Skip to main content

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз озмоишгоҳҳои таҷрибавию истеҳсолии Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин боздид намуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи ин сафар аз озмоишгоҳҳои таҷрибавии минтақаи санҷишии электромеханикии Институти тадқиқоти инноватсионии технологияи ояндаи роҳи оҳан дидан намуда, ҳамзамон бо дастоварду натиҷаҳои илмии олимони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин шинос гардиданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки озмоишгоҳҳои таҷрибавию истеҳсолии Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин ба бунёди таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи технологияҳои инноватсионӣ, экологӣ ва инчунин, тамоми равандҳои кимиёвиро дар истеҳсолот тақвият мебахшанд. Таъкид гардид, ки системаи таъминоти дастовардҳои илмӣ ва технологӣ, ки ба талаботи бозор нигаронида шудаанд, дар оянда механизми табдили дастоварҳои илмӣ ва технологии корхонаҳоро ба танзим медарорад.

Дар идома аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт пешниҳод гардид, ки дар доираи ин ҳамкориҳо мо метавонем муҳақиқони ҷавони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро барои ба роҳ мондани курсҳои таҷрибаомӯзӣ ба ин озмоишгоҳҳо ҷалб намоем.