Skip to main content

Бахшида ба «16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон»

Институти президентӣ дар низоми ҳокимияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон накши мухим дорад. Баъд аз ба даст овардани истиклолият дар Ҷумхурии Тоҷикистон чунин зарурат ба амал омад, ки низоми нави сиёсие таъсис дода шавад, ки ҷавобгуи принсипҳои демократӣ ва манфиатҳои миллӣ бошад. Ин буд, ки моҳи ноябри соли 1991 ба шакли идоракунии институти президентӣ асос гузошта шуд. Дере нагузашта, ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ, аввалин президенти ҷумҳури интихоб гардид.

1231Дар Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, салоҳияти президент, вазифаҳо ва масъулиятҳои у дар назди халқ баён гардидааст. Тибқи Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон, Президент фаъолияти ҳамоҳангшудаи ҳамаи шохаҳои ҳокимият – қонунгузор, иҷроия ва судиро таъмин менамояд. Ҳамзамон сиёсати дохилӣ ва ҳоричӣ кишварро муайян намуда, аъзоёни ҳукуматро таъин менамояд ва ҳамзамон давлатро дар арсаи байналмилалӣ намояндаги мекунад.

Бояд кайд кард, ки даврони соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки ҳам аз лиҳози салоҳияти президент ва ҳам аз ҷанбаи таҷрибаи амали гардидани институти президентӣ дар кишвар, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон кафили Конститутсия, рамзи яонагии халқ, ваҳдати миллӣ ва чеҳраи калидии суботи сиёсӣ ва рушди устувори кишвар мебошад. Таҷрибаи даврони сохибистиклолӣ нишон дод, ки институти президентӣ муносибтарин шакли давлатдорӣ барои рушди имрӯз ва фардои Тоҷикистон аст.

Аз ин ру, барои таҳкими институти президентӣ, аз 16 ноябри соли 2016 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон «Рӯзи Президент» дар қаламрави ҷумхурӣ таҷлил карда мешавад. Тачлили Рӯзи Президент ба хотири арҷгузори ба институти президентӣ хамчун рамзи суботу амният, ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.

Барои тақвияти гуфтаҳои боло чанд дастоварде, ки дар натиҷаи амали гардидани институти президентӣ ҳамчун шакли муваффақи сохти давлатдорӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон ба даст омадааст, оварда мешавад. Албатта, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузоли сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишвар беандоза аст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун лидери сиёсӣ тавонистанд, ки дар рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон саҳми беандозаи худро гузоранд.

Дастовардҳо дар сиёсати дохилии кишвар:

1. Дастоварди аввалине, ки ба рушди минбаъдаи кишвар заминаи воқеӣ гузошт ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он бузург аст, ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ буд.

2. Роҳандозӣ намудани барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар партави чор ҳадафи старатегӣ: «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини истиқлолияти энергетикӣ», «таъмини амнияти озуқаворӣ» ва «саноатикунонии босуръати кишвар».

3. Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар самти рушди сиёсати иҷтимоӣ баръало ба назар мерасад. Махсусан бунёди муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба маротиб афзудаанд, ки гувоҳ аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар мебошанд.

4. Эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва таҷлил кардани онҳо дар асоси санадҳои таърихӣ ба монанди ҷашнҳои Сада, Меҳргон, Тиргон ва Наврӯз. Ин иқдоми бузург барои тақвияти худшиносии миллӣ ва шинохти арзишҳои миллӣ мусоидат намуд.

5. Тарғиби идеяҳои ободкорӣ, шаҳрсозӣ, боғпарварӣ, кабудизоркунӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, ки аз беҳтарин хислатҳои мардуми ориёитабор дар дарозои таърих будааст, ки имрӯз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат эҳё гардид. Маҳз дар фазои соҳибистиқлолӣ миллати созандаву ободкор метавонад корхонаҳо ва шаҳрҳои нав бунёд кунад ва нерӯгоҳҳое ба монанди НБО Роғун бунёд намояд, ки имрӯзу ояндаи кишварро нурронӣ намояд.

6. Роҳандозӣ намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба монанди «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ пеш аз ҳама барои баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва маърифатнокии ҷомеа равона гардидааст. Албатта тарғиби илму дониш аз фазилатҳои халқи бузурги тоҷик аст, ки фарзона-фарзандонаш дар даврони таърих шоҳасарҳои безаволро оид ба илму адаб ба ҷаҳониён боқӣ гузоштаанд. Маҳз ин чорабиниҳои маърифатӣ бо иқдоми бевоситаи Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст.

7. Падидаи муҳим ирсоли Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ – дастовард ва таҷрибаи бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ҳамасола паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба мардуми шарифи кишвар ироа мегарданд дар худ фалсафаи бузурги созандагӣ баҳри рушди ҷомеаро касб намудаанд. Албатта, ирсоли Паёмҳо талаби замон буда, зарурати воқеиеанд, ки масъалаҳои асосии ҷомеаро дар бар мегиранд. Паёмҳо аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод мегарданд, ифодакунандаи вазъи воқеии натиҷаи солонаи ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии кишвар мебошанд. Паёмҳо ҷанбаи ҳамгироикунандагӣ, рӯҳбаландкунандагӣ ва таҳкимбахшандагии ваҳдати ҷомеаро ифода мекунанд. Дар онҳо нуктаҳои асосӣ ва масъалаҳои калидии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ифода ёфта ба ҳаёти ҳар як фарди ҷомеа мусоидат менамояд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешбурди сиёсати дастгирии табақаҳои ниёзманди кишвар мебошад. Ятимону бепарасторон аз ҷониби давлат дастгирӣ меёбанд ва онҳо ҳам аз ҷиҳати моддӣ таъмин гардида ва боз ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Саҳми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1.Пеш аз ҳама, Эмомалӣ Раҳмон меъмор ва бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлол гардидан аз он иборат аст, ки ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷумхурии мо ҳамчун давлати рӯ ба рушд муаррифӣ гардида, имиҷи сиёсии он боло рафт. Қадами аввалин дар ин самт дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гузошта шуда буд. Воқеан, Иҷлосияи 16-ум қадами аввалин ва калидие буд барои эъмори давлатдории миллӣ ва заминагузор барои рушди сиёсати хориҷӣ ва дохилии Тоҷикистон. Ҳамзамон, дар муроҷиатномаи таърихие, ки дар рафти Иҷлосия ба тамоми мардуми кишвар садо дода буд, моҳият ва стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало намоён буд. Яъне Тоҷикистон барои эъмори давлати миллии хеш камар бастааст ва барои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо дарназардошт ва эътирофи манфиатҳои миллии ҳар кишвари минтақа ва фароминтақа омодаи ҳамкорӣ аст.

2. Махсусан бо пешбурди «сиёсати дарҳои боз», ки аз соли 2003 роҳандозӣ шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гардид, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ устувор созад. Аз ҷумла, яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «сиёсати дарҳои боз» мебошад.

3. Инчунин дар пешбурди сиёсати хориҷӣ бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ҳамкориро дар сиёсати хориҷии худ бо кишварҳои минтақа дар авлавият карор додааст, ки ин сиёсат дар чанбахои зерин ифода ёфтааст:

аъзо будан дар созмонҳои гуногуни минтақавӣ оид ба масъалаҳои амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва экологӣ;

- Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ мебошад;

- Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша тарафдори сулҳу амният дар Афғонистон буда, таъмини амният дар ин кишварро аз ҷумлаи авлавиятҳои сиёсати хоприҷии худ медонад.

4. Бо пешбурди сиёсати хориҷии муваффақ Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ, муаррифкунандаи кишвар дар ҷаҳон мебошад. Махсусан дар соҳаи об аз ҷониби Сарвари давлат ин ташаббусҳо - Соли байналмилалии оби тоза - соли 2003, Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» - солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об - соли 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - солҳои 2018-2028 пешниҳод гардиданд, ки Созмони Милали Муттаҳид онҳоро дастгирӣ ва доир ба онҳо қатъномаҳо қабул намуд.

Нусратулло Зокирзода, ходими калони илмии ИФСҲ ба номи

А. Баҳоваддинови АМИТ, номзади илмҳои фалсафа