Skip to main content

Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии “дарҳои кушода” ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-16 ноябр

Мавриди зикр аст, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро “сиёсати дарҳои кушода” ташкил дода, муносибатҳои худро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ ба роҳ мондааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози асри XXI бо эълони “сиёсати дарҳои кушода” равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуданд, ки пас аз гузашти солҳо ин сиёсат ҳамчун сиёсати озмудашуда ва муваффақ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Интихоби сиёсати “дарҳои кушода” аз як тараф роҳи ягонаи дурусти пешбурди сиёсати хориҷӣ ва аз ҷониби дигар иъикоси арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва суннатии халқи тоҷик яъне дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ мебошад, ки самараи бевоситаи Пешвои миллат мебошад.[1]

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоми ҷомеаи ҷаҳон ба расмият шинохта, Пешвои миллатро сарвари сулҳпарвар эътироф намудаанд. Маҳз талошҳо ва заҳматҳои бепоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои дуру наздик ва ҷаҳон ҳамкориҳои судманду дӯстонаро ба роҳ мондааст. Кореяи Ҷанубӣ яке аз кишварҳои Осиёи Шарқӣ мебошад, ки дорои иқтисоди босуръат рушдкунанда буда, ба қатори кишварҳои даҳгонаи “Бабрҳои Осиёӣ” шомил мебошад. Дар замони бархурди манфиатҳо ва рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳо, яке аз шартҳои рушди пайвастаи ҳар як кишвар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин раванд дур набуда, бо Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро дар тамои соҳаҳо ба роҳ мондааст.

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ 27 апрели соли 1992 барқарор гардидааст. Аз оғози робитаҳои дипломатӣ ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҷараён дорад. Соли 2008 Кореяи Ҷанубӣ намояндагии худро дар шаҳри Душанбе боз намуд. Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ аз 13 апрели соли 2015 расман ба фаъолият оғоз намуд. Мавриди зикр аст, ки сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ соли 2015 дар заминаи сафари расмии Президенти кишвар ифтитоҳ гардид. Асоси тамоми ин ҳамкориҳо дар мулоқоти нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Корея Ким Ён Сам (соли 1995 дар шаҳри Ню-Йорк) баргузор гардид. Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро 20 санади ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниминтақавӣ ташкил медиҳад.[2]

Қобили зикр аст, ки дар таърихи ҳамкориҳои дуҷониба, аввалин маротиба санаи 15-17 июли соли 2019 дар сатҳи боломақом Сарвазири Кореяи Ҷанубӣ Ли Нак Ён бо ҳайати вакилони худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом доданд. Дар рафти вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ саноатӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ гардид. Дар мулоқоти мазкур доир ба самтҳои манфиатбори муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноатӣ, гидроэнергетика, молиявиву бонкдорӣ ва бахшҳои хусусӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ, илму маориф, фарҳанг, муҳоҷират, сайёҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон,ҳар ду ҷониб табодули назар намуданд. Метавон гуфт, ки вохӯрии мазкур қадамҳои аввал дар рушди ҳамкориҳои тарафайн ба ҳисоб рафта, барои дар оянда таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрсамта нақши муҳим мебозад. Зеро, дар ин мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои судманд баррасӣ гардида, бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ рӯз то рӯз ҳамкориҳо миёни ду кишвар рушд намуда истодааст.[3]

Мавриди зикр аст, ки санаи 1-уми апрели соли 2021 Раиси Парлумони Кореяи Ҷанубӣ Пак Бён Сок ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Дар ин нишасти самимӣ ба масъалаҳои муҳимтарини ҳамкориҳо ба хусус дар таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ Тоҷикистону Корея таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ метавонад, яке аз омили таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни ҷонибҳо гардад. Инчунин, қайд гардид, ки истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, таъсиси марказҳои логистикию тиҷоратӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз самтҳои ояндадори таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар маънидод гардид. Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIKA) изҳори қаноатмандӣ намуданд.[4]

Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) соли 1991 таъсис гардида, ба барномаҳои кӯмаки грантӣ равона гардидааст, ки аз ҷониби ҳукумат Кореяи Ҷанубӣ маблағгузорӣ мешавад. Мақсади асосии ин барномаи (KOICA) мубориза бо камбизоатии ҷаҳонӣ ва дастгирии рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад. Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар амалисозии барномаҳои кӯмаки грантии Кореяи Ҷанубӣ нақши калидӣ мебозад. Нуфузи Кореяи Ҷанубӣ дар арсаи ҷаҳонӣ баланд гардида, Кореяи Ҷанубӣ дар ҳаллӣ мушкилоти рушди байналмилалӣ нақши назаррас мегузорад. Кореяи Ҷанубӣ тавассути барномаи KOICA як қатор лоиҳаҳоро дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар рушди ҷамоатҳои деҳот, тандурустӣ, маориф, идоракунии давлатӣ, тағйирёбии иқлим, энергетика ва инфрасохтори саноатӣ амалӣ месозад. Инчунин, имкониятҳои омузиш ва таълимиро ба кормандони давлатӣ ва намояндагони шаҳрвандони кишварҳои қабулкунанда пешниҳод менамояд. Бо истифода аз платформаи муштараки KOICA шумораи ташкилотҳо, корхонаҳо ва шахсони алоҳидаи Кореяи Ҷанубӣ дар амалӣ сохтани лоиҳаҳои бузурги KOICA ҳамроҳ гардидаанд.[5]

Бо ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир таваҷҷуҳи Кореяи Ҷанубӣ ба кишвари мо бештар шуда истодааст. Аз ин рӯ, Кореяи Ҷанубӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро густариш дода, бештар ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, гумрукӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, инфрасохтор, техникӣ, рақамикунонӣ, саноатӣ, соҳибкорӣ ва илмӣ-фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд.

Солҳои охир ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаи гумрук ва нақлиёт низ ба роҳ монда шуда, пайваста рушд карда истодааст. Ҳамкориҳо миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ба роҳ монда шуда, дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бисёрҷонибаи Созмони умумиҷаҳонии Савдо ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук густариш ёфта истодааст. Дар заминаи ҳамкориҳои судманд дар шаҳри Душанбе “Системаи идораи таваккал” ифтитоҳ гардид. Татбиқи лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2019-2021 дар асоси Созишнома дар бораи содагардонии расмиёти савдои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо вобаста ба расонидани кӯмаки техникӣ аз ҷониби кишварҳои мутараққӣ ба кишварҳои рӯ ба рушд амалӣ карда шудааст. Дар асоси Созишномаи дуҷониба аз ҷониби Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ ёрии техники барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 4,2 миллион доллари амрикоӣ тасдиқ ва ҷудо карда шуд. Дар маросими ифтитоҳи “Системаи идораи таваккал” намояндаи ширкати “DATA World CoL/td” доир ба марҳилаҳои татбиқи лоиҳаҳо, системаи идораи таваккал, ҳадаф, афзалият ва дурнамои он изҳори андеша намуданд. Ҳамзамон дар доираи муаррифии лоиҳаи мазкур мулоқоти дуҷонибаи Хадамоти гумруки Тоҷикистону Корея баргузор гардид. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистону Корея солҳои охир густариш ёфта, соли 2023 беш аз 96 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Воридоти бештари молҳо аз Кореяи Ҷанубӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолию технологӣ, маҳсулоти фармасевтӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар намуди молҳоро ташкил медиҳад.[6]

Дар доираи ҳамкориҳои сиёсию дипломатӣ санаи 29-уми ноябри соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Чон Ий Ёнро бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштироки Форуми “Осиёи Марказӣ + Корея” дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи феълии ҳамкориҳои ду кишвар ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо Кореяро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимоди худ медонем ва ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо он мутобиқ ба манфиатҳои муштарак аҳамияти хос медиҳем. Инчунин, дар ин мулоқот таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангиро муҳокима намуданд. Таъкид карда шуд, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши робитаҳо дар доираи Форуми муштараки соҳибкорӣ метавонад омили таҳкими ҳамкориҳо дар афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ миёни ду кишвар гардад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, энергетика, гидроэнергетика, саноат, саноати коркарди кӯҳӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои минбаъдаи ҳар ду кишвар маънидод гардид.[7]

Дар санаи 6-уми сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (КОЙКА) Ҷанг Вон Самро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқоти мазкур ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Кореяро шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Шарқӣ ва КОЙКА-ро ниҳоди муҳими тақвияти ин шарикӣ номиданд. Бояд қайд намуд, ки дар 7 моҳи соли 2024 гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар 29% афзоиш ёфтааст. Дар рафти суҳбат ҳамкорӣ дар татбиқи тарҳҳои мухталиф аз ҷумла дар самтҳои энергетика, нақлиёт, саноат, соҳибкории хурду миёна, рақамикунонӣ, идоракунии давлатӣ ва рушди захираҳои инсонӣ баррасӣ гардиданд. Инчунин, ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва идораи об, ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва таъмини рушди устувор низ самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ гардид. Ҳамзамон, дар масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба аз қабили тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, афзоиши бунёди “энергияи сабз”, рушди “иқтисоди сабз”, таъсиси “технопаркҳо”, ҷорӣ намудани “технологияҳои рақамӣ” ва тавсеаи “тиҷорати электронӣ” ибрози андеша намуданд.[8]

Қобили зикр аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз масъалаҳои муҳим барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Пешвои миллат пайваста ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта талошҳои худро равона месозад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ низ бо дигар кишварҳо ҳамкориҳоро ба роҳ монда, пайваста ҳамкориҳоро густариш медиҳад. Зикр кардан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори қувваи корӣ буда, метавонад бо Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳоро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ густариш диҳад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳои сиёсиву дипломатии худро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ низ ба роҳ монда, баҳри рушди самти мазкур пайваста талошҳои худро равона месозанд. Асосан рушди муҳоҷирати меҳнатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар манфиатовар мебошад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки саҳму талошҳои бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши робитаҳои дуҷонибаву бисёрҷониба миёни ду кишвар бештар ба назар мерасад. Санаи 5-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Сеул муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо муовини Президенти Хадамоти захираҳои инсонии Кореяи Ҷанубӣ оид ба масъалаҳои қувваи кории хориҷӣ ва шуғли ҷаҳонӣ Лим Син Мук мулоқот намуданд. Дар доираи мулоқоти мазкур ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Кореяи Ҷанубӣ ба имзо расид. Инчунин ҷонибҳо дар мавриди татбиқи он, аз ҷумла таъсиси Маркази низоми иҷозати шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фиристондани шаҳрвандони кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ ба Кореяи Ҷанубӣ изҳори андеша намуданд.[9]

Дар соли 2025 аввалин гуруҳи кории муҳоҷирон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ сафарбар шуданд, ки ин иқдомҳои аввалини сиёсати муҳоҷирати меҳнатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Шарқӣ ба ҳисоб меравад. Дар амалишавии сиёсати муҳоҷирати меҳнатии ду кишвар дар асоси манфиатҳои миллии ҷонибҳо, яъне Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Кореяи Ҷанубӣ нақши муассир доранд. Метавон гуфт, ки Созишномаи байниҳукуматӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ миёни ду кишвар, ки дар соли 2024 ба имзо расонида шуд, барои шинохти ду халқият ва барои таҳкими робитаҳои сиёсии байниҳукуматӣ миёни ду кишвар мусоидат менамояд.

Ҳамин тариқ, метавон қайд кард, ки дар таҳкиму густариши робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати “дарҳои кушода” тавонистанд бо кишварҳои дуру наздик махсусан бо Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳои зич ва густардаро ба роҳ монда, баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ талошҳои беназири худро равона месозанд. Метавон қайд кард, ки солҳои охир ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, парлумонӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, энергетикӣ, саноатӣ, гумрук, инфрасохтор, илмӣ-фарҳангӣ рушд ёфта истодааст, ки ин ҳам заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

ФАЙЗУЛЛОЕВА Нигора, ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Адабиёт

1. Мирзоев Ҳабибҷон “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолият ва эҷоди давлати миллӣ” 15.11.2019. Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо (osiyoavrupo.tj)

2. Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея | Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон https:// www. mfa.tj/ tg/ main/ view/ 34/ munosibathoi-tojikiston-bo-jumhurii-koreya

3. Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён /Президенти Тоҷикистон- President of Tajikistan- Президент Таджикистана /- (prezident.tj) http:// www. prezident.tj/node/20682

4. Пак Бён Сок: «Мы высоко оцениваем усилия Президента Таджикистана Эмомали Рахмона по обеспечению мира и стабильности в регионе Центральной Азии» | НИАТ "Ховар" (khovar.tj)

5. Korea International Cooperation Agency (KOICA) https://darpe.me/aid-entries/koica/

6. Таҳкими ҳамкории гумрукии Тоҷикистону Корея (gumruk.tj) https: //www. gumruk. tj/ index. php/ 12121 / ruiydodi-gumruk/1164-2021-09-17-18-13-03

7. Мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея https:// www. mfa.tj/ tg/ main/ view/ 9262/ muloqoti-peshvoi-millat-prezidenti-jumhurii-tojikiston-bo-vaziri-korhoi-khorijii-jumhurii-koreya

8. Мулоқот бо Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) Ҷанг Вон Сам https://president.tj/event/news/47172

9. Вохӯрӣ бо муовини Президенти Хадамоти захираҳои инсонии Корея оид ба масъалаҳои қувваи кории хориҷӣ ва шуғли ҷаҳонӣ/ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон https:// www.mfa.tj /tg / main / view/16074/vokhuri-bo-muovini-prezidenti-khadamoti-zakhirahoi-insonii-koreya-oid-ba-masalahoi-quvvai-korii-khoriji-va-shugli-jahoni