Skip to main content
Ҳоло мардуми шарафманди кишвар 30-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифта истодаанд.

Ин санад, ки 6 ноябри соли 1994 қабул шуда буд, дар таърихи навини кишвари мо нақши калидӣ мебозад. Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи алоҳидаи давлат ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат дар доираи салоҳияти худ ба сифати ҳокимияти мустақили давлатӣ фаъолият дорад. Конститутсия кафолатҳои ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро мустаҳкам намуда, асосҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлатро муайян кардааст. Дар тӯли ин солҳо, Конститутсияи Тоҷикистон ба рушд ва пешрафти кишвари мо хидмат кардааст. Ба шарофати ин санад, сохторҳои демократӣ ва ҳуқуқӣ тақвият ёфта, муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ таҳким ёфтанд.

Конститутсия инчунин дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бузург гузошта истодааст. Пас аз гузашти 30 сол, мо бояд ба қадри ин санади асосӣ расида, онро чун музаффарияти бузурги давлати худ пос дорем ва дар нигоҳ доштани арзишҳои он кӯшиш намоем. Бо ҳидояти хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ба арзишҳои аслии башарӣ ва ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари худ асос гузошт.

Ба шарафи 30 солагии Конститутсия, мо метавонем аз дастовардҳои худ ифтихор намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои баландтар дар оянда саъйу кӯшиш ба харҷ диҳем. Иқдомиҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ ва илмӣ, ки дар ин маврид баргузор мешаванд, на танҳо таърих ва дастовардҳои моро ёдрас мекунанд, балки наслҳои навро бо арзишҳои миллӣ ва демократии мо ошно мекунанд. Аз ин лиҳоз, таҷлил кардани 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - фурсати бузургест, ки ҳамаи моро ба тафаккур ва ифтихор аз дастовардҳои худ водор месозад.

Тӯли солҳои гузашта, Конститутсияи Тоҷикистон якчанд маротиба тағйир ёфтааст, то ба талаботи замон ва инкишофи кишвар мутобиқ шавад. Дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ - 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар натиҷаи он калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда шуд. Дар баробари ин, тағйироти муҳиме, ки дар Конститутсия ворид карда шуданд, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт таъсири амиқ гузоштанд. Масалан, ислоҳоти судӣ, ки бо мақсади баланд бардоштани мустақилияти судҳо ва беҳтар намудани дастрасӣ ба адолат амалӣ шуданд, яке аз муваффақиятҳои калидӣ мебошанд. Ин ислоҳот на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи адолат дар ҷомеа мусоидат карданд, балки боварии шаҳрвандон ба системаи адолатиро низ тақвият медиҳад.

Ҳамчунин, Конститутсияи мо ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандонро кафолат медиҳад, ки ин барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аҳамияти бузург дорад. Бо ёрии ин ҳуқуқҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба таҳсил, тандурустӣ ва шароитҳои зиндагии беҳтар дастрасӣ дошта бошанд.

Бояд қайд кард, ки Конститутсия на танҳо ҳамчун як санади ҳуқуқӣ, балки ҳамчун як манбаи илҳом ва ваҳдати миллӣ аҳамият дорад. Он моро ба як миллати ягона муттаҳид месозад ва арзишҳои умумимилии мо - сулҳ, адолат, ваҳдат ва пешрафтро мустаҳкам мекунад.

Ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсати хубест барои баррасӣ ва муҳокимаи дастовардҳои мо, инчунин барои муайян кардани роҳҳои нави рушд. Мо бояд кӯшиш намоем, ки ин арзишҳо ва дастовардҳоро нигоҳ дошта, барои наслҳои оянда мероси пуровоза ва мӯътабар гузорем.

Дар ин муносибат, чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор мегарданд, ки ҳадафи онҳо беҳтар фаҳмидани аҳамияти Конститутсия ва арзишҳои он мебошад. Мактабҳо ва донишгоҳҳо метавонанд лексияҳо ва семинарҳо баргузор кунанд, ки дар онҳо таърих ва аҳамияти ин санади асосӣ тавзеҳ дода шавад. Ҳамчунин, намоишгоҳҳо ва конфронсҳо дар саросари кишвар метавонанд мардумро дар бораи дастовардҳои 30-солаи Конститутсия ва нақши он дар ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон маълумот диҳанд.

Инчунин, бо ин муносибат метавон дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо мақолаҳои таҳлилӣ ва таърихӣ оид ба Конститутсия ва таъсири он ба рушди кишвари мо нашр намуд. Радио ва телевизион низ метавонанд барномаҳои махсуси ҷашниро омода созанд, ки тавассути онҳо мардум метавонанд бо Конститутсия ва нақши он дар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои худ шинос шаванд. Ба ин тариқ, ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо фурсатест барои таҷлили дастовардҳои гузашта, балки ҳадисест барои баррасии пешрафтҳои оянда ва истиқболи ҳадафҳои нав, арзишҳо ва принсипҳои ин санади асосӣ бояд ҳамчун роҳнамои моро дар роҳи рушд ва муваффақиятҳои оянда роҳбаладӣ намоянд.

Муаллифон: д.и.ф.-м., узви вобастаи АМИТ #Қоҳирова Г.И., ходими илмӣ #Ҷонмуҳаммади А.И.

Рӯзи 6 ноябри соли 1994, яъне сӣ сол аз ин муқаддам тавассути раъйпурсии умумихалқӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ин сана бошукӯҳ таҷлил мегардад.

123123Воқеан, Конститутсия хатти тақдир ва санади сарнавиштсозест, ки ҳар миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни ҷаҳон онро бо дарки масъулияти амиқ дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндааш бо дасти худ менависад.

Ба баёни дигар, Истиқлоли давлатӣ моро тақдирнависи миллату давлати худ кард ва таҳияву тасвиби бахтномаи миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзгори файзбори Истиқлол ба ибтикори Пешвои муаззами миллат бозгӯйи ҳамин ҳақиқат аст.

Конститутсияи Тоҷикистон истиқлоли давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ муайян сохт.

Дар Конститутсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам оварда мешавад. Ин ҷавҳари конститутсионӣ дар баробари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани давлат мазмуни иҷтимоӣ доштани онро комилан ифода менамояд.

Яке аз талаботи муҳимми Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳои дигар мебошад. Зеро қонунмандӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва пешрафту созандагии он ба шумор меравад.

Барои ноил гаштан ба ин мақсад пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо ба ҳукми анъана дароварда шавад.

Конститутсия аслан истилоҳи лотинист, ки “ташкил додан”, “барпо намудан”, “бунёд гузоштан”, “эҷод ва таъсис кардан” маънидод мешавад ва таърихи чандсадсола дорад. Ба ин маънӣ, Конститутсия қонуни асосии давлат мебошад, ки дорои эътибори олии ҳуқуқист ва асосҳои сохтори давлатӣ, ташкили ҳокимияти давлатӣ ва авзои ҳуқуқии шахсро муайян месозад.

Ёдоварӣ мебояд, ки баъзе меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла озодии динию дунявии инсон ва шаҳрванд реша дар умқи таърих дорад ва аз ҷӯйи хиради ниёгони бузурги мо об мехӯрад.

Ба ибораи дигар, нахустин санади таърихие, ки дар он баробарии ҳамаи инсонҳо таъкид шудааст, муқаррароти ҳуқуқии бунёдгузори сулолаи подшоҳии Ҳахоманишиён Куруши Кабир аст ва яке аз боғҳои зебои Душанбешаҳри мо дар шафати Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ бо ибтикори Пешвои муаззами миллат ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст.

Соли 539 то милод бунёдгузори сулолаи подшоҳии Ҳахоманишиён Куруши Кабир (солҳои давлатдорияш 559-530 то милод) шаҳри Бобилро, ки қавми яҳуд дар ин шаҳр дар асорат қарор дошт, ба даст овард ва ин қавмро аз бандагию бардагӣ озод кард. Ӯ ҳамчунин бори нахуст дар таърих баробарии нажодии инсонҳоро эълон намуд.

Ин муқаррарот бо дастури Куруши Кабир барои наслҳои пасин бо хатти мехӣ дар устувонаи сафолие сабт гардид ва дар Бобилистон нигаҳдорӣ мешуд. Хушбахтона, соли 1879 ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ дар Бобилистон ин устувонаи сафолӣ ошкор карда шуд ва аз ҳамон таърих то ба имрўз дар Осорхонаи Британияи Кабир нигаҳдорӣ мешавад.

Бо камоли ифтихору фараҳмандӣ метавон гуфт, ки муқаррароти ҳуқуқии Куруши Кабир аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар аст. Ин муқаррарот бо шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид тарҷума ва муҳтавои аслии он дар чор моддаи аввали Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мунъакис шудааст.

Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ низ ҳамин ғоя, яъне баробарии инсонҳо, қатъи назар аз рангу пӯст, дар қиссаи накӯҳиш кардани Зол падараш Соми Наримонро, ки фарзанди худро ба хотири сапедии мӯй, дар кӯҳ пинҳон карда буд, сареҳан таъкид шудааст. Зол ба падараш Соми Наримон мегӯяд:

Зи модар бизодам, бияндохтӣ,

Ба кӯҳ андарам ҷойгаҳ сохтӣ.

На гаҳвора дидам, на пистони шир,

На аз ҳеч хубӣ маро буд вир...

Туро бо ҷаҳонофарин буд ҷанг,

Ки аз чӣ сапеду сиёҳ аст ранг?!

Ҳамин ғояи баробарии ҳуқуқи инсон, қатъи назар аз рангу пӯст, ки аз ҳикмати азалии ниёгони мо маншаъ мегирад, баъдан аз сарзамини пешиниёни мо ба сарзаминҳои Ҳинду Юнон ва ниҳоят ба Рими Қадим густариш пайдо карда, дар Рим ташаккули бештар ёфт ва имрӯз бунмояи Конститутсияи аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Конститутсия воқеан бахтномаи ҳар як миллати озодандеши соҳибхираду соҳибфарҳанг аст. Вай рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдорию бақои давлату миллат мебошад. Зеро, дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному эҳтиром шуда метавонад, ки дар заминаи Конститутсияи худ дорои истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақил бошад ва музаффариятҳои онро азизу гиромӣдорад ва чун гавҳари чашм ҳифз намояд.

Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

(Дар ҳошияи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт)

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки яке aз сaмтҳoи aфзaлиятнoки сиёсaти хoриҷии Ҷумҳурии Тoҷикистoн дaр дaврoни истиқлoлияти дaвлaтӣ бaрқaрoр вa инкишoф дoдaни рoбитaҳoи бисёрҷoнибaи сиёсӣ, иқтисoдӣ-мoлиявӣ, илмӣ – фaрҳaнгӣ, гумaнитaрӣ бo кишвaрҳoи минтaқa вa ҷaҳoн, aз ҷумлa дaвлaтҳoи Шарқи Наздик мебoшaд. Вaзъи мaзкур бa oн aсoс ёфтaaст, ки ин кишвaрҳo имкoниятҳoи бузург бaрoи рушди ҳaмкoриҳo бo Ҷумҳурии Тoҷикистoнрo дaр aксaри сoҳaҳo дoрaнд.

Нaмунaи барҷастаи ҳaмкoриҳoи пурмaҳсул, ки aз дaврoни пеш тo имрӯз идoмa дoрaд, рaвoбити дӯстии мустaҳкaми Тoҷикистoну Кувaйт мебoшaд, ки дaр зaминaи муштaрaкoти фaрҳaнгӣ вa тaърихӣ aсoс ёфтa, имрӯзҳo шaрики бoэътимoди Ҷумҳурии Тoҷикистoн мaҳсуб меёбaд. Мунoсибaтҳoи диплoмaтӣ миёни Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa Дaвлaти Кувaйт 31 мaрти 1995 бaрқaрoр шудaнд. 23 июни сoли 2013 Сaфoрaти Ҷумҳурии Тoҷикистoн дaр ин кишвaр рaсмaн бa фaъoлият шуруъ нaмуд.

Бoяд зикр нaмуд, ки Пешвoи Миллaт дaр мaҷмуъ чoр мaрoтибa (17-19 aпрели 1995, 23-25 июни 2013 вa15-17 мaйи 2016) aз Дaвлaти Кувaйт бoздиди рaсмӣ бa aмaл oвaрдaнд. Бoздиди чoрум сaнaи 3- уми нoябр сoли рaвoн сурaт гирифт, ки дaр oн Президенти Ҷумҳурии Тoҷикистoн, Пешвoи миллaт муҳтaрaм Эмoмaлӣ Рaҳмoн бaрoи aнҷoм дoдaни бoздиди рaсмӣ вa иштирoк дaр Кoнфрoнси бaйнaлмилaлии сaтҳи бaлaнд “Тaқвияти ҳaмкoрии бaйнaлмилaлӣ дaр сaмти мубoризa бo террoризм вa эҷoди мехaнизмҳoи сaмaрaнoки сaрҳaдӣ – Мaрҳилaи Кувaйтии Рaвaнди Душaнбе” бa Дaвлaти Кувaйт сaфaр кaрдaнд.

Дaр ин сaфaр Президенти Ҷумҳурии Тoҷикистoн муҳтaрaм Эмoмaлӣ Рaҳмoнрo вaзири кoрҳoи хoриҷӣ, ёрдaмчии Президенти Ҷумҳурии Тoҷикистoн oид бa мaсъaлaҳoи рoбитaҳoи хoриҷӣ, Прoкурoри генерaлӣ, вaзирoни рушди иқтисoд вa сaвдo, мoлия, сaнoaт вa технoлoгияҳoи нaв, меҳнaт, муҳoҷирaт вa шуғли aҳoлӣ, рaиси Кумитaи рушди сaйёҳӣ вa дигaр шaхсoни рaсмӣ ҳaмрoҳӣ нaмудaнд.

Пешвoи миллaт муҳтaрaм Эмoмaлӣ Рaҳмoн бo Вaлиaҳди Дaвлaти Кувaйт Шaйх Сaбoҳ Aл-Хoлид Aл-Ҳaмaд Aл-Мубoрaк Aс-Сaбoҳ мулoқoт нaмудaнд вa зимни мулoқoт изҳoр нaмудaнд: “Мo бa рушди бештaри рoбитaҳoи густурдa бo кишвaри дӯсту бaрoдaр – Кувaйт тaвaҷҷуҳи пaйвaстa зoҳир менaмoем”.

Ҳaмчунин тaъкид гaрдид, ки Тoҷикистoну Кувaйт дaр тaтбиқи лoиҳaҳoи муштaрaки сaрмoягузoрӣ бaрoи ҳaрду ҷoниб судбaхш имкoниятҳoи зиёди ҳaмкoрӣ дoрaнд.

Мутобиқи иттилoи мaнбaъ пaс aз aнҷoми мулoқoту музoкирoти сaтҳи oлӣ дaр ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тoҷикистoн муҳтaрaм Эмoмaлӣ Рaҳмoн вa Вaлиaҳди Дaвлaти Кувaйт Шaйх Сaбoҳ Aл-Хoлид Aл-Ҳaмaд Aл-Мубoрaк Aс-Сaбoҳ мaрoсими имзoи сaнaдҳoи нaви ҳaмкoрӣ бaргузoр шуд.

Ҷиҳати тaҳкиму тaвсеaи мунoсибaтҳoи ҳaмкoрӣ дaр мaҷмуъ 9 сaнaди нaви ҳaмкoрӣ бa имзo рaсид, ки инҳо ёддoшти тaфoҳум миёни Ҳукумaти Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa Ҳукумaти Дaвлaти Кувaйт oид бa тaнзими қуввaи кoрӣ дaр бaхши хусусӣ мебошад, ки ин ба манфиати ду ҷониб мебошад. Инчунин ёддoшти тaфoҳуми ҳaмкoрӣ миёни Вaзoрaти кoрҳoи хoриҷии Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa Aкaдемияи диплoмaтии Вaзoрaти кoрҳoи хoриҷи Дaвлaти Кувaйт, ёддoшти тaфoҳум миёни Ҳукумaти Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa Ҳукумaти Дaвлaти Кувaйт oид бa ҳaмкoрии тиҷoрaтӣ, ки ин ёддошт низ саривақтӣ мебошад. Ёддoшти тaфoҳум миёни Ҳукумaти Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa Ҳукумaти Дaвлaти Кувaйт oид бa ҳaмкoрӣ дaр сoҳaи сaнoaт ва прoтoкoл дaр бoрaи вoрид нaмудaни тaғйиру илoвaҳo бa “Сoзишнoмa миёни Ҳукумaти Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa Дaвлaти Кувaйт oид бa кaнoрaгирӣ aз aндoзбaндии дукaрaтa вa пешгирии сaркaшӣ aз супoридaни aндoзҳo aз дaрoмaд вa сaрмoя”, инчунин сoзишнoмa oид бa ҳaмкoрӣ миёни Aгентии миллии иттилooти Тoҷикистoн “Хoвaр” вa Aгентии иттилooтии Дaвлaти Кувaйт “Kuna” ва ёддoшти тaфoҳум миёни Ҳукумaти Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa Ҳукумaти Дaвлaти Кувaйт дaр сoҳaи тaрбияи ҷисмoнӣ вa вaрзиш, ёддoшти тaфoҳум миёни Ҳукумaти Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa Ҳукумaти Дaвлaти Кувaйт oид бa ҳaмкoрӣ дaр сoҳaи стaндaртизaтсия мебошанд. Инчунин бaрнoмaи иҷрoияи Сoзишнoмa миёни Ҳукумaти Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa Ҳукумaти Дaвлaти Кувaйт oид бa ҳaмкoрӣ дaр сoҳaи сaйёҳӣ бaрoи сoлхoи 2024-2026 ба имзо расид, ки ин метавонад барои рушди сайёҳӣ таккони ҷиддие бахшад.

Бояд қайд намуд, ки Дaвлaти Кувaйт яке aз мaмлaкaтҳoи тaрaққикaрдaи ҷаҳони aрaбӣ будa, иқтидoри бузурги сaрмoягузoрӣ дaр лoиҳaҳoи мухтaлифрo дoрo мебoшaд. Бинoбaр ин, Ҷумҳурии Тoҷикистoн дaр сиёсaти хoриҷии хеш мунoсибaтҳoи нек вa судмaндрo бo Кувaйт пеш гирифтa aст. Мaшвaрaтҳoи сиёсие, ки бo дaстури рoҳбaрoни oлии ду дaвлaт бaйни вaзoрaтҳoи кoрҳoи хoриҷӣ тaшкил кaрдa шудaнд, умед aст дaр тaвсеaи пoяҳoи шaртнoмaвӣ вa ҳуқуқии aснoди ҳaмкoрии гунoгунҷaнбa мусoидaт менaмoянд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳо ва ҳамкорӣ миёни ду кишвари бародари Тоҷикистону Кувайт, ки дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан судманд густариш меёбанд, зимни мулоқот бо намояндагони расмии ҷониби Кувайт пайваста изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Дар робита ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистону ҷаҳони араб Сарвари давлат ҳини мусоҳиба бо хабарнигори шабакаи “ал-Ҷазира” таъкид дошта буданд, ки мо чандин маротиба дар сафарҳое, ки ба мамолики араб доштем, чӣ сафарҳои расмӣ ва чӣ сафарҳои корӣ, ҷиҳати ҳузури бештар фаъолииқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз онҳо пайваста даъват ба амал меорем. Ҳамкориҳои мо – бештар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои арабӣ, мисли Кувайт, Қатар ва то андозае бо Аморот ҳоло хуб ба роҳ монда шудааст.

Давлати Кувайт аз ҷиҳати истеҳсоли нафту газ яке аз бойтарин кишварҳои арабӣ буда, иқтидори бузурги сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои мухталифро доро мебошад. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии хеш муносибатҳои нек ва судмандро бо Кувайт дар пеш гирифта аст. Машваратҳои сиёсие, ки бо дастури роҳбарони олии ду кишвар байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ташкил карда шуд, умед аст, ки дар тавсеаи пояҳои шартномавӣ ва ҳуқуқии бештари асноди ҳамкориҳои гуногунҷанба мусоидат намояд.

Сaфaри нaвбaтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тoҷикистoн муҳтaрaм Эмoмaлӣ Рaҳмoн бa Дaвлaти Кувaйт умед аст бa ҳaмкoриҳои иқтисодӣ, тиҷoрaтӣ, ҳaмкoрӣ дaр сoҳaи сaнoaт, ҳамкорӣ дар сoҳaи тaрбияи ҷисмoнӣ вa вaрзиш ва ҳaмкoрӣ дaр сoҳaи сaйёҳӣ ва инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм тaҳкими бештaр мебaхшaд.

ЗИЁЕВ СУБҲИДДИН НАСРИЕВИЧ, - номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

ДАВЛАТОВА ФАРИДА, - ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

(Дар ҳошияи сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қувайт)

Дар даврони истиқлоли давлатӣ равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон, махсусан ҷаҳони араб рӯ ба афзоиш намуд. Аз ҷумла ҳамкориҳои гуногунсамти Тоҷикистонро дар муносибатҳои дипломатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни ҳам дар ҳолати рушд дида мешавад. Ин ҳамкориҳо бо кушодани якчанд сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ ифтитоҳ гардида, заминаи ҳамкориҳои гуногунсоҳаро ба миён оварданд. Дар ин асно, сафарҳои расмии роҳбарияти Олии кишвар, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои арабӣ ва натиҷаи музокироти сатҳи олӣ, боиси тақвияти ҳамкориҳои гуногунсамт гардид.

Кувайт як кишвари рӯ ба тараққӣ буда, иқтисоди хеле даромаднок ва аз ҷиҳати захираҳои нафт дар ҷаҳон шашумин кишварикалонтарин аст. Динори Кувайт гаронбаҳотарин пули ҷаҳон маҳсуб мегардад. Дар соли2009 Кувайт дар ҷаҳони араб баландтарин шохиси рушди инсониро дошт. Кувайт яке аз муассисони Шӯрои ҳамкорииКишварҳои Халиҷи Форс, инчунин узви СММ, Лигаи Араб, ОПЕК ва Созмони ҳамкории исломӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31 марти 1995 барқарор шуданд. Баъдан 23 июни соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар расман ба фаъолият шуруъ намуд ва ҳамкориҳои судманд барқарор карда шуд. Инчунин дар асоси таҳкими ҳамкориҳои тарафайн ва устувории муносибатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон се маротиба (17-19 апрели 1995, 23-25 июни 2013 ва15-17 майи 2016) аз Давлати Кувайт боздиди расмӣ ба амал оварданд. Инчунин дар асари ҳамкориҳои пурсамар, 17 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои аъзои «Муколамаи ҳамкориҳои Осиё» ба Давлати Кувайт сафар намуда буданд.

Барои боз ҳам густариш ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои тарафайн, 3-уми ноябри соли равон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди расмӣ ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ – Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе» ба Давлати Кувайт сафар намуданд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ал-Муборак ас-Сабоҳ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Ҷиҳати таҳкиму тавсиаи муносибатҳои ҳамкории тарафайн, дар маҷмуъ 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла 5 санади он дар ҳузури Сарони давлатҳо ва 4-тои дигар дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт рост меояд. Ёддоштҳои тафоҳуми тарафайн оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ, оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата, оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии миллии иттилоотӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2024-2026 ва миёни Вазорати корҳои хориҷии тарафайн ва миёни Ҳукуматҳо дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маросими баланд имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Дар мулоқоти сатҳи олӣ дар шаҳри Кувайт, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ал-Муборак ас-Сабоҳ мулоқот доир гардид. Дар вохӯрӣ маҷмуаи масоили муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд. Аз ҷумла дар ин сафар таъкид гардид, ки “Мо ба рушди бештари робитаҳои густурда бо кишвари дӯсту бародар – Кувайт таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”. — изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зеро ду кишвар, Тоҷикистону Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузори барои ҳарду ҷониб судбахш имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ доранд. Аз ҷумла, ҷалби сармояи кувайтӣ дар Тоҷикистон барои ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нӯшокӣ ба Кувайт ҳам ба манфиати кор дониста шуд. Инчунин баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсҳои илмиву амалӣ, табодули донишҷӯён ва устодон, барқарор намудани тамосҳо миёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.

Дар гузашта, Сироҷидин Аслов - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти мабуотии худ, ки бо бархе аз расонаҳои маҳаллӣ зимни сафари расмияш ба Давлати Кувайт баргузор гашт, иброз дошта буд, ки Кувайт яке аз аввалин кишварҳои арабӣ аст, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуда, онро ба расмият шинохт. Ин як рӯйдоди муҳими таърихӣ дар робитаҳои дуҷонибаи ду кишвар шинохта шуда буд. Инчунин ҷаноби Аслов таъкид намуда буданд, ки ду кишварро дидгоҳҳо, мавқеъҳои муштарак ва ҳамоҳангсоз дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ муттаҳид мекунад. Ҳамзамон илова намуда буд, ки онҳо ба иттифоқи дуҷониба расиданд ва он дар анҷуманҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дидгоҳҳои яклухт ва ҳимояти мутақобила барои пешниҳодҳо ва ташаббусҳои ҳар ду кишвар судмандро кафолат медиҳад. Ҳамзамон сафари мутақобилаи ду кишвари дӯст ба қуллаҳои баланди дурнамои ҳамкориҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои дар пешгирифта ҳусни тоза мебахшад.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои араб муносибати неку судманд дорад. Мардуми араб роҳбари давлати Тоҷикистонро ҳамчун як шахсияти бузурги сиёсӣ ва ташаббускор таваҷҷуҳу эҳтироми хосса доранд. Тоҷикистонро дар олами араб чун як сарзамини зебову дорои табиати мафтункунанда ва ҳамзамон соҳибтамаддун дар минтақаи Осиёи Марказӣ эътироф кардаанду мешиносанд. Барои барқарор намудани ҳамкориҳои гуногунсамт бо Тоҷикистон майли зиёд доранд. Зеро Тоҷикистонро ҳамчун сарзамини дорои сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ ва сарчашмаи ташаббусҳои оби тоза ва захираҳои бузурги обу пиряхҳо медонанд.

Дар ин замина аксари расонаҳои арабӣ, бахусус кувайтӣ ба масъалаҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъалаи дӯстии ду миллатро доимо мавриди таваҷҷуҳи мардумашон мегардонанд. Аз ҷумла миёни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” расонаи хабарии Агентии Миллии Иттилооти Кувайт ёддошти имзо гардид, ки ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани ин ёддошти тафоҳум хабарҳо дар АМИТ “Ховар” ва АМИК “Kuna” интишор хоҳанд гашт ва аз вазъи ду ҷониб бохабар хоҳанд шуд.

Ҷои тазаккур аст, ки Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориҳои созандаро ба роҳ монда, бо дастгирии роҳбарияти ду мамлакат, табодули Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Кувайт ва Рӯзҳои фарҳангии Кувайт дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд, ки ҳамкориҳо дар бахши фарҳанг ду ҷонибро аз расму оин ва таъриху тамаддуни ҳамдигар ошно менамояд.

Инчунин, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт қадаме барои таҳкими ҳамкорӣ ва амали намудани ҳадафҳои сулҳофаринӣ ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд марҳилаи наверо дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ тақвият бахшида, ҳамкориҳои байналмилалиро густариш мебахшад. Ин вохӯрӣ саҳифаи дигареро дар самти сулҳи пойдор ва шукуфонии кишварҳо ба таҳкими амиқ ва ба эҳёи робитаҳои дуҷониба такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

ОДИНАЕВ АБДУҲАЛИМ, - ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

ШАҲЛОХОН МУРОДАЛӢ, - ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Ҳар як давлати мутамаддин дар шароити ҳозира, бояд дорои конститутсия бошад. Имрӯз конститутсия қонуни асосии қариб ҳар давлати муосири мутамаддин мебошад. Моҳияти дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти сохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар мегузаранд, дар ташаккули қонунгузории конститутсионӣ дарҷ мегарданд. Чунки дар конститутсия принсипҳои асосии давлатдорӣ, усулҳо ва шаклҳои фаъолият инъикос ёфтааст. Конститутсия қоидаҳо, меъёр ва принсипҳои хосаи ташаккул ва инкишофро соҳиб аст.

Албатта, конститутсия ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва масъалаҳои дигари ҳаётан муҳими ҷомеа таҷассуми ҳукуқӣ меёбанд.

Бояд гуфт, ки конститутсия танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, сарчашмаи асосии қабули санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ мегардад. Баланд бардоштани эътибори конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он ба сифати санади асосии таҳкимгар ва такмилдиҳандаи ҳаёти ҷомеа баромад менамояд. Он ба ғояи олии сиёсӣ асос ёфтааст. Конститутсия ҳамчун муқаддасот эътирофи умум пайдо менамояд.

Тавре маълум аст, конститутсия ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, дар он масъалаҳои асосии инкишофи ҷомеа, асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии он, вазъи воқеии инсон инъикос меёбанд. Қонуни асосӣ бештар принсипҳо, арзишҳои олї ва меъёрҳои муносибатҳои байниҳамдигарии инсон ва ҷомеаро муайян менамояд. Конститутсия асосҳо ва захираҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инкишофи ҷомеаро ҳамчун қисматҳои муҳимтарин ва асосии системаи ҷамъиятӣ муайян бояд намояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсӣ қабул гардид ва эътибор пайдо намуд. Воқеан ҳам конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати юридикӣ дар ҷомеаи мутамаддини муосир барои муайян кардани муносибати байни шаҳрванд ва давлат, инчунин танзимкунандаи сохтори қудратии давлатдорӣ - асоси сохти конститутсионӣ мебошад. Аз ин рў, боби аввали конститутсияи Тоҷикистон «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» ном гирифта, моҳияти давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ тавсиф мегардад. Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ пазируфта мешавад. Мақоми забони русӣ ва забонҳои маҳаллӣ муқаррар карда мешаванд. Рамзҳои давлатӣ ва мақоми пойтахт мушаххас гардонида шудаанд. Арзиши олӣ пайдо намудани худи инсон, ҳуқуқу озодиҳои вай ва дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон ҷойгоҳи хосаро пайдо намудаанд. Халқ манбаи ягона ва ҳар гуна ҳокимият (моддаи 6) эътироф гардида, масъалаҳои бевоситаи марбути он мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтаанд.

Дар конститутсия дахлнопазирии сарҳадот ва тақсимнашаванда будани ҳудуди кишвар (моддаи 7) таъкид гардида, дар заминаи плюрализми сиёсӣ амал намудан, фаъолият намудани тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятї муқаррар гардидаанд.

Муносибати Тоҷикистон бо акторҳои дигари сиёсати ҷаҳонї муқаррар карда шудаанд. Санадҳои эътирофшудаи ҳуќуќи байналмилалї ҳамчун ҷузъи таркибии низоми ҳукуқии кишвар пазируфта мешаванд ва аввалияти онҳо эътибори хосаро касб намудаанд. Сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати Тоҷикистон дар маркази диққат қарор дода шудааст. Ҳамкории самарабахш бо давлатҳои дигар яке аз ҳадафҳои асосии мамлакатро ташкил медиҳанд.

Ҳамин тариқ, конститутсия дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҳар як кишвар аҳамияти муҳим дорад. Ҳар як шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз миллат, ҷинс, эътиқод дар асоси Конститутсия ҳимоя мегардад ва ҳаёти босаодати вай таъмин мегардад.

Шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамдигарро эътироф намоянд, барои пойдорӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар саҳмгузор бошанд. Воқеан ҳам конститутсия санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад. Тамоми санадҳои дигари ҳуқуқӣ бевосита аз конститутсия сарчашма гирифта, бояд ба он мутобиқат намоянд.

Зулайхо Қодирова – ходими илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.»

6 ноябр барои тамоми мардуми тоҷик яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Ин сана барои мардуми мо таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз 5 маротиба, яъне, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 конститутсияҳои гуногун қабул гардидаанд. Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро кишварҳои ҷаҳон ҳамчун давлати озод, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ шинохта, эътироф мекунанд. Таҳкими сулҳу субот, пайи ҳам бунёд шудани корхонаҳои саноатии хурду азим, муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, рушди соҳибкорӣ, афзудани иқтидори иқтисодӣ, рамзҳои давлатӣ, таъсиси пули миллӣ боварию эътимоди моро ба ояндаи дурахшонзиёд гардонданд.

Аз вақти қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Тайи ҳамин солҳо музокироти тӯлонии миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу субот ва оромию баҳамоии тарафҳо буд, шурӯъ шуда, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Созишнома дар баробари ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои мубрами рӯз, ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Конуститутсия пешбинӣ намуд.
Пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, ба талаботи давру замон мувофиқ гардонда шавад. Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли2003 иброз намуда буданд: «…меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намоянд. Бояд тазаккур дод, ки соли1999 на ҳамаи камбудию нуқсонҳои Конститутсия ислоҳ гардида, норасоиҳои дар матн ҷойдошта бартараф карда шуданд».

Табиист, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба сифати қонуни асосии давлат, балки ҳамчун санади таъсиснамоие, ки барпогардидани давлати навинро аз лиҳози ҳуқуқӣ эълон менамуд, қабул гардид. Дастоварди бузург дар даврони Истиқлолият ин дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Аз ин рӯ дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба панҷ гурӯҳ тақсим мешавад: ҳуқуқҳои шахсӣ, ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Маҳз тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқиро Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон фаро гирифтааст.

Конститутсия шоҳсутуни асосии миллат ва тақдирсози имрӯзу фардои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ҳифз ва риояи он ба ҳар як фард қарзи шаҳрвандӣ аст. Конститутсия санади воқеан муҳими таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад.

Табиист, ки Конститутсияи мамлакат муаррифии давлати мустақили Тоҷикистон буда, бевосита муҳайёсозандаи ормонҳои деринтизори миллати соҳибтамаддуни мо маҳсуб мешавад. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо ба эътибори коршиносони мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз зумраи Созмони Милалӣ Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, яке аз намунаҳои беҳтарини Конститутсияҳои демократии ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Аз ин рӯ мардуми Тоҷикистон дар муқаддимаи худ ба қабули Конститутсияи кишвар изҳор доштаанд: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Дар воқеъ, қабули Конститутсияи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузӯрги назариявӣ ва амалию сиёсиро ба худ касб намудааст.

Хусусан боби 2-юми Конститутсия ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки бевосита аз эҳтироми баланди давлат нисбат ба инсон ва ҳамчун сарчашмаи олии олами ҳастӣ шуморидани инсон аз ҷониби давлат арзёбӣ мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои вай ба сифати арзиши олӣ эҳтиром мегарданд. Ҳуқуқи инсон дар ҳимояи қонун қарор дошта, шахс аз ҳуқуқ ба соҳиби моликият будан, ҳуқуқ ба истироҳат, муҳоҷират, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ёрии тиббӣ, кафолати таъмини иҷтимоӣ дар пиронсолӣ, ҳуқуқ ба маълумот, иштироки бевосита дар фаъолияти илмӣ, педагогӣ эҷодӣ ва ҳуқуқ ба муҳоҷирату озодона интихоб намудани макони зист истифода менамояд.

Дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ мавқеи маҳсус доранд. Дар муқоиса ба дигар гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳо, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ асосан барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъин гардидаанд. Хусусан иштироки озоди шаҳрвандон дар раванди сиёсӣ, идораи корҳои давлатӣ, дар раъйпурси иштирок намудан, интихоб кардан ва интихоб шуданро кафолат медиҳад. Дар баробари ин одамон имконият доранд, ки дар маҷлисҳо, ҷамъомадҳо, намоишҳо иштирок намоянд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки ин гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳои асосӣ бо сохтори давлатӣ, ташкили мақомоти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон, моҳияти идораи давлатӣ ва сохтори ҷомеа алоқаманд аст.

Муҳимияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин боз дар он ифода меёбад, ки тибқи моддаи 34- Конститутсия модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд. Аз ин ҷост, ки падару модаронро ба хотири нигоҳдошти урфу одат, ҳастии миллат ва бунёди ҷомеаи солим дар таълиму тарбияи фарзандон масъул ва фарзандони болиғу қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъмини падару модар ҳангоми барҷомондагӣ ва пиронсолӣ муваззаф гардонидааст, ки ин рамз яке аз арзишҳои муҳимтарини миллии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад

Ҳамин тавр, Конститутсияи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 33 соли арзи вуҷудаш барои устувор гардонидани пояҳои давлату давлатдорӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат карда, ҳамчун бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофатии он ҷаҳониён Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд.

Салимова Соро Шералиевна - ходими илмии озмоишгоҳи “Фармакология”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

(Ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳимми сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба вуқуъ пайваст, ки он дар саҳифаи рӯзгори мардуми тоҷик бо хатти заррин ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст.

Дар моддаи аввали Конститутсияи ватанӣравшан эълом шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад бояд қайд намуд, ки ин ҳадафи муҳимми сиёсию давлатӣ, пеш аз ҳама, аз ҳадафҳои Иҷлосияи таърихии XVI - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳалаи таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар маҳсуб мешавад, сарчашма гирифтааст.

Конститутсия, ҳамчун санади таърихӣ, воқеан ҳам омили муҳимми муттаҳидкунанда, ҳимоякунандаи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеа мебошад. Аз тарафи дигар, Конститутсияи ватанӣ сарнавишти миллатро рақам зада, дар он тамоми паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъияӣ инъикос ёфтааст ва аз тариқи ин санади асосии ҳуқуқӣ роҳи рушду пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои садсолаҳо муайян гардидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар муҳокима ва қабули Конститутсия саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Конститутсия чунин гуфтаанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд». Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Конститутсияи ватанӣ тавонистааст ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад ва тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ дар шароити ҷаҳоншавӣ муаррифӣ бисозад. Он барои сулҳу субот ва ба Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон нақши муҳим бозидааст. Ин хуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷКонститутсияи беҳтарин ва мардумитарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣдар Аврупо номбар гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо Конститутсияи ватанӣ чунин ибрози назар намудаанд: «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба воситаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ карда истодааст». Бо мурури замон ва вобаста ба тақозои раванди ҷаҳонишавӣ ба ин санад се маротиба тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016). карда шуданд

Тайи 30- соли вуҷуду ҳузури Конститутсияи ватанӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол муносиботҳои гуногунҷанба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои зертобеи он, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва амсоли инҳо таҳкиму тақвият ёфтаааст инчунин раванди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар арсаи байналмилалӣ идома дорад.

Муҳимтар аз ҳама, дар асоси ин санади таърихсоз нахустин маротиба дар фазои сиёсии мамлакат парлумони дупалатагӣ таъсис дода шуд, ки пайваста дар такмили қонунгузории кишвар нақш мебозад. Ин аст, ки бояд ба Конститутсияи кишварамон ҳамчун муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ намоем ва меъёрҳои онро, ки барои рушду суботи кишвар равона шудааст, риоя намоем. Дигар ин ки халқи тоҷик, бо такя ба Конститутсияи ватанӣ кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо намуда, дар талоши ҳифзи манфиатҳои худ ба муваффа-қиятҳои беназир ноил гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар кишвар волоияти қонун, яъне озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, дӯстии тамоми миллату халқиятҳо, таъмин гардида, дар маҷмуъ, ҷомеаи навини адолатпарвар барқарор карда шудааст. Аммо душманони миллат дар хориҷ аз кишвар дар пайи барангехтани кинаву адоват ва ихтилофоти сиёсию мафкуравӣ буда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба баданаи миллату давлат садама ворид созанд. Хушбахтона, миллати тоҷик ва махсусан, насли ҷавони мо бар он мекӯшанд, ки давлатро бо ибтикороти созанда обод созанд ва роҳро барои расидан ба зиндагии шоиста ҳамвор намоянд. Дар чунин вазъи ногувори бозиҳои геосиёсӣ ва бархурди тамаддунҳо ҷавонони кишвар бояд бо ҳар роҳ кӯшиш кунанд, ки тамоми дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмию техникии ноилгардидаро ҳифз ва муаррифӣ намоянд.

Барои расидан ба ин ҳадаф, наврасону ҷавонони кишвар бояд қабл аз ҳама, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, руҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллиашонро баланд бардошта, дар рушди кишвар ва таҳкими сулҳу субот ва амнияту осоиши Ватан саҳми арзанда бигузоранд.

Чун дар арафаи 30-солагии Конститутсияи ватанӣ қарор дорем, мардуми шарифи Тоҷикистони азизро ба муносибати ин ҷашни сиёсию давлатию ҳуқуқӣ табрик намуда умед мекунем, ки халқи тоҷик бо такя ба Конститутсияи ватанӣ дар рушди минбаъдаи давлат ва кишвар саҳми муносиб мегузорад.

Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

123Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии тақдирсози давлат, санади ҳуқуқии таъсисёбандаи кишвар ва ба танзимдарорандаи фаъолияти ҳамаи субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.

Истилоҳи Конститутсия маънои «барқарор мекунам», «таъсис медиҳам»-ро дошта, таърихи хело ҳам тулонӣ дорад. Аммо ба сифати Қонуни асосии кишвар, низому дастури давлатдорӣ, ки ҳадафи асосиаш аз маҳдуд сохтани ҳокимияти беҳади давлат, танзимкунандаи равобити байни давлат ва мақомоти мухталифи он ва аз ҳама муҳим муайянкунандаи равобити байни давлат ва шаҳрванд, таҳкимбахши ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, мутафаккирон ва муҳаққиқони даврони гузашта ба ин ақида буданд, ки қонунӣ будани ҷомеаи сиёсӣ ва сохти бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Қонуни асосӣ марбут аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин, санади муътабар барои такмил ва танзими ҳуқуқи инсон ва фаъолияти мухталифи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, мавҷудияти гуногунандешии сиёсӣ рӯи кор омад.

Моҳи феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ, таъсис дода шуд ва охири моҳи апрели соли 1992 лоихаи Қонуни асосӣ барои муҳокимаи шаҳрвандони дар матбуоти даврӣ нашр гардид. Бинобар сабаби вазъи нооромии кишвар бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳлати муҳокимаи лоиҳаи Қонуни асосӣ то аввали моҳи июли соли 1992 тамдид карда шуд. Сарфи назар аз ин ва дигар тадбирҳое, ки ҳукумати воқеӣ андешид, аммо вазъияти сиёсӣ аз зери назорат хориҷ гардида то ба сатҳи ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ расид. Табиист, ки дар ин шароит қабул кардани Конститутсияи кишвар ғайриимкон буд.

Пас аз баргузории Иҷлосияи тақдирсозӣ 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти таҷлили Конститутсияи нави миллӣ аз нав ба миён омад. Иҷлосияимазкур барои барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар нақши басо бузурге бозид ва вазъи солими ҷомеаро таъмин кард. Дар ин шароит лоиҳаи нави Конститутсия таҷлил гардид ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешнидод шуд.

Муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурӣ, ба маъракаи дар ҳақиқат сиёсии умумихалқии тақдирсоз табдил ёфт ва мардуми кишвар барои такмили мазмуну муҳтавои лоиҳа пешнидодҳои муфид ирсол доштанд. Илова бар ин ба лоиҳаи Конститутсия, коршиносони як қатор кишварҳои ҷаҳон, ба мисли давлатҳои Осиёи Марказӣ, Россия ва Аврупо, инчунин Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар Созмонҳои байналмиллалӣ назару андешаҳои худро изҳор доштанд.

6 ноябри соли 1994 лоиҳа аз тариҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва ба худ ҳукми қонуни асосии давлатро гирифт. Ин санади тақдирсоз қонуни олии кишвар мебошад ва номи «Конститутсия»-ро гирифт.

Хислати олӣ доштани Конститутсия дар меъёрҳои ҳуқуқии он дарҷ ёфтаанд. Масъалан, қисми моддаи 10-и он, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши Олии ҳуқуқӣ дошта меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқие, ки бар хилофи Конститутсия мебошанд эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Тамоми қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурӣ ба расмият дароварда ва қабул карда мешаванд. Агар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бар хилофи Конститутсия бошанд онҳо қувваи қонунӣ пайдо намекунанд.

Мувофиқи қисми 2-и моддаи 10 –и Конститутсияи Ҷумҳури, давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, ҳизбҳои сиёсӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя ва иҷро намоянд. Яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди давлат ва ҳамаи сохторҳои мақомоти давлати, шахсони мансабдор, ҳизбҳои сиёсӣ, шаҳрвандони ҷумҳури ва иттиҳодияҳои онҳо вазифаи риоя ва иҷрои талаботи Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсиони, қонунҳои Ҷумҳури ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки дар асоси Конститутсия ба расмият дароварда ва қабул шудаанд,гузоштааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини шароити зиндагии арзанда, зиндагии осоишта ва инкишофи озодонаро бо чунин аломатҳояш барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад:

Мувофиқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон- Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, зарои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Давлати соҳибихтиёр самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, яъне роҳу усулҳои тараққиёти худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, интихоби шакли давлатдорӣ ва шакли молумулкиро мустақилона ҳал мекунад.

Риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз муносибатҳои муҳимтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки таввасути меъёрҳои Конститутсия ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», ки 14 декабри соли 1996 қабул гардидааст, амалӣ мешавад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худашон ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Вазоратҳо, Кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, макомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муроҷиат намоянд. Бинобар ин, тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ашхоси бе шаҳрванд аз тарафи давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бе восита ҳифз гардида, эҳтиромона доир ба масъалаҳое, ки шаҳрвандон муроҷиат менамоянд, новобаста аз мансубият мақомотҳои давлатӣ эҳтиром зоҳир намуда, оиди масъалаҳои пешниҳод шудаи шаҳрвандон роҳу усулҳои ҳалли масъалаҳоро дар доираи Конститутсияи мамлакат ва дигар қонунҳои Ҷумҳурӣ баррасӣ намуда, талаботи муроҷиаткунандагонро қонеъ мегардонанд.

Бедилзода Ҳ- н.и.с., Мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байнамилалии Институти фаслафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИ

Сафару ташрифҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як гӯшаву канори кишвари азизамон пайки шодӣ ва ободӣ овардааст. Ин сафару ташрифҳои созанда ва ободкор, ҳар як гӯшаву канор ва шаҳру навоҳии Тоҷикистони азизро боз зеботару ободтар гардонидааст. Тавре, ки дар боло зикр кардем, ҳар сафару ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ доимо пайки шодӣ ва фараҳ овардааст. Инчунин қудуми мубораки Пешвои муаззами миллат ба рушду инкишоф ва сифату суръати корҳои ободониву созандагиро суръат бахшидааст. Инро аз сафарҳои Пешвои миллат пурра дарк намудан мумкин аст. Мардуми кишвар низ аз омадану ташрифи Пешвои миллатро доимо хуб истиқбол намуда, барои корҳои созандагию бунёдкорӣ як руҳияи тозае ба худ касб менамудаанд.

Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 29-уми октябр бо ташрифи созандаву ободкор ва таърихӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд. Зимни ин ташрифи созандаву бунёдкор Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонромавриди истифода қарор доданд.

Ҳамзамон баъди ифтитоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Пешвои миллат боз 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт муаррифӣ гардид. Аз ҷумла, лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ, лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ, лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ, лоиҳаи бинои Маркази байналмилалӣ ва лоиҳаи 5 бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муаррифӣ гардиданд.

Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмии олимони тоҷик ва таваҷҷуҳи хос ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, илм ва маорифи миллии тоҷик дар солҳои истиқлоли давлатӣ рушду инкишоф ёфта, имрӯз бо кишварҳои дигар роқобатпазир шудааст.

Шарифов И.И. ходими илмии шуъбаи ИДМ, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Бо дарназардошти муҳимияти ин санаи таърихӣ дар ҳаёти мардуми саодатманди кишвари соҳибистиқлоли мо, ҳар сол 6-ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Мардуми Тоҷикистон марҳилаи давлатдории демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шурӯъ намуд. Дар ҷомеа зарурати таърихии интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеъан олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ эҳсос мегардид. Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷудомада, зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён овард.

Бо ҳидояти хирадмандонаи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ба арзишҳои аслии башарӣ ва ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари худ асос гузошт. Дар саргаҳи ин иқдом қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт ва бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалкӣ сурат гирифта, хамчун хуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз чониби ҷомеаи ҷахонӣ эътироф шуд. Дар ин замина 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифт. Ин рӯйдод яке аз дастовардҳои бузурги давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Минбаъд чун тағйиротҳои дар ҷомеа ба амаломада, дар Конститутсия низ тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ - 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) тағийру иловаҳо ворид карда шудаанд. 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар натиҷаи он калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда шуд. Ба вуқуъ пайвастани чунин рӯйдоди таърихӣ, албатта, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон гардид. “Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд”,- гуфтаанд Президенти ватанамон Эмомалӣ Раҳмон.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳими ҳуқуқии кишвар ба шумор рафта, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, шакли давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ба расмияти ҳуқуқӣ дароварда шудаанд. Ин санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад. Тамоми санадҳои дигари ҳуқуқӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма гирифта, бояд ба он мутобиқат намоянд.

Конститутсияи соли 1994 маҳсули зеҳнии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он тариқи райпурсии умумихалқӣ муҳокима ва қабул карда шудааст. Тақдирсоз будани Конститутсияро дарк намуда, Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудан, бевосита ба мураттабсозии лоиҳаи он ба ҳайси Раиси комиссияи конститутсионӣ машғул гардиданд ва новобаста аз вазъи ногувори сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ барои омӯзиши таҷрибаи пешрафта, аъзоёни комиссияро ба давлатҳои гуногуни мутараққӣ фиристоданд. Комиссия таи ду соли мураттабсозии лоиҳаи Конститутсия фикру андешаҳои гуногунро омӯхта, лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд. Таклифу пешниҳодҳои мардуми шарифи Тоҷикистон имконият дод, ки лоиҳа манзури рӯзи гузаронидани райпурсӣ карда шавад. Дар байни аъзоёни комиссия оид ба идоракунии президентӣ ва парлумонӣ баҳсҳои гуногун вуҷуд доштанд ва ниҳоят шакли идоракунии президентӣ пазируфта шуд, ки мо самараи онро ҳамарӯза эҳсос мекунем.

Ҳанӯз соли 1993 бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда буд, ки «мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ аст». Ин суханҳои пешгӯинамудаи Сарвари давлат баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон(6-уми ноябри соли 1994) ба қисми таркибии ин санади сарнавиштсоз ворид гардид ва дар муддати кӯтоҳи таърих самараи худро нишон дод.

6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фархунда ва фаромӯшнашаванда мебошад, чунки дар ин рӯз ду зуҳуроти муҳим ва тақдирсоз- қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин ду воқеаи сиёсӣ дар давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав ба шумор мераванд. Халқи тоҷик тавонист дар он марҳилаи ҳассос шахси ботаҳаммул, хоксор, пурзаковату хирадмандро сарвари давлати худ интихоб намояд.

Конститутсия низ ҳамчун санади қувваи олии ҳуқуқидошта самтҳои асосии фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян намуда, бо ёрии он мо тавонистем миллати тоҷикро аз парокандагиҳо эмин нигоҳ дошта, давлатимутамаркази ҳуқуқбунёду муосирро бунёд намоем ва алангаи оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро хомӯш созем.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар арзи ҳастӣ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали мустақими меъёрҳои он шаҳодат медиҳанд, ки он яке аз конститутсияҳои асосии беҳтарини дунё маҳсуб меёбад. Бо шарофати замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналхалқӣ будани Конститутсия, Тоҷикистони соҳибистиқлолро зиёда аз 150 давлати дунё пазируфтаанд. Имрӯз давлати мо бо зиёда аз 100 давлати дунё муносибатҳои дӯстона ва равобити дипломатӣ дошта, аъзои зиёда аз 50 ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад. Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии халқ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд.

Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.

Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем.

Рӯзӣ Конститутстяи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Рахмонов Р.О. – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

“Мо ҳамеша ба неруи созандаи занони фарзонаву оқили тоҷик такя менамоем. Онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифату банангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо гузошта истодаанд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ба занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа пазируфтанд ва дар ҳама самтҳо занону бонувони кишварро дастгирӣменамоянд, ки ин дастгириҳо барои пешрафти фаъолияти онҳо бисёр муҳим мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ барномаи беҳтаргардонии шароити кор ва зиндагии занон, амалӣ кардани баробарҳуқуқии мард ва зан таҳия шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқӣ ва озодии занонро пурра кафолат медиҳанд.

Ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ, иқдомгирифтан дар роҳибарпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ҶумҳурииТоҷикистон кӯшишҳоихудро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқуозодиҳоиинсон тавассути мустаҳкамкардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқисиёсат дар самти масъалаҳои занон ва бонувон мунтазам тақвиятмебахшад. Бо дарки муҳимиятидастгирии қувваиин ду қишри ҷомеа ҳамчун қувваиасосӣ ҷиҳатиамалӣ намудани сиёсати иҷтимоӣтавассути истифодаи нерӯи занон ва бонувон дар ташаккул, пешрафти давлат ҳифзиарзишҳоифарҳанги миллӣ ва ниҳодидавлатдорӣ яке аз самтҳоиафзалиятноки давлату ҳукуматмаҳсубмеёбад. Зеро таърих исбот намудааст, ки субот ва пешрафти давлат аз дастгирии ин ду қишри ҷомеа вобастагии зиёд дорад.

Вобаста ба ин, дар риштаи рушди қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқҳова озодиҳои занон ва бонувондараҷа ва миқёситатбиқионҳодар ҳаётиимрӯза таҷассуми худро ёфтааст. Яъне, барои дастгирии ин табақаи ҷомеа дар сатҳи қонунгузорииамалкунанда дар баробари қабули қонунҳо, қабулибарномаҳоирушди иҷтимоии онҳо ҷиҳатитаъмини иштироки васеъ дар ҳаёти ҷамъиятиву идоракунии давлатӣ қабулгардида, самти фаъолияти занон ва бонувон дар шароити муносибатҳоинави сиёсиву иҷтимоӣ дар мамлакат муайян гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ барномаи беҳтаргардонии шароити кор ва зиндагии занон, амалӣ кардани баробарҳуқуқии мард ва зан таҳия шудааст. Моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқӣ ва озодии занонро пурра кафолат медиҳанд.

Раванди демократӣ ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ барои мардон ва занон озодии васеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ муҳайё намуда, барои ифода ва ҳаллу фасли проблемаҳояшон имконият ба вуҷуд овард. Дар баробари ин ҳоло ҳам рушди озоди иқтисодию сиёсӣ, фарҳангию таълимӣ бинобар фаъолияти нобаробари сохторҳои гуногун имкониятҳои баробарро барои мардон ва занон таъмин намекунад. Аз ин рӯ, барои ноил шудан ба баробарҳуқуқии мардон ва занон аз тариқи ислоҳоти сиёсӣ ва аз роҳи татбиқи тадбирҳои мушаххас, ки ба беҳбудии вазъи занон мусоидат мекунад, дахолати давлатӣ лозим аст.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат нақши муҳим бозид.

Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ; аз 8 августи соли 2001 №391 «Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», аз 30 апрели соли 2004 №196 «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», аз 31 октябри соли 2005 №421 «Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010», аз 3 марти соли 2006 №94 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд, ки мақсади онҳо ба беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудаанд.

Зиёда аз ин, ҷиҳати дастгирӣ бо таваҷҷуҳи хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Нақш ва мақому манзалати зан дар ҷомеаи мо имрӯз бениҳоят муҳим мебошад. Бе иштироки фаъолонаи занон, бидуни фикру ақида ва пешниҳодҳои онҳо ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ-сиёсӣ ғайри имкон мебошад”.

Занони бомаърифат, соҳибфарҳанг, омӯзгор, устод дар тарбияи фарзанд, оила ва ҷомеа нақшу мақоми арзанда мебозанд. Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ҳангоми мулоқот бо намояндагони фаъоли занони мамлакат бахшида ба Рӯзи модар, 6 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе чунин иброз дошта буд: «Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар як инсон аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо карда метавонем, ки ба қадри заҳматимодарон, хоҳарон, меҳрубониву ғамхории самимии занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем».

Сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули солҳои соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки мақому манзалати занон дар ҷомеа ба маротиб баланд бардошта шавад. Дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан, саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳанги тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун гардида истодааст.

Чуноне Сарвари давлат зикр доштанд: “Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, муррабии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад”.

Дар ҳақиқат, занону бонувони тоҷик бо сабру таҳаммул, ифату порсоӣ меҳру садоқат ва гузашта аз ин, бо кору пайкори созанда ва заҳмати софдилона номи Зан-Модарро маҳбуби қалбҳо гардонидаанд. Ҳамин тавр, эҳсос мешавад, ки занон- модарон низ бо азму иродаи қавӣ кӯшиш доранд, ки рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пешаи худ созанд. Минбаъд низ занони созандаи кишварро мебояд, ки ба қадри соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, сулҳу суббот ва оромии ҷомеа расанд, истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми босазо гузоранд.

Шоиста Исматзода - ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Пайнавишт:

1. Эмомалӣ Раҳмон. Хизмати модарон барои башарият беҳудуд аст: Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо занони мамлакат. ш. Душанбе, 6 марти соли 2007 // Минбари халқ. - 2007. - 10 март.

2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2016 // Ҳақиқати Суғд. - 2016. - 24 декабри соли 2016.

3. http://kumitaizanon.tj/index.php/tj/.

4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» // http://www.president.tj/node/27417.

Сафару ташрифҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як гӯшаву канори кишвари азизамон пайки шодӣ ва ободӣ овардааст. Ин сафару ташрифҳои созанда ва ободкор, ҳар як гӯшаву канор ва шаҳру навоҳии Тоҷикистони азизро боз зеботару ободтар гардонидааст. Тавре, ки дар боло зикр кардем, ҳар сафару ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ доимо пайки шодӣ ва фараҳ овардааст. Инчунин қудуми мубораки Пешвои муаззами миллат ба рушду инкишоф ва сифату суръати корҳои ободониву созандагиро суръат бахшидааст. Инро аз сафарҳои Пешвои миллат пурра дарк намудан мумкин аст. Мардуми кишвар низ аз омадану ташрифи Пешвои миллатро доимо хуб истиқбол намуда, барои корҳои созандагию бунёдкорӣ як руҳияи тозае ба худ касб менамудаанд.

Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 29-уми октябр бо ташрифи созандаву ободкор ва таърихӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд. Зимни ин ташрифи созандаву бунёдкор Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонромавриди истифода қарор доданд.

Ҳамзамон баъди ифтитоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Пешвои миллат боз 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт муаррифӣ гардид. Аз ҷумла, лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ, лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ, лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ, лоиҳаи бинои Маркази байналмилалӣ ва лоиҳаи 5 бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муаррифӣ гардиданд.

Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмии олимони тоҷик ва таваҷҷуҳи хос ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, илм ва маорифи миллии тоҷик дар солҳои истиқлоли давлатӣ рушду инкишоф ёфта, имрӯз бо кишварҳои дигар роқобатпазир шудааст.

Шарифов И.И. ходими илмии шуъбаи ИДМ, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ