Skip to main content

131231Наврӯз як ҷашни суннатӣ аст, ки бо баробар шудани шабу рӯз, маъмулан 20-ум ё 21-уми март ҷашн гирифта мешавад. Ин рамзи оғози соли нав аз рӯи тақвими шамсӣ буда, барои бисёре аз мардумон, аз ҷумла туркҳо, форсу курдҳо ва дигар мардумон ҷашни муҳиме шуморида мешавад. Наврӯз ба маънои зиндашавии табиат, бозгашти гармӣ ва оғози давраи кишту кори баҳорист. Ин ҷашн решаҳои амиқи фарҳангӣ дошта, бо урфу одатҳои сершумор, аз қабили омода кардани таомҳои мардумӣ, ороиши хона, баргузории чорабиниҳои идона ва ҷамъомадҳо бо наздикон алоқаманд аст.

Наврӯз яке аз муҳимтарин ва дӯстдоштатарин ҷашнҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонамон арзёбӣ маҳсуб меёбад. Дар ин рӯз дар тамоми манотиқи Тоҷикистон садои карнай-сурнай ва дутор баланд шуда, мардумро ба ид даъват мекунад. Ҳама, сокинони кишвар ба тантанаҳои идона мебароянд. Ҳамдигарро мехмондорӣ менамоянд, туҳфаҳо медиҳанд, хамдигарро бо фарорасии фасли баҳори нозанин табрик мекунанд.

Мафҳуми калимаи НАВРӮЗ ба забони тоҷикӣ «Рӯзи нав» тарҷума мешавад. Умуман, ин ҷашн аз замони зардуштӣ сарчашма мегирад. Сарфи назар аз исломишавии минтақа дар асрҳои 7-9, ин ҷашн то ба имрӯз омада расидааст. Ҷашни Наврӯз расму ойинҳои гуногунро дар бар мегирад. Пеш аз ид дар урфият аст, ки хонаҳоро тоза карда, ашёи кӯҳнаро шикаста мепартоянд. Бо шохаҳои дарахтони мевадиҳанда ороиш додани хона низ анъана шудааст. Ин барои он карда мешавад, ки сол пурфайзу баракат ояд.

Дастархони зебо оростан дигар анъанаи Наврӯзист. Ҷойи асосиро дар дастархони идона “Сумалак” ишғол мекунад. Сумалак шириние мебошад, ки дар ҳар хонадон омода мешавад ва ғизои асосӣ дар фасли баҳор маҳсуб мешавад. Он аз гандуми сабзида тайёр мешавад.

Воқеан, Наврӯз ҷашни эҳтиром аз ҷойгоҳи табиат ва бузургдошти сайёраи Замин аст, ки баъди карахтии сармои зимистон ба мисли инсон аз хоб бедор мешавад ва андешаи ӯро ба таҳрик меорад. Наврӯз ин набзи сайёраи Замин буда, дар гирди Офтоб як даври пурраи соли астрономиро паси сар мекунад ва дар моҳи фарвардин ба ҷойгоҳи аслии худ бармегардад.

Ёдовар бояд шуд, ки Наврӯз аз қадимтарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳон аст. Он бар пояи тасаввуроти амиқи фалсафӣ ва ҷаҳоншинохтие устувор гаштааст, ки ҳар кадом намоди давом ва бақои инсон дар рӯи Замин, аз ҷумла тоҷикон ва ориёитаборон, маҳсуб мешавад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз далели он аст, ки ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии насли башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгароӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти садаҳои зиёд суннату оинҳои Наврӯз имрӯз ҳам на танҳо дархури ҷомеа мебошанд, балки дар таҳрики худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши беназир доранд. Маҳз ҳамин нукта боис гардид, ки мақоми марбутаи Созмони Милали Муттаҳид – ин мақоми баландпояи сиёсии башарӣ Ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохт ва таҷлили саросарии он дар минтақаҳои гуногуни сайёра хислати ҳамагонӣ пайдо намуд.

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои зиёди миллии моро аз нав эҳё намуданд, ки дар миёни онҳо Наврӯз ҷойгоҳи хос дорад. Дар Тоҷикистон баъди расмиву давлатӣ гардидани ин Ҷашн ҳамасола тамоми сокинони кишвар, аз хурд то бузург, ба таҷлили Наврӯз бо руҳияи баланди идона омодагӣ мегиранд.

Боиси ифтихор ва шодмонии бузург аст, ки ҷашни қадимаю суннатии мардуми тоҷик Наврӯз чанд сол ин ҷониб дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хосса қайд мегардад.

Воқеан, Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва таъминкунандаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ. Имрӯз Наврӯз дар бештари кишварҳои олам таҷлил карда мешавад, зеро бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарварони як зумра аз давлатҳои дигар 30-юми сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро ба рӯйхати ёдгориҳои ғайримоддии инсоният ворид сохт. Дар ин асно, дар заминаи пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Мувофиқи он Наврӯзи Аҷам ҳамасола дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад ва ҷиҳати таҷлили шоистаи он тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мегарданд. Баъди таъкидҳои пайвастаи Роҳбари давлат, баргузории чорабиниҳои пуршукӯҳ, интишори китобҳои илмию оммавӣ ва маҷмуаҳои ашъори шоирон имконият фароҳам оварда шуд, ки мардум ба асолати ин Ҷашн бештар ошноӣ пайдо намоянд ва меҳру муҳаббаташон зиёдтар гардад. Ин аст, ки хурду бузурги кишвар интизори истиқболи Наврӯз мебошанд ва бо чорабиниҳои хотирмон тантанаҳои идонаро ҷамъбаст менамоянд.

СУЛТОНОВ ҶАСУРБЕК ДАВЛАТБОЕВИЧ- магистранти курси 1-уми ихтисоси 1-260101( идораи давлатӣ) - и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон