Skip to main content

Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бешак мо шоҳиди дастовардҳои азимӣ сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, тандурӯстӣ, роҳу нақлиёт, илму маориф ва маънавиёт гардида, саҳми зан-модари тоҷикро дар ин ҷодаҳо бемуҳобо хоҳем дид.

Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вобаста ба воқеияти замон ва хусусиятҳои миллию фаҳангӣ, ҳамчунин доир ба масъалаҳои беҳтар гардонидани шароити занон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо ҷузъи муҳимми рушди сиёсати бунёдгарона ҳисобида шуд.

Ба ин васила бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар миёни бонувони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон курси омӯзишии Зан-сарвар роҳандозӣ гардид, ки дар кори он занони муваффақи кишвар ҷалб гардида, доир ба нақши устувори занон дар ҷомеа суханронӣ менамоянд.

Дар робита ба ин санаи 25- уми октябри соли равон курси омӯзишии навбатии Зан - сарвар бахшида ба 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он доктори илмҳои таърих Ширин Қурбонова доир ба моҳият ва асосҳои ҳуқуқӣ ва ҳифзи иҷтимоии занон дар ҷомеа маъруза намуд.