“Ин санаи воқеан таърихӣ барои халқи азизи мо бисёр муҳим мебошад, зеро он давлати ҷавону соҳибистиқлоли тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо намуд ва ибтидои раванди барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилӣ ва инчунин созандагии Ватани маҳбубамон гардид”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Мусаллам аст, ки дар таърихи 27 - уми июни соли 1997 ба тасвиб расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби Президенти муҳтарам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ як қадами воқеӣ ва иқдоми наҷиби сатҳи байналмилалӣ ва омили муттаҳидсозандаи миллат дар роҳи дастёбӣ ҷиҳати ҳифз, таҳкими арзишҳои суннатӣ, таърихӣ, динӣ, илмиву фарҳангӣ ва иштироки ҳама баҳри дастёбӣ ба рушди ҷомеаи орому осоишта ва ваҳдатбунёду сулҳхоҳ маҳсуб меёфт.
Зеро хоҳ – нохоҳ муҳимтарин сарчашмаи пешрафти ҳар як давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама Ваҳдати миллӣ, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳод ва ҳамзамон таъмини якпорчагии он мебошад. Ба ифодаи аломаи Машриқзамин, шоири шаҳири покистонӣ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ:
Баргу сози коинот аз Ваҳдат аст,
Андар ин олам ҳаёт аз Ваҳдат аст.
Имрӯз ҳар яки мо аз хурд то бузург бо бовари комил гуфта метавонем, ки заминаи иттиҳоду итифоқии мардум ва хушбахту саодатёр шудан, ин пеш аз ҳама аз Ваҳдату ягонагӣ сарчашма гирифта, инчунин он пеш аз ҳама боиси боз ҳам пойдору устувор гардидани пояҳои давлату давлатдорӣ ба ҳисоб ме-равад. Аз ин рӯ, Шайх Аттори Нишопурӣ низ дар як ғазалаш чунин фармуда:
Гуфтам, аз халқи ҷаҳон болотарам аз мартабат,
Чун ба ваҳдат омадам, зереву болое намонд.
Хулосаи ниҳоӣ он аст, ки аз муҳтавои ин байт бармеояд, ки дар мароҳили навини таърихи давлату давлатдории халқи соҳибзафар ва соҳибиқболи тоҷик роҳи ҳаллу фасли муноқиша ва инчунин таноқузӣ ба вуқуъ пайваста маҳз бо таваҷҷуҳ бо ҳастии ҳамин таҷоруби таърихӣ ва файзёбӣ аз фарҳангу тамаддуни тафоҳум ва ҳамгироии он аз пойдевори устувори рахнанопазири кохи бегазанди Ваҳдати миллӣ бунлод ёфт.
Ҳамин тариқ, метавон иброз намуд, ки фалсафаи ибратоин ва ҳумоюни ниёгони бузургамон аст, ки мо ба ин гуна рӯзҳои накӯ ва нусратбахш комёб гардидему феълан дар шароити мусоиди тинҷиву осудагӣ ва дар фазои сулҳу Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ қадам ба сӯйи шоҳроҳи устувори созандагиву бунёдкориҳо мегузорем.
Барҳақ имрӯз сулҳу ваҳдати миллии пойдор ба тимсоли як ғояи умумимиллӣ ва ҳамзамон муттаҳидкунандаи ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд мубаддал шудааст.
Соли ҷорӣ, рӯзи 9 - уми март дар толори Кохи “Ваҳдат”-и пойтахти мамлакат, зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки камина ҳам дар он ҷамъомад ширкат доштам Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, ба аҳли ҳузори толор чунин зикр карданд: ”Мо сангинтарин мушкилоти солҳои ҷанги шаҳрвандиро якҷоя бартараф сохта, ба ин рӯзҳои нек расидем, дар ҳоле, ки баъзеҳо мегуфтанд, ки мо аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест мешавем, аммо нашудем, яъне тирашон хок хӯрд. Баръакси хостаҳо ва нақшаҳои душманони миллат дигарбора эҳё шудем, давлатамонро аз нестшавӣ ва миллатамонро аз хатари пароканда шудан наҷот додем ва соҳибӣ кардем.
Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати милли-амонро, ки ҷавшани миллии мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст”.
Ин суханони меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Президенти мамлакат кулли аҳли ҷомеа хусусан мо роҳбарони ниҳодҳои илмӣ ва инчунин олимони ҷавони кишварамонро муваззаф менамояд, ки баҳри таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сартосарӣ ва тарғиби худшиносии миллӣ ба таври мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида, бо мақсади ташаккули ғояи Ваҳдати миллӣ тадбирҳои амалиро анҷом диҳем, чунки он мероси пурғановати ниёгони оламшумули мо маҳсуб меёбад. Ба ифодаи Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил ифода намоем:
Ғарқи ваҳдат бош, агар осуда хоҳӣ зистан,
Моҳиёнро ҳар чӣ бошад ғайри дарё, оташ аст.
РАҲИМЗОДА Алишер Орзу, директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон