Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар замони соҳибистиқлолӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар табдил ёфтаанд. Ҳар ду давлат бо такя ба принсипҳои эҳтироми мутақобил, эътимод ва ҳамкории судманд тавонистаанд заминаи устувори шарикии стратегиро ба вуҷуд оваранд. Дар ин раванд, сафарҳои давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши калидӣ дошта, барои таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамоянд.
Сафари давлатии Пешвои миллат ба Чин на танҳо рамзи дӯстиву ҳамкории мустаҳками ду кишвар мебошад, балки ҳамчун омили муҳими густариши робитаҳои стратегӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак арзёбӣ мегардад. Дар доираи чунин сафарҳо созишномаҳои муҳим ба имзо расида, ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноат, маориф ва сармоягузорӣ марҳилаи нав касб мекунад. Аз ин рӯ, омӯзиши нақши ин сафарҳо дар рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин аҳаммияти муҳим дошта, нишон медиҳад, ки чӣ гуна дипломатияи сатҳи олӣ метавонад ба пешрафти давлатҳо ва таҳкими суботи минтақавӣ таъсири мусбат расонад.
Дар солҳои охир муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба марҳилаи нави шарикии стратегии ҳамаҷониба ворид гардидаанд. Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзҳои 11–14 майи соли 2026 далели возеҳи таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ба шумор меравад.
Имрӯз Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, робитаҳои ду давлат пайваста дар самтҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, технология ва амният густариш меёбанд. Дар чунин шароит, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин барои таҳкими шарикии стратегӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ, аҳаммияти хоса пайдо менамояд.
Натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ ва санадҳои баимзорасида нишон медиҳанд, ки Тоҷикистону Чин марҳилаи нави ҳамкориҳои дарозмуддат ва ҳамаҷонибаро оғоз намудаанд. Ҳамзамон, тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисоди “сабз”, технологияҳои рақамӣ, саноатикунонӣ ва рушди инфрасохтор метавонад барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад. Ин ҳамкориҳо метавонанд барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми муҳим гузоранд.
Ҳамкориҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб меёбанд. Муносибатҳои дустонаи ду кишвар пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ташаккул ёфта, тадриҷан ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин аз 4 январи соли 1992 барқарор гардида, Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалин давлатҳое мебошад, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро эътироф намуд. Бо вуҷуди мушкилоти солҳои аввали истиқлолият ва ҷанги шаҳрвандӣ, муносибатҳои ду кишвар нигоҳ дошта шуда, баъд аз барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ босуръат рушд карданд. Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ тавассути музокироти дипломатӣ низ ба таҳкими эътимоди мутақобила мусоидат намуд.
Дар раванди ҳамгироии муосир муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои ду кишвар ба шумор меравад. Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз ба яке аз шарикони асосии иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо дастгирии ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти муҳими зерсохторӣ бунёд гардидаанд. Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин таъкид гардид, ки ҳаҷми сармоягузориҳои чинӣ барои рушди иқтисоди Тоҷикистон ба наздикӣ ба 6 миллиард доллар расидааст. Инчунин, таъкид гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкати дорои сармояи чинӣ фаъолият дошта, зиёда аз 300 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо иштироки ширкатҳои чинӣ амалӣ мегарданд. Аз рӯйи натиҷаҳои музокирот беш аз 50 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки ҷалби беш аз 8 миллиард доллар сармояро барои рушди иқтисоди миллӣ пешбинӣ менамояд.
Ташаббуси байналмилалии “Як камарбанд — як роҳ” низ барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва нақлиётии ду кишвар аҳаммияти муҳим дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавқеи ҷуғрофии худ метавонад ҳамчун кишвари муҳимми транзитӣ дар рушди роҳҳои тиҷоратии минтақавӣ нақши муассир бозад.
Дар маҷмӯъ, сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Музокироти сатҳи олӣ ва санадҳои баимзорасида нишон медиҳанд, ки Тоҷикистону Чин ба марҳилаи нави ҳамкориҳои стратегӣ ворид гардида, самтҳои афзалиятноки рушди муштаракро дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетика, зерсохтор ва технологияҳои муосир муайян намудаанд. Инчунин, натиҷаҳои сафари давлатӣ нишон медиҳанд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин хусусияти дарозмуддат ва мутақобилан судманд дошта, барои таҳкими суботи минтақавӣ, рушди иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳаммияти муҳим доранд.
Густариши ҳамкориҳо дар самтҳои “иқтисоди сабз”, рақамикунонӣ ва саноатикунонӣ имкониятҳои навро барои рушди устувори иқтисоди миллӣ ва тақвияти рақобатпазирии Тоҷикистон фароҳам меорад. Ин раванд ҳамчунин ба ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.Дар ин замина, муносибатҳои Тоҷикистону Чин ҳамчун намунаи ҳамкории мутақобилан судманд, эътимоднок ва дарозмуддат арзёбӣ гардида, дурнамои онҳо ба тавсеаи минбаъдаи шарикии стратегӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ нигаронида шудааст.
Муҳаммадализода П.М. – н.и.и., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
