ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академия Қобилҷон Хушвахтзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, Қобилҷон Хушвахтзода дар робита ба ҳамкории илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Ҷонибҳо эътимоду ҳавасмандиашонро ба тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт иброз намуданд.
Гуфта шуд, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз соли 1992 барқарор гарида, то ин ҷониб рушду густариш ёфтаанд. Таъкид шуд, ки мо бояд ҳамкорӣ ва созишномаҳоро байни ниҳодҳои илмии ду мамлакат тақвият бахшида, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва рушди соҳаи илми ду мамлакати ҳамфарҳангу ҳамзабон мусоидат намоем. Ҳамкорӣ бояд барои омода намудани олимони ҷавон ва ба самти илм ҷалб намудани магистрантону унвонҷӯён тақвият бахшида шавад.
Дар мулоқот ҷонибҳо ба ҳамкории мутақобилан манфиатбахш изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон