Ваҳдату ҳамбастагии миллӣ барои ҳар як миллат ҳамон ҷойгоҳеро дорад, ки реша барои дарахт дорад. Бе он наметавон ба устуворӣ, рушд ва шукуфоӣ умед баст. Тоҷикистон, ки таърихи пуршебу фарози давлатдорӣ ва мубориза барои бақоро паси сар намудааст, беҳтар аз ҳар кишвари дигар дарк мекунад, ки ваҳдат чӣ арзиши бузургеро дорост.
Баъд аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри XX, ки хатари нобудии давлати тоҷикон ва парокандагии миллатро ба вуҷуд оварда буд, Ваҳдати миллӣ ҳамчун меъёри ягонаи бақо, субот ва пешрафт пазируфта шуд. Дар он замон, Тоҷикистон дар канори фоҷиа қарор дошт ва миллате, ки ҳазорсолаҳо бо фарҳанги пурғановат ва тамаддуни куҳан машҳур буд, метавонист дар вартаи торикӣ ғӯтавар гардад. Дар чунин шароит, танҳо тавассути муколама, гузаштҳои бузург ва ҳикмати сиёсии амиқ, роҳбарият ва мардуми кишвар тавонистанд ин таҳдиди бузургро рафъ созанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ нақши ҳалкунанда доранд. Бо ташаббус ва матонати худ, он кас тавонистанд ба ҷанги хунин хотима бахшида, мардумро дар атрофи як ҳадафи умумӣ муттаҳид созанд. Ин иқдомашон на танҳо боиси қатъи низоъ гардид, балки заминаи мустаҳкам барои рушди ояндаи кишварро фароҳам овард. Имрӯз ҳам, пас аз даҳсолаҳо, нақши пешвои миллат ҳамчун кафили устувории сиёсӣ ва сулҳу ваҳдат ба таври возеҳ эҳсос мешавад.
Аз нигоҳи андешаи сиёсӣ, ваҳдат падидаи аз сарнавишти инсонҳо ва ҷомеаҳо ҷудонашаванда аст. Ваҳдат ба маънии ҳамбастагӣ, ҳамдилӣ ва ҳамфикрӣ, дар зери як парчам, бо ҳадафҳои умумӣ ва ормонҳои воло мебошад. Ин ормон дар фарҳанги тоҷикон решаҳои амиқ дорад. Ба қавли бузургони ин сарзамин: «Қувват дар иттиҳод аст». Ин ҳикматро таърих борҳо собит намудааст ва таҷрибаи Тоҷикистон низ намунаи барҷастаи он мебошад.
Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон танҳо як иқдоми сиёсӣ набуд, балки эҳёи фарҳанг, арзишҳо ва ормонҳои таърихии миллат буд. Он тавонист рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиромро дар ҷомеа барқарор созад ва миллатро аз нав ба давлати устувор ва суботи комил роҳнамоӣ кунад. Ин ваҳдат тавонист дар дили мардум эътимод ба фардо, умед ба рушд ва боварӣ ба нерӯҳои созандаи ҷомеаро дубора зинда кунад.
Бо барқарории ваҳдат ва субот, роҳ барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ боз гардид. Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки ба барномаҳои бузург ва стратегӣ, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳо, роҳҳо ва инфрасохтори муҳими иҷтимоӣ даст занад. Нерӯгоҳи Роғун, ки имрӯз ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ шинохта мешавад, маҳз бо шарофати сулҳ ва субот ба даст омадааст. Ваҳдат имкон дод, ки сармоягузории дохиливу хориҷӣ афзоиш ёфта, зиндагии мардум беҳбуд ёбад ва мақоми байналмилалии Тоҷикистон баланд гардад.
Дар фазои субот ва амнияти сиёсӣ, Тоҷикистон тавонист ҳамкории худро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ тақвият бахшад. Имрӯз кишвар ба унвони намунаи барҷастаи таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар минтақа ва ҷаҳон пазируфта шудааст.
Бо вуҷуди ин, ваҳдати миллӣ танҳо як лаҳза ё ҳолат нест, балки раванди пайваста ва доимист, ки бояд ҳамеша таҳким ёбад. Ваҳдат мисли гуле аст, ки доиман нигоҳубин ва парвариш мехоҳад. Мушкилоте мисли коррупсия, хатари терроризм ва ифротгароӣ низ метавонанд ба ваҳдат ва суботи ҷомеа таҳдид кунанд. Бинобар ин, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ масъулияти ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик арзиши муқаддас дорад. Он рамзи ҳувият, шараф ва шарафи миллист. Барои он ки наслҳои оянда низ аз ин неъмати бебаҳо баҳравар гарданд, зарур аст, ки фарҳанги сулҳпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба ақидаву андешаҳои ҳамдигар ба фарзандон интиқол дода шавад.
Тоҷикистон имрӯз дар натиҷаи ваҳдати миллӣ кишвари босубот ва рушдёбанда мебошад. Роҳи тайкардаи кишвар шаҳодат медиҳад, ки ҳар миллате, ки дар роҳи ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ қадам мезанад, ҳатман ба муваффақият мерасад ва метавонад ормонҳои миллии худро амалӣ созад. Маҳз ҳамин ваҳдат аст, ки ҳамчун шоҳсутуни устувори давлати Тоҷикистон ва омили асосии пешрафту шукуфоии он боқӣ мемонад.
Имом Мираҳмади Шарофиддин - номзади илмҳои физикаю математика, мудири Маркази байналмиллалии таҳқиқоти ҳастаии Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови АМИТ