Skip to main content

Рӯзҳои 3–4 апрел дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон саммити байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки ин вохӯрӣ аввалин маротиба роҳбарони панҷ кишвари минтақаро бо роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо дар як ҷой ҷамъ овард. Барои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ин саммит имкони таҳкими сиёсати бисёрсамта ва марҳилаи нави шарикии стратегӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев, ин чорабиниро як "фурсатҳои таърихӣ" хонда, таъкид кардааст, ки он метавонад заминаи ҳамкориҳои стратегии байни ду минтақа гардад. Барои Иттиҳоди Аврупо, саммити Самарқанд дорои аҳамияти стратегӣ мебошад ва мақсадҳои асосии зеринро дар бар мегирад:

а) дастрасӣ ба манбаъҳои алтернативии ашёи хом. Иттиҳоди Аврупо барои гузариш ба иқтисоди сабз ва пешрафти технологии худ ба ашёҳои хоме монанди литий, кобалт, уран ва ғайраҳо эҳтиёҷ дорад, аз ин рӯ барои таъмини он аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Қазоқистон ва Ӯзбекистон таваҷҷуҳ мекунад. Ин тамоюл ба коҳиши вобастагии технологӣ аз Чин, Иттиҳоди Аврупоро кӯмак мекунад. Дар Осиёи Марказӣ тақрибан 40% захираҳои ҷаҳонии марганес, литий, графит ва дигар канданиҳои фоиданок мавҷуд аст. Ба гуфтаи роҳбари Комиссияи Аврупо, бархе аз бозигарони ҷаҳонӣ танҳо ба истихроҷи захираҳои минтақа манфиатдоранд, дар ҳоле ки Аврупо ба рушди саноати маҳаллӣ, эҷоди ҷойҳои корӣ ва ифтитоҳи озмоишгоҳҳои илмӣ таваҷҷуҳ дорад.

Қазоқистон 175 намуди маҳсулотро ба Иттиҳоди Аврупо содирот мекунад. Ҳамзамон Қазоқистон 13% воридоти нафти Аврупоро тавассути лӯлаи Каспий таъмин мекунад. Ин лӯлаи гази бо дастгирии худи Иттиҳоди Аврупо устувор фаъолият мекунад, ҳамзамон Қазоқистон ва дигар кишварҳои минтақа роҳҳои алтернативии интиқоли ашёи хомро низ дар шароити ҳозира ҷустуҷӯ дорад. Аз 34 намуди ашёи хоми аҳамияти стратегӣ дошта барои иқтисоди Иттиҳоди Аврупо, Қазоқистон 19 намуди онро, аз ҷумла уран, мис ва литий таъмин менамояд. Ин худ аз рушди тиҷории ду минтақа ва давлатҳои минтақа далолат медиҳад;

б) диверсификатсияи энергетика ва нақлиёт. Барои Иттиҳоди Аврупо долони нақлиётии Транскаспий (Долони миёна) аҳамияти муҳими стратегӣ дорад. Дар чаҳорчӯби ташаббуси Global Gateway (Дарвозаҳои ҷаҳонӣ) барои ин масир 10 миллиард евро ҷудо карда шудааст. Ташаббуси Global Gateway-и Иттиҳоди Аврупо ҳамчун як алтернатива ба ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ"- и Чин арзёбӣ мешавад, аммо аз ҷиҳати миқёси молиявӣ ва сатҳи амалӣ, он то ҳол суст ташаккул ёфта истодааст. Гарчанде 10 миллиард евро маблағи бузург ба назар расад ҳам, коршиносон, ба монанди Темур Умаров (Маркази Карнегии Русия ва АвруОсиё), таъкид мекунанд, ки ин барои исботи ҷиддияти Иттиҳоди Аврупо дар минтақа кофӣ нест. Дар ҳоле, ки Чин аллакай ба бузургтарин шарики тиҷоратии минтақа табдил ёфтааст;

в) тарғиби арзишҳо. Мавзӯъҳои демократия, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон дар рӯзномаи саммит ҳатман боқӣ хоҳад монд. Инчунин масоили тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳими зистӣ, рушд додани инфрасохторҳои сайёҳӣ дар муносибатҳои дуҷониба дар авлавият қарор мегиранд;

г) шарикӣ стратегӣ. Қабули "Эъломияи Самарқанд" метавонад як гоми бузург дар ташаккули муносибатҳои сифатан нав миёни ду минтақа бошад, аммо муҳимтар аз ҳама татбиқи амалии он ба шумор меравад. Кушодашавии дафтари Бонки сармоягузории Аврупо дар Тошканд ва нақшаи баргузор кардани форуми сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон то охири сол — паёмҳои мусбате ҳастанд, ки уфуқҳои нави ҳамкории байнимитақавиро шакл медиҳад. Саммити Самарқанд танҳо як қадами рамзӣ нест, балки кӯшиши воқеии Иттиҳоди Аврупо барои тақвияти мавқеи худ дар минтақа мебошад. Баромадани сатҳи ҳамкориҳо то сатҳи шарикӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба истиқлоли геосиёсӣ мушарраф гаштааст. Аз ин ҷиҳат, қудратҳои сиёсӣ, давлатҳои абарқудрат талош дорад, то ки дар минтақа нуфуз пайдо кунанд. Иттиҳоди Аврупо аз ин истисно набуда, талош дорад, ки тариқи барномаҳои гуногун бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории густурда дошта бошад;

ғ) ҷалби сармоя. Пеш аз аввалин саммити "Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо" раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен фикрҳои худро баён карда, эълон намуд, ки барои Осиёи Марказӣ чаҳорчӯби ташаббуси "Team Europe" бастаи нави сармоягузорӣ пешниҳод карда мешавад. Ин санади муҳими стратегӣ чор самти ҳамкориҳои афзалиятнокро дар бар мегирад: 1) нақлиёт; 2) захираҳои табиӣ ва аҳамияти стратегӣ дошта; 3) шабакаи рақамӣ ва рақамикунонӣ; 4) интиқоли об ва энергетика. Ёдовар бояд шуд, ки беш аз 40 фоизи ҳамаи сармоягузориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди Аврупо рост меояд.

Илова бар ин, Урсула фон дер Ляйен чаҳор самти афзалиятнокро барои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян кардааст:

— Долонҳои нақлиётӣ – Иттиҳоди Аврупо долонҳои нақлиётии Транскаспий, махсусан роҳҳои гузаранда тавассути Қазоқситон ва Ӯзбекистонро дастгирӣ мекунад;

— Ашёҳои хоми аҳамияти стратегӣ дошта – Иттиҳоди Аврупо харидорӣ ва коркарди захираҳои табиии минтақаро яке аз самтҳои афзалиятнокӣ ҳамкориҳои дуҷониба мешуморад ва барои омода намудани мутахассисон дар соҳаи канданиҳои фоиданоки Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ мекунад;

— Энергияи сабз – Иттиҳоди Аврупо лоиҳаҳои тавлиди энергияи тоза, аз ҷумла энергияи бодӣ, офтобӣ ва гидроэнергетикиро маблағгузорӣ мекунад;

— Инфрасохтори рақамии ҷаҳонӣ – Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, иқтидори Осиёи Марказиро бо рушди шабакаҳои мустақили интернетӣ ва ворид кардани интернети моҳвораӣ тақвият бахшад.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 3 - юми апрел ҷиҳати иштирок дар саммити "Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо" бо сафари корӣ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд. Зимни сафар бо Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта мулоқот анҷом дода, дар ин вохӯрӣ дурнамои таҳкими ҳамкории байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд. Ҳамзамон ҷонибҳо қайд карданд, ки Созишнома дар бораи шарикии густаришёбанда дар марҳилаи ниҳоии мувофиқа қарор дорад. Ба истифодаи захираҳои табиӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон барои рушди тиҷорат бо Иттиҳоди Аврупо, инчунин ба ҳамкории имконпазир дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва транзит таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла лоиҳаҳои НБО-и Роғун ва Норак, ҳамчун намунаи шарикии устувор эътироф шуд. Тоҷикистон таваҷҷуҳи худро ба ҷалби сармоя ва технологияҳои Аврупо дар ин бахш пайваста изҳор менамояд. Ҳамчунин рушди "иқтисоди сабз", истеҳсол ва содироти "энергияи сабз", инчунин тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва омодасозии касбӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо масъалаҳои тағйирёбии иқлим, офатҳои экологӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон барои ҳалли онҳо, инчунин идомаи ҳамкорӣ дар барномаҳои BOMCA ва CADAP - ро муҳокима карданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен низ мулоқот анҷом дода, густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои Аврупо, имзои Созишномаи нави шарикӣ ва татбиқи "Харитаи роҳ" барои амиқсозии ҳамкориро баррасӣ карданд. Пешвои миллат аз гузариши муносибатҳо ба сатҳи стратегӣ истиқбол намуда, омодагии Тоҷикистонро барои иштирок дар лоиҳаи пайвасти моҳвораии байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ изҳор намуданд.

Ҳамзамон бо Раиси Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассо низ вохӯрӣ анҷом дода, бар асоси ҳамкории тӯлонӣ, бонк дар Тоҷикистон 184 лоиҳаро ба маблағи беш аз $1 млрд дар бахшҳои низоми молиявӣ, бахши хусусӣ, нақлиёт ва энергетика амалӣ намудааст. Лоиҳаҳои таъминоти об ва комуналӣ низ дар мулоқоти ҷонибҳо баррасӣ шуданд. Пешвои миллат зарурати васеъ кардани ҳамкориҳо дар шароити мушкилоти иқтисодии ҷаҳонӣ, ҷалби грантҳо ва маблағгузории имтиёзнокро таъкид карда, аҳамияти лоиҳаҳои муштаракро барои рушди иқтисодӣ ва устувории Тоҷикистон зикр намуданд. Инчунин бо сарони кишварҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон мулоқоти дуҷониба зимни сафар анҷом доданд.

Тибқи натиҷаҳои саммит, қарори таърихӣ дар бораи барқарор намудани шарикии стратегӣ байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо қабул карда шуд. Ҳамзамон дар ҷараёни суханронии худ, Урсула фон дер Ляйен эълон кард, ки Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби барномаи Global Gateway (Дарвозаҳои глобалӣ) бастаи сармоягузорӣ ба маблағи 12 миллиард евро омода намудааст ва ин маблағ ба самтҳои зерин равона карда мешавад: 3 миллиард барои бахши нақлиёт, 2,5 миллиард — барои ашёи хоми ҳаётан муҳим, 6,4 миллиард — ба лоиҳаҳои марбут ба энергетика ва 100 миллион — барои рушди интернети моҳвораӣ.

Тарафҳо мувофиқа карданд, ки чорабиниҳои иқтисодиро мунтазам баргузор мекунанд, аз ҷумла Форуми иқтисодии "Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо". Ҳамкории ду минтақа дар соҳаи масолеҳи хоми ҳаётан муҳим аҳамияти стратегии калон дорад. Роҳбарон тавофуқ карданд, ки эъломияи ҳамкориро дар ин соҳа амиқтар намуда, ба гузариш ба иқтисодиёти сабз ва рақамӣ мусоидат хоҳад кард.

Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ устувории иртибототи нақлиётиро ҳамчун афзалият эътироф намуда, мувофиқа карданд, ки платформаи ҳамоҳангсозӣ оид ба долони нақлиётии Транскаспӣ ва лоиҳаҳои муҳими зерсохториро дар ин масир дастгирӣ хоҳанд кард.

Роҳбарон таъкид карданд, ки мубориза бо тағйирёбии иқлим, аз байнравии гуногунии биологӣ ва ифлосшавии муҳити зист бояд фаъолтар сурат гирад. Иттиҳоди Аврупо қарори ҳамаи шарикони Осиёи Марказӣ барои пайвастан ба ташаббуси глобалӣ оид ба метан (Global Methane Pledge)-ро истиқбол намуд.

Ҷонибҳо инчунин дар бораи таҳияи навовариҳо дар ҳамкории обу энергетикӣ бо ҳадафи ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ мувофиқа карданд. Онҳо ҳамчунин изҳор доштанд, ки ҳамкориро барои беҳтар намудани вазъ дар тамоми ҳавзаи Баҳри Арал тақвият хоҳанд дод.

Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бори дигар таъкид карданд, ки пешбурд ва ҳифзи қонуният, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ — арзишҳои умумӣ ва асосӣ мебошанд.

Шарифов Искандар Иброҳимович - ходими илмии шуъбаи ИДМ,

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ