Дар рӯзҳои наздик, яъне 26 сентябр, Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ таҷлил мегардад. Ин рӯз, ки соли 2013 аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ эълон шудааст, рамзи умед барои ояндаи сулҳомез аст ва ҳадафаш баланд бардоштани огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи хатари силоҳи ҳастаӣ ва зарурати комилан нест кардани он мебошад. Дар замони муосир, ки таҳдидҳои геосиёсӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ афзоиш меёбанд, таҷлили ин рӯз бештар аз ҳар вақта аҳамият пайдо мекунад.
Силоҳи ҳастаӣ аз солҳои 1940-ум, вақте ки аввалин бомбаҳои атомӣ дар Ҳиросима ва Нагасаки партофта шуданд, таҳдиди доимӣ барои инсоният аст. Имрӯз, зиёда аз 12 ҳазор силоҳи ҳастаӣ дар дунё мавҷуданд, ки метавонанд тамоми сайёраро вайрон кунанд. СММ таъкид мекунад, ки нест кардани силоҳҳои мазкур калиди сулҳи устувор ва рушди устувор аст. Таҷлили рӯзи 26 сентябр ҳамчун рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ имконият медиҳад, ки ҳамаи кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва шаҳрвандон дар бораи хатарҳои силоҳи мазкур ва роҳҳои пешгирии он чораҳо андешанд.
Дар соли 2024, ин рӯз бо чорабиниҳои баланди СММ таҷлил гардид, ки дар онҳо роҳбарони ҷаҳон даъват карданд, то созишномаҳои байналмилалӣ, аз қабили Шартнома дар бораи манъи яроки ядроӣ (Treaty on the Prohibition of Nuclear Weapons), Шартномаи оиди паҳн накардани яроқи ядроӣ(Treaty on the Non-Proliferation of Nuclear Weapons), Конвенсия оид ба бехатарии ҳастаӣ (Convention on Nuclear Safety), Шартномаи манъи ҳамаҷонибаи озмоишҳои яроқи ядроӣ(Comprehensive Nuclear-Test-Ban Treaty) ва ғайра бештар амалӣ гарданд. Ин рӯз на танҳо як таърихи тақвимӣ, балки як ҳаракати ҷаҳонӣ барои ояндаи беҳтарин аст, ки дар оянда ҳеҷ кишвар эҳсоси таҳдид накунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишваре бидуни силоҳи ҳастаӣ аст ва ҳеҷ гоҳ дар самти мазкур таҷриба накардааст. Аз соли 1994, Ҷумуҳрии Тоҷикистон Шартнома дар бораи паҳн накардани яроқи ҳастаиро (Treaty on Non-Proliferation of Nuclear Weapons) ва соли 2004 Протоколи иловагии созишномаи мазкурро ба имзо расонидааст. Аммо саҳми асосии Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар эҷоди Шартнома дар бораи минтақаи аз яроқи ядроӣ озод будани Осиёи Марказӣ (The Central Asian Nuclear-Weapon-Free Zone (CANWFZ) treaty) аст, ки соли 2006 бо иштироки Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон имзо гардидааст. Созишномаи мазкури таърихӣ минтақаро ба минтақаи аввалин минтақаи озоди аз ҳама намуди силоҳи ҳастаӣ, яъне ба минтақаи ғайриҳастаӣ мубаддал гардонидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ суханронӣ карда, таъкид намудааст, ки Ҷумҳури Тоҷикистон ҷонибдори таъсиси минтақаҳои бештари озоди аз силоҳи ҳастаӣ аст ва барои пурра нест кардани силоҳҳои мазкур дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ меовард. > Олимчон: Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Миллали Муттаҳид ба ин мушкилоти рӯзафзуни башарият бетараф буда наметавонад. Ҳамин аст, ки ҳанӯз қабл аз таъйин шудани Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ, дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 22 сентябри соли 2009 баргузор гардида буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, чунин зикр намуданд: «Мо ба таҳкими раванди халъи силоҳ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Умедворем, ки дар ҷараёни Конфронси ташреҳии соли 2010-ум дар миёни иштирокдорони Аҳднома доир ба пешгирии паҳншавии аслиҳаи ҳастаӣ дар атрофи масъалаҳои муҳими татбиқи амалии санади мазкур мубодилаи ҷиддии афкор сурат хоҳад гирифт. Итминон дорем, ки таъсиси минтақаҳои озод аз силоҳи ҳастаӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аҳамияти бузург пайдо менамояд. Бо дарназардошти ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки доир ба татбиқи амалии муқаррароти Аҳднома дар бораи минтақаи озод аз аслиҳаи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ, ки 21 марти соли 2009 эътибор пайдо кард, фаъолона амал намояд».
Дар баробари масалаи мазкур, Сарвари давлат хатари терроризму экстремизмро на камтар аз силоҳи ҳастаӣ баҳогузорӣ карда, дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардаанд».
Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ як ёдоварист, ки сулҳи ҷаҳонӣ аз ҳар як мо вобаста аст. Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз минтақаи озод аз яроқи ҳастаӣ то фаъолият дар СММ мерасад, намунаи ибрат барои дигар кишварҳои ҳамсарҳад аст. Дар соли 2025, ки таҳдидҳои нав пайдо мешаванд, аз ҷумлаи киберхатарҳо ба дастгоҳҳои ядроию радиатсионӣ ва бинобар ин зарур аст, ки ҳамаи давлатҳо ҳамкорӣ кунанд, то ин рӯз ба воқеият табдил ёбад – ҷаҳонро ба ҷаҳони бе силоҳи ҳастаӣ мубаддал гардонанд.
Олимҷон Азизов - мудири шуъбаи менеҷмент, муносибатҳои
байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Адабиёт
1. United Nations. (n.d.). International Day for the Total Elimination of Nuclear Weapons. Retrieved from https://www.un.org/en/observances/nuclear-weapons-elimination-day
2. Wikipedia. (n.d.). International Day for the Total Elimination of Nuclear Weapons. Retrieved from https://en.wikipedia.org/wiki/International_Day_for_the_Total_Elimination_of_Nuclear_Weapons
3. Reaching Critical Will. (n.d.). International Day for the Total Elimination of Nuclear Weapons. Retrieved from https://reachingcriticalwill.org/disarmament-fora/others/international-day
4. Permanent Mission of Tajikistan to the United Nations. (2023). Statement to the First Committee of the General Assembly. Retrieved from https://docs-library.unoda.org/General_Assembly_First_Committee_-Seventy-Eighth_session_%282023%29/Tajikistan_5wyDxpWytN98_en.pdf
5. United Nations. (n.d.). Treaty on a Nuclear-Weapon-Free Zone in Central Asia. Retrieved from https://www.un.org/nwfz/content/treaty-nuclear-weapon-free-zone-central-asia
6. World Nuclear Association. (2022). Uranium in Tajikistan. Retrieved from https://world-nuclear.org/information-library/country-profiles/countries-t-z/tajikistan
7. Агентии хабарии "Ховар". (2017). Тоҷикистон ҷонибдори таъсиси минтақаҳои озоди аз силоҳи ҳастаӣ. Retrieved from https://khovar.tj/2017/09/to-ikiston-onibdori-tasisi-minta-a-oi-ozod-az-silo-i-asta-26-sentyabr-r-zi-bajnalmilalii-muboriza-baroi-purra-nest-kardani-silo-i-asta/
8. United Nations Office of Counter-Terrorism. (2024). Equipping and Training the Border Troops of Tajikistan. Retrieved from https://www.un.org/counterterrorism/events/equipping-and-training-border-troops-tajikistan-combat-radiological-and-nuclear-terrorism