Баргу сози коинот аз ваҳдат аст
Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст.
(Муҳаммад Иқбол)
Имрӯзҳо дар гушаву канори сайёра нооромиҳои динию мазҳабӣ ва геополитикии гуногун ба назар мерасад. «Дар вазъияти баамаломада ягона роҳи аз бадбахтӣ, ки худ буҳрони маънавии умумибашарист, андешаи мутаҳидкунандаро пазируфтан ҳатмист. Чунин андешаи муттаҳидсоз – андешаи ваҳдат аст».[1] Дар муқобили чунин таҳдидҳо ҳамон ҷомеае метавонад аз худ истодагарӣ нишон диҳад, ки дар баробари соири омилҳо инчунин ба зарурияти тақвияти арзишҳои ботини ваҳдатгароёна таваҷҷуҳи пайваставу хоса зоҳир намояд. Чунин вазъият ҳар як фарди ҷомеаи моро водор месозад, ки андешаи ягонагӣ, муттаҳидӣ, яъне андешаи ваҳдатро бошуурона пайгир бошем. «Дар дифои фарҳангу ҳуввият, худшиносӣ ва тафаккури миллии хеш мо танҳоем. Моро дар ин ҷабҳа ба ҷуз худамон ҳеҷ нерӯи дигаре дифоъ карда наметавонад. Аз ин боис яке аз самтҳои афзалиятноку стратегӣ – масоили худшиносист»[2]. Миллати мо имрӯз амиқ эҳсос кард, ки бунёдгузору меҳансоз, тақдирсози миллати тоҷик, созандаи ҷомеаи навин, на аз берун буда, балки худи ӯ мебошад.
Ваҳдати миллӣ имконият додааст ҳар як фард фаъолияту амали худро дарк намояд ва дар тарозӯи ақл баркашад ва ба қадри истиқлолу озодӣ расад ва онро ҳифз намояд. Озодӣ ва истиқлолият, қайд менамояд асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаётии инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошад».[3] Роҳбари давлат пайваста таъкид менамояд, ки ваҳдату ҳамбастагӣ ба сифати кафили пешрафти ҷомеа бояд пайгирона минбаъд низ ҳамчун мафкураи давлати сармашқи фаъолияти кулли ниҳодҳои расмию ғайрирасмии ҷомеа эътироф карда шавад ва барои дар зеҳни аъзоёни ҷомеа ҷой додани муҳтавои онҳо иқдомҳои ҷиддию ҳамешагӣ сурат гирад.[4] Таърихи ҷамъият исбот намудааст, ки зиндагонии шоиставу сазовори мардум ва рушди босуботи ҷомеа танҳо ҳангоми ҳукумронии ваҳдати миллӣ имконпазир мегардад. Аз ин ру, ваҳдати миллӣ бузургтарин арзиши миллӣ ва дастоварди ҳар як миллат аст.
Президети мамлакат таъкид мекунад, ки «Сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар кадоми мову шумо ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёриии зеҳниро аз даст надиҳем, ватандӯсту ватанпарвар бошем, аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон ифтихор кунем ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиямонро эҳтиёт ва ҳифз намоем». Ҳамин суханони президент худаш барои мо як барномаи роҳи ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва барномаи имрӯз ва дурнамои фаъолият хоҳад буд.
Президент дар доираи мактаби давлатдории ҷаҳон фикр кардан дорад. Дар ин мактаб ӯ аз чизҳое огоҳ аст, ки мо ба фаҳмиши он ҳоло нарасидем. Президент вазифаи пеш бурдани ҷомеаро шинохта ба душ гирифтааст, агар мо аз паи президент равем, ҷомеаи мо ба як ҷомеаи созанда табдил меёбад. Президент шароити бедор шудани андешаи зиндаро додааст. Зиёии Тоҷикистон бояд ҳамаи имконияти президент додаро дуруст истифода кунад. Зиёӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишаста, бояд идеяҳои рушанро таҳррезӣ карда, фикрҳои нодурустро маҳкум кунад. Тамоми матбуот дар дасти зиёии рушанфикр бошад, то барномаи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ ба таври бояду шояд тарғибу ташвиқ шавад.
Ваҳдати миллӣ бояд заминаи иктисодӣ низ дошта бошад, заминаи иқтисодӣ ба вуҷуд омадааст, онро рушд додан лозим аст. “Иқтидори иқтисодии кишвар бояд хамчун заминаи моддии амнияти миллӣ арзёбӣ гардад”. Маблағгузорӣ дар соҳаи истеҳсолиро нисбат ба ғайри истеҳсолӣ зиёд кардан лозим аст. Яъне вақти он омадааст, ки як муддати муайян ба маблағгузории истеҳсолӣ афзалият дода шавад. Дар ин росто мо бояд моле истеҳсол намоем, ки дар бозори ҷахонӣ харидор дошта бошад ва рақобатпазир бошад. Барои ба ин мақсад расидан мо бояд аз омилҳо (факторҳо, заминаҳо )-и мусоидаткунанда истифода барем. Мақсад аз ин истеҳсоли маҳсулоти арзони босифат, ки дар бозори беруна талабгор дошта бошад. Масалан, сохтмони неругоҳҳои барқии на он қадар калон, ки маблағгузории то 400–600 миллион доларо ташкил диҳад ва дар муҳлати кӯтоҳ, яъне 3–4 сол бо ҷалби сармояи дохилӣ. Дар ҳолати пардохти сари вақтии дивидендҳои (ҳаққи саҳм) ҳарсолаи он 30 то 35 фоиз вобаста ба маблағгузории ҳар як сармоягузор (аксионерон) метавонанд рушди ин соҳаро ба суръати ниҳоят баланд таъмин намояд.
Ин дар навбати худ ба ғани шудани буҷети давлат оварда мерасонад, ки барои боз ҳам тарақкӣ додани дигар соҳаҳои тавлиди маҳсулоти саноатӣ мусоидат менамояд. Ҳамин тариқ, дар соҳаи хоҷагии қишлоқ бо истифода аз боду ҳавои мусоид, замин, об ва ғайра истеҳсоли маҳсулоти барвақтии хоҷагии қишлоқ ва содироти он ба хориҷа афзоиш меёбад, ки ин бе дасгирии давлатӣ ғайри имкон аст. Яъне мабғузории тахассусӣ-фардӣ ба ягон намуди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ харидор дар хориҷи кишвар дорад (бештар маҳсулоти барвақтӣ). Яъне дар маҷмуъ гуфтаниям, маблағгугорӣ дар соҳае, ки тез фоида ба даст меоред бояд дар мадди аввал гузошта шавад.
Яке аз соҳаҳое, ки метавонад ба рушди иқтисодиёт ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд, муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Аз нигоҳи мо ба ин соҳа таваҷҷуҳи хосса бояд дод. Аввалан бояд тамоми чораҳоро барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар сатҳи баландтар бардоштан лозим аст. Яъне дар ин соҳа реформа (баргардонидани тобеияти ин ниҳод ба воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурӣ ва дигаргунии сохтории он дар беруни кишвар). Вақти он расидааст, ки тавассути ташкили бозори қоғазҳои қимматнок (саҳмия) пули муҳоҷирони меҳнатиро дар рушди иқтисоди миллӣ истифода бурдан лозим аст. Дар ин самт бояд боварии онҳоро барои муфид будан дар самти маблағгузории истеҳсолӣ ба даст овардан асоси корро ташкил медиҳад. Зеро ки ин соҳа дар Ҷумҳурӣ нав аст ва таҷриба нашудааст. Чуноне ки дар боло қайд кардем, баъди маблаггузорӣ, баъди 3–4 сол пардохти девидендтҳо сар шавад, ки ин ба васеъ шудани ин самти фаъолият мусоидат мекунад.
Яке аз омилҳои ташакули ваҳдати миллӣ ин таъмини волоияти қонун, идораи дурусту самараноки тамоми соҳаҳо мебошад. Волоияти қонун заминаи асосии ташаккули давлати демокатии ҳуқуқбунёд аст. Ин кафили сулҳу ваҳдат ва заминаи асосии рушди устувор ва зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвар мебошад.
Мавқеи хизматчии давлатӣ бояд баланд бардошта шавад, зеро ки содиқона хизмат кардани онҳо сабабгори нуфузи Давлат мегардад, ки ин омил ҳам сабаби ташаккули ваҳдати миллӣ мешавад. Шинохти кадрҳои сарсупурдаи миллат дар сатҳи давлатӣ бояд ҳифз шавад, зеро ки дар сафи пеши мубориза барои таъмину ташаккули ваҳдати миллӣ маҳз онҳо меистанд. Барои он ки Давлати мо ҷавон аст ва ташаккули ваҳдати миллӣ дар ҷараёни босуръат аст, фактори ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф шахсиятҳои сарсупурдаи миллат дар ин раванд мавқеи хосса дорад.
«Ғояи ваҳдати миллӣ шахсро водор месозад, ки ба қадри истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангу ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасем ва барои ба наслҳои ояндаи гузоштани мероси арзанда талош варзад».[5] Ваҳдати миллӣ савияи баланди маънавӣ, ахлоқї, фарҳангӣ ва талошҳои бунёдкорию ояндабиниро талаб мекунад. Инсон дорои ҳиссиёти ҳамгароист, бояд ин ҳиссиёти билқувваи инсонро бедор кард. Пайвастагӣ ва иттиҳоду ягонагӣ, яъне ваҳдат аст. Ваҳдат қудрат дорад, ки инсонҳоро пайваста ба корнамоиҳои нав ҳидоят кунад.Одамон аз ягонагӣ ва муҳаббат нерӯ ва тавони тоза меёбанд.
Мо вазифадорем, ки истиқлолияту ваҳдати миллии кишварамонро ҳамчун дастоварди пурарзиш ва неъмати бебаҳо бипазирем ва онро аз тамоми арзишҳои дигар муқаддамтар бидонем. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ вазифадор аст, ки ваҳдати миллиро ҳамчун муқаддасоти миллӣ, муҳимтарин омилу шароити пешрафти шахсӣ ва рушди босуботи ҷомеа ҳифзу ҳимоят намояд ва дар ободии Ватан саҳми худро гузорад. Вазъияти таърихие, ки охири асри 20 ва аввали асри 21 дар ҷаҳон ба миён омадааст, дар назди ҷомеаи тоҷик шароитҳои нави ҳамгироиро пеш гузоштааст. Сарвари кишвар борҳо таъкид карда мегӯяд: «Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки давлатсозиву давлатдорӣ, хусусан дар шароити пурмоҷарову ҳассоси ҷаҳони имрӯза кори осон нест. Аз ин ру, мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамонро дар рӯҳияи худшиносиву ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ тарбия намоем, ки дар оянда номбардори миллати бошарафи тоҷик бошанд».
Ходими калони илмии шуъбаи Таърихи фалсафа, д.и.ф., Маҳмадова М.Ф.
[1] Ваҳдат – ҷавҳари ҳастии миллат ва омили рушщди устувори кишвар. / М. Музафарӣ. Мақоми фарҳангии андешаи ваҳдати миллӣ. - Душанбе, 2016.- С. 85.
[2] Ҳамин асар.-С. 25.
[3] Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати истиқлолияти Ҷумҳуриии Тоҷикистон , аз 8- сентябри соли 2004.// Рӯзномаи Ҷумҳурият аз 9 сентяри соли 2004.
[4] Ваҳдат – ҷавҳари ҳастии миллат ва омили рушщди устувори кишвар. / Х.Идиев. Ташаккули тамоили ваҳдатгаройи дар раванди тағйирёбии ҷомеа. -Душанбе, 2016. –С. 89.
[5] Асрорӣ. М. Ваҳдат – арзиши муқаддасу азиз. //Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳ.- Душанбе, 2015. – С.168