Skip to main content

Имрӯз, 15 октябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ бо гурӯҳи шарикони чинӣ мулоқот анҷом доданд.

Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо аҳамияти рушди ҳамкориҳоро дар самтҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими ин раванд изҳор доштанд. Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир, зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ ба масъалаҳои калидӣ мубаддал шудаанд, ки дар тамоми соҳаҳо татбиқи васеъ меёбанд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт изҳор дошт, ки ба ин масъалаи мубрам Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар суханронии худ дар Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуданд, ки рушди зеҳни сунъӣ бояд таҳти назорати байналмилалӣ қарор гирад ва истифодаи он бояд ба нафъи инсоният ва рушди устувор равона шавад.

Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карданд, ки бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи технологияҳои муосир дар шаҳри Душанбе Маркази зеҳни сунъӣ таъсис ёбад.

Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, мо метавонем ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ таҳким бахшида, дар оянда ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ва амалии муштарак ноил шавем.

Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки соҳаи рақамикунонӣ имрӯз дар кишвари Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими рушд буда, барои такмили инфрасохтори рақамӣ ва тавсеаи хизматрасониҳои электронӣ тадбирҳои иловагӣ андешидан зарур аст.