарори мазкур вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷумҳуриро кулан тағйир дод. Дар ҳамин замина бо анҷомёбии кори Анҷумани дуюм дар ҳудуди ҷумҳурӣ маъракаи сиёсии тарафдори ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани Тоҷикистон идома ёфт ва мардум онро бо рӯҳбаландӣ маъқул шумориданд. Моҳи октябри соли 1929 Анҷумани сеюми фавқуллодаи Шӯроҳои ҷумҳурӣ тавассути Эъломия, Изҳорот ва Қарори табдилёбии ҶМШС Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии иттифоқии шуравии сотсиалистӣ ва бевосита дар ҳайати ИҶШС қарор доштани он расмӣ гардонид. Ин қарорҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори ҶШС Узбекистон ва ИҶШС дастгирӣ ёфтанд. Бо сабабҳои мазкур расман ба амал даромадани аввалин Конститутсияи Тоҷикистон аз байн бардошта шуд.

Конститутсияҳои ҶШС Тоҷикистон солҳои 1931, 1937 ва 1978.

Мувофиқи супориши Анҷумани сеюми Шӯроҳо Раёсати КИМ-и ҶШС Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсияи ҶШСТ-ро пешниҳод намуд ва он моҳи феврали соли 1931 аз тарафи Анҷумани чоруми умумитоҷикистонии Шуроҳо баррасӣ ва қабул гардид. Аммо таҳрири хотимавии он хеле кашол ёфт. Ва барои таҳрир ва такмили меъёрҳои он комиссияи махсус ташкил ёфт ва фақат моҳи декабри соли 1932 бо қарори Раёсати КИМ матни Конститутсия ба чоп расид. Аммо кори мукаммал гардонидани Конститутсияи мазкур идома ёфта, 16 –уми ноябри соли 1934 Раёсати КИМ-и ҷумҳурӣ комиссия навро барои омода кардани таѓйиру иловаҳо ба Конститутсияи мазкур ташкил кард. Таклифҳои комиссия дар ин бора аз тарафи Раёсати КИМ омӯхта шуда, ба Анҷумани 5–уми умумитоҷикистонии Шуроҳо пешниҳод карда шуд. 16 январи соли 1935 таҳрири нави Конститутсияи соли 1931 тасдиқ гардид, ки дар он бисёр меъёр ва ҳолатҳо, таркиби он ба тарзи нав муқаррар гардида буданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳамин давра Конститутсияи ИҶШС соли 1924 ва конститутсияҳои дар асоси он қабул гардидаи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухтории шуравӣ низ дар таҳрири нав тасдиқ карда шуданд. Аммо дар ҳамин асос баъзе олимони шӯравӣ Конститутсияи ҶШС Точикистон соли 1931-ро дар таҳрири соли 1935 Конститутсияи нави ҷумҳурӣ шуморида, идао мекарданд, ки гуё дар ҶШС Тоҷикистон чор Конститутсия қабул шуда бошад. Аммо ин ѓалати маҳз буда, он дар асоси Конститутсияи ИҶШС соли 1924 қабул шуда, то дар амал будани он бекор нашуда буд. Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1931 дар таҳрири соли 1935 ҷойи Тоҷикистонро дар қатори дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ муайян карда, ҳуқуқҳои соҳибихтиё-ронаи онро дар ҳайати ИҶШС танзим намуд.

Конститутсияи дуюми ҶШС Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи ИҶШС соли 1936 дар Анҷумани шашуми Шуроҳои ҶШС Тоҷикистон 1-уми марти соли 1937 қабул карда шуд. Дар он раванди ба анҷомрасии давраи гузариш аз сохтори кӯҳнаи ҷамъияти сотсиалистӣ ба давраи нави рушди давлатдории миллӣ расмӣ гардид. Мазмун ва таъиноти асосии Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1937 ба ҳамин омилҳо робита дошта, раванди рушди давлатдории миллӣ ва заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давраи сотсиализмро инъикос гардонид.

Конститутсияи охирини давраи ҳокимияти шуравии ҶШС Тоҷикистон 14 апрели соли 1978 аз тарафи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ мувофиқи Конститутсияи ИҶШС аз 7 октябри соли 1977 қабул карда шуд. Конститутсияҳои мазкур мувофиқи барнома ва хулосаҳои ҳизби камунист дар бораи давраҳои рушди ҷомеа ва давлати шуравӣ қабул гардиданд. Дар онҳо чунин ҳолатҳо дар бораи аз давраи сотсиализм ба давраи нави рушди он сотсиализми муттарақӣ, давлати меҳнаткашон ба давлати умумихалқӣ, тағйирёбии асосҳоии сиёсӣ, иқтисодӣ, таркиби иҷтимоии давлат ва ҳоказо инъикос гардонида шуданд.

Конститутсияҳои иттифоқии давраи ҳокимияти шӯравӣ. Бо таъсисёбии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ (ИҶШС) дар соли 1922 зарурияти қабули аввалин Конститутсияи умумиитифоқӣ ба вуҷуд омад. То он вақт ҳар як давлатҳои нави шӯравӣ конститутсияҳои худро қабул карда, дар асоси он фаъолияти худро ба роҳ мемонданд. Дар байни онҳо конститутстияи аввалини шӯравии сотсиалистӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия соли 1918 ҳамчун конститутсияи типи нави намунавӣ аҳамияти хоса дошт. Конститутсияи якуми ИҶШС 6 июли соли 1923 аз тарафи КИМи ИҶШС қабул ва ба амал дароварда шуд. Ва 31 январи соли 1924 онро Анҷумани 2-ми Шӯроҳои ИҶШС тасдиқ кард ва бо ин сабаб он «Конститутсияи (Қонуни Асосии) Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ» соли 1924 ном гирифт. Таркиби Конститутсияи мазкур аз ду ҳуҷҷати таъсиснамоии ИҶШС: Эъломия ва Шартнома дар бораи ташкилёбии ИҶШС иборат гардид. Дар онҳо ҳамаи асосҳо ва усулҳои ташкилёбии давлати нави умумииттифоқӣ муқаррар ва танзим ёфта буданд. Аз ҷумла, дар асоси баробарҳуқуқии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ таъсис ёфтани давлати умумииттифоқӣ, аз намояндагии баробари ҷумҳуриҳо иборат будани ҳайати мақомоти олии намояндагии иттифоқӣ, ҳуқуқи озодона аз ҳайати ИҶШС баромадани ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва ғайра. Конститутсияи мазкур меъёрҳои ба давраи гузариш аз сохтори куҳнаи капиталистӣ ба сохти нави сотсиалистиро танзим кард.

Дар мобайни солҳои 1930 аз тарафи ҳизби болшевикон ва ҳукумати шуравӣ хулоса бароварда шуд, ки дар ИҶШС давраи гузариш анҷом ёфт ва акнун муносибатҳои ҷамъияти сотсиалистӣ асосан пойдор гардида, дар заминаи худ ривоҷ меёбад. Бинобар ин, қабули Конститутсияи нави ИҶШС зарур дониста шуд. Анҷумани 8-уми Шӯроҳои ИҶШС 5 декабри соли 1936 Конститутсияи дуюми ИҶШС-ро қабул кард. Дар он муносибатҳои нави ба ҷамъияти сотсиалистӣ хос танзим гардиданд. Муқаррар карда шуд, ки асоси иқтисодии давлатро моликияти сотсиалистӣ ба олот ва воситаҳои истеҳсолот дар шакли моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, асоси сиёсии ҳокимияти давлатиро Шӯроҳои вакилони меҳнаткашон ва асоси иҷтимоии давлатро иттифоқи байни коргарон ва деҳқонон ташкил менамоянд. Дар асоси Конститутсия мазкур ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухтории шӯравии сотсиалистӣ соли 1937 конститутсияи худро қабул карданд. Конститутсияҳои мазкур зиёда аз 41 сол амал карданд.

Конститутсияи сеюми охирини ИҶШС соли 1977 ба як навъ Барномаи ҳизбию давлатӣ шабоҳат пайдо карда, дар он бисёр ҳолатҳои назариявию мафкуравии давраи нави рушди ҷомеаи сотсиалистӣ ва давлатӣ шӯравӣ танзим карда шуданд. Дар қисми даромади он ки дебоча (преамбула) ном гирифт, музаффариятҳои ИҶШС дар сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ қайд ёфта, чандин хулосаҳо дар бораи дурнамои рушди ҷомеа ва давлат қайд ёфтанд. Аз он ҷумла, ягонагии иҷтимоӣ сиёсӣ ва мафкуравии ҷамъияти сотсиалистӣ, табдилёбии давлати меҳнаткашон ба давлати умумихалқӣ, барпоёбии ҷамъияти мутараққии сотсиалистӣ, баланд гардидани нақши ҳизби камунисти ҳамчун нерӯи тавонои халқ қайд карда шуд. Дар дебоча тавсифи муфассали сифатҳои ҷомеаи мутараққии сотсиалистӣ дода шуд, ҳадафи олии давлати шуравӣ барпо кардани ҷамъияти бесинфи камунистӣ, ки дар он худидоракунии чамъиятии камунистӣ ривоҷ меёбад, дода шуд. Ва вазифаҳои дар назди халқи шуравӣ дар ин марҳила истода номбар карда шуданд. Дар матни Конститутсияи ИҶШС соли 1977 кушиш карда шуда буд, ки ба ҳолатҳои қайдёфта, меъёр ва ҳолатҳои он мувофиқат дошта бошанд. Мувофиқи нақшаи ҳизбию давлатии шуравии сотсиалистӣ конститутсияи мазкур бояд конститутсияи охирин мегардид, зеро ки дар давраи гузариш аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба ҷомеаи камунистӣ, бояд давлат ва мақомоти давлатӣ, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бекор шуда, ҷойи онҳоро ҷамъияти худидоракунии камунистӣ ва кодекси бинокори камунистӣ ишғол мекарданд. Аммо бо гузашти ҳамагӣ чордаҳ сол давлати шуравӣ барҳам ёфт ва конститутсияву қонунҳои он бекор шуданд. Ҳамаи понздаҳ адад ҷумҳуриҳои иттифоқии дар ҳайати ИҶШС қарор дошта, соҳибистиқлол гардиданд ва Конститутсияву низоми қонунгузории худро таъсис доданд.

Конститутсиягароӣ (конституционализм) – тартиботи давлатдорӣ, ки бо Конститутсия асос ёфтааст. Тарзи идоракунии давлатие, ки тибқи конститутсия маҳдуд гардонида шудааст. Низоми сиёсие, ки ба Конститутсия асос ёфта ва бо усулҳои конститутсионӣ идора карда мешавад. Ҳамчун назарияи сиёсӣ ҳуқуқие мебошад, ки зарурияти барпо кардани сохтори конститутсиониро асоснок менамояд.

Конститутсиявигардонӣ (конституционализация) - дар матни конститутсия муқаррар кардани ягон ҳолатҳо ва ба онҳо хос донистани нерӯи конститутсионӣ. Ин амал дар таҷриба худ аз худ эътироф гардида, пайдоиши меъёри нави конститутсионӣ боиси мунозира намегардад. Масалан, қисми хулосавӣ, гузаришӣ, хотимавӣ ва интиқолии Конститутсия ҳамон вақт бечуну чаро қисми таркибии он дониста мешавад, ки агар ҷойи он дар низоми таркиби Конститутсия асоснок муайян карда шавад. Дар ҳолати дар қисми асосии матни конститутсия ҷойи он муайян нагардидан, нерӯи конститутсионии он баҳснок шуда метавонад. Дар асоси қисми дуюми моддаи 92 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудият ва фаъолияти адвокатура ҳамчун ниҳоди ҳимояи инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ расмӣ гардонида шудааст.

Давом дорад.

Зоир Ҷурахон Маҷидзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мудири Шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ашӯрбой Имомов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор, Сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Расидан ба марҳилаи Истиқлоли сиёсию давлатӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ба унвони ҳадяи сарнавишти миллӣ ва давлатӣ пазируфтааст, зиндагии ҷомеаи навини тоҷикро тағйир дода, роҳи пешрафту тараққиро аз ҳар ҷиҳат ҳамвор сохтааст. Мусаллам аст, ки тайи таърихи башарӣ ҷомеа, мардум ва кишварҳои зиёди ҷаҳонӣ сари исми Истиқлолияти давлатӣ савганди садоқат ба ҷо оварда, дар ин масири саодатбахш ва рӯҳафзо умрфарсоӣ ва фидокорӣ кардаанд.

Истиқлоли давлатӣ ба унвони ормони таърихӣ, сиёсӣ ва миллӣ сарнавишти миллатро дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ рақам зада, ҷомеаро ба сӯйи рушду инкишоф ҳидоят менамояд. Маҳз марҳилаи истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам меоварад, ки миллат афту хез, шикасту рехт, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва билохира қисмати худро дар тарозуи ақлу виҷдон баркашад ва барои сохтмони давлати навин гомҳои устувор бардорад.

Маълум аст, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ тоҷик соҳиби рамзҳои давлатӣ -- Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия гардида, Ватани азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф шуд. Зимнан, Истиқлоли давлатӣ раванди ҳувиятсозии миллиро таҳкиму тақвият бахшида, барои густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард. Насли миёнсол ва солманди Тоҷикистони азиз хуб дар ёд доранд, ки Истиқлоли давлатии мо ҳанӯз дар бомдоди тавлид ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор -- ҷанги шаҳрвандӣ мувоҷеҳ гардид, ки кишварҳои дигари тоза истиқлол бадастовардаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буданд.

Бояд таъкид кард, ки ҳанӯз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ роҳи таърихии тоҷик муайян гардид, ки он бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Ғояи давлати демократӣ баъдан дар Конститутсия инъикос гардида, давлати мо роҳи татбиқи арзишҳои демократиро пеш гирифт. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумати нави дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ интихобшуда хомӯш кардани оташи ҷанг, таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар, оғози татбиқи барномаи барқарорсозии баъдиҷангӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва бо манзили зист таъмин намудани онҳо буд ва раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон тавонист, ки ин сарҳадафи стратегиро бомуваффақият амалӣ созад.

Мусаллам аст, ки Конститутсия ҳамчун санади ҳуқуқӣ аососҳои рушди муҳити давлатдории навинро фаро мегирад (см.: Достиев А. Конституция Республики Таджикистан 1994 года: история разработки, принятия внесение изменений и основные положения. –Душанбе: АО Матбуот, 2001.-С.3). Аз тарафи дигар, қабули Конститутсия рамзи соҳибистиқлолӣ ва мустақилияти давлат буда, давлатро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Раванди қонунофарӣ ва тасвиби Конститутсия ба унвони сарчашмаи ҳуқуқ давра ва марҳилаҳои гуногуни рушдро паси сар кардааст. Муҳаққиқони ҳуқуқшинос бар ин назаранд, ки давраи муосири рушди раванди қонунофарӣ ва конститутсионӣ аз охири солҳои 80-уми садаи ХХ шуруъ шуда, то имрӯз идома ёфта истодааст. Оғози ин давра, асосан ба аз байн рафтани давлати Шуравӣ ва пошхурии ҷумҳуриҳои хориҷии сотсиалистӣ бастагӣ дорад. Баъди барҳам хурдани давлати Шуравӣ ҳамаи 15 ҷумҳурии иттифоқӣ истиқлолияти худро эълом дошта, ҳамчун давлатҳои мустақил аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардиданд. Дар баробари ин, ҷумҳуриҳои хориҷии сотсиалистӣ (ба истиснои Чин, Куба, Кореяи Шимолӣ ва Ветнам) барҳам хурда, аз ин низом даст кашиданд. Баъди интихоб намудани роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ онҳо конститутсияҳои нави худро дар асоси модули конститутсионии Ғарб қабул намуданд. Ба ин тартиб, аз 15 ҷумҳурии собиқи шуравӣ моҳи декабри соли 1991 танҳо 12 ҷумҳурӣ шакли нави ҳамкориро дар қолаби иттиҳоди ҷадиди сиёсӣ — Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пазируфтанд (ба ҷуз ҷумҳуриҳои назди Балтика, феълан аъзои ИДМ — нуҳ ҷумҳурии собиқ шуравӣ мебошанд). Баъди эълом доштани истиқлоли давлатӣ дар ин ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ масъалаи таҳия ва тасвиби конститутсия ба миён омад. Ҷумҳуриҳои назди Балтика — Латвия, Литва ва Эстония ҳанӯз соли 1992 консти­тутсияҳои худро қабул намуданд. Дигар ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ, аз ҷумла Туркманистон 18 майи соли 1992, Узбекистон — 8 декабри соли 1992, Федератсияи Россия — 12 декабри соли 1993, Молдова — 29 июли соли 1994, Қирғизистон — 5 майи соли 1995, Арманистон — 5 июли соли 1995, Гурҷистон — 24 августи соли 1995, Қазоқистон — 30 августи соли 1995, Озарбойҷон — 12 ноябри соли 1995, Украина — 28 июни соли 1996 ва Ҷумҳурии Беларус — 24 ноябри соли 1996 конститутсияҳои худро қабул карданд (ниг.: Равшан Раҷабов. Таърихи пайдоиш ва инкишофи конститутсия. //Садои мардум №146-147 (3447-3448) 30.10.2015).

Ба ин тартиб, Ҷумҳурии Тоқикистон баъди як дараҷа хомӯш шудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ масъалаи аз нав омода кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 1993 матраҳ гардида, бо Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати комиссияи конститутсионӣ дар ин иҷлосия тағйир дода шуд ва раиси комиссияи конститутсионӣ Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов интихоб гардид. Аввалин маҷлиси комиссияи конститутсионӣ 4 сентябри соли 1993 баргузор гардид, ки дар он ду гурӯҳи кории нав ташкил дода шуд. Моҳи апрели соли 1994 гурӯҳи корӣ ду шакли лоиҳаи Конститутсияро, ки яке, бар лоиҳаи конститутсия бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣвадигаре, бар шакли идоракунии ҷумҳурии парлумонӣ такя мекарданд, ба комиссияи конститутсионӣ пешниҳод шуданд. Дар натиҷа, лоиҳаи Конститутсия бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ маъқул дониста шуд. Бо қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсия барои интишор ва баррасии умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамин тариқа, лоиҳаи Конститутсия 21-22 апрели соли 1994 дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои расмӣ интишор ва муҳокимаи он то моҳи июли соли 1994 идома ёфт. Дар Иҷлосияи нуздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21-22 июли соли 1994 доир шуд, лоиҳаи Конститутсия бо пешниҳоду таклифҳо муҳокима гардида, барои қабули он тариқи раъйпурсӣ дар таърихи 25 сентябр қарори дахлдор ба тасвиб расид. Баъдан бо қарори Иҷлосияи бистуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994 муҳлати гузаронидани раъйпурсӣ то 6 ноябри соли 1994 тамдид карда шуд (ниг.: Равшан Раҷабов. Таърихи пайдоиш ва инкишофи конститутсия. //Садои мардум №146-147 (3447-3448) 30.10.2015).

Бояд тазаккур дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, ки барои хомӯш шудани оташи ҷанги хонамонсӯзи ҳамватанӣ дар паҳлуи раҳбарияти олии давлати миллӣ қарор доштанд, дар таъйни сарнавишти минбаъдаи давлати тоҷикӣ тавассути қабули Конститутсияи миллӣ саҳми сазовор гузоштанд. Ин буд, ки рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ бахшида ба қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 94,4 дар сади шаҳрвандони ҷумҳурӣ ширкат варзиданд, ки 87,59 дар сади онҳо ба тарафдории қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Аз он ба баъд Рӯзи 6 ноябри соли 1994 ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, дар феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ворид гардида, ҳамасола ботантана таҷлил мешавад.

Чи хеле ки болотар ишора рафт, халқи тоҷик иродаи худро ба таври расмӣ тавассути Конститутсия соли 1994 баён дошт. Гузашта аз ин, дар таҳияи Конститутсияи соли 1994 таҷрибаи қонунсозӣ ва санадофарии давлатҳои тараққикарда ва мутамаддини ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд (см.: Достиев А. Конституция Республики Таджикистан 1994 года: история разработки, принятия внесение изменений и основные положения. –Душанбе: АО Матбуот, 2001. –С.161). Ин аст, ки Конститутсияи давлати нави Тоҷикистон баёнгаритафоҳуми миллӣ ва ҳамбастагии мардумӣ буда, ҳамин шеваи демократӣ дар раванди тағйиру иловаҳо ба қонуни асосии кишвар то имрӯз пайгирӣ шудааст. Ин ки ҶумҳурииТоҷикистон дар роҳи сохтмони давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳоиустувор бардошта истодааст (см.: Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.). /Сост. Ф.Т. Тахиров. –Душанбе: ТНУ, 2019. -С.3) ба мазмуну муҳтавои Конститутсияи кишвар вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, бо қабули Конститутсияи соли 1994 халқу давлати Тоҷикистон дар самти сохтмони давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёдва дунявӣ иқдоми ҷиддӣ бардошт ва иқдомоти минбаъдаи созандаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ, маданӣ ва ҳунарӣ давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ соҳибобрӯ сохт. Бо қабули ин санади калидӣ, ки бозгӯкунандаи сатҳи тамаддун ва фарҳанги давлатмадории миллӣ мебошад, Тоҷикистон ба доираи давлатҳои мутамаддини ҷаҳонӣ шомил гардид ва имрӯз ҳарфи раҳбарияти олии моро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои қудратманди минтақавию ҷаҳонӣ эҳтиром мекунанд.

Ҳанӯз сӣ сол қабл (20 июли соли 1994) Раиси вақти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба ислоҳоти конститутсионӣ, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи Х1Х Шурои Олии Тоҷикистон таъкид карда буданд: “Лоиҳаи Конститутсияи навро мардум қонуни сарнавишту такдирсоз номидааст, ки ин асоси воқеӣ дорад. Конс­титутсияи нави Тоҷикистон бояд ҳамчун ҳуҷҷати ифодакунандаи орзую ормон ва масъулияти шаҳрвандон, конститутсияе, ки минбаъд ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъият дар чорчӯбаи он сурат бигирад, барои насли имрӯзу ояндаи мо муқаддасу шариф аст” (ниг.: //Садои мардум №128 (3765) 31.10.2017). Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ, ҳақиқатан, воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ маҳсуб меёфт. Ин санади сарнавиштсоз бо роҳи демократӣ ва аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона (унитарӣ) мустаҳкам менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва режими сиёсӣ муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон эълом шудааст (см.: Достиев А. Конституция Республики Таджикистан 1994 года: история разработки, принятия внесение изменений и основные положения. –Душанбе: АО Матбуот, 2001. –С.13).

Яке аз вежагиҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (манзур Конститутсияи соли 1994 аст) дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст. Дар он аввалин маротиба сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад, ки барои конститутсияҳои қаблӣ ин мафҳум бегона буд.

Дар бахши муқаддимотӣ ё ба истилоҳ, преамбулаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи халқи ҷумҳурӣ чунин нукоти ҷолибе дарҷ гардидааст: “Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллатқу халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем” (ниг.: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоқикистон. Конституция Республики Таджикистан. The Constitution of the Republic of Tajikistan. –С.3).

Ногуфта намонад, ки тавассути моддаҳои марбутаи Конститутсияи соли 1994 ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд таъйин гардид ва озодии андеша тавассути воситаҳои ахбори омма сурат гирифта, сензура ва таъқиб барои танқид манъ шуд. Ба унвони мисол, аз моддаи 30-и Конститутсия ёдовар мешавем: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Сензураи давлатӣ барои танқид манъ аст” (ниг.: Маҷмӯаи Конститутсияҳои Тоҷикистон. /Муҳаррири масъул Гадоев Б.С. –Душанбе, 2015. -С.470). Таъйни меъёрҳои озодии виҷдон ва андеша (моддаи 26), ки аз муҳтавои Конститутсияи соли 1994 бармеояд, роҳи сохтмони давлати дунявиро ҳамвор намуд. Маҳз давлате, ки бар мабнои низоми давлатдории дунявӣ устувор аст, метавонад озодии виҷдон ва андешаро таъйиду тазмин кунад. Ин нуқтаи меҳварии озодиҳои инсонро Конститутсияи соли 1994 муқаррар кард ва аз ин тариқ барои ба вуҷуд омадани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маданӣ дар мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.

Ба таври куллӣ, бар асоси Конститутсияи соли 1994 шароити мусоиди такмили қонунияти конститутсионӣ ва истеҳкоми пояҳои демократикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шуд. Ин санади олии ҳуқуқӣ – Конститутсияи миллии соли 1994 раванди низоми давлатдории дунявӣ ва тафаккури секуляриро дар қаламрави ҷумҳурӣ таҳкиму тақвият бахшид. Ба сухани дигар, Конститутсияи соли 1994 гардиши куллиро дар ҳаёти сиёсӣ, идеологӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд оварда, роҳҳои рушду тараққии минбаъдаи давлатдории муосири тоҷикиро ҳамвор сохт.

Нозим Нурзода - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар ибтидо, сари мафҳум ва истилоҳи “синергия” мухтасаран таваққуф мекунем, то ин ки баҳс рӯшан шавад. Истилоҳи “синергия” (“synergeia”) аз вожаи юнонӣ баргирифта шуда, маънои ҳамафзоӣ, ҳамнерузоиро дорад. Дар маҷмуъ, таҳти мафҳуми “синергия” кумаку ёрию мададгории ҳамдигар ва ҳамкорӣ ба хотири боло бурдани сатҳи натиҷагириҳо дар ҳамаи соҳаҳо фаҳмида мешавад.

Мусалламан, ҳамафзоӣ ва ба истилоҳ, синергия дар доираи илмҳои гуногун мавриди мутолеа қарор гирифтааст. Аз ҷумла, дар соҳаи фарҳанг ва омӯзиши мероси фарҳангӣ синергия ҳамчун унсури ҳамафзоию нерубахшии ҳамагонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, маънои истифодаи нерую энержии гурӯҳҳо ба хотири афзудани натиҷаи кору умур дар самти натиҷагирии заруриро далолат мекунад. Ба сухани дигар, ҷамъи ду ва ё чанд инсон, ки барои расидан ба ҳадафе муштарак якдигарро ёриву кумак мекунанд, ҳамафзоӣ ва ба истилоҳ , синергия номида мешавад.

Акнун бармегардем ба вуҷуду ҳузури синергия-неруафзоӣ дар заминаи мероси фарҳангӣ. Нахуст таърифи мухтасари мероси фарҳангиро меоварем. Бахше аз фарҳанги моддию маънавӣ, ки тавассути наслҳои гузашта офарида шуда, аз таҷрибаву озмуни замон гузашта, ҳамчун унсури арзишманд ва қобили эҳтиром ба наслҳои баъдӣ интиқол ёфтааст, мероси фарҳангӣ номида мешавад. Ҳамкорӣ, ҳамафзоӣ ва ҳамнерузоии ҳамагонӣ ба хотири ҳифзу гиромидошти мероси фарҳангӣ синергияи фарҳангиро ифода мекунад. Яъне, афроду аъзои ҷомеа, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва муҳитҳои фарҳангӣ, доираҳои илмию адабӣ ва умуман, ҷомеаи маданӣ ба хотири нигаҳдошти мероси фарҳангӣ ва боло бурдани сатҳи масуният-иммунитети маданӣ дар заминаи ҳифз, гиромидошт, муаррифӣ ва таблиғи шоистаю боистаи мероси фарҳангӣ талоши якҷоя мекунанд. Ин талошу ибтикороти ҳамагониро синергияи фарҳангӣ меноманд.

Мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ ҳамагӣ маҳсули эҷоду офаридаи насли башаранд. Дар ҳар ду маврид, ҳам дар мавриди эҷоди мероси фарҳангии ғайримоддӣ ва ҳам дар мавриди офаридани мероси фарҳанги моддӣ офарандаву эҷодгар (инсон ва ҷомеаи инсонӣ) заҳмат мекашад ва барои кам кардан ва аз миён бурдани мушкилоти рӯзафзуни башарӣ талош меварзад. Ин аст, ки иртиботи калидӣ миёни мероси фарҳангии ғайримоддӣ ва моддӣ дар ҷуръату ҷасорату талошгарию сахткӯшии инсонҳо барои расидан ба як зиндагии шоиставу боиста ва муҳайё кардани шароити ҳамбастагию ҳамкории мутақобилан судманд зоҳир мегардад, ки метавон аз он ба унвони таҷрибаи муваффақи фарҳангӣ истифода кард. Аз тарафи дигар, миёни офарандагони неъматҳои моддӣ ва эҷодгарони осори маънавӣ (ғайримоддӣ) тафовут ва фарқи усулӣ (принсипиалӣ) нест, чаро ки ҳар ду эҷодгару офарандаи неъматҳоянд ва ҳар ду ба хотири кам кардани мушкилот ва омода кардани шароити муосиди зистию маданӣ талош меварзанд. Албатта, тайи таърих ва махсусан, дар шароити имрӯзаи мо ҳам иттифоқоте дар заминаи пешрафти фарҳанги маънавӣ ва ё баръакс, тараққиёти фарҳанги моддӣ ба вуқуъ мепайванданд ва яке аз бахшҳо бартарӣ ва афзалият пайдо менамоянд. Дар ин сурат, ниме аз бахши баданаи инсонӣ аз ҳаракат бозмемонад, зеро ки бар асари ақиб мондани як бахш бахши дигари пайкараи фарҳангӣ заиф ва корношоям мешавад ва ҳамин тур, вазъи куллии моддию маънавӣ хароб мегардад. Ба ин маъно, ҳар ду офарандаву эҷодгар маҳсуб мешаванд ва ҳар ду неъматҳои моддию маънавӣ меофаранд. Табъан, фарҳанг ҳам маънои офаринандагию эҷодгарии инсонро ифода мекунад.

Таҷрибаи инсонӣ ва аз ҷумла таърихи миллӣ собит кардааст, ки фарҳанги ғайримоддӣ ҳамеша бо фарҳанги моддӣ дар иртиботи мазмунию мундариҷавӣ буда, яке дигареро афзоиш додааст. Масалан, ҷашнҳои бостонии миллӣ Наврӯзу Меҳргону Ялдову Сада бо иҷрои маросимоти худ на танҳо ҷилваҳои тозаи иртиботи танготанги фарҳанги ғайримоддию моддиро ба намоиш мегузоранд, балки аҳаммияти мероси фарҳанги моддиро афзоиш медиҳанд. Масалан, анвои гуногуни кӯзаҳои сафолину сангию оҳанӣ, дасткориҳои одамони асрҳои сангӣ ва соири лавозими қадимӣ, ки ҳамчун ёдгории асил дар осорхонаю музейҳо нигоҳдорӣ мешаванд, таваҷҷуҳи тамошобинонро ба қудрати фикрию эҷодии одамони қадим ҷалб месозанд ва бад-ин васила ҷаҳоншиносии ононро дар заминаи шинохти фарҳанги ғайримоддӣ такмилу афзоиш медиҳанд.

Чун мероси фарҳангӣ бо хамираи ҳувияти миллӣ пайванд аст, ногузир сари мафҳуми “ҳувияти миллӣ” таваққуф мекунем ва мунтаҳо онро як навъ таъриф медиҳем. Ба ин маъно, ҷузъи таркибии ҳувияти шахс, ки бо эҳсоси мансубият ба миллат, давлат ва фазои фарҳангии муайян алоқаманд мебошад, ҳувияти миллӣ номида мешавад. Ҳувияти миллӣ хосияти табиӣ набуда, дар натиҷаи дарки умумияти фарҳанг, таърих ва забон бо гурӯҳи муайяни одамон ба вуҷуд меояд. Яъне ҳувияти миллӣ дар натиҷаи дарки умумияту муштаракоти забонию таърихию фарҳангии гурӯҳи муайяни одамон, ки зери як миллат ҷамъ шудаанд, ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, фарҳанги моддӣ ва маънавӣ (ғайримоддӣ), ки маҳсули эҷоду офариниши наслҳои миллат аст, дар ҳифзи ҳувияти миллӣ таъсири калидӣ дошта метавонад, агар афроди миллат ба дараҷаи фаросати ҳувиятӣ ва дарку фаҳми манофеи миллӣ расида бошанд.

Синергия, тавре ки болотар ишора рафт, ёриву мададгорию ҳамкорию ҳамбастагию муташаккилию ҳамафзоию ҳамнерузоии гурӯҳҳо ба хотири ба даст овардани натиҷаи болотар аст. Ин аст, ки неруафзоӣ (синергия) дар ин замина боиси боло рафтани сатҳи ҳувияти миллӣ ва тақвияти хотираи таърихии миллат гардида метавонад. Пайвастану ба ҳам тавъам сохтани фаҳмишҳо дар заминаи мероси фарҳанги моддию маънавӣ на танҳо сатҳи худогоҳию худшиносии миллиро боло мебарад, балки сарчашмаи бедории фикрию миллӣ ва иқтидори ҳувиятию мадании афроди миллат мешавад.

Намунаҳои таҷрибаи муосири фарҳангиро дар заминаи таъсири мутақобилаи мероси фарҳанги маънавию моддӣ метавон дар кишварҳои мутамаддини Осиёӣ ва Шарқию Ғарбӣ, аз ҷумла Ҷопон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Ҳиндустон, Эрон, Миср, Англия, Олмон, Фаронса, Руссия, Белорусия ба хубӣ мушоҳида кард. Дар кишварҳои номбурда ҷомеаи маданӣ вуҷуд дошта, сатҳи маърифату маданияти мардум зарурист ва ғолибан, барои харидории чиптаҳои намоишномаҳои театрию синамоӣ, консерту тамошои осорхонаҳо навбат мепоянд. Ин аст, ки биниши фарҳангӣ дар ин гуна кишварҳо хусусияти оммавӣ касб кардааст. Барои намуна, дар шаҳрҳои Токиёи Ҷопон, Пекини Чин, Сеюли Корея, Москваи Руссия, Лондони Англия, Берлини Олмон, Парижи Фаронса, Қоҳираи Миср ва амсоли инҳо аз ҷониби масъулони блоки мадании давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барномарезиҳои муваффақе роҳандозӣ гардидаанд, ки сатҳи таваҷҷуҳи ҷомеаро ба мероси фарҳанги моддӣ ва маънавӣ боло мебаранд. Таваҷҷуҳи зарурӣ ба забон, урфу одат, ҷашну маросим (мероси фарҳанги ғайримоддӣ), аз як тараф ва ихлосу самимият ба ёдгориҳои фарҳангӣ ва маконҳои таърихӣ (мероси фарҳанги моддӣ), аз тарафи дигар, кишварҳои мазкурро ба сатҳи баланди тамаддунӣ расонидааст. Муҳимтар аз ҳама, пофишорӣ дар заминаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддию моддӣ, мунтазам дидан кардан аз осорхонаҳои таърихию кишваршиносӣ, иштироки дастаҷфамъона дар ҷашну маросимоти миллӣ дар кишварҳои дар боло зикршуда ба кори рӯзмарраи ҷомеа табдил ёфтааст.

Новобаста аз он ки сиёсати бархурдҳои тамаддунӣ ва таҳдиду чолишҳои сиёсию мафкуравӣ дар ҷаҳон зиёд шудааст, дастандаркорону масъулони пружаҳои фарҳангӣ ва блоки сиёсӣ-мафкуравии давлату кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дар пайи таҳкими хотираи таърихӣ ва ҳифзи манофеи миллии худ буда, намегузоранд, ки пояҳои фарҳангию ҳувиятии мардумашонро сусту заиф шаванд. Аз ин ҷост, ки таҷрибаи фарҳангии кишварҳои номбурдаро дар заминаи таъсири мутақобилаи мероси фарҳанги моддӣ ва маънавӣ метавон истифода бурд. Дар мо, мутаассифона, вазъи шаклгирии ҳувияти миллӣ ва худогоҳию хештаншиносӣ, ки ба сатҳи фарҳангию мадании ҷомеа бастагӣ дорад, чандон қонеъкунанда нест.

Ҳарчанд ки дар заминаи арҷгузорӣ ва гиромидошти фарҳанги миллӣ ва ҷашну маросимоти бостонии аҷдодӣ роҳбарияти олии давлат корҳои зиёдеро ба сомон расонида, барнома, стратегия ва қавонини заруриро таҳия ва роҳандозӣ намудааст, таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои бозсозии ҳувияти миллӣ ва гиромидошти мероси фарҳангӣ ҳанӯз ҳам ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Махсусан, сатҳи таваҷҷуҳи ҷомеа ба театру синамои миллӣ дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Танҳо дар замони баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – Парасту толорҳои театрҳои марказӣ пуродам мешаванд ва ҳамин ки чорабинӣ ҷамъбаст шуд, дигар ҷомеа пушти кори худ мегардад ва толорҳои театрҳои ҷумҳурӣ ҳамчунон холӣ мемонанд. Дигар ин ки солҳост барои пур кардани толорҳои театрҳо ва таъмини буҷаи муассисаҳои театрӣ аз хонандагони мактабҳои миёнаи умумӣ ва олии касбӣ истифода мебаранд. Аксари кулли хонандагон ва донишҷӯёне, ки маҷбуран ба театр ба хотири таъмини буҷаву пуркардани толор ҷалб мешаванд, завқи бадеӣ-эстетикӣ надоранд ва на танҳо намоишномаҳоро бозавқ тамошо намекунанд, балки тавассути кирдори номатлуб (ҳангоми ҷараён доштани намоиш баланд хандидан, бо дигарон гап задан, луқмапартоиҳои нобаҷо ва амсоли инҳо) ба рафти намоишномаҳо халал расонида, руҳияи ҳунармандонро хароб месозанд. Дур шудани ҷомеа аз театр ва намоишномаҳои театрӣ маънии пойин рафтани сатҳи маънавиёту маданияти миллиро дорад. Дар ёд бояд дошт, ки такмили тарбияи инсони фарҳангӣ ва бомаърифат, пеш аз ҳама, дар театр иттифоқ меафтад.

Зимнан, баъзе дастандаркорон ва масъулони раванд дар кишвар роҳҳо ва механизмҳои пайванди мероси фарҳанги моддию маънавиро ҷустуҷӯ намекунанд ва ҳамин тур, вазъ бидуни тағйир боқӣ мемонад. Бинобар ин, ба масъала бетаваҷҷуҳию саҳлангорӣ кардан оқибатҳои ногувореро дар пай хоҳад дошт. Дақиқтар гӯем, мо дар дуроҳаи худсозию худшиканӣ қарор дорем: ё таҷрибаи фарҳангии кишварҳои мутамаддини ҷаҳониро дар масъалаи таъсири мутақобилаи мероси фарҳангӣ ба таври бояду шояд истифода мебарему дар ҳифзи мероси фарҳанги моддию маънавӣ муваффақ мешавем, ё ин ки фарҳангҳои муҳоҷим моро ба коми худ фурӯ мебаранд ва умрбод дар хидмати бегонагон қарор мегирем. Интихоб аз худи мо ва ба худи мо бастагӣ дорад.

Нозим Нурзода - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар силсилаи ойину ҷашнҳои миллию мардумӣ ҷашни Меҳргон ҷойгоҳи вежа дорад. Дар зимн, номи ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои бостонӣ ба гунаи “Митракона” зикр шудааст (ниг.: Раҳимов Дилшод. Фолклори тоҷик. –Душанбе: «Эҷод», 2009. -С.196). Бар илова, Меҳргон рӯзи таваллуди дубораи Меҳр аст ва тибқи назари Абурайҳони Берунӣ, ин рӯз дар айёми куҳан рӯзи аввали зимистон будааст (ниг.: Берунӣ, Абӯрайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. –Теҳрон: Амири Кабир, 1362. –С.339). Бинобар ин, бо Ялдо мутобиқ мешавад, ки ҷашни мелодии Меҳр аст (ниг.: Шамисо Сирус. Крисмас ва шаби Чилла. //Кайҳони фарҳангӣ, шуморати 9, Озари 1368. –С.32). Чун дар ин матлаби маҳдуди ҷашнӣ маҷоли тавзеҳи мушаххасоти Эзади Меҳр ва нуфузи он дар паҳнои фарҳанги бумию минтақавӣ ва башариро надорем, ногузир ба масъалаи ҷашни Меҳргон мепародозем.

Муҳаққиқони муосир дар робита бо ҷашни Меҳргон таъкид кардаанд, ки дар рӯзшумории куҳани Ирон ҳар як аз сӣ рӯзи моҳ ном дорад, ки исми дувоздаҳ моҳи сол низ дар миёни онҳо ҳаст. Дар гузашта миёни мардум расм будааст, ки ҳар моҳ, ки номи моҳу номи рӯз баробар меомадааст, он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Аз он ҷашнҳои дувоздаҳгона (фарвардингон, урдубиҳиштгон ва амсоли онҳо) пас аз ислом танҳо Меҳргон ба таври расмӣ ва шукӯҳманд таҷлил мегардидааст (ниг.: Рӯҳуламинӣ, Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз (нигариш ва пажӯҳише мардумшинохтӣ). –Теҳрон, 1376. –С.79). Дар сарчашмаҳои асримиёнагӣ маҳал, макон, мушаххасот ва густураи ҷашни Меҳргон инъикос ёфтааст.

Ҷашни Меҳргон монанди ҷашнҳои дигари аҷдодӣ (мисли Наврӯзу Тиргон ва Сада) ҷанбаҳои амиқи фалсафӣ, иҷтимоӣ, тақвимӣ-нуҷумӣ(фалакӣ), кишоварзӣ ва фарҳангӣ дорад. Аз сӯйи дигар, таҷлили ҷашни Меҳргон бо ҳаводиси устуравии пирӯзии Фаридун бар Беваросп (Заҳҳок) иртиботи сириштӣ ва фикрӣ пайдо намудааст. Дар ин замина, фарҳангшиноси бузурги асримиёнагии тоҷик Абурайҳони Берунӣ, ки доир ба зиндагии ойинӣ ва маросимии миллию мардумӣ таълифоти ҷиддӣ ба мерос гузоштааст, дар “ат-Тафҳим” нигоштааст: “Меҳргон шонздаҳум рӯз аст аз меҳрмоҳ ва номаш Меҳр, андар ин рӯз Афридун зафар ёфт бар Беварасби ҷоду, он ки маъруф аст ба Заҳҳок ва ба кӯҳи Дамованд боздошт ва рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд ба кирдори он-ч пас аз Наврӯз бувад” (ниг.: Берунӣ, Абурайҳон.

Ат-Тафҳим-ал-авоил саноат-ут-танҷим. Тасҳеҳи устод Ҷалолуддини Ҳумоӣ. –Теҳрон. 1357. –С.254). Бар илова, ба қиёми Коваи оҳангар, пирӯзии ӯ бар Заҳҳоки морон ва ба шоҳӣ расидани Фаридун нисбат гирифтани ҷашни Меҳргон аз мушаххасоти муҳимми ин ҷашни аҷдодӣ ба шумор меравад. Бар ин асос, ин ҷашн бештар достон ва устураи қиёми Коваи оҳангар дар баробари бедодгариҳои Заҳҳокро таҷассум мекунад, ки ёдмони ин ҷашни намодин мебошад. Асотир ва боварҳои қадимаи миллӣ Заҳҳок (шакли қадимиаш “Ажидаҳҳок”)-ро алайҳи рӯшанӣ ва барподорандаи торикӣ эълом доштаанд. Заҳҳок балъандаи Хуршед аст ва дар миёни омма то имрӯз расме роиҷ аст, ки ҳангоми кусуф ё гирифтани Офтоб мардум таблу ташт мезананд, то Заҳҳок Хуршедро раҳо кунад (ниг.: Шамисо Сирус. Тарҳи аслии достони Рустам ва Исфандиёр. Дар перомуни Рустам ва Исфандиёр. –Теҳрон, 1369. –С.23). Пас, шигифт нест, ки рӯзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок «Меҳргон» номида шудааст (ниг.: Берунӣ, Абурайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. –Теҳрон: Амири Кабир, 1362. –С.340). Гузашта аз ин, бовар ва эътиқод ба Эзади Меҳр ва ойинҳои меҳрӣ (митройӣ), ки пеш аз Зардушт дар Ҳинду Ирон вуҷуд дошта, ба моҳи Меҳр ва ҷашни Меҳргон симои динии бештаре афзудааст (ниг.: Руҳуламинӣ, Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз (нигариш ва пажӯҳише мардумшинохтӣ). –Теҳрон, 1376. –С.86).

Меҳргон ба унвони ҷашни фарогиру муассири миллӣ дар осори бузургони адабу фарҳанги миллӣ, аз ҷумла Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва Асадии Тӯсӣ хеле хуб бозтоб ёфтааст. Масалан, Дақиқӣ гуфтааст:

Меҳргон омад, ҷашни малик Афридуно,

Он куҷо Гов беҳ парвардаш Бармоюно.

Ба дунболи ин, Ҳаким Фирдавсӣ дар достони “Фаридун” ҳудуди даҳ байтро ба таъсиси ҷашни Меҳргон, иллати зуҳур ва маросими он ихтисос додааст. Ба ин абёт таваҷҷуҳ мекунем:

Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,

Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.

Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ,

Биёрост бо кохи шоҳаншаҳӣ.

Ба рӯзи хуҷаста сари Меҳрмоҳ,

Ба сар барниҳод он каёникулоҳ.

Дил аз довариҳо бипардохтанд,

Ба ойин яке ҷашни нав сохтанд.

Нишастанд фарзонагон шодком,

Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом.

Майи рӯшану чеҳраи шоҳи нав,

Ҷаҳон нав зи доду сари моҳи нав.

Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,

Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносоию хӯрдан ойини ӯст.

Агар ёдгор аст аз ӯ моҳмеҳр,

Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр.

(ниг.: Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. –Ҷилди аввал. –Теҳрон: Корвон, 1387. -С.87-88)

Ҳамчунин дар бахши “Банд кардани Фаридун Заҳҳокро”, ки ба достони Заҳҳок марбут аст, Фирдавсӣ аз мушаххасоти кори Фаридун сухан дар миён оварда, тарҳи масъалаи азнавсозмондиҳӣ, низоммандии давлатӣ ва ташаккули табақоти иҷтимоӣ, танзими касбу кор ва ҳирфаю пешаро, ки дар ҳазораи Ҷамшед иттифоқ афтода буду дар ҳазораи Заҳҳок ба ҳукми фаромӯшӣ супурда шуд, бозгӯ мекунад. Ҳакими Тӯс ба таври мушаххас дар ҳаҷми 12 байт (абёти 436 - 447) пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок ва танзими зиндагии наву ҷадидро ба риштаи тасвир мекашад, аз ҷумла:

Бифармуд кардан ба дар бар хурӯш,

Ки ҳар кас, ки доред бедор ҳуш.

Набояд, ки бошед бо сози ҷанг,

На з-ин гуна ҷӯяд, касе ному нанг.

Сипоҳӣ набояд, ки бо пешавар,

Ба як рӯй ҷӯянд ҳар ду ҳунар.

Яке корварзу яке гурздор,

Сазовори ҳар кас падид аст кор.

Чу ин кори он ҷӯяд, он кори ин,

Пурошӯб гардад саросар замин.

Ба банд андар аст он ки нопок буд,

Ҷаҳонро зи кирдори ӯ бок буд.

Шумо дер монеду хуррам бувед,

Ба ромиш сӯйи варзиши худ шавед.

Шуниданд яксар суханҳои шоҳ,

Аз он марди парҳези бодастгоҳ.

В-аз он пас ҳама номдорони шаҳр,

Касе, к-аш буд аз тоҷ в-аз ганҷ баҳр.

Бирафтанд бо ромишу хоста,

Ҳама дил ба фармонаш ороста.

Фаридуни фарзона бинвохташон,

Бар андоза бар пойгаҳ сохташон.

Ҳаме пандашон доду кард офарин,

Ҳаме ёд кард аз Ҷаҳонофарин.

(ниг.: Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. Ҷилди аввал. Матни интиқодӣ аз рӯйи чопи Маскав. Таҳти назари Е.Э.Бертелс. Ба кӯшиш ва зери назари Саиди Ҳамидиён. –Теҳрон: Қатра, 1373. -С.76

Ба ин маъно, Меҳргон рӯзи Фаридун аст, чунонки Наврӯз рӯзи Ҷамшед талаққӣ шудааст. Пас, Фаридун зиндакунандаи ойини куҳани Ҷамшедӣ аст ва табиист, ки Хуршедкирдор мебошад (ниг.:Муҳаммад Маҳдӣ Муаззини Ҷомӣ. Адаби паҳлавонӣ (Мутолиае дар таърихи адаби деринаи иронӣ аз Зардушт то Ашкониён). -Теҳрон: Нашри Қатра, 1379. -С.24).

Асадии Тӯсӣ, ки суннати шоҳноманависиро пас аз Фирдавсӣ идома бахшидааст, дар интисоби ин ҷашн ба Фаридун мегӯяд.

Фаридуни фаррух ба гурди набард,

Зи Заҳҳоки тозӣ баровард гард.

Чу дар бурҷи шоҳин шуд аз хуша меҳр,

Нишаст ӯ ба шоҳӣ сари моҳи меҳр.

Бар ороиши Меҳргон ҷашн сохт,

Ба шоҳӣ сар аз чархи маҳ барфарохт.

(ниг.: Асадӣ, Тӯсӣ. Гаршосбнома. Ба эҳтимоми Ҳабиби Яғмоӣ. –Теҳрон: Китобхонаи Туҳурӣ, 1352. –С.366)

Дар фарҳанги иронитаборон пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок, ки балъандаи Хуршед ва бавуҷудоварандаи зулмату торикӣ шинохта мешавад, пирӯзии хираду дод бар ҷаҳолату бедодист. Ин аст, ки бар он пофишорию таъкид мегардад.

Балъандаи Хуршед, ки худ расми Заҳҳок аст,

Бо дасти Фаридун ҳама торикӣ ҳалок аст,

То қудрати ақлу хиради Коваи пок аст,

Аз зулмату бедодии Заҳҳок чӣ бок аст?!

Дар бораи таҷлили ҷашни Меҳргон ва иҷрои маросимоти меҳргонӣ қабл аз ислом донишмандон, муаррихон ва шоиру нависандагон изҳори назар кардаанд. Ҷиддитарин нукотро дар заминаи ҷашни Меҳргон ва мушаххасоти таҷлили маросимоти меҳргонӣ фарҳангшиноси шаҳири асримиёнагии тоҷик Абурайҳони Берунӣ баён доштааст: Ба таъкидоти Берунӣ диққат медиҳем: “Ин ид монанди дигар аъёд барои умуми мардум аст. Аз ойини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки ба сурати офтоб буд, ба сар мегузоштанд ва дар ин рӯз барои ирониён бозоре барпо мешуд…” (ниг.: Берунӣ, Абурайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. –Теҳрон: Амири Кабир, 1362. –С.247). Пойинтар дар мавриди суннат ва шеваи тақдимоти ҳадоёи меҳргонӣ дар дарбори мулуки Хуросон менависад: “Ва дар мулуки Хуросон расм аст, ки дар рӯзи Меҳргон ба сипоҳиён ва артишиён рахти пойизӣ ва зимистонӣ медиҳанд…” (ниг.: Берунӣ, Абурайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. –Теҳрон: Амири Кабир, 1362. –С.249).

Доир ба ҷашни Меҳргон дар замони Ғазнавиён иттилооти бештаре дар даст аст. Ашъори шоирони даврони Ғазнавӣ Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ ва дигарон гувоҳи онанд, ки ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати махсус таҷлил мегардидааст. Муаррихи машҳури замони Ғазнавӣ Абулфазли Байҳақӣ тартиби ҷашни Меҳргон ва ороишоту тадорукоти меҳргониро, ки бо ҳузури Султон Масъуди Ғазнавӣ солҳои 428, 429 ва 430 ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтода буд, ба қалам дода, аз ҷумла дар ин бобат нигоштааст: “…Ва рӯзи чаҳоршанбеи нуҳуми зулҳиҷҷа ба ҷашни Меҳргон бинишаст ва ҳадяҳои бисёр оварданд” (ниг.: Байҳақӣ, Абулфазл. Таърихи Байҳақӣ. –Теҳрон, 1344. –С.697).

Аз он ҷо, ки Меҳргон ба ҳусни зиндагии рӯзмарраи мардумӣ ҳусни дигар афзудааст, тӯли таърих мардум ва табақоти гуногуни иҷтимоиро маҷзуб намудааст. Рози ҷазбаи ҷашнӣ ва маросимии Меҳргон дар хамираи ҳувиятии он, ки бо мушаххасоти маҳосини ахлокию отифии меҳр, муҳаббат, илтифот, самимият, хирад, фазилат, садоқат, шарофат, мурувват, саховат ва мунтаҳо, инсоният омезиш ёфтааст, ниҳон аст, Агарчи Наврӯз бо муҳтавои ботинию зоҳириаш ҷуғрофиёи бузургтареро мусаххар карда буд, Меҳргон аз он монданӣ надошт ва дар фазою муҳитҳои гуногун таҷлил гардида, роҳро барои тавсеа додани ҷуғрофиё ҳамвор мекард. Кор то ба ҳадде расида будааст, ки замоне ҳар ду моҳ -- меҳрмоҳ ва фарвардинмоҳро, ки ба тартиб оғози эътидоли пойизӣ ва баҳорӣ маҳсуб ёфта, дар он баробарии рӯзу шаб иттифоқ меафтад, ба унвони соли нав ҷашн мегирифтанд. Афзун бар ин, бархе ҷашни Меҳргонро бар ҷашни Наврӯз бартарӣ додаанд ва ин нуктаро ба нашри ҳашарот дар фасли баҳор, ки боиси коҳиши зироат мегардидааст, марбут донистаанд (ниг.: Берунӣ, Абурайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. –Теҳрон: Амири Кабир, 1362. –С.329).

Ба гумони ғолиб, Меҳргон, на ба хотири он ки номи моҳ ба рӯзи моҳ баробар мешудааст, мавриди таҷлил қарор мегирифтааст, балки ба ифтихори шарофату волоияти зиндагӣ ва арзиши умри инсонӣ таҷлил мегардидааст. Ба ин маъно, Меҳргон эҳсоси зиндагипарастии инсон ва дар маҷмӯъ, мардумро ифода мекунад. Чун Меҳргон бо аҳду паймон ва меҳру муҳаббат иртиботи зотӣ ва маъноӣ дорад, сатҳу сифати зиндагидӯстӣ ва зебоиписандии одамонро боло мебарад.

Ин навъи биниши арзишманди миллӣ ва мардумиро дар густурдани хони меҳргонӣ, ки аз анвои меваҷоту сабзавот – анор, себ, ангур, гандум, лӯбиё, наск ва амсоли инҳо таркиб ёфтааст, мушоҳида кардан мумкин аст. Дар силсилаи дастурхони ҷашнӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯз символикаи ойина муҳим аст. Ойина намоди покию рӯшанӣ, фурӯғу биноӣ ва шукӯҳу тавоноии инсонист. Бо густурдани хони меҳргонӣ инсон ҳосили меҳнату заҳмати солонаашро, ки айёми пойиз ва ё тирамоҳ ҷамъбаст мешавад, ба намоиш мегузорад. Аз ин лиҳоз, Меҳргон бо меҳнат ва саъю талоши фикрию ҷисмонии инсон тавъам аст.

Пешина ва собиқаи устурӣ ва таърихии ҷашни Меҳргон ифодагари он аст, ки мардуми форсу тоҷик дар ҳама давру замон, новобаста ба шароити сиёсию иҷтимоӣ, тааллуқоти нажодию миллӣ ва динию имонӣ ба зиндагӣ ва инсон арзиши баланд қоил будаанд ва тавассути таҷлили ҷашну маросим, қабл аз ҳама, иттиҳоду ҳамбастагии инсонҳоро мехостаанд. Вежагии фарогирии ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон раванди баҳамойӣ ва ҳамшарикии мардумиро дар умури иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ таҳкиму тақвият мебахшад. Маҳз ҳамин вежагӣ аз бомдоди таърихи зуҳури ҷашнҳои миллӣ то имрӯз дар бистари ойину маросимоти бумӣ ҳамчунон боқист.

Нозим Нурзода, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

234Ҷашни меҳргон яке аз ҷашнҳои кӯҳани мардуми ориёинажод ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни аҷдоди бо баракати Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида ва тӯли чандин сол аст миёни мардуми тоҷик ҷашн гирифта мешавад.

Таърих ва аҳамияти ҷашни меҳргон маҳз дар замони соҳибистиқлоли ба воситаи эҳё ва таҷлили он миёни хурду бузурги мамлакат ошно гардонидани шуд. Пешвои муаззами миллат дар сиёсати фарҳангпарваронаи худ, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ аҳамияти муҳим дорад, ҷиҳати тарғибу эҳёи ин ҷашни аҷдодӣ дастуру супоришҳои назаррас доданд.

Чуноне, ки муҳимияти ин ҷашнро Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда, иброз намуданд:

"Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст".

Воқеан меҳргон ҷашнест, ки гузаштагони мо онро ҷашн мегирифтанд, шоирону нависандагони мо аз он ситоиш менамуданд.

Муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ — Ҳурмуз дар ин самт қадамҳои аввалинро гузошт ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуд, ки дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид.

Маъсуди Саъди Салмон ҷашни Меҳргонро яке аз ҷашнҳои фарруху дӯстдоштани номбурда, ҳама рӯзи ин моҳро рӯзи меҳру меҳрубонӣ меномад. Ва мардумро ба меҳрубонию дӯсти даъват менамояд:

Рӯзи Меҳру моҳи Меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,

Меҳр биафзой эй нигори моҳчеҳраи меҳрубон.

Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргону рӯзи Меҳр,

Меҳрубонӣ кун ба рӯзи Меҳру ҷашни Меҳргон.

Кулли сарчашмаҳои таърихӣ ва нигоштаи бузургони мо далели яке аз ҷашнҳои муҳиму таърихи будани меҳргон аст. Боиси ифтихору сутуданист, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ барои эҳё ва оммавигардонии ин ҷашни кӯҳан шароити мусоид фароҳам омад, ҷавонони мо бозам аҳамияти ин ҷашнҳои миллиро ба монанди Наврӯз, сада, тиргон ва меҳргонро тавассути нақша - чорабиниҳое, ки бо ҳидояту ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардиданд дарк намуда, ҳуввияти миллӣ ва дониши худро оид ба мероси гузаштагон инкишоф доданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки бархӯрди фарҳангҳо ҷараён дорад ва хатари аз байн рафтани фарҳангҳо вуҷуд дорад, ҷашни меҳргон ҳамчун ҷашни ҳифзкунандаи фарҳанги миллӣ, расму оини аҷдоди, ташаккулдиҳандаи ҳуввияти миллӣ барои наслҳои имрӯзу ояндаи мо муҳим мебошад. Меҳргон пеш аз ҳама як ҷашни мантиқӣ, ки дорои таърих ва расму оини хоси худ аст дар тӯли таърих аҳамияти худро то имрӯз нигоҳ доштааст.

Ҷашни меҳргон гувоҳи як миллати соҳибтаъриху соҳибтамаддун ва дорои фарҳанги бою нотакрор будани миллати тоҷик аст. Ҳамчун ворисони ин ҷашни бузурги аҷдодӣ ҳар яки мо муваззаф ҳастем, ки дар тарғибу таҷлили он саҳми бориз дошта бошем. Аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи фарҳангии миллӣ ҷонибдорӣ намоем.

Ҷашни меҳргон пояндаву Тоҷикистон ҷовидон бод!

АБДУМУМИНЗОДА Ситора, номзади илмҳои педагогӣ, масъули кор бо магистрон, докторантони PhD ва унвонҷӯёни Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Дар таърихи нави рушди давлатдории миллии тоҷик ва расмиёти ҳуқуқии он соли 2024 ҳамчун санаи сиюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хотирмон аст. Бо арзи эҳтиром ба ин санаи муҳим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 қайд шудааст, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем». Тибқи андешаҳои мазкур ба ифтихори ин санаи муҳими таърихии миллат, соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.

Бо мақсади мусоидат ба ин иқдоми наҷиб ва кумак ба мардуми кишвар дар азхудкунии одобу ахлоқӣ сиёсӣ-ҳуқуқӣ риояи қатъии меъёр ва ҳолатҳои Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, иҷрои талаботи онҳо олимони намоёни соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва конститутсияшиносони маъруфи ҷумҳурӣ Зоир Ҷурахон Маҷидзода ва Ашӯрбой Имомов тасмим гирифтаанд, ки дар шакли тезисҳо (мулоҳизаҳо) дар бораи мафҳум, пайдоиш, рушд, шакл, таркиб, мазмун, тарзи қабул ва таѓйиру иловаҳо дохил кардан, таъиноти ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва дигар хусусиятҳои конститутсияҳо умуман, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан, ба доираи васеи хонандагони Сомонаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ мухтасар маълумот диҳанд.

Конститутсия - (аз забони лотинӣ constitutio – муқаррар, сохтор) бо мазмуни моддӣ санади навишташудаи ҳуқуқие мебошад, ки пеш аз ҳама ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро эълон менамояд ва кафолати онҳоро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин асосҳои сохтори конститутсионӣ, сохтори ҷамъиятӣ ва сохтори давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва вазъи пойтахт, шакли идоракунӣ ва таркиби ҳудудии давлат, асосҳои ташкили мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва робитаи байниҳамдигарии онҳо ва баъзе масъалаҳои муҳимтаринро муқаррар ва танзим менамояд. Бо мазмуни зоҳирӣ (формальный) Конститутсия қонун ё гурӯҳи қонунҳое мебошад, ки қувваи олии ҳуқуқӣ нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дорад. Конститутсия шакли олии ҳуқуқиест, ки дар он арзишҳо, падидаҳо ва меъёрҳои сохтори конститутсионӣ, асосҳои танзими ҳуқуқӣ-конститутсионӣ, алоқаҳои сифатии ҷамъиятӣ ва муносибатҳои ҳокимияти давлатӣ расман муқаррар карда шудаанд.

Конститутсия - Қонуни Асосӣ мебошад, ки асосҳои сохтори ҷамъиятӣ ва иқтисодии мамлакат, шакли сохтор ва идоракунии давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, низоми интихобот, тартиби ташкил ва салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатиро дар марказ ва маҳалҳо, ташкил ва усулҳои асосии адолати судӣ, назорати прокурориро муқаррар менамояд. Нисбат ба ҳар як санади ҳуқуқии низоми қонунгузорӣ ва ҳуқуқии мамлакат қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Ҳеҷ як қонуни ҳуқуқӣ берун аз таъсири Конститутсия ва ё хилофи он шуда наметавонад. Қонунҳои ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии бешумор бояд дар мувофиқа бо Конститутсия қабул гардида, ба татбиқи меъёрҳо ва ҳолатҳои он мусоидат намоянд. Дар қаламравӣ давлат ҳеҷ як мақомоти давлатӣ, шахси мансабдори давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инсон ва шаҳрванд берун аз талаботи Конститутсия фаъолият карда наметавонанд. Аз талаботи Конститутсия дар дохили мамлакат ҳеҷ як субъекти ҳуқуқ боло истода наметавонад. Аз ибораи Қонуни Асосӣ ҳамаи он хусусиятҳои Конститутсия ошкор мегардад, ки ҷойи онро дар низоми ҳуқуқӣ муайян мекунад.

Дар забони тоҷикӣ ибораи Сарқонун ифодакунандаи мафҳуми Конститутсия буда, ҳамаи хусусиятҳои ба Қонуни Асосӣ хосро доро мебошад. Аммо ҳеҷ як санади ҳуқуқи дигар бо номи Конститутсия қабул карда намешавад. Бо мазмуни ҳуқуқӣ аз Сарқонун ҳеҷ ягон санади меъёрии ҳуқуқии дигар боло истода наметавонад. Ин ибора дар раъйпурсии конститутсионии соли 1994 баробари ибораи Конститутсия маъқул дониста шуда буд. Ва солҳои 1994-2016, яъне қариб дар тули 22 сол номи санади асосии олии ҳуқуқии Тоҷикистон бо ду ном «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекард ва дар раъйпурсии аз 22 майи соли 2016 ибораи Сарқонун аз матни Конститутсия хориҷ карда шуд. Аммо дар сарчашмаҳои илмию таълимӣ ҳанӯз ҳам ин ибора ба кор бурда мешавад, ки аҳамияти маърифатии ихтисоси дорад.

Конститутсия Қонуни қонунҳо мебошад. Бо мақсади ҳарчи пурра ифода кардани мазмун ва таъиноти Конститутсия дар сарчашмаҳои илмӣ ва машварати касбию ихтисоси онро Қонуни қонунҳо низ меноманд. Ин ибора ишора ба сатҳи баланди Конститутсия дар низоми қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қуллаи баланди низоми қонунгузории миллӣ буда, дар зери таъсири он қарор доштани ҳамаи қонунҳоро ифода мекунад. Ҳамчунин ибораи Қонуни қонунҳо нисбати Конститутсия ишора ба таъинот ва робитаи мантиқии онҳо, ягонагии низоми қонунгузории миллӣ мебошад. Аз рӯи шакл, таркиб, мазмуни фарогири муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳар гуна санади меъёрии ҳуқуқӣ бо эътирофи усули волоияти Конститутсия таҳия, қабул ва амал мекунад. Ибораи Қонуни қонунҳо инчунин ишора ба он ки Конститутсия бораи Қонуни қонунҳо инчунин ишора ба он ки Конститутсия низ яке аз қонунҳо мебошад, аммо дорои нерӯи олии ҳуқуқӣ аст.

Конститутсия – нишона, рамзи ҷудонопазири давлатдорист. Ҳар як як давлати нав таъсисёфта, тавассути Конститутсия барпоёбии худро эълон, ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва ва хориҷии худро муайян ва ва ифода менамояд. Тавассути рамзҳои давлатӣ мухтасар дар бораи таърихи пайдоиши давлат, давраҳои рушди давлатдорӣ, дар бораи сохтори ҷамъиятӣ, шакл ва сохти идораи давлат, муносибати шахс ва давлат ҳолатҳои калидӣ муқаррар карда мешаванд. Ҳамчунин баъзе ҳусусиятҳои этникӣ, робитаҳои таърихӣ бо халқу миллатҳои ба ҳамдигар аз самти фарҳангӣ наздик ифода карда мешаванд. Бо ин мазмун Конститутсия як нав Шиносномаи миллат, ҷомеа ва давлати мазкур мебошад. Ифодагардонии хусусиятҳои мазкур дар Конститутсия дар шакли ҳуқуқӣ-сиёсӣ суръат мегирад. Бинобар ин, ҳар як нукта ва ибораҳои Конститутсия мазмун ва таъиноти махсус доранд. Конститутсия бо вуҷуди он ки рамзҳои давлатиро муайян мекунад, худи он низ рамзу нишонаи давлатдорӣ мебошад.

Конститутсия бо забони расмии давлатии ҳар мамлакат тайёр ва қабул карда мешавад. Тибқи ҳайати миллии давлат забони расмии давлатӣ метавонад аз як ё ки аз якчанд забони миллатҳои дар таркиби давлат ҷойгир буда, иборат бошад. Одатан дар аксари давлатҳои ягона ба ҳайси забони расмии давлатӣ забоне эътироф ва муқаррар карда мешавад, ки забони муошират ва гуфтугӯи аксари аҳолии мамлакат мебошад. Дар давлатҳои шакли идораи иттифоқӣ (федеративӣ) баробари забони ягонаи расмии умумидавлатӣ метавонад забони миллии субъектони иттифоқ низ дар сарҳади ҳудуди ҷойгиршавии онҳо забони расмӣ эълон гардида, амал кунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 аввалин бор дар таърихи давлатдории тоҷик бо забони модарӣ, яъне тоҷикӣ таҳия ва қабул гардида, забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ эълон карда шуд. Ҳамчунин забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо дониста шуд.

Моҳияти Конститутсия.

Ҳар як Конститутсия тибқи воқеияти таърихии ба вуҷудоӣ ва рушди давлат пайдо гардида, муносибатҳои ҷамъиятиеро муқаррар ва танзим менамояд, ки иродаю манфиати нерӯҳои ба сари қудрат омадаро ифода мекунад. Дар ҷомеаҳои синфӣ конститутсияҳо мувофиқи ирода ва манфиати синфи ҳукмрон қабул гардида, ба ҳифзи манфиати онҳо мувофиқ аст. Ин ҳолат пеш аз ҳама дар муқаррар кардан ва ҳифзи моликияти хусусие ифода меёбад, ки ҷомеаи синфӣ дар заминаи он қарор ёфтааст. Ин ҳолатро хеле образнок доҳии инқилоби октябрии Руссия В.И.Ленин чунин ифода карда буд: «Рӯҳ, мазмуни асосии ҳамаи конститутсияҳои қаблӣ, то худи ҷумҳуриявӣ, демократӣ, фақат ба моликият робита дорад». Моҳияти сиёсии ҳар як Конститутсия, ки мазмуни онро ифода мекунад ба таносуби нерӯҳои сиёсии дар лаҳзаи қабули он мавҷуд буда муайян мегардад. Таъиноти меъёр ва ҳолатҳои Конститутсия ифодаи таносуби нерӯҳои дар таҳия ва қабули он иштирок дошта мебошад. Аммо ин омил дар матни конститутсияҳо бевосита ифода намеёбанд. Дар аксари онҳо Конститутсия аз номи халқ эълон карда мешавад.

Конститутсия на фақат санади ҳуқуқӣ, балки ҳуҷҷати сиёсии муҳимтарин мебошад. Мазмуни асосии он аз масъалаҳо дар бораи ҳокимият, шакли моликият, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва шакли идораи давлатӣ иборат аст. Меъёр ва ҳолатҳои он барои таъсисёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, иштироки шаҳрвандон дар корҳои идоракунии давлатӣ асосгузоранда мебошанд. Муносибатҳои ҷамъиятии ба фаъолияти сиёсии мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ алоқаманд, тавассути меъёрҳои конститутсионӣ ба худ шакли ҳуқуқӣ мегиранд ва хислати сиёсӣ пайдо мекунанд. Хусусиятҳои сиёсии Конститутсия бо сиёсати иҷтимоии давлат пайвандӣ дорад. Дар ҳамин асос дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, роҳу воситаҳои амалӣ намудани онҳо, хусусан, татбиқи сиёсати иҷтимоӣ, музафариятҳои ноил гардида ва масоилҳои ҳалталаб чуқур таҳлил гардида, роҳҳои ҳалли онҳо муайян карда мешаванд.

Давом дорад.

Зоир Ҷурахон Маҷидзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мудири Шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ашӯрбой Имомов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор, Сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови

Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меҳргон чун Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёитабор мебошад. Агар Наврӯз оғози баҳор, оғози соли нав ва эътидоли баҳории Хуршед дар бурҷи Ҳамал бошад, Меҳргон оғози нимаи дувуми сол ва ё фасли тирамоҳ- ҳулули Хуршед дар бурҷи Мизон мебошад. Ин ду ҷашнро дар сарчашмаҳои қадимӣ ду қутби зиндагонии мардум муаррифӣ намудаанд, ки аз Наврӯз дар айёми баҳор шурӯъ гардида, дар замони таҷлили Меҳргон, яъне дар тирамоҳ ба анҷом мерасанд. Маънои калимаи “меҳргон” меҳр буда, дар аввал шакли “Митра”, яъне номи яке аз бузургтарин худоёни ориёиҳо будааст.

Ин ҷашн низ ба монанди Наврӯз ҷанбаҳои гуногуни таърихӣ, нуҷумӣ, динӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ дорад. Агар ҷанбаи таърихии он як зумра ҳодисаҳои муборизаи некӣ бар бадӣ, нур бар зулмот ва барқарор намудани адлу ростиро дар Эронзамин дар бар гирад, ҷараёни офариниши оламу ҷаҳоншиносӣ масъалаи нуҷумии онро фаро мегирад. Ҷанбаи оинии он бошад, ба пайдоиши дини меҳрпарастии ориёиён иртибот дорад, ки он дар асри XVIII пеш аз мелод дар канор ва соҳилҳои рӯдҳои Ҷайҳуну Сайҳун ба вуҷуд омада, то замони Ҳаҳоманишиён дар мамолики Шарқ фаъолона амал мекард ва бино ба маълумоти Ксенофонт ва Плутарх он ба сарзаминҳои Ғарб чунон босуръат интишор ёфт, ки ҳатто император Нерон онро расман қабул кард ва то асри IVмелодӣ ба Испанияву Англияву Франсия то сарзамини Скотланд нуфуз пайдо намуд. Танҳо император Константин барои интишори дини масеҳӣ тавонист, ки пеши роҳи нуфузи баъдинаи митраизм дар Ғарбро бигирад.

Дар хусуси пайдоиш ва суннатҳои ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеии ниёгони мо андешаҳои гуногун аст. Нахусутин андешаҳо перомуни ин масъала ба суннатҳои мардуми ориёитабор рост меояд, ки мувофиқи он мутобиқати ҳар рӯзи моҳро бо номи он ҷашн мегирифтанд. Маҳз дар ҳамин бора рисолаи махсусе бо номи «Рисолаи рӯзҳо» то замони мо расидааст, ки дар он шарҳи моҳияти рӯзҳои моҳ, аз ҷумла хосияти мутобиқати номи рӯз бо номи моҳ, ки сабаби ҷашн гирифтани он мегардад, баён шудааст ва бо сабаби мувофиқ омадани номи яке аз рӯзҳо ба номи моҳи Меҳр ба он пасованди «гон»-ро изофа намуда, “Меҳргон” гуфтаанд ва дар рӯзи 16-уми моҳи Меҳр, ки баробар ба рӯзи 8-уми моҳи октябри мелодист, ҷашн мегирифтанд.

Бояд қайд кард, ки гузаштагони мо дар хусуси ҷашни Меҳргон ба мисли Наврӯз ривоятҳои фаровон боқӣ гузоштанд, ки дар қисмати зиёди онҳо пайдо шудани Хуршед ё Меҳрро ба ин рӯз нисбат додаанд. Ҳамчунин, омадани фариштагон барои нусрати Фаридун дар набард бо Заҳҳоки морон ва пирӯзии Коваву партавафшонии дирафши ковиёниро низ ба айёми Меҳргон нисбат додаанд. Аммо собиқаи ин ҷашнҳои дерин ҳикоятгари он аст, ки мардумони ориёӣ қабл аз зуҳури Зардушт Наврӯзу Меҳргонро гиромӣ доштаанд ва ин ду ҷашнро, ки бартар аз замону ҳамаи андешаҳои динӣ будаанд, чун намое аз тавоноии Офаридагори ҷаҳон донистаанд ва дар асрҳои баъдӣ ин ҷашнҳоро хостаанд маъниҳои мазҳабӣ бахшанд. Ҳамин тавр, Меҳргонро бар қиёмат, ки охири олам аст, монанд карда, Наврӯзро бар растохез, ки рӯзгори бедории табиат ва одаму олам аст, монанд донистаанд.

Бояд қайд кард, ки Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ дар асари худ «Зайн-ул-ахбор» дар бобати идҳо маълумотҳои фаровон оварда, ҳар кадом идро бо рӯзҳояшон тасвир намудааст. Ӯ дар ин асари худ дар боби «Андар идҳо ва расмҳои муғон» бо ҷадвал ва тафсилот чунин баён намудааст: «Сухан андар маънии идҳои муғон ва аҷамиён гӯем ва падид кунам, ки ҳар иде ба кадом рӯз бошад ва рӯзҳои эшон. Ва он рӯзро андар ҷадвал овардам, ҳам бар он ҷумла, ки аз они арабиён гуфтам. Ва онро ба чаҳор ҷадвал андар овардам: нахуст адад (дудигар), ҷашнҳо ва идҳо. Ва ҷадвали се дигар андар рӯзҳои моҳҳои аҷамиён. Ҷадвали чаҳорум андар моҳҳои муғон" .

Дар ҷадвали тартибдодаи ӯ 31 ид номбар мешавад, ки дар байни онҳо Меҳргон низ ҷой дорад. Тибқи маълумоти он Меҳргон дар зинаи 16-ум қарор гирифта, ба 16-уми Меҳрмоҳ рост меояд. Пас аз ин, Ромрӯзи Меҳргони бузург дар зинаи 17-ум ҷой дода шудааст, ки ба 21-уми Меҳрмоҳ рост омадааст.

Гардезӣ дар ин асари худ дар боби «Андар шарҳи ҷашнҳо ва идҳои муғон» ҳар як идро шарҳ дода, сабабҳои ба вуҷуд омадан ва таҷлил намудани онҳоро зикр менамояд. «Муғонро ҷашнҳои фаровон будааст андар рӯзгори қадим ва ман он чӣ ёфтам, ин ҷо биёвардам, андар ин ҷадвалҳо ва акнун шарҳи сабаби ҳар якеро бигӯям ҳам бар он ҷумла, ки андар кутуб ёфтам» . Ӯ дар бобати Меҳргон мефармояд: «Ин рӯз Меҳргон бошад ва номи рӯзу номи моҳ муттафиқанд. Ва чунин гӯянд, ки андар ин рӯз Афридун бар Беварсап, ки ӯро Заҳҳок гӯянд, зафар ёфт, мар Заҳҳокро асир гирифт ва ба Дамованд бурду он ҷо ба ҳабс кард ӯро» . Ҳамчунин, дар шарҳи идҳо нисбат ба Ромрӯзи Меҳргони бузург чунин мегӯяд: «Меҳргони бузург бошад ва баъзе аз муғон чунин гӯянд, ки ин фирӯзии Афридун бар Беварасп ромрӯз будааст аз Меҳрмоҳ. Ва Зардушт, ки муғон ӯро ба пайғамбарӣ доранд, эшонро фармудааст бузург доштани ин рӯз ва рӯзи Наврӯзро» .

Меҳргон пеш аз аҳди Ҳахоманишиён дар аҳди Каёниён, ки дар боло аз қавли Фирдавсӣ зикр шуд, таҷлил мегардид. Аммо дар замони ҳукумати Сосониён ин ҷашн ҷалолу шукӯҳи тозае ба худ гирифт ва ҳатто дар аввалҳои даврони исломӣ низ Меҳргон он шаҳоматашро аз даст надода буд. Дар бомдоди рӯзи Меҳргон шоҳи Сосонӣ ҷомаи махсусеро, ки аз матои бурди яманӣ ва зарбофти гаронбаҳо дӯхта мешуд, ба бар карда, тоҷеро, ки тасвири Хуршед дошт, бар сар мениҳод. Дар толори бузург менишаст ва мардуми аз ҷойҳои дуру наздик омадаро мепазируфт ва ҳадяҳояшонро қабул менамуд.

Пас аз суқути давлати Сосониён бисёре аз расму русуми мардумони эронитабор аз байн рафт, ки аз миёни онҳо танҳо Наврӯз, Меҳргон ва Сада боқӣ монданд ва то ҳамлаи муғул (асри ХIII) ин ҷашнҳо дар дарбори шоҳон ва хулафо расм гардида буд.

Дар аҳди арабҳо ҳарчанд муборизаҳо ҷиҳати аз байн бурдани иду ҷашнҳои мардуми эронитабор сурат мегирифт ва бисёре аз онҳоро аз байн бурд, вале осори онро комилан маҳв сохта натавонист. Уммавиён бо вуҷуди душманӣ бо русуми миллии ғайриараб, аз ҷумла тоҷикон, чун расми ҳадя додани мардумро писандиданд, бо баргузории Меҳргон мухолифати ошкоро накарданд. Аммо Меҳргон дар радифи дигар ҷашнҳои миллӣ аз давраи Аббосиён, ки парвардаву баркашидаи мардуми Хуросон буданд, равнақи дигар гирифт. Халифа Маъмун (813-833) беш аз дигарон ба ҷашнҳову маросимҳои мардуми Хуросон таваҷҷӯҳ кард ва дар ин давра он бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷилил мегашт.

Меҳргон дар аҳди салтанати Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён дар тақлид ба Бағдод таҷлил мегашт.

Зарринкӯб Абдулҳусайн дар асари худ “Таърихи мардуми Эрон” (аз поёни Сосониён то поёни Оли Бӯя) қайд менамояд, ки суннату русуми дарбори Бухоро бо рӯйи кор омадани Маҳмуд ба Ғазнин интиқол ёфт . Аз ҷумла, таҷлилу гиромидошти ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Сада дар дарбори Ғазна идома ёфт, ки аз нуфузи фарҳанги тоҷикӣ ҳикоят мекунад.

Таҷлили ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргонро амирони Ғазнин пуршукӯҳ баргузор мекарданд. Дарвозаи зиндонҳо боз мешуд, ба рӯйи бенавоён низ дари хайр мекушоданд ва ба онҳо инъому ҳадя нисор мекарданд. Дар ин рӯзҳо олимону шоирон даъват шуда, базму тараб меоростанд.

Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайн, ки рӯзгори салатанати Ғазнавиёнро китобат кардааст, дар асари худ “Таърихи Байҳақӣ” дар баробари дигар паҳлуҳои ҳаёти моддии он давр истиқболи Наврӯзу Меҳргонро дар аҳди Ғазнавиён тасвир намудааст. Тибқи гуфтаи Байҳақӣ дар рӯзҳои Наврӯзу Меҳргон шаҳру навоҳии ин давлат ҳадияҳои зиёди ҷашнӣ омада, таомҳои хоса тайёр мекарданд. Тибқи гуфтаи ӯ дар ин рӯзҳо маҷлиси шароб барпо шуда, занони пойкӯб ширкат ва шодиву базмороӣ мекарданд. Ба гуфти Байҳақӣ дар маҷлиси шароби амир ҳар кас наметавонист ширкат кунад ва ҳузур дар чунин базм барои аҳли дарбор ва мардуми ҷоҳталабу чоплуси он рӯзгор ифтихор буд ва ҳатто вақте Масъуд даъвати падарро барои ширкат дар маҷлиси шароб мешунавад, шодӣ мекунад. Маҳмуд ба писараш мегӯяд: «Навбате диранг кун, ки мо нишоти шароб дорем ва мехоҳем, ки туро пеши хеш шароб диҳем, то ин навохт биёбӣ. Амир Масъуд ба хаймаи навбат бинишасту шод шуд бад-ин фатҳ»

Тибқи иттилои Байҳақӣ Масъуд нахустин маротиба пас аз ба даст овардани тоҷу тахт ва банд кардани бародараш Муҳаммад Меҳргонро таҷлил кард, ки ин ба моҳи рамазони соли 421 (баробар бо августи соли 1031) рост омад. Байҳақӣ мегӯяд: «Рӯзи душанбе ду рӯз монда аз моҳи рамазон ба ҷашни Меҳргон бинишаст ва чандон нисорҳову ҳадяҳо ва турафу сутур оварда буданд, ки аз ҳадду андоза бигзашт». Аз ҳадяҳои фаровони волии ситампешаи Хуросон Абулфазли Сурӣ ҳикоят мекунад, ки ӯ «бениҳоят чизе фиристода буд наздики вакили дараш, то пеш овард». Байҳақӣ ҳадяву нисори сардорони дигар вилоётҳоро зикр менамояд. «Ҳамчунон вукалои бузургони атроф, чун Хоразмшоҳ Олтунтош ва амири Чағониёну амири Гургон ва вулоти Қусдору Макрон ва дигарон бисёр чиз оварданд ва рӯзе бо ном бигузашт» .

Абулфазли Байҳақӣ аз баргузории Меҳргони соли 1035, ки ба 22 сентябр рост меояд, ёдовар шудааст. Дар ин ҷашн тибқи расму оинҳои маъмул «нисорҳову ҳадяҳо оварданд аз ҳадду андоза гузашта. Ва пас аз намоз нишоти шароб кард ва расми Меҳргон ба ҷой оварданд сахт некӯ бо тамоми шароити он» . Тавре мушоҳида мешавад, шоҳиди он рӯзгор ибораи «бо тамоми шароити он» ҷашн гирифтани Меҳргонро махсус таъкид мекунад. Аз ин чунин бармеояд, ки Меҳргон дар шумори ҷашнҳои расмии давлати Ғазнавиён эътироф гардида, фурсате будааст барои нишон додани шукуҳу чалоли дарбор ва баҳона баҳри хуш гузаронидани айём.

Ҳамин тавр, Меҳргон дар салтанати Ғазнавиён бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегашт. Дар асрҳои миёна то ба ибтидои садаи ХХ ҷашни Меҳргон ҳамчун иди оммавӣ бо номҳои “Сайр” ва “Иди тирамоҳӣ” ҷашн гирифта мешуд. Устод С.Айнӣ дар асари худ «Ёдоштҳо» роҷеъ ба сайри Дарвешобод ва баргузории он, ки дар фасли тирамоҳ сурат мегирифт, маълумоти ҷолиб додааст. Мувофиқи шаҳодати ӯ сайри Дарвешобод одатан ҳар ҳафта рӯзи сешанбе пагоҳӣ сар шуда, рӯзи чоршанбе то чоштгоҳӣ давом мекард. Сайргоҳ дар тарафи ғарбии роҳи калоне буд, ки аз бозори гови Ғиждувон баромада ба тарафи Бухоро мерафт. Дар ду тарафи қитъа растаҳо бо бурё ва ходачаҳо дӯкончаҳои каппамонанд сохта буданд, ки баъзеи он дӯконҳо чойхона, баъзеашон ошхона, моҳипазӣ ва монанди инҳо будаанд. Дар зери деворҳо ҳар ҷо-ҳар ҷо мардум давра гирифта, бозиҳову саргармиҳо мекарданд. Дар баъзеи он давраҳо ғирғиракбозӣ, дар баъзеашон тасмабозӣ, дар баъзеи дигарашон қартабозӣ ва монанди инҳо буданд. Дар баъзе давраҳо маддоҳон мадҳия мехонданд, сарояндаҳо сурудхонӣ мекарданд, наққолону ровиён қисса мегуфтанд. Чун шаб фаро мерасид замони тарфбозӣ сар мешуд. Тарфҳоро, ки дар кӯза дуруст мекарданд, оташ дода ба ҳаво сар медоданд. Он мисли мушаку салютҳои имрӯза дар осмон шарорапошӣ менамуд. Фардои он рӯз дар майдони назди бозори гов мусобиқаҳои хартозӣ, яъне пойгаҳи харҳо ва тагалҷангандозӣ шурӯъ мешудааст .

Пас аз таҳлилу омӯзиши сарчашмаҳо ва дигар асарҳои роҷеъ ба иди Меҳргон бахшидашуда маълум мегардад, ки Меҳргон дар баробари идҳои Наврӯз ва Сада яке аз ҷашнҳои асосӣ ва қадимии мардумии ориёитабор буда, бар асоси тақвимҳои нуҷумиву мардумӣ ва мавсимии фарорасӣ аз идҳои дигар тафовут дорад, вале Меҳргон, Наврӯз ва Сада дар якҷоягӣ гардиши моҳро ифода мекунанд, ки Меҳргон оғози тирамоҳро нишон медиҳад. Ғайр аз ин, агар Наврӯз фарорасии соли навро нишон диҳад, Меҳргон фурӯравии он ҳисоб мешавад, ки ҳар ду дар якҷоягӣ як соли комили кишварзиро нишон медиҳанд. «Тақсими сол ба ду қисми баробар ва дар ду нуқтаи мушаххаси эътидоли баҳориву тирамоҳӣ дар бовариҳои омиёнаи мардуми тоҷику эрониву афғон ва соири кишварҳои ҳамҷавори онҳо аз замонҳои хеле қадим вуҷуд дорад». Ин ҷашни авлодии мо дар тӯли таърих ба сарзаминҳои Шарқу Ғарб доман паҳн карда буд. Аз таҳлили сарчашмаҳои дастрасшуда маълум гардид, ки яке аз маросимҳои ҷолиби Меҳргон дар дарбор шурӯъ шудани таҷлили он буд. Аксари муҳаққиқон қайд намудаанд, ки чун мазҳари ойини меҳрпарастӣ Хуршед буд, шоҳон бештар маросими тоҷгузории худро дар ин рӯз анҷом медоданд ва дигар тадорукоти муҳими давлатиро низ ба ҳамин рӯз мавқуф мегузоштанд. Масалан, ривоят аст, ки маросими тоҷгузории Анушервони Одил дар ҳамин рӯз сурат гирифт буд.

Таҷлили ҷашни Меҳргон дар замони Сосониён бо шукӯҳу шахомати хоса таҷлил мегашт. Тавре зикр намуда будем, ҳарчанд бо истилои араб бисёре аз идҳои мардуми ориёитабор дар сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр аз байн рафтанд ва ё дар гӯшаи фаромӯшӣ қарор гирифтанд, вале ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон мавқеи худро нигоҳ доштанд, балки таҷлили онҳо минбаъд ҳам аз ҷониби омма ва ҳам аз ҷониби сулолаҳои ҳукмрон идома ёфт. Дар даври Иттиҳоди Шӯравӣ бошад, ҳарчанд номе қариб аз Меҳргон боқӣ намонда буд, мардум ба ҷойи он «Иди ҳосилот»-ро таҷлил мекарданнд, ки ба тирамоҳ рост меомад.

Бо ба даст овардани Истиқололияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идҳои қадимии мардуми тоҷик дубора эҳё гардиданд. Аз ҷумла, имрӯзҳо Меҳргон низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати 80-солагии таъсисёбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар санаи 8-уми октябри соли 2011 таъкид намуданд, ки «Ҷашни Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад».

Меҳргон дар тӯли таърихи хеш дорои суннатҳои хоси худ буд. Аз ҷанбаҳои ҷашни иди Меҳргон оростани дастархони идона, шодиву сурур, тақдими ҳадяҳо, мусиқӣ ва овозхониро дар канори шеърсароӣ зикр намудан ба маврид аст. Мусиқидонон ба ин муносибат оҳангҳои ҷолиб сохта, ба ҳокимону шоҳон тақдим мекарданд. Дар давраи Аббосиён рақси раққосон, шеърсароӣ ва овозхонӣ, хӯрдани анор ва ҳафт намуди меваҷот, истифодаи гулоб аз суннатҳои Меҳргон буд, ки гӯё аз шоҳони Сосонӣ ба ҳокимони Хилофати Аббосиён мерос монда буд. Ин суннатиҳои иди Меҳргон то имрӯз боқӣ мондаанд.

Ҳамин тариқ, Меҳргон аз ҷашнҳои хеле бостонии мардумони ориёитабор маҳсуб ёфта, доир ба таърих ва ташаккули он дар осори таърихӣ тафсироти гуногун зикр ёфтаанд ва он дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Меҳргон боварӣ ва эътиқод ба иззати Меҳр ва ойинҳои меҳрӣ (митроӣ), ки пеш аз Зардушт дар Ҳинд ва Ирон вуҷуд дошта ба моҳи меҳр рост меомад. Баъди пайдо шудани тасавуроти асотирӣ оид ба Меҳр он ташаккул ёфта, дар миёни мардум маҳбубияташ бештар гардида, аз доираи устуравӣ ба як оини мукаммали Меҳр табдил ёфт. Сипас, ин ҷашн ба иди ҷамъбасти тамоми фаъолияти кишоварзон табдил ёфта, ба ин сифат дар масири таърих бо бисёр арзишҳои созандагиаш дар ҳаёти мардум ва кору пайкори онҳо таъсир гузошт.

Садаф Ҷангибекова унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи кадимии мардуми тољик мебошад. Наврӯз,Сада ва Меҳргон ҷашнҳои қадимии мардуми Ориёинажод ба шумор рафта, ҳар кадом дар замони худ ҷашн гирифташуда, дорои рамзе мебошанд. Наврӯз замоне ҷашн гирифта мешавад, ки тамоми набототи рӯйи замин ва ҳатто дар зери хок буда, бо фарорасии соли Нав ба нуму кардан оғоз мекунанд.

Наврӯз оғози соли Нав, оғози кишту кори деҳқон буда, Меҳргон фасли бардошти ҳосили заҳматҳои кашидаи ӯ мебошад. Баъд аз Меҳргон ҷашни Сада фаро мерасад, ки моро аз наздикшавии соли Нав огоҳ карда,барои омода шудани мо ба хотири истиқболи Наврӯз мужда мерасонад.

Мувофиқи расму ойини гузаштагонамон, дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон мардум маросимҳои гуногунро ташкил мекунанд, зеро дар давраҳои бостон аҷдодони мо аксаран ба кишоварзӣ машғул будаанд. Аз ин рӯ, ҷашни Меҳргон ки фасли ғундоштани ҳосили бо арақи ҷабин руёнидаи онҳо мебошад, ба онҳо ин ҳақро медиҳад, ки шодиву сурур ва истироҳат намоянд:-изҳор карда буданд, муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Мутобиқи маълумоти дар китоби “Осор-ул-боқия” овардаи Абурайҳон Берунӣ, таърихи ин ҷашнро беш аз 3 ҳазор сол нишон додаанд. Меҳр номи Офтоб буда, дар ойини Сосониён шоҳони онҳо махз дар Меҳрмоҳ тоҷеро, ки дар он сурати Офтоб буд, ба сар мегузоштаанд, яъне тоҷгузорӣ мекардаанд.

Ба ҳама маълум аст, ки дар замони Шӯравӣ масъулини давр ба ин ҷашнҳои сегона пӯшиши динӣ дода, иҷозати таҷлил намедоданд. Вале мо медонем, ки ин идҳо ба дин ягон муносибате надоранд ва онҳо чанд ҳазор сол кабл аз дини мубини ислом ба вуҷуд омада, соф иди миллии мардуми ориёинажод шинохта шудаанд.

Дар кишвари мо бошад, ин идҳо маҳз бо ҳидоятҳои созанда ва оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умри дубора пайдо карда, зинда гардонида шуданд.

Чун Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти мардумӣ буда, худ устоди илми кишоварзӣ мебошанд, ин идҳоро аз дигарон дида бештару беҳтар эҳсос намудаву медонанд.

Иди Меҳргон ба ҳамаамон муборак бошад!

Холназаров Назар Мирзоевич, ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар қарни XXI боз бештару беҳтар маълуму равшан гардид, ки ояндаи кишвар ва тақдири насли ҷавон аз ҳифзу густариши мероси фарҳанги мардум бастагӣ дорад. Таҷрибаи талхи солҳои гузашта нишон дод, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ супоридани беҳтарин суннатҳои мардумӣ, канда шудан аз арзишҳои рӯҳонию маънавӣ ба таназзулу бӯҳрони зиндагии иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гашт.

Сабабҳои афзудани ҷиноят, нашъамандӣ, фақр, бекорӣ, фуру рафтани ахлоқи хонавода, низоъҳои миллӣ, қавмӣ, маҳалгарои ҳам дар надонистан ва камтаваҷҷӯҳи ба мероси фарҳангӣ мардум будааст. Имрӯз, ки обрӯ ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон боло мегирад, эҳё ва такомули фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи хосаеро доро мешавад. Ҳамакнун зарур аст, ки аз тарафи афзудаи фарҳанги Ғарб дар канор бошем ва думболи рушди арзишҳои фарҳанги хеш бошем.

Воқеан, мероси фарҳанги тоҷикӣ дӯстдоштанист ва дар умқи таърих реша дорад. Фарҳанги мардуми тоҷик таърих аст ва таърихи мардуми тоҷик фарҳанг аст. Зебоӣ ва хираду руҳонияти он мерос ҳамакнун побарҷост, ки онҳо дар ҳаммосаҳо, қиссаю достонҳо, дар либоси арусакҳо, василаи зиндаги ва умуман дар ҳуввияти тоҷикӣ инъикос гардидаанд.

Солҳои охир бештари ҷашну маросимҳо, суннату анъанаҳо эҳё гардидаанд. Бо ёрии онҳо ҷомеаи имрӯза дар рӯзгору замонҳои қадим аҷдодони мо чӣ гуна бо табиат замону фазо дар муттаносиб мезистанд, хонавода, модар, ватан ва кори ҳалолро дар замири аҷдодӣ ба эҳтиром мегузоштанд, иттилои муфид ба даст меоваранд. На бояд фаромӯш созем, ки дар тули таърих дар фарҳанги мардум арзишҳои озмудашудаи миллат побарҷо мондаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин эҳёи ҷашну маросимҳои мардуми роҳи наҷотест барои навсозии ҷомеаи имрӯз.

Ба ҳар кассе, ки дар заминаи гирдовари ва нашри фарҳанги омма қадаме ҳатто басо кӯтоҳу пуршитоб бармедорад ва домани ҳиммат ба камар мезанад, сари иродат дар пеши пой дорем ва ба кӯшиши онон эҳтиром мегузорем. Аммо ба кори пажуҳандагони ғайри касби дар шинохт ва пардохти рагу решаҳои нуҳуфтаи таърихи вижагиҳои нозуку борики бо ойинҳо, бовариҳо, ҷашну маросимҳо, эътиқоди камтар дорем, ҳарчанд, ки кулбории бузурге аз донишҳои гуногунро дар душ дошта бошанд, чаро ки метавон бо сари панҷа тадбире аз куҷо то куҷоро дар нур дид ва бо дили бедору имони устувор ба ҳар таҳгӯшаи биноҳои деринасоз сар зад, ёддошт бардошт ва акс гирифт, метавон порае аз воқеиятҳои айнӣ аст.

Мумкин аст, ки дар рӯзгорони гузашта, мардуми мо ойинҳои дигаре доштаанд, ки рафта – рафта ба ҷиҳати гуногун аз байн рафтааст. Аммо, он чи ки дар ин ҷо омада, тақрибан бештари ойинҳое ҳастанд, ки то имрӯз боқӣмондаанд ва сина ба сина то ин рӯзгор расидаанд. Аммо боваридоштҳои мардум беш аз ин аст ва гирдоварии ҳамаи онҳо ба солҳо фурсати дигар ниёз низ дорад.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати хирадмандона ва фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ташаккули тафаккури бунёдкорӣ, тарбияи ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва ҳамдигарфаҳмии сокинони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ноил шудан ба ҳадафҳои зикргардидаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути фарҳанги миллӣ, аз ҷумла бо роҳи эҳёи мероси таърихию фарҳангӣ арзёбӣ намудааст.

Ҳанӯз соли 2000 дар Паём ба ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент чунин қайд карда буд: «Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз қарну асрҳо то имрӯз симои миллати худро, пеш аз ҳама, тавассути фарҳанг нигоҳ доштааст ва байни халқу миллатҳои дигар соҳиби нуфузу эътибор гаштааст».[1]

Яке аз дастовардҳои бузурги фарҳанги даврони истиқлол, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он диққати ҷиддӣ дод, ин таҷлили ботантанаи санаҳои муҳими таърихию фарҳангии халқи тоҷик ба шумор мерафт.

Таҷлили ҷашнҳо ба худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорию ғурури миллӣ, сулҳу ваҳдат ва мустаҳкамгардии он замина гузошта, мардум ба саволҳои «кӣ будем?», «кӣ ҳастем?» ва «кӣ хоҳем шуд?» ҷавоб пайдо кард.

Меҳргон чун Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёитабор мебошад. Тавре қайд намуда будем, агар Наврӯз оғози баҳор, оғози соли нав ва эътидоли баҳории Хуршед дар бурҷи Ҳамал бошад, Меҳргон оғози нимаи дувуми сол ва ё фасли тирамоҳ- ҳулули Хуршед дар бурҷи Мизон мебошад. Ин ду ҷашнро дар сарчашмаҳои қадимӣ ду қутби зиндагонии мардум муаррифӣ намудаанд, ки аз Наврӯз дар айёми баҳор шурӯъ гардида, дар замони таҷлили Меҳргон, яъне дар тирамоҳ ба анҷом мерасанд. Маънои калимаи “меҳргон” меҳр буда, дар аввал шакли “Митра”, яъне номи яке аз бузургтарин худоёни ориёиҳо будааст.

Ин ҷашн низ ба монанди Наврӯз ҷанбаҳои гуногуни таърихӣ, нуҷумӣ, динӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ дорад. Агар ҷанбаи таърихии он як зумра ҳодисаҳои муборизаи некӣ бар бадӣ, нур бар зулмот ва барқарор намудани адлу ростиро дар Эронзамин дар бар гирад, ҷараёни офариниши оламу ҷаҳоншиносӣ масъалаи нуҷумии онро фаро мегирад.

Дар хусуси пайдоиш ва суннатҳои ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеии ниёгони мо андешаҳои гуногун аст. Нахусутин андешаҳо перомуни ин масъала ба суннатҳои мардуми ориёитабор рост меояд, ки мувофиқи он мутобиқати ҳар рӯзи моҳро бо номи он ҷашн мегирифтанд. Маҳз дар ҳамин бора рисолаи махсусе бо номи «Рисолаи рӯзҳо» то замони мо расидааст, ки дар он шарҳи моҳияти рӯзҳои моҳ, аз ҷумла хосияти мутобиқати номи рӯз бо номи моҳ, ки сабаби ҷашн гирифтани он мегардад, баён шудааст ва бо сабаби мувофиқ омадани номи яке аз рӯзҳо ба номи моҳи Меҳр ба он пасованди «гон»-ро изофа намуда, “Меҳргон” гуфтаанд ва дар рӯзи 16-уми моҳи Меҳр, ки баробар ба рӯзи 8-уми моҳи октябри мелодист, ҷашн мегирифтанд. Аз нигоришу тасифҳои аҳли илму адаб ва ривоятҳои бостонӣ бармеояд, ки Меҳргон ҷашнест табиӣ. Айёмест, ки ба табиат, ба салтанат ва рӯзгори мардум иртибот дорад.

Зиёева З.И. ходими калони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Дар оғози пайдоиш то ба имрӯз исноният ба бисёр кашфиёту ихтироот даст ёфтааст. Дар ин баробар ба нокомиҳову талхрӯзгорӣ ҳам рӯ ба рӯ гаштаву онро аз сар гузарондааст. Зиндагии инсонҳо ду рукни асосиро ташкил медиҳад, ки онро моддӣ ва маънавӣ унвон медиҳанд, агарчи дар моддиёт дастовардҳои бузург овард, вале дақиқан то ҳол ба умқи кашфи маънавиёт нарасидааст.

Бузургворе дар ҷашни яксолагии фарзандаш, ба ӯ мегӯянд: «Фарзандам! Як баҳору як тобистон, як тирамоҳу як зимистонро дидӣ! Аз ин пас, ҳама чизи ҷаҳон такрорист, ба ҷуз меҳрубонӣ…!». Бале, ҳақ бо он бузургвор аст, ки нуксанҷона ҷамъи зиндагиномаи одамиятро дар ду ҷумла изҳор доштааст. Мақсад аз овардани он андарз ин аст, ки дар гузашта аҷдодони мо тоҷикон ҷашне доштанд, муҳаббат, меҳрубонӣ, садоқат, дӯстдорӣ, адлу дод, арҷ гузоштан ба Модар-Заминро бо як вожа ифода намуданд: «Меҳргон». Аз назари илми решашиносӣ ва пайдоши вожаи Меҳргон дар оғоз мехоҳем ба хонангони арҷманд маълумоти мухтасаре пешкаш намоем.

Тибқи маълумоти луғатномаҳои сарчашмавӣ вожаи меҳргон аз ду ҷузъ иборат ёфтааст: «меҳр»- муҳаббат,самимият, дӯстиро ифода мекунад ва «гон» – асос бар нисбат, яъне ба чизе марбут будан аст. «Гон» одатан дар охири исми рӯз ва моҳи солшумории хуршедӣ (шамсӣ) меояд. Ба ин маъно, ки мардуми эронитабор агар ҳар гоҳ номи моҳ бо номи рӯзи солшумориашон (хуршедӣ, Шамсӣ) мувофиқ ояд, он рӯзро пасванди «гон» гузошта, онро ҷашн мегирифтанд. Барои мисол, метавон аз рӯзҳое ёд намуд, ки охирашон пасванди «гон» доштанд, ки мардум онҳоро бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн мегирифтанд: обонгон, обрезгон, хурдодгон, фарвардгон, тиргон, меҳргон ва ғайра, ки мардум эътимод бар онҳо доштанд. А. Берунӣ низ зикр кардааст, ки «…ҳар моҳе он рӯз, ки ҳамномаш бошад, ӯро ҷашн доранд». Дар иртибот ба вожаи меҳргон, бояд таъкид намуд, ки ниёгони мо моҳро аз сӣ рӯз иборат дониста, ба ҳар кадом рӯзи моҳ номе гузошта буданд, ки ин номҳои эзад ва фариштагон буданд. Аз ин лиҳоз, сарчашмаҳо вожаи меҳрро номи яке аз эзидон низ мегӯянд, ки он ёрирасон ва меҳрубон бар одамон будааст. «Меҳр», ки шакли аввалаи он «Митра» номи яке аз бузургтарин эзидони ҳиндуэронӣ аст ва чаҳорсад сол пеш аз мелод дар сангнавиштаҳо ҳак шудааст. Вожаи «Меҳр» дар китоби муқаддаси Авасто зикр шудааст ва дар ситоишаш низ суруде омадааст. Чунончи, дар «Меҳряшт»-и Авасто омадааст, Аҳура Маздо Меҳрро мисли худ мешуморад: «Аҳурамаздо ба Спитмон Зартушт гуфт: Эй Спитмон! Ба-д-он ҳангом ки ман Меҳри фарохчарогоҳро ҳастӣ бахшидам, ӯро дар шоистагии ситоиш ва барозандагии ниёиш, баробар бо худ, ки Аҳура Маздоям биофаридам». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки дар замони бисёрэзидии оини зардуштӣ Меҳр мақому мартабаи баландро доро будааст ва мардум, махсус деҳқонон ва кишварзон ба ӯ муҳаббату меҳри беандоза доштаанд ва эҳтимол дар натиҷаи эътимод ва баргузидагии эзади Меҳр аз ҷониби мардум ҷашни Меҳргон офарида шуда бошад.

Аксарияти мо ин ҷашни инсону табиатро аз хотир бурдаем, вале имрӯзҳо мавзуи асосии ҳарфамон аз бемеҳрии ҳамдигар ва нигаронӣ бар табиат аст. Вале бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргонро дар мақоми Наврӯз ва дигар ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ҷойгузин карданд ва ҳам дар тамоми манотиқи кишвар чандсолаҳо аст, ки ҷашн гирифта мешавад. Албатта, ин иқдомест, ки боз барои шинохти устураву таърихи гузаштаву осору ганҷинаҳои ниёгон ва ниҳоят шинохти миллӣ қадамест бузургу устувор.

Меҳргон чи гуна ҷашн аст?

Бояд тазаккур дод, ки Ҷашни Меҳргон ба гунаи Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадима ва бостонии мардумони эронтарбор маҳсуб меёбад ва байни ин ду ҷашни бузург пайванди ногусастание вуҷуд дорад. Роҷеъ ба пайдоиш ва чигунагии ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумотҳои зиёд омадааст. Аллома ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия»-и хеш дар хусуси ҷашни Меҳргон овардааст, ки: Меҳрмоҳ, рӯзи авали он ҳурмуздрӯз аст. Ва рӯзи шонздаҳум рӯзи меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст, ки хазони дуюм бошад. Ва ин ид монанди дигар идҳо барои умуми мардум аст. Ва тафсири он дӯстии ҷон аст. Ва гӯянд, ки «Меҳр» номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд, ин аст, ки ин рӯзро «Меҳргон» гӯянд. Далел бар ин гуфтор он аст, ки аз оини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки сурати Офтоб дар ӯ буд, ба сар мегузоштанд. Ва Офтоб бар чархи худ дар он тоҷ савор буд. Ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре пайдо мешавад. Аз ин маълумоти додаи Берунӣ метавон бетардид гуфт, ки дар воқеъ Меҳргон ҷашни сирф мардумӣ аст, чун чанд нуктаи Берунӣ воқеан қабили таваҷҷуҳ аст, ки мегӯяд, «ва ин ид монанди дигар идҳо барои умуми мурдум аст», «ва тафсири он дӯстии ҷон аст», «ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре пайдо мешавад». Ҳамин се ҷумла худ бузургӣ ва шукуҳу шаҳомати дар гузашта доштаи Меҳргонро бозгӯ мекунанд.

Абурайҳони Берунӣ пайдоиши ҷашни Меҳргонро ба подшоҳи Пешдодиён Фаридун нисбат медиҳад ва тазаккур медиҳад, ки: Мегӯянд, сабаб ин ки ин рӯзро эрониён бузург доштаанд, он аст, ки чун мардум шуниданд Фаридун хуруҷ кардааст. Пас аз он, ки Кова бар Заҳҳоки Биюросб хуруҷ намуда буду ӯро мағлуб ва нест карда буд. Ва мардумро ба Фаридун хонд. Кова касест, ки подшоҳони Эрон ба раъияти ӯ некӣ меҷустанд, (бар илова, пас аз шоҳ Ҷамшеди Пешдодӣ салтанат аз дасти ин дудмони муборак рафта буд ва дунё дар зери тасарруфи Заҳҳоки бедодгар ва хунхор гардида, мардум аз зулму бедодии шоҳи золим ба дод омада буданд. Коваи шуҷоъ, ки ҳабдаҳ писарашро аз даст дода буд, барои интиқом мардуми бахтбаргаштаро гирди худ ҷамъ овард ва бар зидди Заҳҳок шӯриш кард ва дар он айём аз дудмони Пешдодиён Фаридун низ бархост ва ҳамдаст бо Кова тахту салтанати Заҳҳокро сарнагун сохтанд. Ва пайдоши «Диравши ковиён» низ дар ҳамон замон аст, ки Кова худ оҳангаре буд ва пӯсти пешбанди хешро ба нуки асое баста, мардумро зери он диравш ҷамъоварда буд.)

Дар Шоҳномаи безаволи хеш А. Фирдавсӣ низ оғози ҷашни Меҳргонро дар нахустрӯзи ба тахт нишастани шоҳ Фаридун нисбат медиҳад. Чунончи, Фирдавсӣ мефармояд:

Замона беандуҳ гашт аз бадӣ,

Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.

Дил аз довариҳо бипардохтанд,

Ба ойини кай ҷашни нав сохтанд.

Нишастанд фарзонагон шодком,

Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом,

Майи равшану чеҳраи шоҳи нав,

Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.

Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,

Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносониву хӯрдан ойини ӯст.

Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,

Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр!

Оиди таҷлили ҷашни Меҳргон дар аҳди шоҳигарии Ҳахоманишиёну Сосониён ва дигар сулолаҳои баъдӣ дар бархе сарчашмаҳову тасвирҳо ва гуфторҳое ҷолиб зикр гардидааст. Фолклоршинос Дилшод Раҳимов дар асари худ «Фолклори тоҷик» аз сарчашмаҳои таърихӣ ёдовар шуда меоварад, ки муаррихи юнонӣ- Ктезиус овардааст, ки «подшоҳони ҳахоманишӣ маст шуданро ҳеҷ гоҳ ба худ раво намедиданд, аммо танҳо дар рӯзи ҷашни Меҳргон онҳо иҷозаи нӯшидани майро доштанд. Онҳо ҷомаҳои гаронбаҳои арғувонӣ мепӯшиданд…» Аз рӯи мадракҳои таърихӣ ҷашни Меҳргон ва ойини меҳрпаррастиро ҳахоманишиён дар рӯи ҷаҳон паҳн гардонидаанд ва аз файзу баракат ва инсонпарастиву табиатдӯстдории ин ҷашн аксари ҷаҳониён баҳравар гардидаанд. Донишманди белгиягӣ Франс Валери Мари Кюмон(1868-1947) дар китоби «Ойини Митра» таҷлили соли нави масеҳиро марбут ба ҳамин ҷашни Меҳргони аҷдодони мо медонад: «Бидуни шак ҷашни Меҳргон, ки дар мамолики Руми қадим рӯзи зуҳури Хуршед тасаввур мешавад ва онро sol natalis invietil (яъне, рӯзи вилодати Хуршеди номағлуб) мегуфтаанд, ба 25 декабр кашида шуда ва баъд бо сабаби нуфузи дини Исо дар Аврупо рӯзи вилодати Масеҳ қарор додаанд». Дар аҳди Сосониён низ ин ҷашн бо як шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид ва ҳатто бо номи ин ҷашн, чи тавре ки сарчашмаҳо иттилоъ медиҳанд навоҳои « Меҳргонӣ», «Навои Меҳргонӣ», «Меҳргони бузург» ва ғайра аз тарафи навозандагон ва хунёгарон тадвин шуда буданд, ёд мекунанд. Низомии Ганҷавӣ дар ин хусус ишора карда мегӯяд:

Чу нав кардӣ Навои меҳргонӣ,

Бибурдӣ ҳуши халқ аз меҳрубонӣ.

Аз қавли Салмони Форс Берунӣ овардааст, ки: «Мо дар аҳди Зардуштӣ будан мегуфтем, худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар».

Тибқи маълумоти Берунӣ рӯзи таҷлили ҷашни Меҳргонро ба рӯзи шонздаҳуми моҳи меҳр (баробар ба 7-8 октябр) рост меояд ва бисту якуми моҳи меҳр «Меҳргони бузург» ё «Ромрӯз» мегуфтанд. Аҷдодони мо байни Наврӯз ва Меҳргон тафовут намегузоштанд ва ҳар дуро дар мақом гузошта, бо шукуҳи хос таҷлил менамуданд. Чи тавре ки мо худ мушоҳида мекунем, ҳардуи ин ҷашн аз рӯи рукнҳо ва оину хусусиятҳо ба ҳамдигар сахт алоқамандии зич доранд. Чунончи, дар ҷашни Наврӯз наврӯзи омма ва наврӯси хоса ҳаст ва дар ҷашни Меҳргон ҳам меҳргони омма ва меҳргони хоса таҷлил карда мешавад. Расму ойинҳои ба ҳамдигар монанд доштани ин ду ҷашн гувоҳи он аст, ки ҳарду дар як сарчашмаи фарҳангӣ, ки бе шак дар партави хираду дониши гузаштагони мо марбут ҳаст, тавлид ёфтаву инкишоф ёфтаанд.

Донишвари номдори тоҷик марҳум Саъдулло Раҳимов бар ин андеша буданд, ки ҷашнҳои сегона- Наврӯз, Меҳргон ва Сада мисли санҷирае ҳастанд, ки ба ҳам васл гардидаанд ва бидуни ҳамдигар буда наметавонанд. Аммо, дар маҷмӯъ, мардуми ориёитабор ҳамеша бидуни ҳама гуна монеаҳо онҳоро ба ҳар тариқе ошкоро ё пӯшида ҳифз мекарданд ва ҷашн мегирифтанд. Чаро ки дар асл ин ҷашнҳо аз падидаҳои тақвимию астрономӣ буданд ва марҳилаҳои муҳими фаъолияти солонаи инсону табиат, замину деҳқонро дар худ ифода мекарданд. Сада ва Меҳргон – ҷашн ва фарҳанги кишоварзии мутамаддин ва падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Парастиши инсон, фаъолияти созандагии вай, ниёз ба осоиштагии зиндагӣ, ваҳдату ҳамзистӣ ва рӯҳияи одаму одамият аз ҳадафҳои калидии ин ҷашҳо буд ва чунин то кунун монда аст. Ҳамин арзишҳои калидиро аҳли башар дар вуҷудаш мепарварид.

Зеро ҷашнҳои номбурда моҳияти ҷомеасозӣ ва ҷомеамандӣ, тавҳидию муҳитзистии созандагӣ, диду идеалҳои покроӣ, некбинӣ, садоқат ба замину меҳнат ва инсонро ифода мекарданд. Сабаби бақоияту идомати ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргону Сада маҳз дар ҳамин фалсафаи онон аст. Ин ҷашнҳо ба ҷуз ҳадафи баҳамоии мардуми заҳматкаш, ривоҷ додани усулҳои коркарди фарҳанги кишоварзӣ, зироат, чорводорӣ ва амсоли ин чизи дигаре надоранд. Дар асл моҳиятан ин ҷашнҳо бо ягон дину идеология пайванд нестанд.

Дигар ин ки адёну идеологияҳои дигар дар тӯли таърихи дароз кӯшиш доштанд, то ба хотири бақоияти хеш ба ин ҷашнҳо бигараванд. Аммо ҳукми воқеияти таърих ин шуд, ки ин дину идеологияҳо дар марзу бум ва замони хеш қарор ёфтанд, аммо ҷашнҳои мо ҳама марзҳоро бо покизагӣ ва фалсафаи башардӯстонаи хеш убур карда, то ба замони мо расиданд.

Новобаста аз он, ки дар мавриди шинохти вижагии ҷашнҳои гуфташуда дастовардҳои илмӣ зиёданд, аммо то ба ҳанӯз майдони таҳқиқи масоили гуногун ва мубрами ин ҷашнвораҳо дубора аз марҳилаи таърихи навин шурӯъ шуда, нигоҳи тоза мехоҳад. Зеро ки мо дар вақти хеле наздик тавонем минбаъд мисли Наврӯз ҷашнҳои Сада ва Меҳргонро ба ҳайси ҷашнҳои байналмилалӣ ба мардуми ҷаҳон пешниҳод намоем.

Тоҷикистони азиз кӯшиш сохтани модели олии кишвари индустриаливу аграрӣ ва бо ҳамин хусусият майлу ниёз ба чунин ҷашнҳо дорад.

Бояд дар назар дошт, ки ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз нигоҳи астрономиашон мантиқан ба ҳам пайваст мебошанд, ҳар кадом идомаи якдигаранд, пайвандии ногусастанӣ доранд, ба истилоҳи дигар ҳар кадом ҳалқаи як занҷиранд. Аз ин хотир, пешниҳод мешавад, ки ин ҷашнҳо минбаъд дар консепсияи яклухтӣ, якпорчагӣ дида шаванд. Нашояд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо намоем. Танҳо дар яклухтӣ ин ҷашнҳо, ин марҳилаҳои фаъолияти меҳнатии солона дар худ маънӣ пайдо мекунанд.

Аҷдодони мо дар гузашта ин идҳоро бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзиҳо, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн мегирифтанд. Дар ҷаҳони муосир мо бояд ин ҷашнҳоро дар ҳамин равия тақвият диҳем.

Мо ин ҷашнҳо (Сада, Наврӯз ва Меҳргон) -ро набояд танҳо ҳамчун моли фарҳанги гузашта муаррифӣ кунем. Ҳар яке аз ин ҷашнҳо дар худ рамз ва ҳадафҳои ҷавҳарӣ доранд. Ҳар кадом аз ин бо кадом як марҳилаи муайяни фаъолияти меҳнатӣ вобаста мебошанд. Худи идеяҳои калидии ин ҷашнҳо далолат бар он доранд, ки Сада – тайёрӣ бар пешвози Наврӯз аст. Пас мебояд ба соли нави меҳнатӣ омодагӣ гирифт. Мебояд дар арафаи Наврӯз ҳашару корҳои тадорукӣ пешбинӣ кард, то ҷӯю системаҳои обёрӣ, асбобу технологияи коркарди замин ва ғайра ба соли нави меҳнатӣ омода бошанд. Меҳргон ҷашни ҷамъбасти кулли фаъолияти кишоварзӣ аст. Аз ин ваҷҳ, мо бояд кӯшиш бар он дошта бошем, ки бо назардошти арзишҳои калидии ҳар ҷашни сегоник мазмуни нав, арзишҳои муосир ва актуалиро ҷой диҳем, бо ин ҷашнҳо навоварона рафтор намоем. Танҳо бо ин кор ва муросо бо дӯстони ҳаммарзу ҳамминтақа ба дастгирии аҳли башар мушарраф мешавем.

Зоҳири САЙФУЛЛО, ходими хурди илмии ИФҲС– и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ