Воқеан ҳам имрӯзҳо дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа шароити зарурӣ муҳайё гардида, ин сиёсат ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла, Тоҷикистон аввалин давлатҳое дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки баробарии зану мардро дар сатҳи Конститутсияи давлат эътироф намудааст.
Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равшан ба назар мерасид. Дар ин раванд дар мамлакат даҳҳо тадбирҳое амалӣ гардиданд, ки ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва мақоми занро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян намуд. Махсусан, бо мақсади таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як қатор қонуну қарорҳои дахлдор қабул гардид. Ҳадаф аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, нақши онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат мебошад.
Хусусан, дар ин давра ҷиҳати омӯзиш, соҳибилм ва соҳибкасб намудани занон тадбирҳои зиёд андешида шуд, ки мақоми бонуи тоҷикро дар рушди илму маориф баланд намуд. Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 23 -юми декабри соли 2022 иброз доштанд, ки “Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд. Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шумораи ҳарчӣ бештари ҷавондухтарон, инкишоф додани сатҳу сифати саводнокии бонувон квотаҳои президентӣ ҷудо гардид. Аз ибтидои таъсис додани квотаҳои Президентӣ то соли хониши 2019-2020 зиёда аз 11000 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо истифода аз ин имтиёз ба мактабҳои олӣ дохил шуда, ҳоло дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа муваффақона фаъолият карда истодаанд. Аз 30 ҳазор нафар донишҷӯёне, ки ҳоло дар хориҷи мамлакат машғули таҳсил мебошанд, 12300 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ҳадафи ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, таъмин намудани ҳуқуқ ва манфиати занон, иштироки онҳо дар рушди ҷомеа ва ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣва фарҳангӣ, тарбия намудани ҷавонондухтарон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, дастгирӣкардани худмуайянкунии ҷамъиятӣ ва худташаккулёбии насли ҷавон мебошад. Маҳз самараи чунин сиёсат буд, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимияти қонунгузор, судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлатию ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро мегузоранд.
Албатта, занони соҳибмаърифату соҳибкасб метавонанд дар ҳаёти ҷомеа фаъол бошанд. Саҳми занону духтарон дар рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун шуда истодааст. Бояд гуфт, ки дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа занон имрӯз дар рушди илми ватанӣ саҳми назараси худро мегузоранд. Дар соҳаҳои калидии иҷтимоӣ, яъне маориф имрӯз беш аз 73 фоиз, илм 26,5, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 68 ва фарҳанг 51 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар бахшҳои гуногуни илми кишвар 116 нафар докторҳои илм ва 1124 нафар номзадҳои илм, аз ҷумла 15 доктор ва 133 номзади илм дар соҳаи илмҳои дақиқ аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар муассисаҳои илмӣ - таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ занон дар рушди илмҳои гуногуни бунёдию ҷамъиятӣ саҳм мегузоранд. Аз шумораи умумии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 721 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо 30 доктори илм ва 104 номзади илм мебошад. Аз ҷумла олимаҳои АМИТ, академики АМИТ Яқубова М., узви вобастаи АМИТ Мансурӣ Д., узви вобастаи АМИТ Қоҳирова Г., докторони илмҳои фалсафа - Усмонова З.М., Хидирзода М.У., Маҳмадова М., Содиқӣ Н.Н., Маҳмадҷонова М.Т, номзадони илм - Муродова Т., Сайҷафарова П.Ш., Насурова Б., дар соҳаи илмҳои таърих - Додхудоева Л., Воҳидова С., Қобилова Б., дар бахши илмҳои филологӣ – Шарифзода Ф.Х., Умарова Ш. ва даҳҳо нафари дигарро метавон ном бурд, ки дар рушди соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ саҳм мегузоранд.
Хулоса,шароити соҳибистиқлолӣ ба мақоми зан ва боло бурдани мавқеи ӯ дар ҷомеа заминаи боэътимод гузошт. Таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки занон дар пешрафт ва такомули ҳамаи соҳаҳо, махсусан, дар самти илм ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Имрӯз дар симои занон миллати тоҷик олимаҳои муваффақро мешиносад. Занҳои тоҷик дар пешбурди сиёсати дохилию хориҷии кишвар саҳмгузор буда, минбаъд низ барои таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳиссаи худро хоҳанд гузошт.
Фазилат Саидова - номзади илмҳои сиёсӣ, ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ