Skip to main content

1Солҳои ҳаштодуми асри гузашта аввалин нишонаҳо аз мавҷи озодихоҳӣ ва ҳаракатҳои равшанфикрӣ дар байни ақвоми мухталифи тобеи давлати Иттиҳоди Шӯравӣ аён гардиданд. Амвоҷи эътирозу истиқлолхоҳиҳо махсусан ба иллати адами озодиҳои фардиву сиёсӣ дар байни мардуме, ки таъриху тамаддуни ҳазорсола доштанд, зиёдтар ба чашм мерасид. Чун сиёсати давлатдории шӯравиён аҳдофи миллии тоҷиконро ҳимоя намекард ва давраи шӯравии рушди давлатдории тоҷикон бар асоси сиёсати умумииттиҳодӣ, ки дар он фарҳанги милливу суннати маҳаллӣ арзиш надоштанд, ташаккул меёфт, бо ба вуҷуд омадани фурсати муносиб тоҷикон ба бузургтарин ҳадафи худ – ташкил намудани давлати алоҳидаи миллӣ мушарраф гардиданд.

Сентябри соли 1991 Тоҷикистон байрақи Истиқлоли худро бардошта, дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси давлати алоҳида муаррифӣ гардид. Аммо умеди садсолаҳои мардум, ки иборат аз ба даст овардани истиқлолият буд, носипосиҳои зиёдеро ҳам дар бар дошт. Ба қадри ин ҳадяи бебаҳои таърихӣ расидан ҳанӯз мардум омода набуданд. Дар бораи вазъияти он солҳо таърихнигорону сиёсатмадорони бумиву хориҷӣ мақолаҳои бешумору асарҳои зиёде таълиф намуданд. Аммо суханони пурдарду ҳасрати Пешвои миллат таъсири дигаре доранд. Мавсуф он рӯзҳои шуму соатҳои номуборакро ёдовар шуда, дар чанд ҷумлаи кӯтоҳ баҳона ва сабаби он нооромиҳо, саркардагону таҳмилгарони ҷанги шаҳрвандӣ, иллати парокандагии миллату заифии иқтисоди давлатро одилонаву олимона баршумурданд: “Тундбоди воқеаҳо, ки онҳоро бозсозӣ ба ҳаракат дароварда буд, боиси хархаша ва моҷароҳои зиёди сангину нангин дар Тоҷикистон шуданд. Ҷоҳталабону қудратталабон, рӯҳониёне, ки солиёни зиёд андешаи ба даст овардани ҳокимиятро дар дил доштанд, бо пуштибонии қувваҳои хориҷие, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро намехоҳанд, якбора ба мубориза ошкоро бархостанд. Ҳисси носолими маҳалгароӣ, хешутаборпарастӣ тухми кинаву адоватро байни мардум пошид ва ба парокандагии миллат сабаб гардид. Ҷумҳурӣ ба вартаи касодии иқтисодӣ ва сиёсӣ гирифтор шуд. Рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ боздошт шуданд. Сатҳи зиндагӣ поин рафт. Ахлоқи ҷомеа тағйир ёфт. Умеду орзуҳои неки мардум нимкора монд”.

Ҷанги таҳмилии бародаркушӣ душманонро шоду умеди меҳандӯстонро, ки Истиқлолиятро заминаи озодиву ободӣ пиндоштанд, барбод дод. Нафридану накӯҳидан овози дилҳои мардум гашту ғазабу ғараз пардаи чашмҳоро пӯшида буд. Аз ҳама бад дӯстро аз душман фарқ кардан дар он рӯзҳо муҳол буд. Бародар бар хуни бародар аҳд баст. Ана ҳамин буд самара аз ҳафтод сола давлати шӯравие, ки аз он мефахридему менозидем. Мардуми тоҷик, ки таърихан фарҳангдӯст буду сулҳхоҳ ҳаргиз бояд ба ҳамдигаркушӣ роҳ намедод. Аммо чун аз аҳли ҳувиятбарбоддодагон будем, дар ин давраи гузариш, ки рукнҳои ҳувияти миллӣ аз хотирҳо маҳв гашта буданд, имону виҷдону шукру сабр дигар коргар наяфтоданд. Ба илова, “таҷрибаи даврони шӯравӣ собит сохт, ки нобаробар тараққӣ кардани минтақаҳои гуногун метавонад омили норизоӣ, ноиттифоқӣ ва заиф гардидани ҳамбастагии дохилии ҷомеа гардад”. Зарари моддӣ аз натиҷаи ҷанг агар беш аз ҳафт миллиард доллари амрикоиро ташкил дода бошад, зарари ҷонӣ ҳадду ҳисобе надошт. Чаро ки он чӣ тороҷ гашту ба яғмо рафту валангор шуд, дар солҳои минбаъда барқарор гардид, аммо шамъи он ҷонҳое, ки хомӯш гардид, ба қавли Пешвои миллат “ба шарафу нангу номуси халқу миллат ва саҳифаҳои таърихи чандинасраи безаволаш доғи нанг гузошт”.

Хушбахтона, ба қавле «к-аз хато дур туро зеҳну закои ту кунад», халқ бо такя ба заковату фаросати таърихии худ ба қасди фиребофаринон пай бурда, сарчашмаи эҳсосро хушку лаҷоми ақлро ба даст гирифта, дар фикри ба ҳам овардани миллату ташкили давлату ҳукумат гардид. Ноябри соли 1992 мардуми сулҳхоҳи Хуҷанди бостон бо оғӯши боз намояндагони Иҷлосияи XVI Шурои Олиро истиқбол карданд. Маҳз 19 ноябри соли 1992 бо раъйи баста муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори давлат интихоб мегардад. Раиси навинтихоби Ҷумҳурии ҷадидтаъсиси Тоҷикистон аз рӯзи ба раёсати Шурои Олӣ расидан ба ҳалли муҳимтарин вазифа – поён додани ҷанги дохилӣ дар кишвар даст мезанад. Барои ин манзур ӯ музокирот бо мухолифинро оғоз мекунад. Бо вуҷуди чаҳор соли музокира талошҳое барои дастёбӣ ба тавофуқ сурат гирифт. Мулоқот бо мухолифон 18 маротиба, дар шаҳрҳои Маскав, Эрон, Ашқобод, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор мегардад. Барои бастани шартномаи ризоияти миллӣ монеаҳо ниҳоят зиёд буданд. Ҳарчанд дар давоми ду соли ташкили Ҳукумат зиёд масъалаҳо, аз ҷумла ташкил кардани вазорату кумитаҳо, ҷоннок кардани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, таҳия шудани қонунҳои тақдирсоз, қабул шудани рамзҳои давлатӣ, ба ватан баргардонида шудани қисмати зиёди гурезагон ва амсоли инҳо ҳаллу фасл шуда бошанд ҳам, ҳанӯз номувофақативу мухолафат дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ва дур аз ихлосу мухоласат будани гурӯҳе аз мансабдорон дар ба эътидол овардани вазъият халалҳои ҷонгазой мерасонданд. Агарчи вазъият дар бархе аз нуқоти ҷумҳурӣ бад буда, мухолифин ҳамчунон мусаллаҳ буданд, Сарвари давлат мисли ҳарвақта умеди ваҳдатро дар ҷон нашикастанд ва он низоъҳоро носозии байни бародарон бишмурданд ва умедашон буд, ки “оқибат ақлу хиради солим пирӯз меояд ва мо дар рӯзи саодат ба рӯйи бародарону хоҳарон – ба рӯий якдигар оғӯши гарм мекушоем”.

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун рӯйдоди бузурги сиёсӣ мақоми хоса дорад. Маҳз ҳамин маъракаи сиёсӣ кишвари моро аз вартаи харобиву нестшавӣ наҷот дода, пояҳои давлати навтаъсиси тоҷиконро мустаҳкам намуд. Кулли дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият бо ин иҷлосияи тақдирсози таърихӣ робитаи мустаҳкам доранд.

Фарорасии ин ҷашни миллиамонро ба кулли мардуми шарафманду саодатманди тоҷик муборакбод гуфта, муваффақияту хушрӯзиҳои бештарро ба ин халқи фарҳангофар хоҳонем.

Ҳоким ҚАЛАНДАРИЁН, Директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ