Skip to main content

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосӣ на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки манбаи арзишҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки ба ташаккули худшиносӣ, ҳисси масъулият ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон таъсири амиқ мерасонад. Дар замони муосир, ки ҷомеаи муосир ба сӯи таҳкими давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қадам мегузорад, тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ҳамчун омили муҳими рушди иҷтимоиву сиёсӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.

Арзишҳои дар Конститутсия ифодаёфта – озодӣ, баробарӣ, адолати иҷтимоӣ, қонуният, эҳтиром ба инсон ва ҳуқуқҳои ӯ – на танҳо меъёри ҳуқуқӣ, балки меъёри ахлоқӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷамъиятиро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, шинохт ва татбиқи ин арзишҳо дар зеҳн ва рафтори шаҳрвандон шарти зарурии баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ мебошад.

Арзишҳои конститутсионӣ ҳамчун заминаи идеологӣ ва маънавии давлатдории ҳуқуқбунёд баромад мекунанд. Арзишҳои конститутсионӣ ба сифати пояи идеологии низоми ҳуқуқӣ ва сиёсӣ амал мекунанд. Мафҳумҳои «ҳуқуқи инсон», «давлати ҳуқуқбунёд», «адолати иҷтимоӣ» ва «ҳокимияти қонун» дар моддаҳои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфта, мазмуни онҳоро муайян месозанд.

Агар мо ба мафҳумҳои дар дебоча ва моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор диҳем, пас маълум мегардад, ки маҳз ин мафҳумҳо арзишҳои асосии қонуни асосиро муайян мекунанд. Аз ҷумла, дар дебоча Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН,

қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста,

таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда,

озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда,

баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда,

бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,

ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.».

Ё дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад....

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.».

Ин арзишҳо барои ташаккули ҳисси шаҳрвандӣ, эҳтиром ба қонун ва масъулияти иҷтимоӣ аҳаммияти назаррас доранд. Ба воситаи онҳо муносибати байни давлат ва шаҳрванд дар асоси эътирофи инсон ҳамчун арзиши олӣ танзим мегардад (моддаи 5 ва 14 Конститутсия).

Дар ин замина, тарбияи ҳуқуқӣ на танҳо омӯзиши қонунҳо, балки фаҳмиши моҳияти инсондӯстонаи меъёрҳои конститутсионӣ мебошад. Ҳадафи асосии он - ташаккули шаҳрвандоне аст, ки ҳуқуқу озодиҳои худро медонанд ва онҳоро бо эҳтиром нисбат ба дигарон амалӣ месозанд.

Нақши арзишҳои конститутсионӣ дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии аҳоли хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Фарҳанги ҳуқуқӣ маҷмии дониш, муносибат ва рафтори шахс нисбат ба ҳуқуқ мебошад. Он танҳо бо қонуномӯзӣ ҳосил намешавад, балки аз дохилшавии арзишҳои конститутсионӣ ба шуури ҷамъиятӣ низ вобаста аст.

Масалан, арзишҳои адолат, баробарӣ, озодӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва қонуният - агар дар зеҳни инсон ҳамчун меъёри рафтор ҷой гиранд - ҷомеа ба сатҳи нави муносибатҳои ҳуқуқӣ мерасад.

Ин раванд аз тарбияи ҳуқуқии мунтазам, махсусан тавассути:

  • низоми таҳсилоти умумӣ ва олӣ,

  • ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ,

  • фаъолияти мақомоти давлатӣ,

  • ва таъсири муҳити оилавӣ ва муҳити иҷтимоӣ вобаста мебошад.

Ҳамин тавр, Конститутсия ҳамчун манбаи ҳуқуқӣ ва маънавии фарҳанги ҳуқуқӣ, роҳнамои асосии таълими шаҳрвандон мегардад.

Яке аз масъалаҳои хеле муҳим ин омӯзиши Конститутсия ҳамчун омили амалии тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ҷиҳати расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд. Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ин раванд, диққати махсус ба интихоби мушаххаси гурӯҳҳои аҳолӣ, ки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ дар ҳолати осебпазир қарор доранд, бояд равона гардад.

Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, № 691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 94 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2028» ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030» амалӣ карда мешавад.

Дар бандҳои 13 ва 14 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030» қайд мегардад, ки: «...таҳлили ҳолати муосири фарҳанги ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт ба инобат гирифтани шароити иҷтимоӣ–иқтисодӣ ва тамоюлҳои нав зарур аст. Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти маҷмуӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти маърифатнокии ҳуқуқӣ зарурати тағйир додани муносибатҳо мавҷуд аст. Дар робита бо ин нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маърифатнокии ҳуқуқӣ ва фаъолияти маърифатпарварии хусусияти иттилоотӣ–ташвиқотидошта бояд баланд бардошта шавад, зеро имрӯз ташаккули сатҳи баланди маърифатнокии ҳуқуқӣ бе иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, тамоми хизматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи ҳуқуқшиносони ҷумҳурӣ номумкин аст. Аз ин рӯ, дар ин самт тағйироти куллӣ, ки дигаркунии ҷиддии модели институтсионалиро дар татбиқи сиёсати маърифатнокии ҳуқуқӣ талаб менамояд, зарур аст. Ҳамчунин маърифатнокии ҳуқуқӣ бояд талаботи гурӯҳҳои мақсаднокро ба инобат гирифта, расмиёти баҳодиҳии сифат ва натиҷанокии ин фаъолиятро пешбинӣ намояд.

Дар замони муосир муҳимтарин роҳи баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ин баланд бардоштани маърифатнокии онҳо ва истифодаи имкониятҳои онҳо дар ҷустани чораҳои ҳуқуқӣ ҳангоми танзими низоъҳои ҷамъиятӣ мебошад. Бахусус донистан ва фаҳмидани самаранокии расмиёти ғайрисудӣ ва тосудии танзими баҳсҳо рафтори махсусро оид ба амалигардонии воситаҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа ташаккул хоҳад дод. Дар натиҷа тафаккури ҳуқуқии ҷомеа ташаккул ёфта, дар навбати худ нигоҳи ҷомеаи Тоҷикистонро куллан тағйир медиҳад. Аз ин лиҳоз тарғиби воситаву механизмҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа бояд яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифатнокии ҳуқуқӣ гардад.»

Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, омӯзиши мунтазами Конститутсия ва арзишҳои он аҳаммияти муҳими ҳаётӣ дорад. Мутобиқи сиёсати давлатӣ, «Барномаи давлатии тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2020–2030» қабул гардид, ки ҳадафи он таҳкими ҷаҳонбинии ҳуқуқии аҳолӣ ва татбиқи арзишҳои конститутсионӣ мебошад.

Дар бандҳои 16 ва 17 «Барномаи давлатии тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2020–2030» мақсади асосии Барнома ва ҳадафҳои ноил гардидан ба он пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла:

– риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ;

– баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;

– таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

– тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он;

– баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва аз байн бурдани ҳеҷангории (нигилизми) ҳуқуқӣ;

– байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ;

– баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

– ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;

– ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон;

– ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон истифодаи иқтидори илмию фарҳангии ҷомеа.

Ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои Барнома иҷрои вазифаҳои зерин зарур аст:

– пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо;

– баланд бардоштани самаранокии тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ;

– баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ;

– ташаккули малакаи муайян намудани мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандон барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии ба вуҷуд омада;

– таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо маводи иттилоотӣ- ҳуқуқӣ;

– ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида;

– таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр кардани назорати ҷамъиятӣ;

– баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии роҳбарони ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, кормандони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

– баланд бардоштани таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакону наврасон, ҷавонону донишҷӯён, хизматчиёни давлатӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

– истифодаи самараноки воситаҳои ахбори омма ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон;

– ба роҳ мондани таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо дар назар доштани хусусиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ, миллӣ ва дигарҳо;

– ба таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ фаро гирифтани тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ бо дар назар доштани синну сол, касб ва хусусиятҳои дигар дар заминаи нақшаҳои дарозмуддати чорабиниҳои ҳуқуқӣ;

– коркард ва татбиқи шаклҳои нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– коркард намудани барнома ва нақшаҳои нави таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ дар муассисаҳои таълимӣ;

– амалӣ намудани сиёсати дарҳои кушод ҷиҳати дастрасӣ ба қонунгузории амалкунанда ва сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Дар амал татбиқ намудани муқаррароти чунин барномаҳо танҳо дар сурате самаранок хоҳад буд, ки таълим ва фаҳмондадиҳии арзишҳои Конститутсия бо усулҳои инноватсионӣ – тавассути таҳсил, ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва муассисаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ карда шаванд.

Арзишҳои конститутсионӣ метавонанд дар сатҳи шахсӣ ҳамчун меъёри рафтор, ва дар сатҳи ҷамъиятӣ ҳамчун меъёри ҳамзистӣ ва таҳаммул амал кунанд.

Арзишҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки озодӣ, адолат, қонуният ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро дарбар мегиранд, асоси идеологӣ ва ахлоқии тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ мебошанд. Тарбияи ҳуқуқӣ танҳо дар сурате самара мебахшад, ки шаҳрвандон арзишҳои конститутсиониро дар зеҳн ва амали худ ҳамчун меъёри ҳаёт қабул кунанд.

Ҳамин тавр, баланд бардоштани сатҳи маърифати конститутсионӣ, фаъол гардонидани барномаҳои омӯзишии ҳуқуқӣ, ва ҳамоҳангии амалии сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ВАО дар самти тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон зарур аст. Таҳкими арзишҳои Конститутсия дар шуури ҳуқуқии аҳолӣ кафолати рушди устувори ҷомеаи демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон мебошад.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн - мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Шовалиев Музафар Тоҷиддин-докторанти PhD Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.