Skip to main content

Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ – 27 июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

dsВожаи ваҳдат ба истиқлолият ва озодӣ ҳамбастагии зич дорад. Мақсад аз ваҳдат, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва иттиҳодро гуфта мешавад. Аммо, ин ваҳдату иттиҳоду ҳамбастагӣ ба осонӣ насиби халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик нагаштааст. Зеро баъди пошхӯрии ҳокимияти Иттиҳоди ҷамоҳири шуравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд бо бисёр мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуда, тавонист ҳамаи ин нокомиҳоро пушти сар гардонад. Зеро ҳодисаҳои дохилии охир, ки паҳлуҳои тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ ва майдоншиниҳои тарафҳоро ба худ доро буд, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид, аммо ваҳдату истиқлолият буд, ки омилҳои парешонии давлати тоҷиконро аз байн бурд. Ҷанги таҳаммулии дохилӣ, шурӯъ аз кашмакашҳои сиёсӣ ва низоъҳои мусаллаҳона, ки зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуд, дар натиҷа ҳазорон ҷавононро аз байн бурд ва кӯдакону наврасонро ятим гардонид. Зеро ҳуқуқу озодиҳои инсон дар зери тиру туфанг садо баланд карда наметавонистанд, бисёриҳо маҷбур шуданд манзилҳои худро тарк намуда, ба бисёр кишварҳо гуреза шаванд.

Хушбахтона, дар чунин вазъияти басо сангин 16-уми моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи XXI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ин Иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд.

Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муроҷиат намуда, бо қатъият чунин изҳор карда буданд: «То даме ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеч гуна кӯмаку мусоидатҳои кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам». (Низомов А.Б. Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. (http://www.vhk.tj).

Пас аз ин баёния гуфтанд, ки «Ман қасам ёд мекунам, ки тамому донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳравона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизамон содиқона меҳнат мекунам» (Баротова Н.Љ. Наќши иљлосияи шўрои олї дар тањкими истиќлолияти давлатї. – С. 80).

Ҳамин хидмати бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон буд, ки онро дар амал таҷассум намуданд. Зеро Ҷаноби Олӣ ҳамчун шахси нодири таърихӣ ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва муракабби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуданд. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст (Сайидзода З.Ш. Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ. – С. 15).

Зеро аз рӯзҳои аввал, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ дарк мекард, ки дар он шароите, ки Тоҷикистон қарор гирифта буд, яъне дар вазъияте, ки тамоми рукнҳои давлатдорӣ корношояму фалаҷ шуда буданд ва ё умуман вуҷуд надоштанд, таърих ва сарнавишт барояш рисолати бузург, вале ниҳоят душвори бунёд намудани давлати навинро гузоштааст (Сайидзода З.Ш. Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ. – С.16).

Бо вуҷуди ин ки дар солҳои баъд таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои муайянсозанда ва танзимкунандаи усулҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар таҳия гардидаву ба тасвиб расиданд, ин ғояҳои бунёдии консепсияи сиёсати хориҷӣ аҳамияту арзиши вижаи худро то ҳол ҳифз намудаанд: «Дар вақти таҳия сохтани консепсияи сиёсати берунии кишварамон мо бояд ба назар бигирем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҳалли ҷуғрофӣ, мавқеи геосиёсӣ ва манофеи иқтисодиаш ба панҷ ҳафзаи сиёсӣ дохил мешавад.

Ҳавзаи якум: Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст, ки, бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш, ба сӯи таҳкими равобити ҳамаҷиҳата тамоили ботинӣ дорад.

Ҳавзаи дуввум: Осиёи Марказист, ки кунун рӯ ба ваҳдати иқтисодию сиёсӣ қарор дорад.

Ҳавзаи севвум: фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам, онҳоро на фақат ҳамбастагии таърихӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ ба ҳам ҷалб мекунанд.

Ҳавзаи чаҳорум: Доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину оин ва суннатҳои рӯҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайванданд.

Ниҳоят, ҳавзаи панҷум: Ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳириву ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд.

Ҳамагон медонанд, ки ҳар гуна сиёсати давлат дар ниҳояти кор дифоъ аз манофеи миллист. Пас, ҳадди ҳунари сиёсатмадорӣ дар арсаи ҷаҳон, дарёфтани мувозинати оқилона ва одилонаи манофеи мухталифи давлатҳост. (Сайидзода З.Ш. Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ. – С. 123-124).

Санаи 8-уми декабри соли 1992 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пеши роҳи ҷанги бародаркушро гирифтан қадами аввалини худро гузоштанд, ки ин муроҷиатномаи ӯ ба халқи тоҷик буд. Дар муроҷиатномаи мазкур аз ҷумла омадааст: «Падару модарон, хоҳарону додарон! Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраи таърихиро аз сар гузаронида истодааст. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллату давлати мо шуда истодаанд. Мо, ки ворисони Рӯдакию Сино, Сомонӣ, Ҳофизу Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ҳастем, бо ақлу заковати хеш бояд бо сабру таҳаммул бошем ва нагузорем, ки фарзанд ё бародари мо даст ба ҷиноят занад» (Низомов А.Б. Ваҳдати миллӣ – пояи сулҳ. (http://www.vhk.tj/tj). Имрӯз, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба решаи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун оби ҳаёт зам мегардад (Хайрулло М., Розиқов Ф. Нақши Пешвои миллат дар ташаккули Ваҳдати миллии тоҷикон. (https://farazh.tj/).

Истиқрори сулҳ ва таъмини Ваҳдати миллӣ дар кишвар, яке аз дастовардҳои охири садаи ХХ мебошад, ки ин дастовард аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад (Алланазаров Ш. Ваҳдати миллӣ – бақои ҳар давлат.(https://farazh.tj/).

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт” (Ваҳдати мо акси бебокии ӯст. АМИТ «Ховар». (www.khovar.tj).

Ваҳдати миллӣ ва таҳкими сулҳу суботи мамлакат бори дигар тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг муаррифӣ намуд. Маҳз Ваҳдати миллӣ боиси ба эътидол омадани суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида буд. Имрӯз фалсафаи ваҳдатофарии тоҷикон ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун падидаи байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ маъмул мебошад. Дар ин замина Ваҳдати миллӣ дар зеҳну тафаккури миллат ангезаи эҳёи миллиро бедор намуда, дар тақвияти шуури миллӣ ва худшиносии миллии қишрҳои мухталифи ҷомеа дар шароити соҳибистиқлолӣ такони ҷиддӣ бахшид (Баротов И.И. Ваҳдати - миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ.(https://mts.tj/).

Мо бояд бо зиракии сиёсӣ, дониши васеъ, ҷаҳонбинии дақиқ, имконот, таҷриба, шуури дунёдарккунӣ ва афкори равшанбинона нагузорем, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки нияти нопок доранд, ҳадафҳои худро дар кишвар амалӣ созанд.

Мо бояд, дар ҳама ҳолатҳо масири илму донишро дунболагирӣ намоем. Маърифат ва ҳисси гиромидошти Ваҳдати миллиро дар рӯҳияи мардум парвариш диҳем. Рӯҳияи ваҳдати аслиро тавассути омӯзиши таъриху фарҳанг дарк намуда, тақвият бахшем. Дар ҳамовозӣ бо Паёмҳои ваҳдатбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати худро дурусттару муассиртар анҷом бахшида, Тоҷикистони азизи худро аз ин беш ба авҷи пешрафту ифтихор бирасонем. (Алланазаров Ш. Ваҳдати миллӣ – бақои ҳар давлат.(https://farazh.tj/).

Ҳамин тариқ, истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми шариф ва сарбаланди тоҷик мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи ин миллати куҳанбунёд ба даст омадааст.

ОДИНАЕВ АБДУҲАЛИМ Институти омӯзиши масъалаҳои давалатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ