Имрӯз дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар вохурӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, аъзои вобастаи АМИТ бо маърӯза баромад карданд.
Зимни суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи илмро дар кишварамон ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба масъулини ин соҳа чунин дастурҳое доданд, ки амалисозии онҳо, бешубҳа, на танҳо ба рушди илми тоҷик, балки ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ ва инкишофи ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат мекунад.