Skip to main content

123131Замине, ки барои боғҳои муосири саноатӣ интихоб шудааст, пеш аз ҳама аз ҷисмҳои нодаркор бояд тоза ва тахту ҳамвор карда шавад. Пас аз он дар асоси санҷиши хоки ин замин миқдори моддаҳои ғизогии таркиби онро муайян кардан лозим аст. Дар шароити Тоҷикистон пеш аз шудгор кардани боғ ба миқдори 30-40 т поруи маҳаллӣ, 500-700 кг нуриҳои фосфордор ва 100-150 кг нуриҳои калийдор (вазни физикӣ) ба ҳар як гектар андохта, баъд ба воситаи плуги плантажӣ дар чуқурии 50-60 см шудгор кардан лозим аст. Корҳои тайёр кардани замини боғи навбунёд на кам аз 2-3 моҳ пеш аз шинонидани ниҳолҳо анҷом дода мешаванд.

Дар шароити Тоҷикистон ниҳолҳои мевагиро дар фасли зимистон ҳам шинонидан мумкин, ба шарте, ки ҳарорати ҳаво манфӣ набошад ва замин барои шинонидан тайёр бошад. Дар боғҳои навбунёди муосир, ниҳолҳо бояд ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавоб диҳанд, яъне ғафсии танаи онҳо аз 1,5-2,0 см кам набояд бошаду баландии поя (штам) - 40-60 см ва дарозии навдаҳо 50-70 см-ро ташкил диҳанд. Ҳар як ниҳоли стандартии мевадиҳанда 3-4 навдаҳои паҳлӯ доштанаш зарур аст. Ба ғайр аз ин онҳо 3 реша дошта, дарозиашон бояд 30-35 см-ро ташкил диҳад. Босифат кандани чуқуриҳо ва шинонидани ниҳолҳо, сабзиш ва нашъунамои хуби онҳоро дар боғ таъмин менамояд.

Кофтани чуқуриҳо ва шинонидани ниҳолҳо ба даст иҷро карда мешаванд. Чуқурчаҳо вобаста аз таркиби хок бояд то 50-50 см бар ва 50-60 см чукурӣ дошта бошанд. Ҳангоми кофтани чуқурча хоки қабати болоии замин (ҳамчун ҳосилхез) ба як тарафи чуқурча ва қабати поёнаш ба тарафи дигари он гузошта шуда, дар вақти шинонидани ниҳол аввало бо хоки қабати боло решаи ниҳолро пӯшонида, пас бо хоки қабати поён чуқуриро пур кардан лозим. Пеш аз шинонидани ниҳол ба ҳар як чуқурӣ то 8-10 кг поруи сӯхта ва 150-200 г суперфосфат андохта, бо хок омехта мекунанд.

Решаҳои ниҳол дар шарбатхок нигоҳ дошта, баъд ба чуқурии тайёр кардашуда шинонида мешавад. Тайёр кардани шарбатхок чунин аст: як қисм поруи нав ва як қисм хок дар чуқурии алоҳида бо воситаи об омехта карда мешаванд.

Дар вақти шинонидани ниҳол диққат додан лозим аст, ки гарданаи реша бояд аз рӯйи хок 1-2 см баланд бошад. Пас аз шинонидани ниҳолҳо, онҳоро бо об таъмин кардан ҳатмист. Агар манбаи об ҳоло муҳайё набошад, пас ба ҳар як ниҳоли шинонидашуда 10-15 л об рехтан шарт аст. Вобаста ба он, ки дарахтон дар кадом тагпайванд сабзонида шудаанд, тартиби ҷойгиршавии онҳо дар боғи навбунёд гуногун мешавад. Тартиби шинонидани навъҳои ниҳолҳо дар тагпайванди тухмӣчунин аст:

- тартиби шинонидан барои навъҳои зардолу 6х5 м;

- барои навъҳои шафтолу, нектарин ва олу 5х4 м мебошад.

Агар тавсияҳои мазкур саривақт ва бо сифат иҷро карда шаванд, дар чунин боғҳои навбунёди замонавӣ дарахтон қариб 100% месабзанд ва нашъунамои хуби онҳо таъмин мегардад.

Гулов Саидалӣ Маъмурович - узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ, профессор