Дар марҳалаи муосири тараққиёти давлат ҳангоми интихоби самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ дар асоси омилҳои гуногун амал мекунад, ки қарорҳои дахлдори роҳбарияти кишварро муайян мекунанд. Маҳз таҳлили омили Ваҳдати миллии давлат имкон медиҳад, ки равишҳои принсипиалии назариявии дарки фаъолияти он дар арсаи байналмилалӣ таҳия ва барои қабули қарорҳои сиёсати хориҷӣ тавсияҳои дахлдор тартиб дода шаванд.
Дар баробари ин ба масъалаи муайян намудани онҳо шумораи зиёди асарҳо ва таҳқиқотҳо бахшида шудаанд, зеро маҳз омилҳое мебошанд, ки заминаи асосии ташаккули сиёсати хориҷӣ мебошанд. Умуман, байни муњаќќиќон дар бархурдњояшон ба муайян намудани омилњо тафовути куллї вуљуд надорад, вале онњо афзалияти худро дар муайян кардани сиёсати хориљии давлат дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба таври гуногун ба назар мегиранд.
Марҳалаи муосири тағйирёбии муносибатҳои байналмилалӣ, ки аз солҳои 90-уми асри ХХ оғоз гардидааст, аз ҳамаи марҳалаҳои қаблӣ комилан фарқ мекунад. Ин марҳала ҳамчун идомаи табиии занҷири ногусастании таърихии рӯйдодҳо ва падидаҳо ҳанӯз муҳтавои пурра ва сурати асосии худро пайдо накардааст. Пеш аз ҳама ғайриодӣ будани он дар давомнокияш ифода меёбад. Имрӯз низ ин раванд дар ҳоли ташаккулёбӣ қарор дорад.
Воқеан Ваҳдати миллӣ омиле мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлат ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта диққати моро ба худ ҷалб месозанд. Гарчанде бо пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар бархе аз ин ҷумҳуриҳои иттиҳод Истиқлоли давлатӣ бе ҳеҷ гуна хунрезӣ ба даст омад, аммо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъала ранги дигар гирифт. Баъзе неруҳои хориҷӣ ва дохилӣ вазъи номусоиди иқтисодиву сиёсии давлатро баҳона карда, гурӯҳҳои мухолифинро ба шур оварданд. Қувваҳои иртиҷоии дохилӣ фароҳам овардани тартиботи демократиро шиори худ қарор дода, маҳалгароиро пеш гирифтанд. Дар натиҷа зумраҳое падид омаданд, ки аҳолии давлатро аз руи мансубияти миллӣ ва маҳаллӣ бар зидди ҳамдигар хезониданд. Ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо истифода аз фурсати мусоид дар он айёми ҳассос ҳадафи асосии зумраи ихтилофангез буд ва онҳо дар ин ҷода аз ҳеҷ чиз, ягон роҳу восита рӯ наметофтанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш, ки мислашро таърих дар хотир надошт, ба вуқӯъ пайваст. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле вазнин гардида, буҳрони амиқи душворҳал ғyттавар шуда буд. Таҳдиди дастаҳои яроқнок ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе равона гардид. Вакилони мардумии Шурои Олии Тоҷикистон хатари неруҳои ихтилофбаранггезу яроқнокро эҳсос намуда, дигар кори худро давом дода наметавонистанд. Ҳукумат тамоман фалаҷ гардида буд, на аз уҳдаи роҳбарӣ ба кишвар, на аз уҳдаи ҳимояи худ мебаромад.
Саволе ба миён меояд, ки чаро маҳз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин мизон корбаст шудани воқеаҳо ба миён омад. Ҷавоби наздики инро мо дар нобаҳангом, ғайричашмдошт зуҳур намудани муносибатҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пайдо намуданамон мумкин аст. Дар мавридҳои аввал иддае аз мардум чунин ранг гирифтани авзои сиёсиро таҳаммул карда наметавонистанд. Авзои иқтисодӣ бошад дар кӯтоҳтарин муддат бо халалдор гардидани фишангҳои ҳафтодсолаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ яку якбора фурӯ рехта, нобасомониҳоро ба миён овард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ки аз ҷиҳати хусусиятҳои геосиёсӣ нисбати дигар давлатҳои пасошуравӣ фарқ мекард, аз ин ҳисоб дар ин майлон бештаран хисорот медид.
Мувофиқи Консепсияи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27январи соли 2015, №332) бо назардошти мавқеи геосиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои табииву демографӣ ва сатҳи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии он, сиёсати хориҷии кишвар ба таври воқеъбинона ва амалгароёна ба роҳ монда мешавад. Он бо эҳтиёҷоти иқтисодии давлат робитаи узвӣ пайдо намуда, таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми робитаҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва дастгирии сиёсию дипломатии манфиатҳои иқтисодии онро ҳадафи худ қарор медиҳад.
Дар таърихи башарият дар бунёди давлат ва ташаккулёбии халқияту миллатҳо Ваҳдати миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Инсоният борҳо дар масири таърих ба ҷангҳои қавмию дохилӣ ва байни давлатӣ рӯбарӯ гардида, талафоти зиёд дидааст. Аммо ягона омиле, ки ба хотимаёбии ҷангҳо асос шуда, инсонро аз талафот ва шаҳрҳоро аз харобшавӣ наҷот додааст ин Ваҳдати миллӣ аст. Ваҳдати миллӣ дар назар як вожаи оддӣ намояд ҳам, аммо дар асл як ибораи созанда, офарандаи шодию тараб, пайвангари инсонҳо ва васлкунандаи таърих дар арсаи ҷаҳон мебошад.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва махсусан, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки роҳи бозсозӣ ва ободонии Ватанро дилпурона пеш баранд. Дар ин самт дар ҷумҳурӣ як силсила қарору қонунҳои зарурӣ, ки ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамуданд, қабул ва ба тасвиб расонда шуданд. Аз ин ҷиҳат, санаи 27 – уми июни соли 1997, ба назари мо, инчунин тасдиқи дигарбораи Истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии онро ҳам собит намуд:
¾ ақли солим бар тафаккури золим ғолиб омад;
¾ ягонагӣ устувор шуд ва ҷудоӣ барканор шуд;
¾ низоми давлатдории миллӣ ва тоҷикӣ рӯйи кор омад;
¾ ҷанги шаҳрвандӣ сабаби порашавӣ ва тағйиротҳои ҳудудию марзӣ нагардид, баръакс миллатро муттаҳид кард;
¾ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо робитаҳои судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ шинохта шавад.
Дар марҳалаи муосир принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шудааст. Ваҳдати миллӣ ҳамчунин ба мо имкон дод, ки ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати “дарҳои кушода” – ро эълон ва пайгирӣ намуда, барои ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ муносибатҳои баробар ва мутақобилан судмандро ба роҳ монда, онҳоро барои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ва ташвиқ намоем. Сиёсати “дарҳои кушода” ва бисёрсамтӣ афзалияти худашро нишон дод, ки дар натиҷа сармоягузорони зиёде ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ оварданд. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои кушода”, сулҳхоҳона ва беғараз буда, зимни татбиқи он, Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст бо ҳамаи кишварҳои дуру наздик робитаҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайнро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд густариш диҳад.
Моҳи сентябри соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 52 – юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, дар ҳузури намояндагони беш аз 180 кишвари олам ва созмонҳои зиёди байналмилалӣ оид ба натиҷаҳои фараҳбахши истиқрори сулҳи пойдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, ҷомеаи ҷаҳониро ба омўзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва татбиқи он дар минтақаҳои доғи дунё даъват намуда буданд. Воқеан, раванди таҳкими Ваҳдати миллӣ нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Аз ин рў, коршиносон ва аҳли илми кишварҳои гунонгун таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омўхтанду меомўзанд ва ба корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ баҳои баланд медиҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш нуфуз ва мавқеи худро мустаҳкам нигоҳ медорад. Бо назардошти вусъати рӯзафзуни равандҳои ҳамгироии сиёсиву иқтисодии бисёрҷониба ва гуногунсатҳ дар низоми муносибатҳои байналмилалии замони муосир, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини иштироки густурдаи кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ равона шудааст, то бад-ин васила Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими амнияту субот ва ҳамкориву муколамаи созандаи байналмилалӣ саҳм гузорад ва имкониятҳои созмонҳои мазкурро барои рушди устувори кишвар ҷалб намояд.
¾ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст;
¾ Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлат расман эътироф кардаанд;
¾ Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба бо кишварҳои гуногуни олам ба имзо расидааст, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, амният ва дигар самтҳо фаро мегиранд;
¾ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дорад;
¾ Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 май аз тарафи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол муқаррар карда шуд;
¾ Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо гашт.
¾ Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо амалӣ гардид;
¾ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Аз ҷумла, соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд;
¾ Соли 2010 шаҳраки қадимаи “Саразм” ба феҳристи мусаввараҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардид;
¾ Соли 2018 ЮНЕСКО “Чакан” – ро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид намуд.
Ваҳдати миллӣ дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих низ таъсири бузурги худро расонид. Дар ин давра олимону муҳаққиқон ба пажӯҳиши баъзе аз саҳифаҳои норавшани он рӯ оварда асару мақолаҳои бунёдӣ офариданд. Хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши таърихро қарзи фарзандию роҳбарии худ дониста як силисала асарҳои бузургҳаҷм аз ҷумла, “Аз Ороиён то Сомониён”, Нигоҳе ба таърихи тамаддуни Ориёӣ”, “Чеҳраҳои мондагор” “Забон ҳастии миллат” ва даҳҳо асари таърихии дигар офариданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳои баланмазмуни худ исбот намуданд, ки тоҷикон як миллати бузурги таърихӣ буда, нақши онҳо дар тараққиёти тамаддуни башарият ва ташаккули низоми муносибатҳои байналмилалӣ беназир аст.
Имрӯз бо шарофати Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз давлатҳои амнтарин дар дунё шинохта шуда, мардуми онро мардуми сулҳдӯсту инсонпарвар мешиносанд. Маҳз ваҳдатсолорию ваҳдатдорӣ ойини мо тоҷикон аст, ки аз тамоми дунё имрӯз сайёҳону ҷаҳонгардон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз минтақаҳои таърихии он дидан менамоянд ва бовари ҳосил менамоянд, ки тоҷикон дар воқеъ як миллати таърихӣ мебошанд.
Ҳамин тариқ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот аз дастовардҳои арзишманди таърихию муқаддаси даврони истиқлолият мебошанд. Ваҳдат иттиҳоду сарҷамъии инсонҳо буда ва сулҳу оромӣ ва ободию пешрафти давлат аз мавҷудияти ваҳдату ҳамдилӣ вобастагии калон дорад. Воқеан, Ваҳдати миллӣ омили асосии тағйирёбии муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад. Инчунин, мустақияти онро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
РАҲМОНЗОДА Азимҷон, ходими калони илмии Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои таърих
РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА
1. Консепсияи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27январи соли 2015, №332).
2. Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд. Ҷилди 1. – Душанбе: “Фасл-4” 2021. – 392 с.
3. Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: Контраст, 2018. – 422 с.
4. Раҳмонзода А.Ш. Муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи муосир. Монография. Душанбе: «Дониш», 2022. – 172 с.
5. Раҳмонзода А.Ш. Нақши Пешвои миллат дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Осиё ва Аврупо №1(3), 2020. – С. 24–28.
6. Раҳмонзода А.Ш. Ваҳдати миллӣ – омили созанда дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ. Маводи семинари илмӣ-назаривии ҷумҳуриявӣ зери унвони “Мусолиҳаи миллӣ дар Тоҷикистон ва аҳаммияти он”– Душанбе, - 2024. – 111 с. – С. 39 – 52.
7. Раҳмонзода А.Ш. Сиёсати муваффақ ва ташаббусҳои ояндасози Пешвои миллат омили пайвандгари Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир // Паёми ДМТ №11, 2023. –С. 307-314.
8. Раҳмонзода А.Ш. Хусусиятҳои муносибатҳои байналмилалии муосир ва раванди тағйирёбӣ // Паёми ДМТ №11, 2023. Қисми 2. – С. 68-76.
9. Раҳмонзода А.Ш. Омилҳои таҳаввули низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ // Паёми ДМТ №6, Қ.1. 2024. – С. 292-297.
10. Раҳмонзода А.Ш. Сиёсати хориҷии давлат дар марҳилаи муосир: Омилҳои объективӣ ва субъективӣ // Паёми ДМТ №7, 2024. – С. 274-279.
11. Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон URL:https://www.mfa.tj/tg/main/sijosati-khoriji/ (Санаи муроҷиат: 10.06.2025).