Skip to main content

27 – июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Ин рӯзи муқаддас ба халқу миллати азизамон ба осонӣ ба даст наомадааст. Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90 – уми асри XX ба сари халқи мо омад, барои миллати мо яке аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ арзёби карда мешавад.

Дар он рӯзҳои барои миллат душвор ва вазнин қариб, ки ба ояндаи хубу дурахшон боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин рӯзҳои душвор ва давраи ҳасоси таърихӣ фарзанди оқилу шуҷоъи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузошт, ки ин миллат ба сарнагунӣ ва рӯзҳои бад дучор гардад. Ин фарзанди фарзонаи миллати бузурги тоҷик сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дили пур ваъда доданд: “Ман ба Шумо сулҳ меорам” ва ба тақдири неку баланди мо халқи тоҷик ҳамин хел ҳам шуд. Хизматҳо, кӯшишҳо ва ҷонбозиҳои ин фарзани фарзонаи миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон буданд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо баъд аз он ҳама сарсониҳо сарҷамъ гардид. Он вақтҳо мо хурд будему аз тариқи оинаи нилгун аз хурд то бузург ин суханони Пешвои миллатро мешунидем ва ҳамагон интизори чунин суханон будем ва ҳама аз хурсандию хушбахтӣ ашки чашм рехта, якдигарро оғӯш мегирифтем. Ин як лаҳзаҳое ҳастанд, ки дар хотираи мо ҷавонон то охири умр нақш бастаанд. Чунин нақшбандиҳо бояд бошанд, ки такони сохтани ояндаи аз имрӯз беҳтарро медиҳанд.

Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд ва миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати миллӣ барои мо тоҷикон рамзи сарҷамъӣ, якдилӣ, бародарӣ, баробарӣ ва ягонагист. Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ ва хизматҳои беназири шабонарӯзии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат давраи бӯҳронро паси сар намуда, дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуд ва дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба хеле дастовардҳои бузург ноил гардид”

Дар давлате, ки сулҳу оромӣ, тинҷию амонӣ ҳукумфармост, он давлат ҳамаҷониба пеш меравад. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву созандагӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон барои сарҷамъ омадани миллат, ҳифз кардани истиқлолияти давлатӣ, фарҳаги бой ва пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад. Ваҳдати миллӣ ба саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави пешрафт ва ташаккулёбии давлатдории тоҷикон ворид гардид. Ин ҷашни фархунда дар ҷомеаи мо тимсоли сулҳу субот, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ ва осоиштагӣ ба ҳисоб рафта, боиси рушди иқтисоди кишвар ва масъулияти дастаҷамъона барои зиндагии дурахшони ҳозираву оянда дар Тоҷикистон аст. Агар мо ба фарҳанг нигарем мебинам, ки вожаи “Ваҳдат” дар он ҷо ба маънои ягонагӣ омадааст. Аз ин рӯ мо шаҳрвандон пеш аз ҳама бояд якдилу яктан ва якҷо бошем. Вақте, ки ҷамъият муттаҳид аст, вақте ки мо халқ муттаҳид ҳастем, мо пуртавон ба ҳама амали нек ва шоиста мегардем ва ба пешравиҳо комёбем. Ваҳдат ва ягонагӣ аз рукнҳои дӯстӣ, рафоқат, интизоми хуб, ҳамбастагӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ иборат буда, арзиши олӣ доштани ҳаёт ва худи инсонро ифода мекунад.

Мо бояд ифтихор дошта бошем ва ифтихор ҳам дорем, ки чунин роҳбари сулҳофару сулҳпарвар, халқу миллати таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда дорем. Сулҳ ва дӯстии мо дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад, сабру таҳаммул ва боҳикматии гузаштагонамон ва умуман миллати тоҷик мебошад.

Ва имрӯзҳо таҷрибаи сулҳпарварию сулҳофарии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми ҷаҳониён намунаи ибрат гардидааст. Мо насли ҷавон, пайравони Пешвои миллати сулҳофару сулҳпарварамон ҳастем. Инчунин, мо насли ҷавон ёдгориҳои беназири таърихию аҷдодиамонро ҳифз намуда, дар рушди давлати тозабунёд, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ кушиш ба харҷ медиҳем то ҳар яки мо ҳиссагузор бошем. Мо бояд аз чунин Ватани ободу зебо ва маҳбуб шукургузор аз он бошем, ки дар фазои сулҳаш ба воя расида истодаем ва дуогӯй бар он бошем, ки кабутарони сулҳ дар фазои ободу зебои ин Ватани маҳбуб ҳамеша дар парвоз бошанд.

Абдуллозода Абдулло., Иброҳимзода Ҷаҳонафрӯз - ходимони калони илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ