Таваллуд - 08. 11.1951 дењаи Ќозхўри ноњияи Ромитани вилояти Бухоро. Падараш зодаи дењаи Кибили шањраки Норак буданд, соли 1961 хонаводаашон аз Бухоро ба Тољикистон кўч баст. Мактаби тањсилоти миёнаро дар Душанбе (мактаби раќами 15) хатм карда, соли 1969 ба факултаи филологияи русии Университети Давлатии Тољикистон ба номи В.И. Ленин (алъон Донишгоњи милии Тољикистон) дохил шудааст. Баъди хатми ин донишгоњ мувофиќи роњхати Донишгоњ ба Академияи Илмњои Љумњурии Тољикистон ба Шуъбаи фалсафа (алъон Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи академик А. Бањоваддинов) ба кор таъин шуд. Тули солњои 1975-1977 дар аспирантураи тањсили рўзонаи њамин муассисаи илмї дар риштаи “зебошиносї” тањсил карда, рисолаи номзадиашро навишта, барои дифоъ омода намуд. Рисолаи номзадиашро дар Шурои дифои Институти фалсафаи АИ ш. Москва дифоъ кард. (1982) Баъди дифои рисолаи номзадї боз ба муассисаи номбурда ба кор ќабул шуд. Аз соли 1983 то маи соли 1987 ба њайси котиби илмии Шуъбаи фалсафа кору фаъолият намуд. Июли соли 1987 бо сабаби аз тарафи коллективи киностудияи “Тољикфилм” ба вазифаи директори киностудия интихоб шуда, ба кор даъват шуд. Аз 1993 то 1999 дар вазифањои роњбарикунанда – муовини раиси Иттињодияи миллии эљодиву истењсолии кино ва видео “Тољиккино”, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Њукумати ЉТ таъин гардид. Аз соли 1985 то кунун узви Иттифоќи конфедератсияи синамогарони Кишварњои соњибистиќлол ва Балтия буд. Аз соли 1999 то соли 2018 њаммуассиси Студияи филмсози “Киносервис” буд. Соли 2007 рисолаи докториашро дар мавзуи «Идеяњои фалсафию эстетикї дар зардуштия» дифоъ намуд. То вафоташ ба њайси Мудири шуъбаи фалсафаи фарњанги Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи академик А. Бањоваддинов АМИТ адои вазифа намуд. Аз соли 2007 то 2011 ба њайати Кумитаи Љоизањои давлатии ЉТ ба номи Абуабдулло Рўдакї дар соњаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Њукумати ЉТ даъват шуда буд. Аз соли 2004 то вафоташ арт-директори Синамобазми байналмилалии “Дидор” буд. Муаллифи филмномаи 7 филми мустанад буда, онњо дар студияњои гуногун – “Тољикфилм”, “Тољиктелефилм” ва “Киносервис” ба навор гирифта шудаанд. Миёни онњо чунин филмњо њастанд, ба мисли: “Димишќу бўи Ватан”, “Як замин”, “Душанбе, чї њол дорї?”, “Осимї”, “Умрро андешакорї пеша кард” (оид ба фаъолияти академик М. Диноршоев), “Паёмбари хирад” (оид ба дастовардњои илмии ибни Сино), “Мавлоно” (филми пурраметражаи мустанад бахшида ба Мавлоно Љалолиддини Балхї), “Сафар дар Ватан”. Пайваста дар матбуоти даврии Тољикистон, Руссия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Ўзбекистон, Эрон, Фаронса, Британияи Кабир, Кореяи Љанубї, ИМА ва давлатњои дигар маќола чоп менамуд.
Шумораи маќолањои илмї ва илмию оммавии ў зиёда аз 350 номгў мебошад. Дар форуму конфронсу семинарњои байналмилалї ва љашнворањои њунарї (бахусус синамої), ки дар кишварњои мухталиф, аз љумла Руссия, Ќазоќистон, Ўзбекистон, Ќирѓизистон, Эрон, ИМА, Муѓулистон, Фаронса, Чехия, Афѓонистон, Сурия баргузор гардида буданд, иштирок карда, маърўзањо ироа кардааст. Аз соли 2013 узви ташкилоти байналмилалии мунаќќидон ва рўзноманигорони соњаи синамо ФИПРЕССИ буд. Фаъолияти илмиаш дар доираи фалсафаи фарњанг, зебоишиносї, киношиносї ва театр бештар ќарор гирифтааст. Бо љоизањои Созмони Милали Муттањид дар Тољикистон “Барои инъикоси ормонњои башардўстї ” (20 октябри соли 2014, http://khovar.tj/rus/culture/42954-kinofestival-didor-vremya-podvesti-itogi.html), “Аълочии кинематографияи Тољик”, нишони сари синагии 90-солагии кинои тољик, чандин ифтихорнома, сертификатњо аз тарафи муассисањои хориљиву ватанї гирифтааст.
Унвони китобњои чопкардааш:
- Развитие таджикского киноискусства в свете решений XXVІ съезд КПСС. - Душанбе: Дониш, 1984. - 60с.
- Нури парда. Луч экрана. Душанбе: Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии Тољикистон, 2004, - 281с. с. (Ба ду забон – тољикиву русї бо аксњои рангаву сиёњу сафед);
- Из истории эстетических воззрений таджикского народа.- Душанбе: Ирфон, 2005. –249 с. с иллюстрациями.
- Театри мардумии тољик. Душанбе: Оптима, 2005. - 156с. – Дар њаммуаллифї бо Фирўза Турсунзода ва Билл Биман (ИМА). Ба забонњои тољикї, русї ва англисї бо аксњои ранга.
- Три этапа из истории эстетических воззрений таджикского народа. – Душанбе: Главная научная редакция Таджикской Национальной Энциклопедии, 2006. - 247с. с цветными илл.
- Эстетика зороастризма. – Душанбе: Дониш, 2006. - 406с. с иллюстрациями.
- Аз кунљи танњої бо муњаббат. –Душанбе: Эр Граф, 2009. (Бо њаммуаллифон).
- Документальное кино в фокусе. –Душанбе, 2011. – 186 с. (Бо њаммуаллифон).
- Энциклопедия кино Таджикистана. (Бо њаммуаллиф Элбаум Г.Б.) Душанбе: Эр-граф, 2012. – 396 с., ISBN 978-99947-919-4-1
- Очерки теории и истории таджикского кино. – Душанбе, 2020. – 276 с. с иллюстрациями.
- Актуальные проблемы таджикской культуры. – Душанбе: Дониш, 2020. – 388 с.
- Хорошее кино – имидж государства. – Душанбе, 2 изд., дополненное. 2021. 307 с., с иллюстрациями.
- Современное пространство таджикской культуры и искусства– Душанбе: Матбаа, 2023. 291с.
Рўњатон шод ва маъвои охирататон обод бод Устоди гиромиќадр!