Skip to main content

«Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».

Эмомалӣ РАҲМОН

Оре, Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва нерӯҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат ба мисли гулҳои баҳорӣ рӯз то рӯз шукуфта, иқтисодиёташ дараҷа ба дараҷа меафзояд, аз ҷиҳати фарҳангӣ ва аз ҷиҳати сиёсӣ пеш меравад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Баъди имзои Созишномаи умумии пойдории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскав сурат гирифт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ба истиқболи мардум ба шаҳри Душанбе омад. Ин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсозро шоири ширинкалому равоншод Лоиқ Шералӣ дар ғазали тараббунёдаш бо номи «Сулҳи деринтизор» хеле табиӣ ба қалам додааст:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,

Ҳотифи зиндадори мо омад…

Чор сӯ буд тирборонҳо,

Яке тири барори мо омад.

…Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Имсол аз имзои Созишномаи умумии пойдории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту ҳафт сол сипарӣ мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи такдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди он оғоз намоем.

Ҳаммаънои вожаи «ваҳдат» «сулҳ» аст. Сулҳу ваҳдат инкоркунандаи ҷангу низоъ ва нооромию душманист. Ваҳдат дар ҷомеа бисёре аз хислатҳои манфии инсонӣ кинаю адоват, бадбинӣ душманӣ, бадхоҳӣ, ҷангу низоъ, нобаробариҳои иҷтимоӣ ва қашоқию дилшикастагиро аз байн мебарад. Инсонҳо хушбахту хушрӯз мегарданд. Ояндаи ҷомеа ва ҳаёти давлатдорию давлатсозӣ, ки дар дасти мо ҷавонон аст инро мо бояд хуб дарк кунем. Таърихи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гувоҳи он аст, ки мо бо сабабҳои субъективию объективӣ дар фосилаи муайни вақт аз ягонагӣ даст кашидем ва ба гурӯҳҳо ҷудо гардидем. Ҷудо гардидани мо ба гурӯҳҳо бадбахтии гаронеро ба сарамон овард, ки ба хуну руҳ, тану ҷисм, хотираю таърих, сарвату боигарӣ, забону фарҳанг ва ба тамоми сириштамон неши ҷонкоҳ зад. Ҷудоии мо моро заиф сохт, муҳтоҷи кумаки дигарон кард, модаронамонро аз фарзандони ҷавони худ маҳрум сохт, хонаамонро хароб, дӯстону наздикон ва ҳамватанонамонро гуреза сохт ва наздик буд, ки бо тамоми ҳастиямон моро маҳв созад. Аммо вақте ба ҳам омадем, ба ваҳдат расидем, сулҳ бастем пуриқтидор ва бузург шудем. Чигунае, ки шоири маъруфу машхур Неъмати Оташ дар шеъри «Ваҳдати дилҳо»-и худ меҳрубону ҷонбаҷон шудани халқи шарифи тоҷикро тараннум кардааст:

Биё, ки то абад меҳрубони ҳам бошем,

Ба сад фараҳ ба ҳам оему ҷони ҳам бошем.

Биё, зи ваҳдати дилҳост ин ҷаҳон обод,

Расули сулҳу сафо дар ҷаҳони ҳам бошем.

Шоири хушзавқу хушсалиқа ва худогоҳ Аҳлиддини Ҳисорӣ низ ин ҳама ҷӯшу хурӯши андешаро дар қаламрави шеър аз баракати сулҳ, оромӣ ва ваҳдат медонад. Ҳамон тавр ки арз шуд, дар китоби тозаи шоир муҳаббат ва дилбастагии самимона ба сарзамини ниёкон, мардони бузурги он, сулҳу ваҳдат ва ормонҳои миллӣ зебову шево ба тасвир гирифта шудааст. Масалан:

Ҳамдилии мардумон аз ваҳдат аст,

Ҳамммаромӣ дар ҷаҳон аз ваҳдат аст...

Дар ҳама ақсои дунёи бузург,

Дӯстии ҷовидон аз ваҳдат аст.

Мо ҷавонон бояд ифтихор дошта бошем, ки халқу миллати мо таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда аст. Сулҳдӯстии мо дар тули тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули гузаштагонамон аст, ки ин далели қотеи фарҳанги қадима ва суннатҳои созандагии миллати мост ва мо ҷавонон инро бояд омӯзем, дар сиришти худ ҷой диҳем ва дар зиндагии ҳамарӯзаамон истифода намоем.

Чигунае ки мо мебинем, дар ҷаҳони имрӯза давлатҳои алоҳида бо як хатоии хурди сиёсӣ сулҳу ваҳдат ва таъмини амниятро дар дохили кишварашон аз даст дода, ба майдони ҷанг ва бархурди манфиатҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ табдил ёфта истодаанд. Ин омилҳои сиёсӣ ба мо ҷавонон ҳушдор медиҳанд, ки роҳу усулҳои ҳифз ва таҳкими абадияти сулҳу ваҳдати миллиро дар кишварамон омӯзем ва сулҳу ваҳдатро дар ватанамон ҷовидонӣ нигоҳ дорем. Пеш аз ҳама бояд таҳлилгари сиёсию идеологӣ бошем ва ба равандҳои сиёсӣ аз нуқтаи назари таҳлилӣ баҳои дурусту ҳақонӣ дода тавонем. Мо бояд ҳеҷ гоҳ дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ ба хатоӣ роҳ надиҳем, ки як хатои хурдакаки мо метавонад боиси аз байн рафтани сулҳ, ваҳдат ва оромии кишварамон гардад. Мо ба ҳамаи мақсаду ҳадафҳоямон танҳо дар ҳамон сурате мерасем, ки сулҳу ваҳдат дар кишварамон пойдору ҷовидон бошад. Бе пойдории сулҳу ваҳдат мо ҳатто як пора нон ёфта наметавонем. Мо наметавонем аз ҷони худ ва шарафу номуси худ ҳифз кунем. «Ҷомеа ё миллате, ки ғояи ваҳдати миллӣ надорад, ҳамеша эҳтимолияти ба буҳрони сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифтор шуданаш мавҷуд аст».

Хулоса, мо ҷавонон бояд дар сатри аввали хотираи худ ҷой диҳем, ки ҳанӯз дар сароғози бунёди давлатдории миллии худ қарор дорем ва ҳадафи асосии мо бунёди давлати тараққикардаи миллӣ мебошад. Миллати куҳанбунёди мо дар тули ҳазорсолаи парокандагӣ орзуҳои зиёдеро дар дил парвариш намудааст, ки имрӯз вақти амалӣ намудани онҳо фаро расидааст. Амалӣ намудани ин ҳама орзуҳо дар ҷодаи давлатдорию давлатсозӣ ба дӯши мо ҷавонон вогузор мебошад, ки ин кори бениҳоят пурифтихор ва пуршараф аст. Аммо ҳамаи орзуҳои мо танҳо дар фазои сулҳу осоиш ва танини ваҳдати миллӣ амалӣ карда мешаванд. Мо бояд миллати сарбаланди худро ҳатман ба орзуҳояш расонем ва руҳи гузаштагони худро шод гардонему заҳмати кашидаи онҳоро қадр намоем. Дар ин ҷода ғояи ваҳдати миллӣ ва бунёди давлати пешрафтаи миллӣ ду сарчашмаи асосии идомаи ташаббусҳои ватансозию ватандории мо мебошанд.

Хайрулло Раҷабалиев, ходими илмии Маркази мероси хаттии АМИТ