Skip to main content
10 декабр Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон маҳсуб шуда, мақсад аз он ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар фард мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид, ки имсол аз қабули он 76 сол сипарӣ шуд.

Рӯзи ҳуқуқи инсон имкон медиҳад, ки ҳар сол атрофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, вазъи риояи онҳо ва нақшаҳои минбаъда барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар самти тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эҳтиром, риоя ва ҳифзи онҳо барномаҳо доир гашта, тавсияҳои дахлдор пешниҳод шаванд.

Имрӯзҳо эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон яке аз мақсадҳои асосии тағйироту дигаргуниҳо дар ҷомеа маҳсуб шуда, ба тағйир додани нақшу ҷойгоҳи инсон, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, дахлнопазирӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии худ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Конститутсия ва дигар қонунҳо, принсипҳои башардӯстӣ ва озодона кору зиндагӣ намудани инсонро дарҷ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо пайваста кӯшишҳои судманд ба харҷ медиҳад. Дар ин раванд Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худро давра ба давра таъмин менамояд.

Ногуфта намонад, ки маҳз боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҳуқуқ, оздиҳои инсон ва шаҳрвандро дарбар мегирад. Ва ҳамчунин дар боби якум, моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волоият, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дарҷ гардида аст.

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу оздиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Маврид ба таъкид аст, ки барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як фарди ҷомеа Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 2012 таҳти рақами 678 «Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» ба тасвиб расидааст. Мақсади асосии барномаи мазкур баланд бардоштани маданияти ҳуқуқи инсон, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамкории байни мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷорӣ намудани омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон дар системаи маориф, барномаҳои таълимии судияҳо ва низоми хизмати давлатӣ ва чанде аз ҳадафу мақсадҳои дигарро дар бар мегирад.

Расидан ба мақсаду маромҳои олӣ баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ҳар як фардро тақозо менамояд, зеро эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон қисми ҷунонашавандаи зиндагӣ, фаъолият ва рафтори ҳар як узви ҷомеа мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, заминаи мустаҳкамро барои рушди ҳамкорӣ бо ниҳодҳои оинномавию шартномавии Созмони Милали Муттаҳид ва бо дигар сохторҳои иҷроияи он амали менамояд. Дар ин раванд тибқи маълумоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Тоҷикистон солҳои 2010-2023 се маротиба расмиёти Шарҳи гузоришҳои миллии худро ба мақомоти шартномавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод намуд ва ҷиҳати ташрифи 11 мандати мавзуии расмиёти махсус мусоидат намудааст. Дар натиҷа ба Тоҷикистон дар маҷмуъ зиёда аз 1000 тавсияҳо дода шуданд, ки масъалаҳои ҳуқуқи инсонро дар бар мегиранд. Яъне, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва иҷрои бовиҷдононаи уҳдадориҳои байналмилалӣ фаъолият менамояд.

Баҳронов Соҷидхон - мудири шуъбаи таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, иҷозатномадиҳӣ ва чораҳои маҷбурсозии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ