Skip to main content

Ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ

Санаи 9-уми сентябр соли 1991 Тоҷикистони навин Истиқлолиятро дарёфт намуда, ҳамасола сокинонаш онро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекунанд.

Ин сарзамин солиёни дароз зери султаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ қарор дошт, ки шомили кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Эстония, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина, Ӯзбекистонбуданд. Пайваста сокинони ин сарзамин куҳанбунёд барои доштани давлати алоҳидаи худ пайваста талошу муборизаҳо мекарданд, то чун қавму миллати дорои тамаддуну таърихии бостонӣ бо сохти давлатдории миллӣ зиндагӣ намуда, маърифату маданият ва забону адабиёти худро ҳифз намуда, барои озодӣ, оромӣ ва ободи кишвару халқи худ хидмат намоянд.

Ҳамин тариқ, бо ин ормону орзуҳои хубу писандида сокинони ин сарзамин 9-уми сенбяри соли 1991 соҳиби давлати алоҳида шуда, бо роҳнамои фарзанди фарзонаи худ таҳти сарпарастии сиёсатмадори созгору созанда Президенти кишвар Эмомали Раҳмон бо эҳёи арзишҳои фарҳангиву миллӣ талошу мубориза намуда, Ватанро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карданд.

Мақсаду мароми ин фарзанди фарзона ва мардумони сулҳофарину таммадунофари он ҳифзи арзишу анъанаҳои миллӣ зиндагӣ намудан мебошад. Ҳамин буд, ки мардуми ин сарзамин бо гузашти фарозу нишебҳо дар даврони Истиқлолият ва расидани ба сулҳи комил зери роҳнамои Президенти кишвар Ватанро ободу ором намуда, бо эҷоди модели нодири мактаби сулҳу созандагӣ дар минтақа ва ҷаҳон шинохта шавад.

Ҳамин тариқ, Президенти кишвар дар нахустин рӯз ба сари қудрат омадан кори худро бо мақсаду шиорҳои зерин оғоз карда, то ба имрӯз ба ваъдаҳои худ содиқу устувор мебошад:

· “Ман ба шумо сулҳ меорам”

· Ба хотири ҳифзи Ватану мардум ҷонро дар хатар гузошта мубориза кардан

· Авфу даргӯзарӣ баҳри осудагиву зиндагии созанда

· Бунёди роҳу нақбҳо баҳри пайвандҳо

· Муаррифии Тоҷикистони навин ба ҷаҳониён

· Пешгирии саривақтӣ аз хатару таҳдидҳо

· Ташвиқу тарғиби сулҳу субот баҳри ҳифзи наслҳо

Пайваста Президенти кишвар дар бештари паёмҳои худ доштани илму дониш барои рушду рифоҳи маънавиёти инсон ва инкишофи давлату миллат таъкид намуда, миллату халқи худро ба сӯи донишу маърифат ва сулҳу ваҳдат роҳнамоӣ мекунад.

Ҳамин тавр, Тоҷикистони навин бо нигоҳҳои созандаву созгор соҳиби Парчами давлатӣ гардид, ки мояи шарафу ифтихори ҳамаи сокинони кишвар мебошад. Зеро дар он таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳо, Ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири озодиву ободию оромӣ таҷассум ёфтааст. Ҳамин тариқ бо гуфтану шунидани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Рӯзи Президент ҳар сокини Тоҷикистонро беихтиёр ҳисси меҳандӯстиву Ватандорӣ фаро мегирад. Мавриди зикр аст, ки санаи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессияи16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд шаклу намуди парчами нави давлатиро баррасӣ карда, ба вакилони мардумӣ пешниҳод намуданд. Ҳамин тавр, аввалин маротиба роҳбари тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон дар зери Парчами нави давлатӣ сари таъзим фуруд оварда, қасам ёд кард.

Мавриди зикр аст, ки дар моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам чун яке аз рамзҳои давлатӣ пазируфта шудааст. Бузургмардони ин сарзамин аз замони давлатдории Каёниён соҳиби парчам ё ба ибораи дигар дирафше буданд, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ “Дирафши Ковиён” ном дошт.

Баррасиҳои илмӣ нишон медиҳад, ки нақши тоҷи Парчам рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷикро ифода карда, муттаҳидсозии давлату миллатро таҷассум менамояд. Нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шудааст, ки пайёми хушбахтӣ маънидод карда мешавад. Ба андешаи баъзеҳо ҳафт ситора ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу тоҷик маънидод шудааст. Ранги сурхи Парчам ифодагари мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед нишонаи бахту иқболу нияти неки халқ ва ранги сабз рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ мебошад, ки дар натиҷаи он диёру Ватан ҳамеша сарсабзу хуррам боқӣ хоҳад монд.

Хулосаи калом аз соли 2009 рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Парчам”-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди арзишу арҷгӯзории Парсам чунин таъкид намуданд: «Мо дар дар даврони Истиқлолият бо саъю талоши ватандӯстонаи кулли мардуми шарафманди тоҷик пойдевори устувори давлатдории миллии худро гузоштем ва минбаъд низ зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзаминро таъмин намуда, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодатро муҳайё хоҳем кард».

Хулоса парчамдорӣ нишонаи давлатдории Тоҷикистон буда, ба сокинони он чунин пайёму розҳо мегӯяд, ки бояд бо гӯши шунаво ва ақли расову чашми хирад онро дарк кард :

1) Парчами миллӣ аз соҳибихтиёрии миллат буда, мояи эҳтироми ҳар як шаҳрванд мебошад.

2) Парчами миллӣ фарҳанг, тамаддун ва таърихи кишварро муаррафӣ мекунад.

3) Парчами миллӣ заминагузори ҳувияту худшиносӣ буда, Тоҷикистону тоҷиконро ба ҷаҳониён мешиносонад.

4) Парчами миллӣ аз ҷоннисорону муборизони роҳи озодии Ватан

5) Парчами миллӣ бо рамзу ранги худ ифтихори Тоҷикистон буда, зери он ҳамаи сокинон, ба хусус афсарону аскарон, варзишгарону намояндагон бо як шаҳомату шуҷоати бузург ва матонату фаросат арҷ мегузоранд.

Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки Истиқлолияту Сулҳу Ваҳдат ва ҷасорату хирадмандии Президенти кишвар заминагузори худшиносӣ буда, рамзҳои миллӣ аз ҷумла Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ паёмрасони хайру баракат, рушду саодатбуда, сокинонро барои ободӣ, оромӣ ва ободии кишвар дар партави донишу хираду худшиносӣ роҳнамоӣ менамоянд. Рӯзи Парчами миллӣ ба сокинони кишвар ва меъморони мактаби Сулҳу созандагӣ фархунда бошад.

Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

19 ноябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ ба муносибати 100- солагии мунаққиду адабиётшинос, узви вобастаи АМИТ Соҳиб Табаров Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Мақоми Соҳиб Табаров дар нақд ва адабиётшиносии тоҷик” бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Масрур Абдуллозода ва дигар олимону муҳақиқон баргузор гардид.

Бар кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида таъкид дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббус ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ абармарди миллату арсаи меҳнат мебошанд, талошу заҳматҳои намояндагони соҳаҳои гуногуни илму ададби кишвар қадрдонию пуштибонӣ мегардад.

Зикр гардид, ки бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023, №-470 дар муассисаҳои илмию таълимӣ ва фарҳангии Тоҷикистон соли 2024 100- солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққиди воқеъбин, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Табаров Соҳиб Шуҳратиевич ҷашн гирифта мешавад.

Воқеан ҳам Соҳиб Табаров аз зумраи он олимони соҳибмактабу шинохта ва адибони маъруфе маҳсуб мегарданд, ки тавассути фаъолияти фидокоронаи илмию адабӣ дар зиндагӣ ба мартабаҳои баланди илмию адабӣ расидаанд. Ба қавли академики чехи Ян Рипка, Соҳиб Табаров дар илми филологияи тоҷик мактаби адабиётшиносии пурқуввате ба вуҷуд овардааст, ки онро шогирдонаш бомуваффақият идома медиҳанд.

Воқеан, устоди азиз Соҳиб Табаров аз зумраи он абармардони забардастеанд, ки тамоми умри бобаракати хешро баҳри такмилу инкишофи илми филология, пажуҳишу пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба проблемаҳои адабиёти навин, таълиму тарбияи насли ҷавон, омода намудани кадрҳои шоистаи илмӣ дар соҳаи филологияи тоҷик, баланд бардоштани сатҳи фарҳангию адабии мардуми шарифи Тоҷикистон равона кардаанд.

Дар идома қайд гардид, ки Соҳиб Табаров тавассути пайванди ногусастании фаъолияти бедареғи илмию таълимӣ ба таъсиси мактаби адабиётшиносии пурқуввате муваффақ гардид ва табиист, ки баҳри идома ва рушду нумуми минбаъдаи ин мактаб ҳамвора ҷаҳду талош карда, дар роҳи душворгузари илм як қатор шогирдони собитқадам ва масъулиятшиносу амиқ андеш ба воя расонд. Ин аст, ки мактаби адабиётшиносии устод Табаро ба тавассути шогирдони варзида бо муваффақият идома ёфт ва боиси мавқеи боз ҳам баландтар касб кардани ин мактаби илмӣ гардид.

Имрӯз мо дар арафаи тачлили иди пуршукуҳ, яъне рузи Қабули яке аз рамзҳои давлати, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор дорем. Воқеан ҳам давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлати аз ҷумла Парчами давлати тасавур кардан ғайриимкон аст.

Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст. Барои таҳияву пешниҳод намудан ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷуи сарф шудааст.

Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шурои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд. Вобаста ба таҳия намудани рамзҳои нави давлати комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда доштанд. Аз муалифон ва коллективҳои эҷодии тамоми минтақаҳои ҷумҳури зиёда аз дусад адад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлати ворид гардида буд.

Вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Точикистон, ҳамчунин аз тарафи Донишкадаи таърих, Донишкадаи астрофизика ва кумитаи Ҷумҳурияви оид ба терминология лоиҳаҳои рамзҳои давлатии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буданд. Дар охири озумн аз байни санъатшиносон ва рассомон вобаста ба таҳияи рамзҳои давлати гурӯҳ интихоб карда шуд, ки аз он ҷумла рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев-ро роҳбар ва лоиҳакаш, Лариса Додхудоева-рассом ва санъатшинос номзади илмҳои санъатшиноси, Анатолий Заневсий – президенти иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон ва Ирина Игнатушина – санъатшинос ходими хизматнишондодаи санъати Точикистон шомил буданд.

Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи се рахаи рангаи уфуқи, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил мекард ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард. Дар аввал ба сифати ангораҳои асоси муаллифон дар Парчами давлати нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигори намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу-тоҷик сарчашма гирифта ҳамчун рамзи боақли, часури ва адолатро ифода менамояд. Баъд аз ин гуруҳи кори дар

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро ҷой намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахти маънидод карда шуд. Дар аввал ба ақидаи муаллифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу точик маънидод шуда буд.

Ҳоло бошад ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон. Дар давраи кори комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатии, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 – сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангии халқамонро ба назар гирифта ранги сурхро, ки дар Парчами давлати чой дода шудааст, ҳамчун ифодагари- мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз- саъю кушиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хурам мешавад маънидод карда шуд.

Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи кори оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд. Ҳамон лоиҳаи Парчами давлати, ки таҷҷасумгари, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имруз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессия 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии чумҳурии Точикистон овоз дода шуд.

Рузи дигар, яъне 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон- Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шурои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар назди Парчами давлати сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуд. Бояд қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.

Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихи ба ҳисоб меравад. Вазифаи мо насли имрузаи миллат, барои дар руҳияи эҳтиром доштану ру овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.

Бояд қайд намоям, ки вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11-декабри соли 1992 «Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12-майи соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қабул карда шуд. Бо мақсади боз ҳам зиёдтар эҳтиром доштани арзишҳои миллӣ ва ру овардан ба ин арзишҳо 19 – ноябри соли 2009 – ум аз ҷониби Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид» ба имзо расид, ки мувофиқи он ҳар сол 24-ноябр ҳамчун рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ҳамин ҳам ҳамаи мардуми Тоҷикистонро ба ин иди муқаддаси миллӣ, рузи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегуям.

Ходими калони илми Акрамзода Рустами Ҷурахон МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, яке аз чорабиниҳои муҳим ва сарнавиштсози таърихи навини давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Ин иҷлосия дар шароити ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ баргузор шуда, ба барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди минбаъдаи кишвар замина гузошт.

Шароити таърихӣ ва омилҳои баргузории иҷлосия

То соли 1992, Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳолати буҳрони амиқи сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Низоъҳои дохилӣ, ихтилофи манфиатҳо байни нерӯҳои сиёсии гуногун ва вазъи вазнини иқтисодӣ ба амнияти миллӣ ва ягонагии кишвар таҳдид мекарданд. Ин шароит на танҳо сохтори давлатдориро заиф намуда буд, балки эътимоди мардумро ба ҳукумати марказӣ коҳиш дода буд. Дар чунин вазъият, зарурати қабули тадбирҳои фаврӣ барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва сулҳ ба миён омад.

Иҷлосияи 16-ум бо ташаббуси нерӯҳои мухталиф ва бо дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ даъват гардид. Ин иҷлосия ба хотири пешгирии фоҷиаи миллӣ ва ҳалли мусолиматомези ихтилофот як платформаи муҳим барои музокироти тарафҳои мухталиф гардид. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд, иҷлосия тавонист пояҳои сулҳро гузорад, ки ин худ як дастоварди бузурги сиёсиву фалсафӣ маҳсуб меёбад.

Қарорҳо ва натиҷаҳои иҷлосия

Дар ҷараёни иҷлосия як қатор қарорҳои муҳим қабул гардиданд, ки барои таҳкими давлатдорӣ ва таъмини сулҳу субот нақши асосӣ бозиданд:

1. Интихоби Раиси Шӯрои Олӣ: Дар иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Интихоби ӯ ҳамчун роҳбар на танҳо ба суботи сиёсӣ ва барқарории сулҳ дар кишвар мусоидат кард, балки ба ҷомеа умед бахшид, ки як шахсияти қавӣ ва дорои диди стратегӣ роҳбарии кишварро ба уҳда гирифтааст.

2. Қабули рамзҳои давлатӣ: Дар иҷлосия рамзҳои миллии Тоҷикистон – Парчам ва Нишони давлатӣ – қабул шуданд, ки онҳо нишонаи истиқлолияти миллӣ ва худшиносии давлатдории навини тоҷикон мебошанд. Ин рамзҳо ҳамчун василаи муттаҳидсозии миллат нақши муҳим бозиданд.

3. Қонуни «Дар бораи гурезаҳо»: Қабули ин қонун ба ҳалли мушкилоти гурезаҳои зиёд, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ маҳалли зисти худро тарк карда буданд, нигаронида шуда буд. Ин иқдом ифодакунандаи ҷанбаи инсондӯстии ҳукумат ва талош барои барқарор кардани эътимоди мардум ба давлат буд.

4. Авфи умумӣ: Барои коҳиш додани шиддати вазъи сиёсӣ ва барқарории сулҳ авфи умумӣ эълон карда шуд, ки ба коҳиши ихтилофоти дохилӣ мусоидат намуд. Авфи умумӣ на танҳо амали ҳуқуқӣ, балки як амали ахлоқӣ буд, ки дар заминаи он сулҳ асос ёфт.

5. Муҳокимаи масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ: Дар иҷлосия масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ гардиданд, ки онҳо барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи мусоид фароҳам оварданд. Таваҷҷуҳи махсус ба ислоҳоти иқтисодӣ ва коҳиши таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷомеа зоҳир гардид.

Аҳамияти иҷлосия

Иҷлосияи 16-ум дар худ на танҳо як воқеаи сиёсӣ, балки таҷассумгари фалсафаи ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта буд. Ин иҷлосия нишон дод, ки дар вазъиятҳои мураккаб ва пуршиддат ҳамеша роҳи ҳалли мусолиматомез вуҷуд дорад. Бо қабули қарорҳои муҳим ва муттаҳидсоз, иҷлосия ифодагари он шуд, ки инсон, ҳамчун мавҷуди оқил ва дорои виҷдон, қодир аст дар вазъияти мушкил роҳи адолат ва осоиштагиро интихоб кунад.

Сулҳ, ки ҳамчун як арзиши олии инсонӣ шинохта шудааст, дар доираи ин иҷлосия на танҳо як ҳадаф, балки як василаи расидан ба адолат ва баробарии иҷтимоӣ шуд. Ин нуқтаи назар ба куллӣ равиши нави ҳалли низоъҳоро дар ҷомеаи тоҷикон муаррифӣ кард.

Иҷлосияи 16-ум на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки нуқтаи гардиш дар таърихи муосири Тоҷикистон гардид. Бо шарофати қарорҳои ин иҷлосия, кишвар аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфт ва ба роҳи осоиштаву бунёдкорӣ қадам ниҳод. Он ҳамчунин заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсии рушди ҷомеа ва таҳкими ҳокимияти давлатиро таъмин намуд.

Иҷлосия ба ҷаҳониён нишон дод, ки тоҷикон қодиранд мушкилоти дохилии худро бо роҳҳои мусолиматомез ҳал кунанд ва ба сулҳу ваҳдат бирасанд. Ин таҷриба баъдтар ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ эътироф гардид.

Иҷлосияи 16-ум ба барқарории эътимоди байни шаҳрвандон ва ҳукумати нав мусоидат намуд. Он роҳро барои ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои муҳим дар самти рушди кишвар ҳамвор сохт. Аз ҷумла:

  • Барқарор кардани сохторҳои давлатдорӣ;

  • Таҳкими ҳокимияти марказӣ;

  • Рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби кӯмакҳои хориҷӣ барои барқарорсозии кишвар;

  • Соҳибшавии кишвар ба истиқлолияти воқеӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;

  • Мусоидат ба ташаккули фарҳанги сиёсии нав, ки ба ҳамзистии осоишта ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон асос ёфтааст.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун рӯйдоди таърихӣ боқӣ мемонад. Он на танҳо сулҳу ваҳдатро ба кишвар баргардонд, балки рушди устувори онро таъмин намуд. Қарорҳои ин иҷлосия то имрӯз ҳамчун заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва сиёсӣ барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат мекунанд.

Дарси асосии иҷлосия ин аст, ки сулҳу ваҳдат на танҳо ҳадаф, балки василаи асосии расидан ба ҷомеаи пешрафта мебошад. Ин таҷриба нишон дод, ки бо истифода аз ақлу хирад, ҳамоҳангӣ ва ахлоқ метавон ба ҳар гуна мушкилот ғалаба кард.

Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ Имом М.Ш., Баҳромзод Р.

Мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам пазируфта шудааст. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, Ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.

Таърих гувоҳ аст, ки Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номуси миллати тоҷик буд, чунки давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон дорои таърих ва анъанаҳои қадима мебошад. Аҷдодони мо ҳанӯз дар замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки ифодагари мавҷудияти давлати онон буд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ аввалин Парчами тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ягонагии давлатдории Ориёӣ пазируфта шудааст ва ин Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён Дирафши миллӣ ва давлатии ин халқи фарҳангсолору куҳанбунёд буд.

Хушбахтона, баъди садсолаҳо бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик аз нав соҳиби Парчами миллӣ гардид. Дар баробари ин, Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили тамоми ҷашнҳои таърихӣ ва миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити хеле мусоид фароҳам овард.Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии кишвар буда, дар баробари Конститутсия, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз шумори рамзҳо ва муқаддасоти давлат маҳсуб меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоли Точикистон дар сессияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.Барои таҳияву пешниҳод ва қабули рамзҳои нави Точикистони соҳибистиқлол муддати ду сол неруи эҷодӣ сарф гардид. Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шӯрои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд. Вобаста ба таҳияи рамзҳои нави давлатӣ комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон ба уҳда дошт. Аз ҷониби муаллифон ва гурӯҳҳои эҷодии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлатӣ зиёда аз дусад пешниҳод ворид гардид. Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи серахаи рангаи уфуқӣ, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабз ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард.

Дар аввал ба сифати ангораҳои асосӣ муаллифон дар Парчами давлатӣ нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигорӣ намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу точик сарчашма гирифта, бохирадӣ, ҷасурӣ ва адолатро ифода менамуд. Баъд аз ин гурӯҳи корӣ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро ҷой намуд. Нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Точикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ муттаҳидсозии давлату миллатро таҷассумгар мебошад. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шудааст, ки рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда мешавад. Дар аввал ба ақидаи муаллифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу точик маънидод шуда буд. Ҳоло бошад, ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Точикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон. Дар давраи фаъолияти комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои миллии таърихию фарҳангии халқамонро ба назар гирифта, ранги сурхро, ки дар Парчами давлатӣ ҷой дода шудааст, ҳамчун ифодагари мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед – бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хуррам мешавад, маънидод карда шуд. Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд.

Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷассумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси навинтихобгардидаи Шӯрои Олии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабули он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд. Рӯзи дигар, яъне 25 ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон–Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори маҷлис ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда, қасам ёд намуданд. Бояд қайд намуд, ки пас аз ин, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри Арбоб дар шаҳри Хучанд, ки дар он ҷо Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба Парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд. Боиси хушҳолист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.

Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар санаи 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноии он 60 метр мебошад. Парчами мо нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ва яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад. Парчами давлатӣ аз зумраи муқаддасотест, ки фарзандони Ватан бо он қасам ёд мекунанд ва дар назди он бо нишони эҳтиром сар фуруд меоранд. Муносибати эҳтиромона ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ бояд вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ва қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди кишвар сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба миллат ва давлату давлатдорӣ бошад. Аз ин рӯ, моро мебояд имрӯз ва ҳама рӯз аз Парчами миллии худ ифтихори комил дошта бошем, бо азму иродаи созанда дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро ҷовидона нигоҳ дорем, эҳтироми онро ҳамчун яке аз рамзҳои давлатдории миллӣ ва истиқлолият ба ҷо орем, мақому манзалат ва нақшу эътибори онро ҳамчун яке аз нишонаҳои давлатдорӣ ба фарзандон ва умуман кулли ҷомеа талқин намоем. Чанд рӯз муқаддам мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтем.

Дар иртибот бо ин мехостем таъкид намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълом доштаанд: «Мо дар зарфи 33- сол бо саъю талоши ватандӯстонаи кулли мардуми шарафманди тоҷик пойдевори устувори давлатдории миллии худро гузоштем ва минбаъд низ зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзаминро таъмин намуда, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодатро муҳайё хоҳем кард». Итминони комил дорем, ки мо таҳти ҳидоятҳои хирдмандонаи Пешвои муаззами миллат ва бо партавафшонии Парчами миллии хеш ба ин ҳадафҳо мерасем. Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи ҳамватанони азизро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният мегуям!

Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович. Муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлол гардиданаш дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ дигаргуниҳои куллиро ба манфиати халқу давлат равона сохта, то санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунад, қабул ва мавриди амал қарор дод.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқадасоти миллӣ ба шумор меравад ва ин пеш аз ҳама дар моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи худро ёфтааст.

Ҳар сол рӯзи 24 ноябрро дар мамлакат ҳамчун рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. 24-майи соли 2011 маҳз бо иқдоми Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ раҳмон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе рамзҳои давлатӣ парчам ва нишон поягузорӣ шуданд ва парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба баландии 165 метраи худ дар ҷаҳон ҷои аввал истода, дар китоби “Рекордҳои Генес” сабти ном шудааст.

Албата ин ифтихори бузурги миллати куҳанбунёди тоҷик ва дастоварди истиқлолияти кишварамон мебошад.

Парчами миллӣ, аввалин рамзи худшиносӣ ва муаянкунандаи қудрати сиёсӣ маҳсуб мешавад. Тоҷикон, ки яке аз миллатҳои соҳибтаъриху тамаддун дар ақсои олам шинохта шудаанд, дар аввалин марҳилаҳои давлатдории худ дорои пачам буданд. Далели ин нуқта достони “Коваи оҳакнгар”- “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ мебошад.

Парчами аввалини давлати Тоҷикон парчами умумии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ буд. Пайдоишаш аз соли 1922 ба шумор мерафт. Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бори аввал соли 1929 ва маротибаи дуюм 24 феврали соли 1931 Конститутсияи худро қабул кард, ки моддаи 93 он дар бораи парчами давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон сухан мерафт. Ба моддаи санади меъёрӣ ҳуқуқие, ки муносибатро танзим мекард, чанд маротиба низ тағирот ворид карда шуда буд. Масалан дар соли 1938 дар моддаи мазкур калимаи Ҷумҳурӣ ба калимаи Республика иваз карда шуд. Ва ниҳоят 20 марти соли 1953 охирин бор рассом М.П. Шликов онро дар тасвири нав пешниҳод кард. Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамчун рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд. Дар натиҷа коммисияи махсус барои таҳияи парчами давлатӣ ташкил карда шуд.

Парчам 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол тасдиқ гардид. Аслан рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низомномаҳои дахлдор, ки онҳоро маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекард, инъикоси худро ёфта буданд.

Баъдан 12-майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии парчам, нишон ва суруди миллиро муқарар менамояд. Яъне пештар низомномаҳои марбут бо рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатиро дар алоҳидагӣ муайян мекарданд, вале қонуни мазкур мақоми ҳар се рамзҳои асосии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар якҷоягӣ муқарар менамоянд.

11- ноябри соли 2009 вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ки мувофиқи он ҳарсола дар кишвар 24-ноябр ҳамчун рӯзи парчам ҷашн гирифта мешавад, қарор қабул карданд.

Тибқи талаботи моддаи – уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Парчами давлатии Тоҷикистон дар ҷойҳои зерин бо таври доимӣ афрухта мешавад:

-дар боло ё пештоқи бино ва ё дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки милли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳо, Кумитаҳои давлатӣ ва мақомотҳои дигари иҷрокунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ.

Парчам ин муттаҳид намудани мардум барои мақсадҳои ягона мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба андозааш бо риояи даққиқи ҳаҷму рангиасл тасвир карда шуда, ин аз се ранг иборат аст: сурх, сафед ва сабз. Дар парчам, тоҷ, ҳафт ситора бо ранги тиллоӣ ҷой гирифтаанд. Ранги сурх-мубориза ва ҷоннисоркуниҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият. Ранги сафед- бахту иқболи сафед, покизагӣ. Ранги сабз- саъйу кушиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватан. Тоҷ- рамзи истиқлолияту озодии кишвар, ҳафт ситора рамзи ҳафт диёри таърихию зебоманзари Тоҷикистон- Суғд, Зарафшон, Рашт, Ҳисор, Вахш, Хатлону Бадахшон мебошад. Дар Бадахшон то имрӯз ранги сурх нишони хушбахтӣ, хушҳолӣ ва некуаҳволӣ, сафед нишонаи покӣ ва рӯшноӣ, сабз нишонаи табиат ҷавонӣ ва шукуфоӣ мебошад. Парчамҳо беш аз 3000 сол таърих дошта, аввалин бор дар Миср, Чин, Эрони Қадим пайдо шудаанд. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон эҳтироми рамзҳои давлатӣ ба ҷо оварда мешаванд.

Дар асоси гуфтаҳои боло қайд кардан ба маврид аст, ки парчами давлатӣ муқаддасоти милли кишвар ба ҳисоб рафта дар арсаи байналмиллалӣмуаррифкунандаи давлату миллат буда, аз соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии давлат шаҳодат медиҳад.

Қайд намудани рӯзи қабули парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба 24- ноябри соли 2009 сурат гирифтааст, ки ҳар сол ин санаи муборак дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Расулов Т.М.- ходими калони илмии Муассисаи давалатии «Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Расули Ф.Т.- ходими илмии Муассисаи давалатии «Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Имруз мо дар арафаи тачлили иди пуршукуҳ, яъне рузи Қабули яке аз рамзҳои давлати, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор дорем. Воқеан ҳам давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлати аз ҷумла Парчами давлати тасавур кардан ғайриимкон аст.

Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст. Барои таҳияву пешниҳод намудан ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷуи сарф шудааст.

Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шурои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд. Вобаста ба таҳия намудани рамзҳои нави давлати комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда доштанд. Аз муалифон ва коллективҳои эҷодии тамоми минтақаҳои ҷумҳури зиёда аз дусад адад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлати ворид гардида буд.

Вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Точикистон, ҳамчунин аз тарафи Донишкадаи таърих, Донишкадаи астрофизика ва кумитаи Ҷумҳурияви оид ба терминология лоиҳаҳои рамзҳои давлатии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буданд. Дар охири озумн аз байни санъатшиносон ва рассомон вобаста ба таҳияи рамзҳои давлати гурӯҳ интихоб карда шуд, ки аз он ҷумла рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев-ро роҳбар ва лоиҳакаш, Лариса Додхудоева-рассом ва санъатшинос номзади илмҳои санъатшиноси, Анатолий Заневсий – президенти иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон ва Ирина Игнатушина – санъатшинос ходими хизматнишондодаи санъати Точикистон шомил буданд.

Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи се рахаи рангаи уфуқи, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил мекард ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард. Дар аввал ба сифати ангораҳои асоси муаллифон дар Парчами давлати нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигори намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу-тоҷик сарчашма гирифта ҳамчун рамзи боақли, часури ва адолатро ифода менамояд. Баъд аз ин гуруҳи кори дар

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро ҷой намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахти маънидод карда шуд. Дар аввал ба ақидаи муаллифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу точик маънидод шуда буд.

Ҳоло бошад ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон. Дар давраи кори комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатии, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 – сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангии халқамонро ба назар гирифта ранги сурхро, ки дар Парчами давлати чой дода шудааст, ҳамчун ифодагари- мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз- саъю кушиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хурам мешавад маънидод карда шуд.

Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи кори оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд. Ҳамон лоиҳаи Парчами давлати, ки таҷҷасумгари, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имруз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессия 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии чумҳурии Точикистон овоз дода шуд.

Рузи дигар, яъне 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон- Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шурои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар назди Парчами давлати сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуд. Бояд қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.

Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихи ба ҳисоб меравад. Вазифаи мо насли имрузаи миллат, барои дар руҳияи эҳтиром доштану ру овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.

Бояд қайд намоям, ки вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11-декабри соли 1992 «Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12-майи соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қабул карда шуд. Бо мақсади боз ҳам зиёдтар эҳтиром доштани арзишҳои миллӣ ва ру овардан ба ин арзишҳо 19 – ноябри соли 2009 – ум аз ҷониби Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид» ба имзо расид, ки мувофиқи он ҳар сол 24-ноябр ҳамчун рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ҳамин ҳам ҳамаи мардуми Тоҷикистонро ба ин иди муқаддаси миллӣ, рузи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегуям.

Ходими калони илми Акрамзода Рустами Ҷурахон МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ

Ҳар як халқу миллати соҳибдавлат дорои парчаму нишон ва дигар рамзҳоидавлатдорӣ мебошад. Ин нишонаҳоифодагари хусусиятҳои хоси давлатдории ҳамон халқ буда, барои наслҳо ва фарзандони ояндаи миллатҳо мояи ифтихор ва эҳтиром мегардад.

Яке аз рамзҳоидавлатдорӣ Парчами миллӣ аст, ки дорои маъно ва тарзу тартиби истифодабарии худро дорад. Инчунин дар давлатдории муосири Тоҷикистон дирафши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дошта, дар он тасвири «Дирафши ковиён» инъикос ёфтааст, ки он ифодагари рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.

Мафҳумҳои «парчам» ва «дирафш» аз забонҳои бостонии ориёӣ ба вуҷудомадаанд. Аз ҷумла, истилоҳи«парчам» аз вожаи забони суғдии «parčam» сарчашма гирифта, ба маъноҳоиовеза ё алам омадааст.

Мафҳумидирафш бошад, аз забони авастоии «drafšā», форсии бостонии «drafša-», паҳлавӣ «drafš», суғдӣ «’rδ’šp»[arδašf] ва бохтарии «λraφo» гирифта шудааст.

Тибқитаҳқиқотҳои бостоншиносон аз рўи миниатюра ва устураҳое, ки мавриди омўзиш қарор доранд, таърихи парчамдориву парчамбардории халқи мо аз аҳдибостон оғоз гардида, то имрўз ин анъана идома дорад.

Аз ҷумла дар мақолаҳои илмӣ ва татқиқотҳоиолимони ҷумҳурӣ доир ба парчамдории халқимо маълумотҳои зиёде ҷамъоварда шудаанд, ки далели таърихи кўҳандоштани парчамдории тоҷикон мебошанд.

Вобаста ба парчамбардории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд «Ҳанўз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақшгардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нирўманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Чун сухан аз таърихи парчамдории халқи тоҷикоғоз гардад, дар хотираи мардуми тоҷикКоваи оҳангари афсонавӣ пеши назар меояд.

Зеро тибқиомўзиши фанни адабиёти тоҷик ва таърихи қадимаи халқитоҷик бо ин қаҳрамони афсонавӣ рўба рў мешавем ва аз ғаюрию мутаҳидсозии халқихуд барои бартараф намудани зулму истибдод ва таъмини ҳаёти осишта маълумоти зарурӣ мегирем.

Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ, ки намунаи осори барҷастаи ватандўстию тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи ин қаҳрамони милии халқитоҷик ёдовар мегардад. Коваи оҳангар ки дар қатори мардуми осоишта ба меҳнати ҳалолу покиза сару кор дошт, ба зулми тоқатнофарсои замона тоб наоварда, пешдомани чармии худро дирафш кард ва халқиситамдидаро ба мубориза даъват намуд.

Маҳз ҷолибият ва бузургии парчами халқи тоҷиказ ин давра намудор мегардад. Боло бардоштани парчами Кова на ба хотири тасарруфи мансаб ва боигарию давлат буд, балки танҳобарои баҳамомадани мардум дар зери як матои муқаддасе, ки дар пешдомони марди ҳунар, заҳматкаш ва бо меҳнати ҳалол зиндагии худро пеш мебурда канда шуда, манфиати мардуми заҳматкашро ифодакунанда буд, то имрўз ҷалолу ҳашамати таърихии худро гум накарда, сол то сол қадру қиммати он зиёда мегардад.

Замоне, ки парчами Кова боло шуд, онро ҳамагон «Дирафши Ковиён» номиданд ва муборизаи онҳо танҳомуборизаи озодихоҳӣ буд. Аз он айём сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлатдорӣ миёни аҷдодони мо қабул ва шоистаи парастиш қарор дорад.

Ҳамон тавре, ки гуфта шуд, бори аввал пиромуни дирафш ё парчам дар достони асотири «Кова ва Заҳок»-и Шоҳнома ёд карда мешавад.

Парчам дар ҳама давру замонҳо ҷояш дар сафи пеш, дар боло ва аз матои зебою нафис сохта шуда, тартиби истифода, нигоҳдорӣ ва супоридан будааст. Парчамбардор мансаб будааст ва шахсе интихоб мешудааст, ки дорои ҷуссаи тавоно ва ғайрату матонати мардонагӣ дошта бошад.

Ҳангоми набардҳопарчамбардор аз ҳарду тараф дорои статуси махсус будааст ва натиҷаи набардҳо, аз ҷумла пурра ғолиб ё мағлуб шудан аз ишораи онҳо тавассути боло ва поён намудани парчам муайян карда мешудааст.

Аз оғози таърихи давлатдорӣ доир ба мавҷудияти парчамҳо маълумотҳоигуногун шаҳодат медиҳанд, ки аҳди бостон лашкаркашон ҳангоми набард бо душман зери парчам гирд меомаданд ва ҷилвагарии парчам нишони зафар буд.

«Аввалин тасвири парчами сипоҳи Ориён-порсҳо, суғдиён, бохтариён дар деворнигораҳоишаҳри Помпеи Рум, асрҳои2-1 то мелод кашида шудааст. Дар он саҳнаимуҳорибаи сипоҳи давлати Ҳахоманишиён, зери сарварии Дорои охирин бо лашкари Искандар дар соли 333 то мелод акс ёфтааст».

Парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақомиарзандаро доро буда, як ҷузъи муҳими таърих фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор рафта, ҳамчун ливои озодӣ ҳанўз то ҳуҷуми арабҳо ва густариши ислом дар байни аҷдодони тоҷикон маълуму машҳурбуд.

Ҳанўз дар асрҳои 3-2 пеш аз мелод қабилаҳоиориёнажод соҳиби рамзи худ буданд, ки онро «Меҳроб» ё «Фарри ориёӣ»меномиданд. Ин рамзи хуршед, офтоб, покизагӣ ва нишонаи абадият буда, ишораест ба чаҳор унсур, хок, об, оташ, ҳаво, ки мавҷудияти оламро ташкил медиҳанд.

Муқаддас будани Парчам дар он зоҳирмегардад, ки инсоният онро ҳамчун ливои озодӣ барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳоихуд дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, баробарию баробарҳуқуқӣ ва таъмини адолат баланд мебардошт.

Дар зери Парчам мардуми ориёитабор натанҳоимперияҳои абарқудратро ба монанди Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён ба вуҷудоварда, низоми тавонманди идоракунии давлатиро созмон доданд, ҳамчунин аввалин ҳуҷҷати ҳуқуқииаҳли башар, ки дар таърих бо номи «Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир» маълум аст, ба оламиён муаррифӣ намуданд.

Салимов Юсуф Шарифович ходими калони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик cоли 2009 24-ноябрро рӯзи Парчами давлатӣ эълон намуданд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад ва ин ҷашни бузурги миллӣ мебошад, ки аллакай дар зеҳну қалбҳо ҷой гирифтааст. Лозим ба ёдоварист, ки моҳи ноябр барои миллати тоҷик моҳи бахт, саодат ва моҳи некбиниву некниҳодиву файзу некбаҳорист. Маҳз дар ҳамин моҳ- ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он поягузор ва меъмори давлатдории навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданд.

Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад. Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад. Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодони сарбаландамон мерос мондааст. Рамзҳое, ки дар парчами миллии мо гузошта шудааст то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуми мост. Чунончи, ранги сурх дар парчами мо – ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст. Тоҷ – рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст. Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон- шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯсти мамлакат гардидааст. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда истодаем.

Муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррификунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд».

Маҳз ҷоннисориву азхудгузарии Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ба ҷаҳон маъруф сохт ва дар арсаи байналмилалӣ мамлакати моро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва амнтарин мешиносанд, ки ин дар натиҷаи заҳматҳои зиёд ва масъулиятшиносиву садоқати бузург ба даст омадааст

Муродов Мирамон Қосимович - ходими илмии Институт иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Устоди шодравон академик Мусо Диноршоев олими барҷаста, академик, муҳаққиқи тавонои фалсафа ва таърихи он, устоди аксари муҳаққиқони фалсафа ва таърихи фалсафаи тоҷик як шахсияти барои худ хос ва нотакроре буданд. Дар бораи шахсиятҳои бузург навиштан аз як тараф қудрату тавоноӣ ва шуҷоат даркор ва аз тарафи дигар ҳамон ахлоқи фарҳангӣ, ки баҳо додан ба устодони хеш андешаи амиқеро аз рӯи ахлоқу одоби ҳасана меҳоҳад. Вале ёди солҳои ҷавонӣ, солҳои аввали ба кор омаданам кардаму гуфтам, агар чанд ҷумлае дар бораи ин устоди илму ҳикмати тоҷик шодравон Мусо Диноршоев нанависам, аз рӯи адолат нест.

Хизматҳое, ки устод Мусо Диноршоев, барои аҳли илми тоҷик ва тарбияи илмию маънавии онҳо ва аз он ҷумла шахсан нисбати банда карданд фаромушнашаванда аст. Ман пас аз хатми донишгоҳ бо раҳнамоии устоди донишгоҳиам шодравон Нозирҷон Қулматов (ёдашон ба хайр) барои кор ба Шуъбаи фалсафа (ҳозира ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ) омадам. Маро бе ҳеҷ монеае устоди муҳтарам Ғаффор Ашуров, ки он вақт роҳбари «Шуъбаи фалсафа» буданд ба кор қабул намуда, ба бахши таърихи фалсафа, ки мудири он муҳтарам Мусо Диноршоев буданд фиристоданд.

Мусо Диноршоев як шахси хоксору беозор, бо меҳру муҳаббат ва бо чеҳраи кушоди нуронӣ буданд. Маро дар қатори дигар кормандони он бахш дар яке аз мизҳои аз ҳама болотар ҷой доданд, ки аз ин муносибати бо эҳтиромонаи устоди муҳтарам сипосгузор будам. Дар муддате, ки вазифаи лабарантӣ ва ходими илмиро иҷро мекардам, дар кору зиндагиам мушкилӣ ва нораҳатиҳои зиёде ба вуқӯъ омад. Ҳамаи онҳоро бо туфайли дастгирии устоди муҳтарам паси сар кардам. Махсусан, дар интихоби мавзӯи номзадӣ хидмати устод бузург буд. Он вақт мо дар илми фалсафа ва роҳу равишҳои он ва интихоби мавзӯи ба қалб наздик нисбатан хому ноогоҳ будем ва аз ин рӯ, ба кумаку раҳнамоии устодон эҳтиёҷманд будем. Устоди арҷманд Мусо Диноршоев кори маро ҳам чун дигарон осон карданд ва ба ман мавзӯи «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн»-и Носири Хусрав ҳамчун рисолаи фалсафӣ»-ро пешниҳод намуданд. Ин мавзӯъ тақдиру зиндагии маро дигаргун сохт ва ба туфайли он Шуъбаи фалсафа, махсусан бахши таърихи фалсафа ва коллективи он боиси рушди илмӣ-мафкуравиам шуд. Маънавиёти бои мутафаккирони тоҷик, ба монанди Абуяъқуби Сиҷистонӣ, Муҳаммад Лоҳиҷӣ (Асирӣ), Файзи Кошонӣ, Аҳлии Шерозӣ, Соиби Табрезӣ, Ҳаким Сафо, Маҳмуди Шабистарӣ, Сайидои Насафӣ, Маҳдии Нароқӣ ва дигарон, ки баъдан рӯи осор ва шахсияти онҳо таҳқиқ шуд, инсонро ба дунёи маънавиёт - худшиносӣ, ҳувият, сабру таҳаммул, андеша рӯи аъмоли хеш ва қаноату шукргузорӣ, хоксорӣ ҳидоят менамояд. Ҳамаи ин натиҷаи ҳидояту ҳимояти устод аст, ки дар ин бора Аҳлии Шерозӣ фармудааст:

Бе тарбияти ҳаким чизе нашавӣ,

Бе хидмате аз аҳли тамизе нашавӣ.

Гар ҷаври азизе накашӣ рӯзе чанд,

Гар Юсуфи Мисрӣ, ки азизе нашавӣ.

Ҳамин тариқ, бо раҳнамоиҳои мудирамон Мусо Диноршоев ва устоди ирфониам, профессор Нодир Одилов билохира рисолаи номзадиамро дар КАЗГУ-и ш. Алма-Ато соли 1985 бо муваффақият дифоъ намудам ва ман ҳаргиз ёриву ғамхориҳои ин устодони хешро фаромуш нахоҳам кард.

Бояд гуфт, ки саҳму дастгирии академик Мусо Диноршоев дар тарбия ва ба камол расонидани аксари устодон ва файласуфону аҳли илму адаби тоҷик басо бузург буд. Аз ин ҷо, ин вазифаи шогирдон аст, ки хизмат, таҳқиқотҳо ва ҷавҳари осори онҳоро рӯи об бароранд, то ки насли имрӯза ва минбаъда ин бузургони илму фарҳанги миллатро ба фаромӯшӣ насупоранд. Агар инсон аввалин ҳарфро аз модар ёд гирад, пас нахустин донишу ангезаҳои илмро тавассути устод ба даст меорад ва илм дар навбати худ инсонро аз ҷаҳолату гумроҳӣ ҳидоят мекунад:

Тамоми ҳосили таҳсил илм аст,

Нами кишти камол аз найли илм аст.

(Ҳаким Сафо. Девони ашъор)

Рӯзҳо, моҳҳо ва солҳо мегузарад, шояд инсонҳо бо таъсири омилҳои гуногуни кору зиндагӣ тағйир кунанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки хизмату корҳои хубе, ки устодони илм дар ҳақи кормандону шогирдон кардаанд ва то имрӯз аз худ осори илмӣ-таҳқиқотии боарзиш дар мавзӯъҳои мухталифи фалсафа ва таърихи он ва дигар масъалаҳои илмӣ-фарҳангӣ боқӣ гузоштаанд ва боз ҳам фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва тарбиявӣ-илмии онҳо давом дорад, фаромуш кард. Мақоми устод ҳам аз падар ва ҳам аз дӯсту бародар хеле болотару афзалтар аст. Устод ҳидояткунандаи роҳу равиши зиндагии инсон, махсусан дар риштаҳои илму фарҳанг ва ахлоқу одоб ва тарбияи маънавии вай мебошад. Беҳуда нест, соликони роҳи ҳақиқат ба хотири устодони маънавии хеш аз тамоми дунё даст мекашиданд ва имрӯз ҳам мо бо туфайли ҳимояту ҳидояти ин устодон ИФСҲ-и АМИТ-ро хонаи дуюми худ – маркази илму дониш ва фарҳангу хиради воло медонем.

Шоҳиди он ҳастем, ки дар солҳои охир бисёр олимони ҷавон рисолаҳои номзадӣ навишта, бештар ба муҳаққиқони хориҷӣ берун аз кишварамон таваҷҷӯҳ намуда, иқтибосҳои зиёде медиҳанд ва корҳои онҳоро қобили қабул медонанд ва ба корҳои онҳо дар дараҷаи омӯзиш ва ё навигариҳо ва ҳатто дар ҷараёни навиштани рисолаҳои хеш маълумоти фаровоне медиҳанд. Аммо нисбати муҳаққиқони ватанӣ чашмпушӣ намуда, ба таври ноаён бо як мухтасароте аз онҳо сарфи назар мекунанд. Оё, муҳаққиқони худамон ба монанди А.Баҳоваддинов, Г.Ашуров, М.Диноршоев, Х.Додихудоев, Н.Одилов, К. Олимов, А.Муҳаммадхоҷаев, М.Ҳазратқулов, М.Мирбобоев, Н.А.Қулматов, М.Раҳимов, У.Султонов, М.Султонов, С.Х.Раҳимов ва амсоли инҳо аз муҳаққиқони ҳориҷӣ камтар таърихи илму фарҳанг ва мероси илмӣ-фалсафӣ, ахлоқӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-табиӣ ва ғайраи фалсафаи тоҷику форс ва таърихи онро медонанд, ки мо нисбати онҳо беэътиноӣ кунем. Ҳадаф ин нест, ки мо онҳоро, яъне хориҷиҳоро наомӯзем, лекин аз рӯи хиради худшиносӣ бояд амал кунем, яъне аввал худро бишнос, пас дигаронро. Мутафаккири бузурги халқи тоҷик Шамсиддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ (Асирӣ) дар «Асрор-уш-шуҳуд»-и хеш фаромудаанд:

Гар ҳамехоҳӣ, ки гардӣ ҳақшинос,

Хешро бишнос н-аз роҳи қиёс.

Бал зи роҳи кашфи таҳқиқу яқин,

Орифи худ шав, ки ҳақдонист ин.

Гар ба сари худ биёбӣ ту раҳе,

Ҳам зи худ, ҳам аз Худо ту огаҳӣ.

Ҳам мулк, ҳам нуҳ фалак бишнохтӣ,

Чун ба кинаи хештан раҳ ёфтӣ.

Бинобар тарғибу ташвиқ ва муаррифии осору ҳаёту фаъолияти ситораҳои дурахшони гузаштаву муосирамон ин вазифаи аввалиндараҷаи донишмандону муҳаққиқони ҷавони даврони истиқлолият аст. Пас, агар мо худамон тавассути рисолаҳои номзадию китобу мақола ва баромадҳоямон ба ҷаҳониён устодони илму фарҳанги кишварамонро муаррифӣ накунем, онгоҳ кӣ ин корро мекунад? Аз тарафи дигар агар мо ба мардум, аҳли илму адаб ва фарҳангу тамаддуни худ эҳтиром гузошта натавонем, он вақт бояд хуб донист, ки мардум ва миллати дигар моро ҳаргиз эҳтиром нахоҳем кард.

Чунон ки дар боло қайд шуд саҳми устод Мусо Диноршоев умуман дар тарбияи илмӣ-фарҳангӣ ва дастгирии олимони Иниститут ва берун аз он ниҳоят боарзиш аст ва барои намуна мисолеро аз замони мудирии устод дар бахши «Таърихи фалсафа» меорам.

Ҳамкорамон шодравон Фатҳиддин Сироҷовро духтурҳо ба бемории равонӣ нисбат доданд (ин ҳодиса хеле солҳои пеш буд) ва ба беморхонаи равонии назди боғи В.И.Ленин бистарӣ карданд. Устоди муҳтарам Мусо Диноршоев тамоми саъйяшонро карданду бо забонхати худашон бо аҳли кормандони бахши «Таърихи фалсафа» ба бемористон рафта, он касро аз он ҷое, ки метавонист зиндагиаш табоҳ шавад, наҷот доданд. Устод Мусо Диноршоев Фатҳиддин Сироҷовро ба шогирдии худ қабул намуданд ва ба ӯ мавзӯи «Масъалаҳои ҳастӣ дар «Наҷот»-и Ибни Сино» бо унвони рисолаи номзадӣ супориданд, ки Ф.Сироҷов онро бо муваффақият дар шаҳри Тошканд дифоъ намуд.

Мусо Диноршоев зиёда аз панҷоҳ шогирд (ба монанди Мирбобоев М., Раҳматуллоев Н., Сироҷов Ф., Идибеков Н., Султонов М., Комилов Р., Раҳимов М., Маҳмадов Б. ва дигарон)-ро тарбия намуда, ба камолоти илмӣ расониданд ва ҳатто ба ҷуз шогирдони хеш ҳар як нафаре, ки хоҳ аз дохил ва хоҳ аз берун аз устод кумаке хоста бошанд, он кас аз ёрӣ даст накашиданд, ҳоло чи барои навиштани кори илмӣ ва чи барои интихоби касбу шуғл ва ҳатто мушкилоти зиндагию корӣ. Ба ҷуз ин ӯро ҳамчун як устоди пешво, роҳбари хуб, мудир ва донишманд дар соҳаи таърихи фалсафаи тоҷик мешиносем. Устод М. Диноршоев корҳои илмии зиёде дар мавзӯъҳои мухталифи таърихи фалсафа анҷом додаанд. Аз ҷумла дар бораи таълимоти фалсафӣ, табиӣ, мантиқӣ ва каломии Насируддини Тусӣ, Абуалӣ ибни Сино, Муҳаммад Ғазолӣ, Абунасри Форобӣ, Носири Хусрав ва дигарҳо китобу мақолаҳои арзандае навиштаанд. Ва ҳамчунин дар таҳия ва тарҷумаи осори Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Муҳаммад Закариёи Розӣ саҳми босазое гузоштаанд, ки боиси ифтихор аст.

Асару мақолаҳои Мусо Диноршоев дорои арзишҳои волои илмӣ-омӯзандагӣ ва тарбиявӣ-таълимӣ буда, барои пешрафти илми тоҷик ва таъриху тамаддуни он як саҳми бузурге доранд. Таҳқиқотҳои илмии устод Мусо Диноршоев барои муҳаққиқони илми фалсафа ва таърихи он, барои магистрҳо ва донишҷӯёни бахшҳои фалсафа ва таърихи фалсафаи тоҷик ва олимони ҷавон ҳамчун як раҳнамои омӯзишӣ ва дастурамали муфид мебошад. Лекин мутаассифона, чунонки дар боло қайд намудем баъзе ҷавонҳо ва олимони ҷавони мо инро нисбатан надида мегиранд, вале умедворем, ки худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ олимони ҷавони моро аз ин ғафлат бедор мекунад.

Китоби Мусо Диноршоев «Ҷусторҳо дар фалсафаи Ибни Сино», ки дар ҳаҷми 512 саҳифа аст ва соли 2017 чоп шудааст, ки дар он Абуалӣ ибни Сино ва ҷанбаҳои мухталифи таълимоти ӯ, махсусан зиндагӣ ва замон, фалсафаи назариявӣ ва амалӣ, мантиқ чун фалсафа ва олати илм, саҳми Ибни Сино дар рушди фалсафа ва фарҳанги ҷаҳонӣ, сарчашмаҳои назарӣ ва низоми фалсафӣ, фалсафаи ҳастӣ ва категорияҳои фалсафӣ, фалсафаи маърифатшиносӣ, фалсафаи ҳастии иҷтимоӣ ва ахлоқӣ, назарияи судур ва амсоли инҳо мавриди баҳсу таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтанд. Ин китоб ҳамчун асари доиратулмаорифӣ се асари таҳқиқотии устод Мусо Диноршоевро дар бар гирифтааст, ки дар ин бора худи муаллиф ҳам дар сарсухани китоби хеш низ гуфтаанд. Асари якум «Ибни Сино ва фалсафаи ӯ», ки соли 1980 аз чоп баромадааст; асари дуюм «Афрузандаи нури хирад ва афшонандаи тухми маърифат» (чопи с.2005); асари сеюм «Матолиби фалсафаи Ибни Сино» (чопи с.2011).

Ҳарчанд ки дар бораи ҳаёту фаъолият ва осори Ибни Сино таҳқиқотҳои зиёде шудааст, аммо чунонки худи муаллиф менависад: «Сарфи назар аз таҳқиқоти зиёд дар бораи Ибни Сино ва назариёти ӯ, ки аз ҷониби олимон ва файласуфони ватанӣ ва хориҷӣ анҷом дода шудаанд, наметавон гуфт, омухтан, таҳлил ва баррасии ақоиди фалсафӣ ва илмии ӯ ба поён расид».[1]Дар ҳақиқат аз рӯи навиштаи худи муҳаққиқ рушан мушаххас мегардад, ки бисёр масоиле, ки Мусо Диноршоев ба таври васеъ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд, қариб бори аввал таҳлилу таҳқиқ мешаванд. Махсусан омӯзиши мантиқи Ибни Сино – назарияи мақулот, бурҳон ва ҷадали вай, таълимоти илмӣ-табиӣ, риёзӣ ва тиббӣ, иҷтимоӣ-ахлоқӣ аз аҳамият холӣ нест ва муҳаққиқ дар атрофии ин масоил бештар таҳқиқ намудаанд, то ки мақом ва ҷойгоҳи Абуалӣ ибни Синоро дар пешрафти фарҳангу тамаддуни миллӣ ва таърихи илму фалсафа аз нигоҳи воқеъӣ муайян карда шавад.

Мо наметавонем дар як мақолаи чанд саҳифаӣ дар бораи фаъолияти корӣ ва илмии муҳтарам Мусо Диноршоев ба таври васеъ маълумот дод, лекин умедворам, ки ин навиштаи мухтасар ҷавҳари суханро дода бошад. Дар охир, ки аҳли илм ва шогирдони ин устодони илм аз онҳо қадрдонӣ кунанд ва навиштаҳою заҳматҳои онҳоро нодида нагиранд. Дар дунё ҳеҷ вақт инсонҳои идеалӣ шуда наметавонад, чунки худи зиндагӣ дар асоси қонунҳои диалектика сохта шудааст ва инсон танҳо дар ҷараёни бархурд бо ин қонунҳо обутоб меёбад ва пешрафт мекунад. Диалектикаи ин ҷумла шарҳи зиёд мехоҳад, бинобар ин як ишорае ба аҳли фаҳм буд.

Муродова Тоҷинисо н. и. ф., дотсент, ходими пешбари илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард.

Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад. Тақдири давлат ва истиқлолият қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳифз ва ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи давлату миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват намуд.

Моҳи октябри соли 1992 пас аз вохӯрӣ бо нерӯҳои халқӣ, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват кардани Иҷлосияи XVI дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ қарор қабул намуд. Ин қарорро кулли сокинони ҷумҳурӣ бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд.

Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Маҳз дар таърихи 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қасри хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхуҷаев баргузор гардида, он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд. Ҳамчунин ин иҷлосияи таърихӣ заминаи мусоиде барои рушди ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард.

Аввалин масъалаҳои ҳаётан муҳиме, ки дар ин иҷлосия муҳокима карда шуданд, ин тадбирҳо оид ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ҳанӯз дар лаҳзаҳои ҳассоси Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатъият изҳор намуда буд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».

Таҳти раёсати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия XVI як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.

Иҷлосия бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ, харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар дошта, принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, шахсоне, ки аз 27-уми март то 25 ноябри соли 1992 дар муқовиматҳои мусаллаҳона ширкат доштанд, ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир карда буданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд. Чунин сиёсат бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсиву иҷтимоии кишвар буд, ки он барои ҳарчӣ зудтар ба сулҳи комил ноил гардидани кишвари маҳбубамон мусоидат намуд.

Санади муҳим ва қабули Қонун «Дар бораи гурезаҳо», ки дар қарорҳои Иҷлосияи таърихӣ қабул гардида буданд, ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сохт, ки роҳбарияти нави ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.

Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милитсия, кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худро муҳофизат ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.

Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милитсия аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва сохти ҳарбӣ таъмин шуданд. Садҳо ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шурӯъ намуд ва барои мустаҳкам намудани сарҳадҳои ҷанубии кишвар чораҳои мушаххас андешида шуд.

Бо туфайли Иҷлосия-16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар иқлими сиёсии Тоҷикистон беистисно тағйироти куллӣ ба амал омад. Мамлакати азияткашида аз гирдоби ҷанги пурдаҳшати бародаркуш халос шуда, бо роҳи осоиштаи зиндагӣ ва бунёдкорӣ қадам ниҳод, пешрафт ва инкишофи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро дар мадди аввал гузошта барои амалӣ намудани ин иқдомҳо диққати махсус доданд.

Дар таърихи бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик давраи нави гузариш оғоз ёфт. Вакилони мардумӣ камолоти сиёсии худро нишон дода, дар вазифаҳои худ бомасъулият ва дурандешона амал намуда, барои ҳалли муаммоҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиву маънавӣ дар кишвар тамоми донишу таҷрибаи худро равона сохтанд. Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуд, барои амалӣ намудани барномаҳои муҳими иқтисодӣ, сохтмонҳои бузурги аҳамияти байналмилалидошта шароит фароҳам оварда шуд, гузаронидани маъракаҳои муҳими ҷаъиятию сиёсиро имконпазир сохта, боиси Ваҳдати воқеии халқҳои Тоҷикистон гардид, ки мисоли равшани он бо сарварии Президенти кишвар таъсисёбии ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.

Дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озодӣ бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олии Тоҷикистон воқеаи бузурге буд, ки дар таърихи навини халқи тоҷик бе ҳамто аст мо маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот дода, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.

Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмӯъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт. Самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакат, инчунин мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян намуд, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.

Ходими хурди илмии Шӯъбаи “Энергетикаи гидрогенӣ”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ Субҳонов Далержон Қосимович

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — маҷлиси вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони гурӯҳҳои мухолиф ва фармондеҳони саҳроӣ, ки аз 16.11.1992 то 2.12.1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо мақсади барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ доир гардид. Дар Иҷлосия аз 230 нафар вакили халқ 193 нафар иштирок доштанд ва дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 2 муроҷиатнома қабул карданд.

Масъалаҳои муҳими Иҷлосия

Аввалин масъалаҳои ҳаётан муҳимме, ки дар Иҷлосия баррасӣ карда шуданд: тадбирҳо барои эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, барқарор кардани ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар тамоми минтақаҳои мамлакат, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ кардани он, таъсиси артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ барои пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонӣ аз дастовардҳои истиқлолият, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва аз буҳрон баровардани кишвар, интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъйин намудани сарвазири мамлакат, қабули муроҷиатнома ба мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар бораи ба Тоҷикистон фиристодани нерӯҳои сулҳдӯст, ба ҷои муқимии зиндагӣ бозгардонидани гурезагон, тасдиқ намудани аъзои Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳукумати иттифоқи (коалитсионӣ)-и он давр нуфузи худро танҳо дар пойтахт ва баъзе ноҳияҳои гирду атрофи он нигоҳ медошт; минтақаи Кӯлоб ва қисми зиёди шимоли ҷумҳурӣ аз фаъолияти он начандон розӣ буданд. Қувваҳои сулҳхоҳи Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз ворид кардани қувваҳояшон даст кашиданд. Ягона роҳи халосӣ аз вартаи беҳокимиятӣ ва хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ даъвати Иҷлосияи Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз ин рӯ, мардуми Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иҷлосия умеди бузург дошт.

Дар Иҷлосия вакилони мардумӣ истеъфои Президент Раҳмон Набиевро тасдиқ карда, 19.11.1992 186 вакил ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд ва ӯ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — роҳбари давлат интихоб гардид. Дар Иҷлосия Раиси тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон мақсад ва ҳадафи асосии худро чунин баён карда буд: «Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам». Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ бо қабул намудани Муроҷиатнома ба сарварони гурӯҳҳои мусаллаҳ роҷеъ ба имзои созишномаи барои истиқрори сулҳ ва ягонагӣ, таъмини истиқлол иқдоми нахустин гузошт. Дар ин санади тақдирсоз аз ҷумла изҳор шуда буд: «Бо мақсади таъмин намудани ягонагӣ ва муттаҳидии ҷумҳурӣ Шуморо даъват менамоем, ки 25-уми ноябри соли 1992 дар соати 14 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҳукумати Тоҷикистон иштирок намоед. Ҳукумати Тоҷикистон ба бехатарии Шумо кафолат медиҳад». Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сарварони тарафҳои муқобилро ба иштирокдорони иҷлосия муаррифӣ карда, таъкид кард: «Ин иҷлосия тақдирсоз аст, бояд донем, ки тақдири ояндаи миллат, кишвар, ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз, бояд худшинос шавем, хиради волои хешро баҳри якпорчагии ҷумҳурии азизамон истифода барем. Баъди ба ҷойҳои худ рафтан яроқро ба замин гузорем, оромии мардумро таъмин намоем». Пас аз суханронии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони халқ ва сарварони гурӯҳҳои силоҳбадаст иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афви умумӣ»-ро қабул намуд. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми ноябри соли 1992 Рӯзи Сулҳ ва Ҳамраъйии халқҳои кишвар эълон гардид. Дар ҷойи намоёни Қасри Арбоб чунин шиор намоён буд: «Намояндагони муҳтарам! Шумо ба ин ҷо бо мақсаде омадед, ки ба хунрезӣ хотима гузоред. Дар сарзамини Тоҷикистон бояд сулҳ тантана кунад!»

Бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон 20.11.1992 ду ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ: «Муроҷиатнома ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳо, созмонҳо ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ» ва «Изҳороти Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Вакилони мардумӣ 25.11.1992 бо фармондеҳони саҳроии тарафҳои муқобил вохӯрда, барои вазъияти кишвар ва ояндаи миллату давлати тоҷикон суҳбат оростанд.

Дар Иҷлосия ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе тағйироту иловаҳо ворид шуданд, аз ҷумла, барои якҷо кардани вилоятҳои Кӯлобу Қурғонтеппа қарор қабул шуда, ин воҳиди нави маъмуриро «Вилояти Хатлон» номгузорӣ карданд; низоми дунявии давлат муқаррар шуд. Иҷлосия дар мавриди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои муайян қабул кард. Аз ҷумла, муайян кардани шарикони стратегии кишвар хеле муҳим буд (Федератсияи Руссия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ғ.). Иҷлосия ҳамчун субъекти баробарҳуқуқӣ Иттиҳоди давлатҳои мустақил будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, дар вазъи фавқулода, набудани артиши миллӣ бо мақсади ҳимояи аҳолӣ ва объектҳои ҳаётан муҳим аз амалҳои террористӣ, харобкорӣ, барқарор намудани сулҳ ва тартиботи ҳуқуқӣ аз роҳбарони мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил иштирокдорони мулоқоти Алма-ато (ноябри соли 1992) муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки ба Тоҷикистон нерӯҳои маҳдуди сулҳҷӯёнаро фиристонанд. Дар моҳи декабри соли 1992 иҷлосияҳои Шӯрои Олии Ӯзбекистон ва Қазоқистон бо мақсади амалӣ гардонидани хоҳиши Парламенти Тоҷикистон ва дар бораи таъмини сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон ва фиристодани теъдоди маҳдуди нерӯи ҳарбӣ қарор ба тавсиб расониданд.

Дар тӯли ду соли истиқлол (1991-1992) ду президент, чанд раиси Шӯрои Олӣ ва ҳукумати ба ном «Муросои миллӣ» иваз шуданд, шахсиятҳои таҷрибадор бо ақидаву афкори мухталиф ба сари ҳокимият омаданд, вале ба ҳеч кадоме аз онҳо идораи ҳокимияти давлатӣ муяссар нашуд. Дар ин маврид раиси нави Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиати худ чунин изҳор дошт: «Ба ҳурмати наҷот додани Тоҷикистон ва хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, ба хотири ба даст овардани сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ба мақсади ягонагӣ ва муттаҳидии тамоми халқҳое, ки сокини ҷумҳуриамон мебошанд, даъват менамоем, ки дар Иҷлосия иштирок намоед». Дар Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки «Мо Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо мекунем». Дар воқеъ, ин таъкиди ӯ баъд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфт ва шакли қонунӣ гирифт. Ҳамзамон дар Иҷлосия нишона (атрибут)-ҳои давлатӣ низ муайян шуданд. Иҷлосия нахустин тадбири сиёсие буд, ки дар он тарафҳои мухолиф иштирок ва суханронӣ карда, барои сулҳу оштӣ иқдом намуданд. Масъалаи афви умумӣ ҳам ба масъалаҳои асосии рӯзномаи Иҷлосия дохил шуд. Иҷлосия қарор кард, ки шахсоне, ки аз 27.03.1992 то 25.11.1992 дар муқовиматҳои мусаллаҳона иштирок карда, ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир намуда буданд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида намешаванд. Ҳукумати нав 11.12.1992 ба шаҳри Душанбе ворид гардид ва Эмомалӣ Раҳмон аввалин фармонҳоро барои супоридани яроқу таъмини озуқаворӣ ба тасвиб расонд.

Натиҷаи Иҷлосия

Иҷлосия барои ба ҳам омадани тарафҳои даргир бунёди устувор гузошт, ки бо роҳҳои ҳалли низои байни тоҷикон ва то ҷое дар ташаккули ғояи «Гуфтугӯи тамаддунҳо» низ замина фароҳам кард. Ҳамчунин Иҷлосия заминаи муҳим барои истиқрори сулҳ, ризояти миллӣ ва ҳамбастагии мардуми кишвар гузошт. Аҳаммияти бузурги Иҷлосия дар он буд, ки волоияти қонун барқарор шуд ва ҳалли масъалаҳои муҳимми сиёсӣ бо роҳи конститутсионӣ шурӯъ гардид. Дар нахустин гузориши худ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ин ки вазъро ором намоем…». Иҷлосия нақши бузурги созандагию бунёдкорӣ дошта, якпорчагии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ ва таҳқими сулҳи Тоҷикистон аз он оғоз мегирад. Иҷлосия исбот кард, ки миллати тоҷик дорои қувваи солим ва иродаи қавиест, ки кишварро аз буҳрони сиёсӣ берун бароварда метавонад. Аҳамияти таърихии Иҷлосия барои дарки худшиносӣ ва ҳуввияти миллии тоҷикон ва мардуми Тоҷикистон арзиши бузурги таърихие дорад, ки имрӯз мояи ифтихор аст. Иҷлосия истиқлоли воқеии миллати тоҷикро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин карда, барои худшиносии миллӣ ва иқдоми муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Бо мақсади қатъи ҷангу хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ кардани миллат, аз байн бурдани ҳисси нобоварии маҳалҳои гуногуни кишвар нисбат ба якдигар, барқарории фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, яъне тақдири ояндаи наздиктарини ватанамон, аз ҷониби Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳое андешида шуданд, ки хулосаи онҳо чунин аст:

1. Вобаста ба марҳалаи ҳассоси сиёсӣ ва вазъияти баамаломада фаъолияти институти президентӣ боздошта шуд ва салоҳиятҳои Президенти мамлакат муваққатан дар байни Раисони Шӯрои Олӣ, Шӯрои Вазирон ва Раёсати Шӯрои Олӣ тақсим карда шуданд. Роҳбарии Шӯрои Олӣ ва Раёсати он ба зиммаи Раиси Шӯрои Олӣ гузошта шуд ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақоми олии иҷроия ва амрдиҳанда, асосан, барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ масъул гардид;

2. Фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто вилоятҳо фалаҷ шуда ва дар як қатор маҳаллу минтақаҳо ҳокимияти иҷроия комилан аз байн рафта, идораи корҳо ва умуман тақдири мардумро шахсон ва гурӯҳҳои силоҳдор ба даст гирифта буданд. Бо туфайли иҷлосия ҳамаи шохаҳои хокимият дар тамоми манотиқи мамлакат барқарор гардид.

3. Масъалаи муҳимтарин таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ намудани он буд. Бо ин мақсад ба Конститутсияи соли 1978 ва қонунҳои мавҷуда як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

4. Масъалаи таъсис додани артиши миллӣ ва кувваҳои сарҳадӣ ба хотири пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлол буд.

Адабиёт

  • Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон / М. Абдураҳмон // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.

  • Рахмон Э. Таджики в зеркале истории. Д., 2002;

  • Ғафаров У. Иҷлосияи саодати миллат. Хуҷанд, 2002;

  • Хайдаров Г. Х. История таджикского народа ХХ век. Худжанд, 2002;

  • Тоатов Ҳ. С. Нақши иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳи тоҷикон // Ахбори ДМТ. 2018.

Номзади илмҳои техникӣ ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Худойбердизода Саидмири Убайдулло