Skip to main content

“Наврӯз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рӯзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунад ва дар рӯҳу ҷони одамон гардиши наве падид меояд".

Эмомалӣ РАҲМОН

Наврӯз муждаи баҳор, оғози киштукор, айёми бедоршавии табиат аз хоби ноз буда, ҳамзамон омад - омади он ҳамасола ба ҳар як инсони рӯйи Замин новобаста аз синну сол ва ҷинс боиси шодмонӣ ва фараҳафзоӣ ба ҳисоб меравад. Ҷашни Наврӯз маҳз дар айёме таҷлил мегардад, ки ба ин васила шабу рӯз ба ҳам баробар ва пирӯзии равшанӣ ба торикӣ, гармо ба сармо оғоз гардида, ҳамзамон табиат ва инчунин оламу одам низ дигаргун мешаванд. Инчунин фазилати дигари ҷашни мазкур дар он аст, ки ҳамеша хушбин буданро ба мардум талқин мекунад.

Аслан гирем, вақте ки шахс худро хушҳол эҳсос кардаю ҳамзамон дар заминаи зиндагии пурсаодат мутмаин мешавад, пас ӯро рӯзгори осудаву обод ва инчунин пурнишот дар пеш аст. Чунки инсон хоҳ - нохоҳ баробари дидани зебоиҳо рӯҳу илҳоми тоза мегирад ва бо қудуми мубораки ин рӯзи накӯ ва дилафрӯз кинаю адоват аз қалбҳо зудуда гардида, ҳамзамон шодию фараҳ ва болидарӯҳӣ ва беҳбудии фардӣ, хонаводагӣ ва ҷомеа иқдом менамоянд.

Ба ифодаи дигар агар мо ба фалсафаи Наврӯз чуқуртар назар афканем, пас мебинем, ки он хоҳ нохоҳ ҳар як инсони равшанзамирро ба сулҳу салоҳ, покизаву мубарро нигоҳ доштани муҳити зист ва ҳамзамон ба бомаром риоя кардани пиндори нек, гуфтори нек ва инчунин рафтори нек ҳидоят намуда, дар қалби инсон тухми меҳру муҳаббатро мекошад. Зеро ин нукта дар осори “Наврӯзнома”-и ҳаким Умари Хайём низ чунин ифода ёфтааст: “Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр ба шодӣ гузаронад”. Ин гуфтаҳои ҳакимона, дар замони муосир далели асоснок буда, ба

Аз ҳаминҷост, ки Наврӯзро ҳамчун ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохтаанд. Беҳуда нагуфтаанд:

Навруз биё, занги дилам тоза шавад,

Шояд ғаму дард бурун зи дарвоза шавад.

Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Наврӯз оғози сол, оғози зиндагии тоза, оғози умеду орзу ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад”.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ин ҷашни безаволу бошукуҳи ниёгони некманишу соҳибхиради мо решааш зиёда аз ҳазорсолаҳост, ки ҳамчун як кӯҳи азими пойбарҷо дар ҳама давру замон таҷассумгари хайру некӣ алайҳи ҷаҳолат

Аз ин рӯ, гиромидошти он ҳамчун арзиши бузурги маънавии миллӣ қарзи ҷонӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи миллати сарбаланду соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддуну ҳамзамон ҷашни дӯстдоштании инсоният маҳсуб меёбад. Ва гузаштагони обрӯманду фозили мо ҳамеша ба Эзид, яъне Офаридгори яккаву ягонаи худ рӯ оварда ниёиш мекарданд, ки;

Эй Худованди замину осмон,

То ба Наврӯзи дигар моро расон!

Ҳофизи лиссонулғайб дар ғазали машҳури худ: “Боди Наврӯзӣ” гуфта:

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз парда берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест, ҳукми мири наврӯзӣ.

Лозим ба тазаккур аст, ки маҳз ин ҷашни пуршукуҳи ориёнаву тоҷикона ҷашнест, ки чун ҳамеша дар тӯли мавҷудияти хеш бозгӯйи таъриху фарҳанг, суннатҳои миллии мо буда, замоне солҳои тӯлонӣ дар фаромӯшхонаи таърих қарор дошт ва ба шарофати Истиқлоли давлативу ҳамзамон ба сари қудрат омадани Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо риояи ҳама расму русум ва рамзҳои махсуси тоҷиконааш феълан боиси тафохури ҳамагон гардидааст.

Хулоса, метавон зикр кард, ки ҷашни Наврӯзи дилафрӯз иди миллӣ, ҷашни дӯстдоштаву бостонӣ ва дар ҳама давру даврон боиси ифтихори мардуми ориёитабор ва мардуми Ховар ба ҳисоб рафта, он аз тариқи баргузории Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ва бо қабули Қатънома дар бораи ”Рӯзи байналмилалии Наврӯз” санаи 21-уми март дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофу қадршиносӣ гардид, ки ин падидаи нодир воқеан ҳам гирем, боиси ифтихори мо тоҷикон аст.

Рисолат САЙДУЛЛОЗОДА - корманди Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ