
Зан-модар ягона олиҳаи ҳусни табиат ва фариштаи рӯи замин мебошанд, ки зиндагии ҳар инсон аз онҳо сарчашма гирифта, бо онҳо идома меёбад. Пас ҳурмату эҳтиром гузоштан, ба қадри заҳматҳои содиқонаи онҳо расидан ва донистани қадру қиммати ба хусус модар вазифю қарзи ҳар як фарзанди боақлу бохирад ба ҳисоб меравад.
Зеро занону модарони миллати тоҷик дорои ақлу фаросати воло ва хирадманду меҳрубон мебошанд, ки қобили таҳсин аст. Воқеан модар мисли Замину Осмон яктост ва меҳру муҳаббати модар мисли баҳр софу беканор буда, таҷассумгари хушбахтии фарзандон мебошад. Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад.
Қобили зикр аст, ки зан-модар ба мисли гулҳои баҳорӣ пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодоб мебошад. Дар фасли баҳор бахшида ба занону модарон ҷашни “Рӯзи модар” таҷлил мегардад, ки ин ҳам аз шарофату бузургии модар сарчашма гирифтааст. Модар ягона шахсест, ки барои фарзанд дунёро такон медиҳад ва барои фарзанд такягоҳ мешавад. Чунки пас аз Худованд, зан-модар дуюмин офаридгор дар рӯи замин мебошад, ки ба инсоният ҷон мебахшад. Тамоми бузургон, шоирону қаҳрамонони гузаштаву замонро модар ба дунё овардааст. Бузургии зан-модар дар он мебошад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насли солим, тарбияткунанда, ҳифзкунандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Модар аввалин мураббӣ, омӯзгор ва тарбиятгар мебошад, ки ба фарзанд роҳ рафтан, сухан гуфтан, дуруст ғизо хӯрдан ва тамоми ҳаракатҳоро ба тифл меомӯзонад. Дар ҳақиқат оид ба бузургиҳои модар чӣ қадаре ҳам сухан гӯем кам аст, чунки модар шахсияти нотакроре мебошад, ки дили меҳрубони бузург дорад.
Ҳамин аст, ки нақши модарону бонувон дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, дар ҷомеа ҷойгоҳи баланд дошта, баҳри тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ нақши арзишманди худро мегузоранд. Дар замони Истиқлол, занону модарон дар ҳама соҳаҳо кору фаъолият намуда, дар пешбурду рушди кишвар саҳмгузор мебошанд. Ҳукумати кишвар, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқ ва мақоми зан модарро дар ҷомеа баланд мебардорад ва ҳамеша занону модарон ва духтаронро дастгирӣ менамоянд. Ҳамзамон бояд гуфт, ки Сарвари давлат дар тамоми баромадҳои худ оид ба мақоми зан-модар, бузургиву манзалати модар суханрониҳо намуда, ба насли ҷавон ҳамеша муроҷиат намуда, ҳамчун падарона насиҳат менамоянд, ки ба қадри модарони азизамон расем, ҳурматашона дар вақти зинда буданашон ба ҷо орем ва дуои неки модарро ҳамеша гирем.
Қобили зикр аст, ки имрӯз зан-модари тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан дар тамоми соҳаҳо аз ҷумла: роҳбар, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олиму омӯзгор, муҳандис, ҳунарманду соҳибкор, табиб, ронанда, варзишгару рӯзноманигор кору фаъолият менамоянд. Аз таҳлилҳо чунин бармеояд, ки мақоми зан дар ҷомеа дар сатҳи баланд қарор дорад ва нақши занон дар фаъолиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ махсусан дар сатҳи идоракунии давлатӣ низ назаррас мебошад.
Дар охир мехоҳам баҳри тамоми модарони азизу меҳрубони Тоҷикистони азиз таманиётҳои неки худро иброз намуда, ба муносибати ҷашни “Рӯзи Модарон” ҳар яки онҳоро табрику таҳният гуфта, барояшон тани сиҳату умри дароз, хонаи ободу хушбахтии ҷовидон таманно намоям. Бигузор ҳамеша модарони ба ҷону дил баробари мо тансиҳат бошанд ва ҳеҷ гоҳ рӯзи ғаму дасти камро набинанд.
Муаллифон: Бӯризода А.М., Аюбов Д.Қ.
02 декабр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷопон бо намояндагони барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ таҳқиқотӣ вохурӣ доир намуданд.
Бояд гуфт, ки барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS дар заминаи Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) фаъолият менамоянд. Барномаи SATREPS тадқиқоти муштараки байналмилалиро бо ҳадафи ҳалли масъалаҳои глобалӣ ҳамчун як ҷанбаи «дипломатияи илм ва технология» пеш мебарад.
Зимни вохурӣ таъкид гардид, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳадафҳои рушди устувор нигаронида шудааст, ки мураккабии афзояндаи масъалаҳои глобалӣ ба монанди тағирёбии иқлим, мушкилоти ғизо, офатҳои табиӣ ва бемориҳои сироятиро нишон медиҳад. Кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба таъсири онҳо бештар осебпазиранд, дар вазъияти душвор қарор доранд.
Албатта барои ҳалли ин масъалаҳо навовариҳои илмию технологӣ, ба кор бурдани натиҷаҳои таҳқиқот дар ҷомеа, рушди захираҳои инсонӣ ва баланд бардоштани иқтидори илмӣ-тадқиқотӣ дар сарҳади миллӣ зарур аст.
Бояд гуфт, ки Лоиҳаи стипендияи рушди захираҳои инсонӣ (JDS) ба дастгирии рушди захираҳои инсонӣ дар кишварҳои гирандаи кӯмаки грантии Ҷопон нигаронида шудааст.
Ҳамчунин Лоиҳаи JDS курсҳои магистрӣ ва докториро дар донишгоҳҳои Ҷопон ба забони англисӣ пешниҳод мекунад. Инчунин ба воситаи лоиҳаи JDS имкони махсус доранд, ки донишҳои пешрафтаро дар муҳити технологӣ мустақиман омӯзанд ва ҳамзамон шабакаҳои васеи инсониро бунёд кунанд.
Дар идомаи мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва намояндагони барномаи SATREPS ба мувофиқа омаданд, ки дар оянда ҳамкориҳои худро дар самтҳои тадқиқоти захираҳои об ва тағирёбии иқлим, омӯзиши таъсири обшавии пиряхҳо ба захираҳои об, тадқиқоти муштараки олимони ҷопонӣ ва тоҷик барои ҳифзи системаҳои оби минтақа, бехатарӣ ва инфрасохтори сейсмикӣ, кор карда баромадани технологияи сохтмони биноҳои ба зилзила тобовар, мониторинги фаъолияти тектоникӣ дар кӯҳҳои Помир, дастгирии техникӣ дар соҳаи энергетика ва инчунин тадқиқот оид ба баланд бардоштани самаранокии нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия тақвият бахшанд.
МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ БО НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АГЕНТИИ ИЛМ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ҶОПОН (JST)
02 декабри соли равон дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Токиои Ҷопон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ноиби президенти Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) Моримото Шигео мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ноиби президенти Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) Моримото Шигео ҷиҳати қабул ва муҳокимаи масъалаҳои мавҷуда доир ба ҳамкориҳои илмӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) яке аз созмонҳои асосии Ҷопон буда, ба тадқиқоти илмӣ, рушди технологӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад. Агентии мазкур дар дастгирии ташаббусҳои илмӣ ва барномаҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ нақши муҳим дорад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати иштироки фаъолонаи Агентӣ дар татбиқи барномаи SATREPS (Шарикии тадқиқоти илмӣ ва технология барои рушди устувор), ки ба ҳалли мушкилоти рушди устувор тавассути тадқиқоти муштарак мусоидат мекунад, суҳбат анҷом доданд.
Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) таҳияи технологияҳои идоракунии самараноки захираҳои об, аз ҷумла обёрӣ ва пешгирии вайроншавии қабатҳои хокро амалӣ менамояд. Бояд гуфт, ки дар доираи лоиҳаи тағйирёбии иқлим ва экология Агентӣ дар мавриди таъсири тағйири иқлим ба пиряхҳо ва системаҳои оби Осиёи Марказӣ, ки барои минтақа аҳаммияти калидӣ доранд, пажӯҳиш мебарад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Агентии мазкур мубодилаи академиро байни донишгоҳҳои Ҷопон ва Тоҷикистон тавассути стипендия ва грантҳо барои муҳаққиқони тоҷик, ки мехоҳанд дар Ҷопон таҳсил кунанд ва инчунин омӯзиши олимони ҷавон дар соҳаҳои муҳандисӣ, экология, биотехнология ва идоракунии захираҳои табииро дастгирӣ менамоянд.
Дар робита ба ин мо ният дорем, ки минбаъд ҳамкориро бо Шумо барои интиқоли технологияҳои инноватсионӣ тақвият диҳем. Дар ин самт мо умедворем, ки Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) ба интиқоли технологияҳои Ҷопон ва татбиқи онҳо дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Инчунин зарур аст, ки мутахассисон ва олимони мо лоиҳаҳои якҷояи вобаста ба мутобиқ намудани технологияи Японияро ба шароити маҳал, масалан, дар соҳаи сейсмология ва гидроэнергетика татбиқ намоянд.
Бояд гуфт, ки дар бораи сейсмология ва идоракунии хавфи офатҳо Тоҷикистон дар минтақаи фаъолнокии баланди сейсмикӣ ҷойгир аст, ки лоиҳаҳои Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) дар соҳаи сейсмологияро муҳим мегардонад.
Дар ин самт мо пешниҳод менамоем, ки тавассути Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар таҳияи системаҳои мониторинги заминларза ва огоҳии бармаҳал, инчунин омӯзиши мутахассисони тоҷик усулҳои баҳодиҳии хатарҳо ва пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шаванд.
Дар ин замина Агентии илм ва технологияи Ҷопон бо фароҳам овардани дастрасӣ ба таҳқиқот ва фанновариҳои пешрафта дар рушди илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Ба шарофати ҳамкорӣ бо Агентии илм ва технологияи Ҷопон Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори илмии худро таҳким бахшида, мушкилоти асосии рушди устувор ва амнияти экологиро ҳал мекунад.
2 декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2024 ва нақшаҳо барои соли 2025 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис ноиби Президенти АМИТ Амонзода Илҳом, директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, Илҳом Мирсаидзода, муовинон, мудирони шуъбаю бахшҳо ва директорони Филиалҳои Агентӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст директори Агентӣ, Илҳом Мирсаидзода оид ба натиҷаҳои фаъолият ва дастовардҳо дар соли сипаришуда ҳисобот дода, натиҷаҳои илми- таҳқиқотӣ дар зарфи соли 2024 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Тавре зикр гардид, яке аз дастовардҳои муҳими Агентӣ дар соли 2024 ин ифтитоҳи бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки 29 октябри соли ҷорӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иттиллоъ дода шуд, ки дар ин давра аз ҷониби ходимони илмии Агентӣ 4 монография, таҳия гардида, 86 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда ба нашр расид. Илова бар ин, соли равон дар маҷмуъ дар сомонаи Агентӣ 107 хабару мақолаҳои оммавӣ дар мавзуъҳои гуногун, инчунин самтҳои фаъолияти Агентӣ ба нашр расид.
Тазаккур дода шуд, ки дар соли 2024 ба як нафар унвони профессорӣ дода шуда, 3 нафар ҳимояи номзадӣ намуданд ва 2 нафари дигар рисолаи доктории худро ба Шӯро пешниҳод намуданд.
Дар умум фаъолияти Агентӣ дар соли 2024 аз ҷониби ноиби Президенти АМИТ самарбахш арзёбӣ гардид.
ҲИСОБОТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИИ-ТАШКИЛИИ ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСӢ ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ АҲМАДИ ДОНИШ ДАР СОЛИ 2024
02 декабри соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ҷаласаи васе кормандони Институт доир гардид. Дар ҷаласа и.в. ноиби Президенти АМИТ-Раиси шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, д.и.ф., профессор Саломиён М. ва кормандони Институт иштирок намуданд.
Саравал котиби илмии Институт Мирзоев Ш.Ҷ. дар хусуси фаъолияти Институт дар соли 2024 ҳисобот дод.
Дар ин ҷаласа фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институт дар соли 2024 баррасӣ гардида, ҳамзамон ҳар яке кормандӣ илмӣ аз натиҷаи фаъолияти илмӣ ҳисобот пешниҳод намуд.
2-юми декабри соли равон дар доираи сафари корӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон ташриф оварда, бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Матсумото Хисаши мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, густариши корҳо дар самти рушди илмҳои дақиқ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар ҳарду кишвар суҳбат намуданд. Ҷонибҳо барои дар оянда рушду инкишоф ёфтани корҳои илмӣ миёни ҳарду кишвар, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Ҷопон, пайвасти илм бо истеҳсолот, муҳайё намудани шароити корӣ барои олимону муҳаққиқон дар ҳарду давлат барои андухтани таҷрибаи корӣ миёни кормандони илмӣ, олимону магистрантону докторантон ва умуман равобитҳои илмӣ - амалӣ ба мувофиқа расиданд.
Давлати Ҷопон яке аз кишварҳои пешрафта дар самти истеҳсоли техникаву технологияи муосир буда, дар ҷаҳон ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бидуни технологияи муосир ғайри имкон аст. Мақсад аз вохӯрии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои осон намудани кор дар ниҳодҳои илмӣ ба олимону муҳаққиқони ҷавони илмӣ аст.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки минбаъд магистрантону докторантон метавонанд барои сайқал додани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ба давлати Ҷопон ташриф бурда, дар шароити хуби корӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотияшонро гузаронда, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст биёранд.
Ҳамчунин, зимни мулоқот таъкид гардид, ки муҳаққиқони давлати Ҷопон низ метавонанд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар шароити хуби ниҳодҳои илмӣ – таҳқиқотӣ омоданамудаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ – таҳқиқотияшонро гузаронида, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оранд.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки Ҷопон бо таҷрибаи худ дар сейсмология бо Тоҷикистон барои таҳияи системаҳои назорати заминларза ва сохтани сохторҳои тобовар ба заминларза ҳамкорӣ мекунад.
БО ТАШАББУСИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ 300- ДОНА КИТОБ БА МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 70- И ДЕҲАИ ПОРВЕНИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ТАҚДИМ КАРДА ШУД
Имрӯз (30.11.2024) бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 300- дона китоб ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 70- и деҳаи Порвени шаҳри Панҷакент тақдим карда шуд.
Воқеан ҳам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китоб ва илму дониш, таълиму тарбия ва маориф эътибори ҷиддӣ медиҳад ва аз ҷавонон пайваста даъват ба амал меорад, ки донишу маърифат омӯзанд ва дар ҷомеа мақоми хешро пайдо намоянд.
Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, барои баланд бардоштани савияи донишандӯзии насли наврас мебошад.
Китобҳои мазкур маҳсули эҷодиёти олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, яқин аст хонандагон бо хондани ин китобҳои илмю бадеӣ ҷаҳони маънавии хешро бойу рангин месозанд.
Муассисаи таълимии мазкур чанде пеш бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мавриди ифтитоҳ қарор гирифта буд. Ин бинои нави муассисаи таълимӣ дорои 12 синфхона ва ҳуҷраҳои маъмурӣ буда, барои 320 нафар хонанда дар ду баст пешкаш гардидааст.
30 ноябри соли равон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Токио дар ҳошияи сафари кории президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Ҷопон, бо донишҷӯён ва шаҳрвандони муқими Ҷопон вохурӣ баргузор гардид.
Зимни суханронӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оид ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти илму маориф, таълиму тарбия ва соҳибкасб намудани наслҳои ҷавони кишвар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ суҳбат намуд.
Таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дипломатӣ дар доираи сиёсати "Дарҳои боз" бо тамоми кишварҳои ҷаҳон рушду густариш ёфтаанд. Ҳамин аст, ки талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имконият фароҳам овардан барои таҳсили ҷавонони кишвар дар бонуфузтарин донишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ қобили таҳсин аст.
Бояд донишҷӯён аз ин имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, савияи дониши худро сайқал диҳанд ва дар оянда ба ватани худ баргашта, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни фаъолияти мамлакати хеш саҳми арзишманд гузоранд.
ШУРОИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АМИТ
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Роҳбарони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, санаи 29 ноябри соли 2024 зимни нишасти сеюмини ин иқдом дар толори Шурои олимони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ бо иштироки академики АМИТ Маҳмудзода Маҳкам Аъзам дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ - шарти асосии ҷамеаи демократӣ” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар раванди ҷамъомад, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва Раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, н.и.ф., Зиёев Субҳиддин оид ба ҷанбаҳои гуногуни маърифати ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти баланди миллӣ, дарки хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сухан гуфта, аз ҳузури меҳмон истиқболи нек намуданд.
Академик Маҳмудзода Маҳкам ниҳоят маърӯзаи саривақтӣ ва муҳиму пурмуҳтаво ироа доштанд, ки аз ин сӯҳбат ҳозирин ва олимони ҷавони АМИТ бардоштҳои муфиди ҳуқуқӣ ва илмиву фарҳангӣ гирифтанд. Аз ҷумла, академик М.А. Маҳмудзода иброз намуданд, ки муҳимтарин арзишҳои демократӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, ҳуқуқи инсон ва сулҳу суботи давлат маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, эҳтироми ҳуқуқи инсон заминаи асосии фаъолияти субъектони ҷомеаи демократӣ буда, чунин ҷомеа бидуни эҳтиром ва риояи ҳуқу вуҷуд дошта наметавонад. Зеро, дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ риоя, амалӣ ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ниҳоят муҳим аст.
Ҳамин тариқ, дар замони Истиқлоли давлатӣ моро зарур аст, ки дар пешрафту тариққиёт ва муаррифии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Пеш аз ҳама дониш омӯзем, ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияту тафаккури илмиамонро тақвият бахшем, ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузорем, аз таъриху фарҳангу забони пурғановатамон бархурдор бошем ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, марзу буми кишвар, Истиқлолу Ваҳдати миллиамон омода бошем.15:49