(Ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
«Омӯзгор бояд на танҳо донандаи фанни худ, балки мураббии ҳақиқии инсон бошад. Зеро тарбияи насли наврас - ин тарбияи ояндаи миллат аст.» Эмомалӣ Раҳмон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоии сарвари маорифпарвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, дар мулоқоту паёмҳои Президент шахсият ва ҷойгоҳи муаллимон пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад ва ҳифзи шахсияту мақоми онҳо бештар таъкид гардида, барои кору фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар суханони самимонаи Президенти кишвар ҳадафу мароми рисолати муқаддаси омӯзгор дар ташаккули шахсияти насли наврас ва бунёди ҷомеаи солиму созанда равшан баён гардида, ӯро бо меҳнати фидокорона, сабру таҳаммул ва масъулияти бузург дар таълиму тарбияи шогирдон ба худшиносӣ, роҳи дурусти зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва инсонӣ муҳим меҳисобад.
Омӯзгорон на танҳо таълим медиҳанд, балки бо ахлоқи накӯву шахсияти волои худ шогирдонро ба хирад, одоби ҳамида, эҳтиром ба калонсолон, ватандӯстиву меҳнатдӯстӣ ҳидоят мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суханрониҳои худ борҳо рисолати омӯзгоронро таъкид намуда, дар паёмҳои худ ба муносибати Рӯзи омӯзгор чунин ишора кардаанд: «Мо бояд ба омӯзгорон эҳтироми хоса гузорем, зеро онҳо тарбиятгари насли фардои миллатанд».
Шахсият ва мақоми омӯзгор дар ташаккули забон ва адабу фарҳанг низ ҳамеша нақши бузург дошта, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ меноманд. Имрӯз низ ин гуфтаи бузургони илму хирад "Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, шавад тира аз бехирад рӯзгор" пойбарҷо буда, ҳамеша аз нақши омӯзгор мегӯянду ба бузургияш арҷ мегузоранд.
Бо мақсади қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи октябр, “Рӯзи омӯзгор” дар сатҳи баланд қайд мегардад. Ин шаҳодати он аст, ки Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти олӣ ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар самти ба камол расонидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд. Ба назари бештари равшанфикрон барои соҳиби илму дониш ва ахлоқи ҳамида гардидани насли наврас дар қатори волидайн омӯзгорон низ вазифадор буда, ин вазифаи хешро дар сатҳи зарурӣ иҷро мекунанд.
Зимнан, Пешвои миллат иброз медоранд, ки “Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, омӯзгорро зарур меояд, то пайваста дониши худро такмил диҳад, бо усулҳои муосир таълими тарбия шинос шуда, шогирдонро ба илму маърифат, эҳсону эҳтиром ҳидоят намояд. Ӯ бояд мураббии равонӣ низ бошад, ки ба шогирдон дар шинохти худ, дарки масъулият ва рушди маҳорат кӯмак расонад.
Бешак, омӯзгорон роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавӣ буда, роҳнамои роҳи ростӣ, роҳи корбарӣ, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсонӣ, мубаллиғи илму дониш ва камолот насли инсонҳо буда, ҳар яке аз мову шумо аз илму дониш тавассути онҳо баҳравар шуда, баҳри ҳаёти хуб ва эҷоди ҷомеаи созгору маърифатнок саъю талош намудаем. Беҳуда нест, ки шоир гуфтааст:
Нури маърифат ба рӯям боз кард омӯзгор,
Мурғи иқболам баландпарвоз кард омӯзгор.
Хулосаи калом, дар таълиму тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ватандӯст, забондону фарҳангпарвар омӯзгор нақши муҳим дошта, манбаи ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва рушду нумуи фикрӣ ва хазинаи маънавию илмӣ ба шумор меравад. Зеро тавассути роҳнамоиҳои дақиқу дурусти ин шахсият башар метавонад ҷаҳонро бо дониш бештар кашф кунад.
Бо сабабҳои болозикр, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таълиму тарбияи насли наврасону ҷавонони нав фаъолияти Академияи хурди илмҳоро роҳандозӣ кардааст, ки барои андешидани тадбирҳо дар самти интихоби касбу ҳунари мактаббачагон ва ҷалби онҳо ба эҷодиёти муташаккилонаи илмию техникӣ, инкишофи маърифат, малакаҳои илмию таҳқиқотӣ, ихтироъкорӣ, фаъолияти таҷрибавии беруназдарсӣ таҳти роҳбарии олимон, устодони мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, мутахассисони иқтисоди миллӣ нигаронида шудааст. Ин боргоҳи илму ҳунар бо устодону муаллимон, омӯзгорони соҳибмактаб дар таълиму тарбияи насли наврас саҳм гузошта, ҳамасола сессияҳо, озмуну маҳфилҳои илмӣ барояшон ташкил менамояд. Аз миёни аъзои Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон нафарони зиёде ба илму дониш дил баста, ҳоло ҳамчун олимони варзида ва мутахассисони боистеъдод дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии ҷумҳурӣ фаъолият доранд.
Бешубҳа, бо пайравӣ аз ҳидоятҳои Пешвои миллат ва арҷгузорӣ ба рисолати омӯзгор, мову шумо метавонем якҷо насли наврасро хуб таълим дода, онҳоро донишманд, ватандӯсту созанда бисозем, ки баҳри ҳифзу оромиву ободии Ватан бештару беҳтар хидмат намоянд.
Тамоми устодону омӯзгорону муаллимонро бо рӯзи гиромидошти илму маърифат ва хираду ақлу андеша, яъне “Рӯзи омӯзгор” ва таҷлили “Рӯзи забони давлатӣ” табрику таҳният намуда, ба ҳама саодати зиндагӣ, сарбаландӣ ва хушии рӯзгорро таманно дорем ва аз забони шоир таъкид месозем:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Шарифзода Сурайё - мутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ