11 феврали соли равон дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ таҳти унвони «Аҳамияти синошиносӣ ва муаррифии «Осор»- Ибни Сино» мизи муддавар баргузор гардид.
Мизи мудавваро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд оғоз бахшид. Таъкид гардид, ки Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино аз мутафаккирони барҷастаи тоҷик аст, ки бо донишу ҷаҳонбинии фарогираш дар олами тибби ҷаҳон саҳми арзишмандро касб карддаст. Абӯалӣ ибни Сино дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст.
Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба арабӣ ва хам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд.
Дар идома директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Маҳмадизода Нозим дар суханронии хеш иброз дошт, ки Абӯалӣ ибни Сино парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри вай пас аз фурӯпошии давлати мутамаркази Сомониён, дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндонӣ умр ба сар бурда, гоҳе чун надими хосси подшоҳону маликон низ рӯзгор паси сар кардааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набудааст.
Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо маълумоти аниқе дастрас нест, санаҳои зиёде аз рӯзгори Абӯалӣ ибни Сино маълум аст. Рӯзгор ва саргузашти Сино ба дасти шогирди вафодораш Абӯубайд Фақеҳии Ҷузҷонӣ имло шудааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Синоро Абӯубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди рухдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли арабӣ ва тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Падари Абӯалӣ — Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошт ва аслан аз аҳли Балх буд. Вай дар замони Нӯҳ ибни Мансур ба Бухоро омада, дар деҳаи Афшона (Рометани имрӯза) ба кори мулкӣ шуғл варзид. Вай дар деҳаи Афшона бо Ситорабону ном деҳқондухтар хонадор шуд. 18-августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд.
Соли 985 оилаи Ибни Сино, вақте ки ӯ ба синни панҷсолагӣ мерасад, аз Афшона ба Бухоро кӯчид. Абдуллоҳ, ки аз шахсони фозил ва маърифатдӯст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз панҷолагӣ то даҳсолагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабро аз худ кард.
Сипас, олимони Маркази синошиносӣ доир ба осори гаронарзиши ин чеҳраи тобноки олими тибби ҷаҳон Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино маъруза намуда, фаъолияти гуногунҷабҳаи ин мутафаккири абадзиндаи форсу тоҷикиро ҷовидона хонданд.