Skip to main content

Пайи ҳифзи Ватан аз хоб мондӣ,

Гаҳе аз дида ҷое ашк рондӣ.

Ба сад азму талошу заҳмати беш

Ватанро бар раҳи Ваҳдат расондӣ.

Ҳар сол рӯзи 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ифодаи эҳтирому қадрдонии халқи тоҷик ба хизматҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз, мамлакат дар марҳалаи ниҳоят душвори таърихӣ қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромии сиёсӣ, ки кишварро фаро гирифта буд, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фалаҷ гардонид. Дар чунин вазъияти пурфоҷиа, маҳз шахсияти барҷаста ва матини иродаи Эмомалӣ Раҳмон тавонист миллати парокандарро муттаҳид намуда, сулҳу суботро барқарор созад.

Бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон роҳи сулҳ, ваҳдат ва созандагиро пеш гирифт. Ӯ тавонист бо иродаи қавӣ, сиёсати оқилона ва дастгирии халқи худ кишвари азизамонро аз вартаи ҷанг наҷот диҳад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати орому пешрафта дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст.

Солҳои сипаригардида гувоҳи онанд, ки зери сарварии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурге ноил гардидааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси ӯ ҳазорҳо мактабу муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, роҳҳо, нерӯгоҳҳои барқӣ, иншооти обёрӣ ва дигар объектҳои муҳими иқтисодӣ бунёд ёфтанд. Барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди устувори иқтисодӣ татбиқ гардиданд.

Пешвои миллат ба масъалаи ҷавонон диққати махсус медиҳад. Ӯ ҷавононро нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа медонад ва ҳамеша онҳоро ба таҳсил, касбомӯзӣ, эҳтироми Ватан ва садоқат ба арзишҳои миллӣ даъват мекунад. Ҷавонони тоҷик имрӯз дар соҳаҳои гуногун фаъолона саҳм мегузоранд ва ин ҳама самараи ғамхориҳои бепоёни Сарвари давлат аст.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба таври муваффақ амалӣ мешавад. Тоҷикистон имрӯз бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва судманд дорад. Пешвои миллат дар тамоми минбарҳои байналмилалӣ сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкориро пеш мебарад, ки боиси баланд гардидани обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ гардидааст.

Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад. Бо иқдоми ӯ сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” оғоз гардид, ки ба рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини нерӯи барқ барои аҳолӣ аҳамияти бузург дорад. Иншооти мазкур рамзи қудрат ва ифтихори миллӣ аст.

Ҳамчунин, бо роҳбарии Пешвои миллат барномаҳои бузурги давлатӣ оид ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ амалӣ мешаванд. Ин барномаҳо имконият фароҳам меоранд, ки сокинони минтақаҳои дурдаст аз шароити беҳтари зиндагӣ бархурдор шаванд ва мероси фарҳангии тоҷикон ҳифз гардад.

Имрӯз номи Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи тоҷикон ҳамчун меъмори давлатдории навин, Пешвои сулҳу ваҳдат ва рамзи худшиносии миллӣ сабт шудааст. Ӯ тавонист бо иродаи қавӣ, донишу таҷриба ва муҳаббати беандоза ба Ватан давлатеро бунёд кунад, ки ояндаи дурахшон дорад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҷашни рамзӣ, балки рӯзи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлатдории миллӣ мебошад. Ин рӯз моро водор месозад, ки бо меҳнат, дониш ва садоқат ба Ватан хизмат намоем, сулҳу ваҳдатро ҳифз кунем ва барои пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

Бигузор 16 ноябр ҳамеша моро ба ваҳдат, меҳанпарастӣ ва садоқат ба Пешвои миллат ҳидоят намояд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – рамзи ифтихори ҳар як тоҷик ва кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.

Раҳмонов Бахтовар Абдуғаниевич - ходими пешбари илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраев АМИТ

Қаюмӣ Достон Даврон - ходими илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраев АМИТ