Skip to main content

Имрӯзҳо аз замони қабули созишномаи Ваҳдати миллӣ 26 сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддати Тоҷикистони азиз ба дастовардҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ ноил гашт ва дар сатҳи байналмилалӣ дар тамоми соҳаҳо дорои мақому мартабаи баланд аст. Сулҳу суботи кишвар, ки маҳз бо талошҳои Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор гашт, омили дигари касби ин дастовардҳо мебошад. Ин марди хирад, билҳақ, барои пешравии Тоҷикистони азиз ва тоҷикон бо роҳандозӣ намудани сиёсати Ваҳдати миллӣ хидматҳои зиёд кардаанд, ки дар таърих ҳамто надорад. Маҳз Ваҳдати миллӣ боис гашт, ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш шуда, муассисаҳои илмию таълимӣ фаъолияти пурсамар дошта бошанд. Илова бар ин чандин муассиссаҳои илмию таълимӣ бевосита тавассути амру фармонҳои Пешвои миллат таъсис ёфта, дар татбиқи илм дар истеҳсолот саҳми худро гузоштаанд.

Ин нукта мусаллам аст, ки ҳар ҷомеа аз афроди алоҳидаи дорои андешаву афкор, ҳадафҳову ормонҳо, неруи зеҳнӣ, хислат, пешаву ҳунар, малакаву маҳорати гуногун таркиб ёфтааст. Азбаски муҳите, ки афроди як ҷомеа дар он ба сар мебаранд, иқлим, шароити зиндагӣ, вазъи иҷтимоӣ ва омилҳои амсоли ин муайян ва маҳдуд аст, пас ногузир ҳадафҳои муштараке ҳам ба миён меоянд, ки ин афродро бо ҳам муттаҳид менамоянд. Яке аз чунин ҳадафҳое, ки боиси бақои зиндагии афрод ва пешрафти ҷомеаи иборат аз ин афрод мегардад, ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ҳамин ҳадафи куллӣ барои истодагарии ҷомеа дар муқобили ҳар гуна таҳдидҳову хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир сипари боэътимод гашта, ба он тавони азим мебахшад. Ба туфайли ваҳдати миллӣ ҳамаи афроди ҷомеа яктану якҷон шуда, ҳар гуна мушкилоти бамиёномадаро рафъ хоҳанд кард ва бо қадамҳои устувор барои расидан ба ҳадафҳои куллии ҷомеа хоҳанд расид.

Пешвои миллат дар мулоқоти навбатиашон роҷеъ ба ҷойгоҳи илм ва иртиботи он бо истеҳсолот қайд намуданд, ки «мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод. Ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар мамлакати мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд». Дар ҳақиқат илм яке аз омилҳои асосии рушди мамлакат ва олимон - захираи бузурги зеҳнии ҷомеа буда, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.

Вобаста ба ин, таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, махсусан роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ба ин раванд нигаронида шудааст, ки рушди иқтисодиёт ва тақвияти тавони рақобатпазирии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала, дар мамлакат барои баланд бардоштани мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкор аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра тадбирҳои муҳим андешида шуда, дар амалӣ намудани дастовардҳои илмӣ натиҷаҳои мухимму назаррас ба даст оварда шудааст.

Дар ҳамин замина дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – муассисаи бузурги илмии мамлакат имконот ва захираи калони илмӣ мавҷуд буда, муҳаққиқон, ихтироъкорон, навоварон ва донишмандони соҳаҳои гуногун фаъолияти худро ба он равона месозанд, ки дар пешрафт ва рушди илми мамлакат саҳми арзишманд гузоранд.

Ин матлаб боз аз он ҷиҳат аз ҳар замони дигаре мубрамтар ба назар мерасад, ки имруз дар мусобиқаи чаҳонии фановарии (технологияи) муосир ҳамон кишваре ва ҷомеае баранда мешавад, ки нисбат ба илим ва ҷанбаҳои корбурдии он таваҷчуҳи бештаре мабзул дошта, барои истифода аз дастовардҳои навини илмӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Тоҷикистони мо дар ин ҷода бо масири муносибу мувофиқ ва санҷидашуда харакат менамояд ва бо амали намудани дастуру нишондодҳои Пешвои муаззами миллат дар ин раванди муҳимму тақдирсоз муваффақ хохад гашт.

Ин ҳама аз Ваҳдати миллӣ, тинҷию амонӣ ва сулҳу суботи Тоҷикистони азиз вобаста аст, зеро маҳз оромию субот ва амонӣ боис мегардад, ки дар ҷомеа илм бо истеҳсолот пайваст гардида, натоиҷи дилхоҳ ба бор орад.

Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ