Наврӯз биё, ҳар нафасат, бӯйи баҳор аст,
Рухсори ту ойинаи гулрӯйи баҳор аст.
Ҳар лаҳза хумори ту гирад ҷумла ҷаҳонро,
Он қалби ту ошуфтаи дилҷӯи баҳор аст.
Омадани баҳор шодтарин рӯйдоди ҳаёти одамони ҳама давру замон мебошад, ки одамон онро ҳамчун бедории табиат, ҷашни ҳаёт, ҷашни умед ба соли пурмаҳсул меноманд. Дар ин рӯз фаслҳо дар нимкураҳо иваз мешаванд: агар дар нимкураи ҷанубӣ тирамоҳ фаро расад, дар нимкураи шимолӣ баҳор аст. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабурӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи кишту кори деҳқон ба шумор меравад, ки дар ин рӯз кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашни таърихии “Наврӯз” доранд. Дар тарҷумаи форсӣ “Наврӯз” маънои рӯзи навро дорад, ин маънои оғози соли навро дар бар мегирад.
Зангӯлаи бедории дунёи нави ту,
Эҳёи ҳама сабзаю гандуму ҷави ту.
Хуш омадӣ, эй мӯъҷизаорои табиат.
Хуш омадӣ, Наврӯзи Аҷам, соли нави ту.
Наврӯз биё, файзи ту, файзи ҳамагон бод,
Густурда пур аз неъмату нозе ҳама хон бод.
Ин муждаи ту пайки ҳама бахту нишот аст,
Ҳар рӯзи ту, наврӯзи ҳама пиру ҷавон бод!
Дар сарчашмаҳои таърихии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин-вал-аздод»-и Хисравӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун ҷашн мегирифтанд. Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якӯм то панҷӯми моҳи фарфардин гиромӣ дошт ва рӯзи шашуми Фарфардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт.
Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои тахрихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намуданд. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукумронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Агар ба тахърих назар афканем, мебинем, ки давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед давраи адлу инсоф ва пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва оинҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, ба пуррагӣ қайд мешуданд. Дар баробари пайдоиши ҷашни Наврӯз дар байни олимон ва таърихшиносони қадиму муосир фикрҳои зиёд ба чашм мерасад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд.
Дар таърихи 18-уми ферали соли 2010 дар ҷаласаи 64 – уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳони Наврӯз» ва тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфтааст.
Дар қатънома гуфта мешавад, ҳамасола дар тамоми ҷаҳон, 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷилил гардад. Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси сар карда, то ба имрӯз омада расидааст. Аз ҳама зиёд ва хубтару бештар Наврӯзи хуҷастаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистони худамон ҷашн мегиранд ва тамоми расму русуми дар гузашта мардуми ориёӣ доштаро мо дар ҷашни Наврӯз қайд менамоем ва тамоми он бозиҳое, ки дар ин фасл ҳаст, ҷавонон бо меҳру муҳаббати хос қайд мекунанд.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳукумати кишвар ба таърихи фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамоянд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардуми таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосса дорад.
Якубов Умарали Шералиевич - доктор (PhD), котиби илмии МД Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионии АМИТ
Акрамзода Рустами Ҷурахон - ходимони калони илмии МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ