Skip to main content

9 октябри соли 2025 дар Шуъбаи тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ вохўрии ноиби Президенти АМИТ, раиси шуъба, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. ва мудирони шуъба бо Карина Юрьевна Москоленко, намояндаи Гурӯҳи кории байналмиллалии экспертӣ оид ба рушди заминаи миллии далелҳо дар соҳаи тандурустӣ, биоэтика ва бехатарии биологии кишварҳои ИДМ вохурӣ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо бо Федератсияи Русия ва ИДМ оид ба тадқиқоти муштарак дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла: эндокринология, онкология, акушерӣ- гинекологӣ андрология, дорусозӣ, гинетика, иммунология-вирусология, тибби профилактикӣ, барқарорсозии асаб, пешгирии диабети қанд баррасӣ гардиданд ва инчунин Маркази миллии тадқиқоти тибби ба номи В. А. Алмазов таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

Дар миқёси ИДМ имконияти гузаронидани лоиҳаҳои муштарак оид ба системаи идоракунии соҳаи тандурустӣ ва сифати хизматрасонии (Қазоқистон), арзёбии миллӣ ва мониторинги сифати хизматрасонӣ (ТУТ), офиятбахшии тибби иҷтимоӣ (Қирғизистон, Олмон ва ғайра), биоэтика ва бехатарии биологӣ (Ӯзбекистон), рақамикунонӣ ва ғайра мувофиқи мақсад аст.

Ташкиоти умумиҷаҳонии тандурустӣ нақша дорад, ки дар моҳи июни соли 2025 Конгресси дуюми лоиҳаҳои сармоягузориро дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор намояд. Имконияти пешниҳод намудани лоиҳаҳои Шумо ба он мавҷуд аст ва мо метавонем дар ҳама марҳила дар тарҳрезӣ ва татбиқи онҳо кумак расонем.