Skip to main content

“Расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз нахустин дастовардҳои таърихӣ ва арзиши муқаддаси оғози даврони истиқлол мебошад, ки танҳо бо майлу хоҳиши мардуми сулҳхоҳу таҳаммулгарои тоҷик муяссар гардид, яъне ин дастоварди таърихӣ, пеш аз ҳама, хизмати бузурги халқи тоҷик мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

123123Бино бар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 27 - уми июн ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди расмии давлатӣ маҳсуб меёбад. Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ доир мешаванд. 27-уми июн, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзи истироҳат муқаррар шудааст. Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ буда, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи ниҳоят душвору хатарбори даврони истиқлоли кишвар паси сар монда, саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид.

Қобили зикри хос аст, ки рӯзи ваҳдати миллӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад. 27-уми июни соли 1997 санади сарнавиштсоз - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ - ба имзо расид, ки ба шарофати он дар кишвар заминаи сиёсию ҳуқуқии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ гузошта шуд.

Мусаллам аст, ки сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки татбиқи даҳҳо барномаву нақшаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари озоди худро ба роҳ монда, обрӯву эътибор ва мақому ҷойгоҳи сазовори байналмилалии Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон таъмин намоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин иброз намуданд: “Мо дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навини худ омӯхтан ва омӯзонидан, инчунин таблиғи арзишҳо ва анъанаҳои неки таърихиву фарҳангиро ба сатҳи давлатӣ бардоштем. Ва чунонки имрӯз мебинем, мафҳумҳои истиқлолият ва озодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, тамомияти арзӣ, ободии Ватан ва созандагӣ на танҳо ҳамчун ғояҳои умумимиллӣ пазируфта шудаанд, балки ба ҳайси қутбнамо дар тафаккури мардумамон ҷой гирифтаанд”.

Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз қадамҳои нахустини даврони истиқлолу озодӣ дар натиҷаи фитнаву дасисаи душманони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ба зарбаи даҳшатноку фоҷиабори таърих - мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ - рӯ ба рӯ гардид. Дар як муддати кӯтоҳ шиддати ҷанги дохилӣ ба дараҷае расид, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик метавонист ба воқеияти даҳшатбори рӯз табдил ёбад. Ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ аз боло то поён аз фаъолият боз монда, тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фалаҷ гардида буданд. Дар ҳамин замина зикр намудан ба маврид аст, ки бо ташаббуси фарзандони огоҳу ватандӯст даъват гардидану баргузор шудани Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ва интихоби роҳбарияти нави сиёсии мамлакат дар он шароити бениҳоят вазнин роҳи ягона ва дурусти қатъи хунрезӣ, истиқрори сулҳу оромӣ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик, бартараф намудани оқибатҳои ҷанг ва фароҳам овардани шароит барои рушди устувори Тоҷикистон буд. Бино бар ин, роҳи расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва густариш додани раванди ваҳдати миллӣ масири бисёр вазнину пурпечутоб буд. Маҳз ба ҳамин хотир барои мардуми кишвар ва, хусусан насли ҷавони мо, ки дар шароити сулҳу субот ба воя мерасанд, донистану дарк кардани арзишу қимати сулҳу ваҳдат ва кӯшишу талоши пайваста ҷиҳати ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарин мебошад.

Дарвоқеъ, имрӯз ҷашни ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузургу таърихии халқамон ба яке аз ҷашнҳои умумимиллии мо ва рамзи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи тоҷик табдил ёфтааст.

Ҳамин тавр, ваҳдати миллӣ дар ташаккулу таҳкими давлатдории миллӣ, поягузори субот ва шукуфоии давлат нақши созанда дорад. Маҳз ваҳдати миллӣ имкон дод, ки кишвар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус дар арсаҳои маорифу фарҳанг, саноату энергетика, кишоварзӣ ва коммуникатсия, рӯз то рӯз истиқлоли хешро тавсеа бахшад, пойдору устувор гардад ва бо роҳи бунёдкорӣ ва навоварӣ пеш равад. Ҳамин аст, ки ваҳдати миллӣ асоси амну суботи давлатию ҷамъиятии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон маҳсуб ёфта, дар баробари арзишҳои истиқлолу озодӣ ва ватану миллат ҷузъи таркибии хираду андешаи сулҳҷуёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми Тоҷикистон ва равшангари роҳи пурифтихори созандагиву ободгаронаи аҳли ҷомеаи мо гардидааст.

Хулоса, ваҳдат калиди бунёди ҷомеаи пешрафтаву солим буда, дар ҳаёти он нақши муҳим дорад. Бино бар ин, таҳкими иқтидори ваҳдати миллӣ барои дурнамои ободи кишвар, эъмори ҷомеаи одилу демократӣ ва мутамаддин яке аз қувваҳои асосии пешбарандаи тараққиёти миллӣ ва омили ҳалкунандаи муваффақиятҳо ва устувории ҷомеаи дунявиву мардумсолор мебошад.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои