Skip to main content

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябр

Вазъи соҳаи маориф дар аввали солҳои 90-ум Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти хеле мураккабу печидаи солҳои 90 истиқлолияти давлатии худро эълон кард. Нооромиҳои сиёсию низомӣ дар он солҳо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва мактабу маорифи кишварро хароб карда буд. Аммо бо баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми таърихии Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (он замон Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданд) тадриҷан вазъ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Дар чунин шароити душвори иҷтимоию иҷтисодӣ дар кишвар азнавсозиҳои соҳаи маориф ва низоми таълиму тарбия оғоз гардид, ки ташаббускори бевоситаи он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.

Ҳанӯз соли 1992 бо қарори Раёсати Шурои Олӣ лоиҳаи Қонун “Дар бораи маориф” дар матбуоти даврӣ барои муҳокимаи умумихалқӣ интишор гардид, ки баъдтар соли 1993 қабул ва мавриди иҷро қарор дода шуд.

Сарфи назар аз мушкилоти мавҷудаи он солҳо аҳли маорифи кишвар тибқи раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи амалии қонуни мазкур шурӯъ карданд. Дар он давра дар кишвар муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ ва мактабҳои олӣ фаъолият менамуданд.

Дар соҳаи маорифи он солҳо, махсусан дар самти омӯзиши фанҳои бунёдӣ мушкилиҳои зиёде мавҷуд буд, ки онҳо дар чунин давраи душвор ба пешравии соҳа ва ислоҳоти низоми он халал ворид мекард. Муҳассилин донишҳои азхуднамуда ва қобилияти эҷодияшонро амалӣ карда наметавонистанд. Илова бар ин, барномаҳои таълимии фанҳои муҳим на танҳо ба талаботи замон ва манфиатҳои миллӣ ҷавобгӯ набуд, балки худи муҳассилинро қонеъ намекард. Шаклу шеваҳои таълим дар кишвар тағйиротҳои куллиро талаб менамуд, ки ҳамаи ин монеаю мушкилиҳо ислоҳоти кулии соҳаро тақозо мекард.

Аз ибтидои солҳои 90 ислоҳоти кулии соҳаи маорифи кишвар шурӯъ гардид, ки дар саргаҳи он шахсияти эътирофшудаи сиёсию фарҳангӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи худ меистоданд.

Ҳамин буд, ки бори аввал дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии Пешвои миллат Консепсияи мактаби миллӣ, стандарти давлати ва нақшаҳои таълимиро таҳия намуда, барои амалӣ сохтан ба соҳаи маориф пешниҳод карданд, ки мазмуну муҳтавои он характери дорад ва реҷаи он аз таҳсилоти рӯзона, шабона, ғоибона иборат буда дорои чунин сохтор мебошад.

Сохтори зерини муассисаҳои соҳаи маориф пешниҳод карда шуда буд:

- Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ;

- Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ;

- Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ;

- Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

- Муассисаҳои таҳсилдоти ибтидоии касбӣ;

- Муассисаҳои таҳсилдоти миёнаи касбӣ;

- Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

- Муассисаҳои таҳсилоти касбии баъдидипломӣ.

Бояд таъкит намуд, ки бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он солҳо ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешуд, ҳамин буд, ки бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта, маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон симои миллӣ касб намуд. Ин аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими кишвар дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ, ки дар саргаҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад, аз ҷумлаи дастовардҳои беназири халқи тоҷик ба шумор рафта, махсусан, барои пешрафти соҳаи маориф ва илм шароит ва имкониятҳои басо мусоид фароҳам овард.

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон бо суръати тамом рў ба пешрафту тараққӣ ниҳод. Ба туфайли Истиқлолияти миллӣ дар Тоҷикистон барои пурсамар ва ҳамаҷониба рушду инкишоф ёфтани соҳаи маорифу илм имконияту шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуд. Далели равшани ин гуфтаҳо дар як муддати кўтоҳ дар шаҳру деҳоти кишвари азизамон бунёд шудани садҳо мактабу таълимгоҳҳои нави замонавӣ, таъмиру тармим ва навсозӣ шудани қисми зиёди мактабу кўдакистонҳо мебошад.

Дар таърихи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омад, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маориф ва илми кишварамон маҳз бо ташаббусу ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат эътироф гардида, ба пешрафту комёбиҳои зиёде ноил шуд, ки таъкид намудани чанде аз онҳо мувофиқи мақсад аст:

1. Яке аз воситаҳои танзимкунандаи соҳаи маориф ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Вобаста ба ин самт дар даврони Истиқлолияти давлатӣ соҳаи маориф ба як қатор комёбиҳо ноил гардид, ки ин пеш аз ҳама қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” (се маротиба бо тағйиру иловаҳо) мебошад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии инкишофи маорифро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, сохтори системаи маориф, принсипҳои танзим, идоракунӣ, ваколату самтҳои фаъолияти мақомоти онро муқаррар менамояд ва барои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар оид ба соҳаи маориф заминаи ҳуқуқӣ мебошад.

Соли 2025 қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

2. Маблағгузории соҳаи маориф - Шурўъ аз соли 2001 афзоиши

маблағгузории соҳа ба чашм мерасад. Соли 2001 маблағгузории соҳаи маориф ба 60 млн. 900 ҳазор сомонӣ расид, ки он нисбат ба соли 2000 46,4 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра ҳиссаи хароҷоти соҳаи маориф ба 2,4 фоизи ММД ва 16,9 фоизи Буҷети давлатӣ баробар шуд.

Ҳамин тавр, бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ҷумҳурӣ маблағзугории соҳа давра ба давра зиёд гашта, дар соли 2020 ба 5 млрд. 4 млн. 653 ҳазор сомонӣ расида 5,7 фоизи ММД ва 19 фоизи Буҷети давлатиро ташкил дод ва соли 2021 ин нишондиҳанда ба 5 млрд. 597 млн. 100 ҳазор сомонӣ расид, ки ба 6 фоизи ММД ва 19,9 фоизи Буҷети давлатӣ баробар аст.

Феълан, маблағгузории соҳаи маориф дар соли 2025 бештар аз 10.9 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки 21.1 фоизи буҷаи давлатиро ташкил медиҳад.

3. Зинаи таҳсилоти томактабӣ дар рушду инкишофи кўдак зинаи асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад ва маҳз ин зина дар омода намудани кўдак ба таълим ва ташаккули равонию ҷисмонии он шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 744 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият мекунад, ки 114 ҳазор кудаконро фаро гирифтааст. Илова бар ин, ҳоло дар назди 1771 муассисаи таҳсилоти умумӣ Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст, ки дар онҳо 49332 кўдак ба тарбия фаро гирифта шудааст.

Масъалаи таъмини кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ тадриҷан ҳалли худро ёфт. Ҳоло дар муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 5969 нафар мураббӣ фаъолият менамояд, ки аксарияти онҳо занону бонувон мебошанд.

Дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва дастраси муассисаҳои томактабӣ гардонида шуд. Бори аввал дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» қабул гардид, ки заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии рушди соҳаи томактабиро муайян менамояд.

Бо мақсади барқарор ва баргардонидани муассисаҳои томактабӣ ва рушди минбаъдаи онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду барномаи давлатӣ қабул гардид: «Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» аз 31.10.05, №395 ва «Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» аз 4.11.2011, № 457 ба тасвиб расид.

Дар самти рушди муассисаҳои томактабии хусусӣ “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, № 295 қабул гардид, ки самтҳои асосии рушд ва тадбирҳои дастгирии давлатии рушди соҳибкории хусусиро дар самти ташаккул ва рушди муассисаҳои томактабии хусусӣ муайян менамояд. Ҳамчунин, Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба навовариҳои соҳа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (30.12.2014,№785) тасдиқ гардида, дастраси кормандони соҳа гардонида шуд.

4. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар соли таҳсили 1991-1992 шумораи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кишвар 3229 адад ва шумораи хонандагон 1 млн. 325 ҳазору 400 нафарро ташкил медод. Дар соли таҳсили 2024-2025 шумораи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ 4037 адад ва шумораи хонандагон 2 млн. 357 ҳазору 100 (1 млн. 142 ҳазору 500 нафар духтарон) нафарро ташкил медиҳад, ки дар ин давра 808 муассисаи таълимӣ ва 1 млн. 31 ҳазору 700 нафар хонанда зиёд мебошад.

5. Бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав бо назардошти шароитҳои муосир ва ҷавобгӯй ба талаботи ҷаҳонӣ самараи неки даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, ба хонандагон ҷиҳати аз худ намудани илмҳои пешрафта ва технологияи навин мусоидат менамояд.

Дар ин замина, дар ҷумҳурӣ агар то соли 2000 як муассисаи таълимии Президентӣ фаъолият менамуд, айни замон 9 мактаби Президентӣ ва 6 литсей барои хонандагони болаёқати мақоми ҷумҳуриявидошта фаъолият менамояд.

6.Ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ то солҳои 2024-2025-ум 5175 кабинети фаннӣ бо таҷҳизоти озмоишӣ ва аёнияти таълимӣ ҷиҳозонида шуд.

7. Дар солҳои истиқлолият дар ҷумҳурӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аниқтараш соли 2007 Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳурияии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” таъсис дода шуд.

Бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №353 “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015–2020” тасдиқ гардид, ки тибқи талаботи он дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил карда шудааст.

Натиҷаи ғолибияти хонандагони болаёқати кишвар дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар соли таҳсили 2024-2025 2925 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 241 медали тилло, 501 медали нуқра, 2182 медали биринҷӣ гардидаанд. Дар 26 озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ 515 нафар хонандаи тоҷик сазовори ҷойи якум, 866 нафар сазовори ҷойи дуюм, 1396 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Бори аввал дар замони Истиқлолияти давлатӣ хонандаи тоҷик дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз фанни математика сазовори ҷоизаи “Гран-при” гардид. Инчунин, бори аввал хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия дар ИМА сазовори ҷойи аввал ва медали тилло шуд.

8. Танҳо дар солҳои охир бо дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм як қатор асноди меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” (16 апрели соли 2012, №826), “Низомномаи Созмони талабагии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз « 02» июли 2014, №¬13/5) тасдиқ шуда, оид ба зарурати тағйирёбии шакли системаи тарбияи беруназмактабӣ, гузариши он ба ҳолати сифатан нав лоиҳаи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ барои солҳои 2016–2020”, “Консепсияи рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ”, «Стратегияи инкишофи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар Тоҷикистон», «Барномаи байниидоравии рушди системаи муассисаҳои таҳсилоти иловагии кўдакону наврасон», “Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ”, “Стандарти давлатии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ” таҳия гардиданд, ки барои мустаҳкам намудани асосҳои ташкилию ҳуқуқии соҳа заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт.

9. Зери дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (02.11.2012, №630) тамоми омўзишгоҳҳои касбӣ-техникии ҷумҳурӣ ба литсейҳои касбии техникӣ, техникум ва омўзишгоҳҳо ба коллеҷҳо табдил дода шуданд.

Айни замон дар 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 14 самт ва 300 касбу ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда мешавад.

Ба ҳолати 15 сентябри соли 2025 дар 66 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 28 ҳазору 312 нафар (7 ҳазору 898 нафар духтарон) таҳсил намуда истодаанд. Аз шумораи 28 ҳазору 312 нафар хонанда 25 ҳазору 198 нафар (89,1%) дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 3 ҳазору 114 нафар (10,9%) дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 2 ҳазору 751 нафар, аз ҷумла 1 ҳазору 808 нафар омӯзгор (857 нафар занон) ва 943 нафар устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ (298 нафар зан) фаъолият карда истодаанд.

Аз теъдоди умумии 1 ҳазору 808 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 1 ҳазору 368 нафар (75,8%) бо таҳсилоти олии касбӣ ва 363 нафар (20%) бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 77 нафар (4,2%) бо таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият доранд.

Аз теъдоди умуми 943 нафар устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ 455 нафар (48,3%) бо таҳсилоти олии касбӣ 378 нафар (40%) бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 110 нафар (11,7%) бо таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият карда истодаанд.

Таҳсилоти миёнаи касбӣ. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (59 муассисаи давлатӣ ва 27 муассисаи хусусӣ) ва 6 филлиал фаъолият менамояд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯи самтҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ, таъмини бехатарӣ, аз рӯи зиёда аз 344 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.

Дар ин муассисаҳо 7 ҳазору 516 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 46 нафар доктори илм (15 нафар зан) ва 113 нафар номзади илм (45 нафар зан) мебошанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳоло 97 ҳазору 234 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 71 ҳазору 397 нафар духтарон мебошанд.

10. Татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таъсиси муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки рағбат ба гирифтани маълумоти касбӣ доранд, дар солҳои охир натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Имрӯз акнун тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо кадрҳои коргарии дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин ҳастанд, зиёда аз ин барои кор ба хориҷи кишвар низ фиристода мешаванд.

11. Яке аз комёбиҳои дигари соҳаи маориф ва илми кишвар дар даврони Истиқлолият таъсиси Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди вазорат ба шумор меравад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ «Барномаи давлатии компютеркунони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2015» зери назорати қатъии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дошт. Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2015-ум» 105,2 дарсад иҷро гардид. Ҳамчунин, бо мақсади иҷрои барнома дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ба шабакаи байналмиллалии Интернет пайваст карда шудааст, хусусан бо риштаҳои оптикӣ.

12. Зиёда аз ин, бо дастуру супоришҳои муҳтарам Ҷаноби Олӣ гузариш ба низоми кредитии таҳсилот тақозои замон ва талаботи соҳаи таълиму тарбияи ҷаҳони имрўза дониста шуда, ба роҳ монда шуд. Дар ин робита муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз соли 2010-2012 давра ба давра ба низоми кредитии таҳсилот шурўъ намуданд.

13. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори дохил ва хориҷи кишвар ҷавобгў, сафарбар намудани донишҷўён барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ ва воридшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2007, №529 “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008–2015” қабул карда шуд. Ҳамин буд, ки ҳоло акнун дар 42 давлати хориҷии Осиё, Африқо, Аврупо ва Амрико 42 ҳазору 400 нафар, аз ҷумла 12 ҳазору 808 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

14. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар тўли Истиқлолияти давлатӣ дар ҳолати рушд қарор дорад. Агар дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо теъдоди 69300 нафар донишҷў (23600 духтар) фаъолият мекарда бошад, пас дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 214 500 нафар донишҷў фаъолият менамояд.

Дар баробари таъсиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкили филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи энергетикии Москва ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пўлод ва хўллаи Москва», Донишгоҳи Осиёи марказӣ дар шаҳри Хоруғ, филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри душанбе аз иқдомҳои некбинонаи Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бо назардошти таъсиси муассисаҳои таълимии навтаъсис ва бо биноҳои маъмурию таълимӣ таъмини дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даврони истиқлолият бо кўмак ва дастгирии беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 74 бинои маъмурӣ ва таълимӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Барои таъмини донишҷўёни шаҳру ноҳияҳои дурдаст бо макони зист дар ин давра дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 20 хобгоҳи замонавӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор гирифт.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ агар соли 1991-ум 1835 нафар номзади илм ва 226 доктори илм аз рўи 136 ихтисос ба донишҷўён таълим медод медоданд. Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 13 ҳазору 50 нафар омӯзгор, аз ҷумла 4 ҳазору 975 нафар занон кору фаъолият мекунанд, ки аз инҳо 543 нафар (87 нафар зан) докторони илм ва 4 ҳазору 128 нафар (1 ҳазору 363 нафар зан) номзадҳои илм мебошанд.

Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурўъ аз соли таҳсили 1997-1998 барои ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони лаёқатманд аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдаст квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шуд, ки ба он аз соли 2005 писарони лаёқатманд низ шомил гардиданд. Дар муддати таъсиси квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои духтарону писарони деҳоти дурдасти кишвар аз 61 шаҳру ноҳияҳо ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи нақша зиёда аз 27 ҳазор хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бидуни имтиҳони дохилшавӣ фаро гирифта шуданд.

Дар баробари ин, ҳамасола барои хизматчиёни ҳарбии воҳидҳои таъиноти махсуси сохторҳои қудратӣ 100 ҷой ва барои фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд - 20 ҷой ҷудо карда мешавад, ки довталабон дар асоси суҳбат ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

15. Танҳо тайи солҳои охир як қатор қарор ва амру фармонҳо ҷиҳати пешбурди соҳа ба имзо расид, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.09.2020, №1610 «Дар бораи таъсиси Шўрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Низомномаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантони таҳсили рўзона», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, магистр, аспирант ва докторантҳо”, “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025”, «Дар бораи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷумлаи асноди мазкур маҳсуб меёбанд.

Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаҳои озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурўғи маърифат”, озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” қабул гардид.

16. Дар даврони Истиқлолият бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такягоҳи моддӣ-техникии илми донишгоҳӣ низ рушд ёфта, дар доираи амалисозии чорабиниҳо дар ин самт дар солҳои 2011–2015 тибқи Қонун “Дар бораи Парки технологӣ”дар 12 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ паркҳои технологӣ ва дар 7 муассиса марказҳои илмию биотехнологӣ ва озмоишгоҳҳо таъсис дода шуданд. Ин сохторҳо дар шароити кунунӣ дар раванди ташаккул бошанд ҳам, умед аст, ки бо гузашти замон ба рушди илм ва пайвастани он бо истеҳсолот такони ҷиддӣ мебахшанд.

Бо мақсади тарбияи кадрҳои илмӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014 дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расид ва ибтидо аз 1 сентябри соли 2015 бори аввал дар таърихи ҷумҳурӣ қабул ба докторантура аз рўйи ихтисос шурўъ гардида, беш аз 100 нафар олимони ҷавон ба ин низоми таҳсил фаро гирифта шуданд.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои дастгирии олимони ҷавон низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зиёде андешида аст. Аз ҷумла, Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 29 июли соли 1996 «Оид ба таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аспирантҳои таҳсили рўзона» ба имзо расида, бо иқдоми наҷиби Сарвари давлат хобгоҳи ҷумҳуриявӣ барои аспирантон бо 297 ҷойи зист аз соли 2005 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба истифода дода шудааст.

17. Дар даврони истиқлолият дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷ зиёда аз 123 созишномаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника ва 83 созишномаи ҳамкории байниидоравӣ ба тасвиб расидааст, ки дар асоси ин санадҳо ҳамкориҳо айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии 41 кишвари хориҷӣ 45 ҳазор нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, техникии кишвар зарур, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

18. Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон ташкил намудани Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар кишварҳои хориҷӣ яке аз ғамхориҳои навбатӣ нисбат ба дастгирии ҷавонони лаёқатманди кишвар мебошад. Дар доираи маблағҳои Фонди мазкур ҳар сол теъдоди муайяни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии бонуфузи давлатҳои хориҷӣ фиристода мешаванд ва аз ҳисоби Фонди мазкур маблағгузорӣ сол ба сол зиёд гардида истодааст.

Соли 2008 Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” таъсис ёфта, шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар зинаҳои гуногуни таҳсил (бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура, ординатура, докторантура ва коромўзӣ) ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар ба таҳсил сафарбар карда мешаванд.

19. Бо мақсади таҷдиди низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ (МТТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №114 аз 5-уми марти соли 2008 Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуд, ки тибқи оиннома фаъолияти он ба ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба МТТОК равона гардидааст.

20. Бо ибтикори муҳтарам Ҷаноби Олӣ китобҳои “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дастраси ҳар як оилаи кишвар гардиданд, ки ин амалҳо барои боло бурдани маърифати аҳолии кишвар, аз ҷумла ҷавонон мавқеи боризеро соҳиб мебошанд.

21. Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои соҳои 2020-2040 падидаи муҳими замони мост.

22. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи фонди муомилоти китобҳои дарсӣ беш аз 470 номгўйи китобҳои дарсӣ бо теъдоди 27 млн. 528 ҳазору 801 нусха ба маблағи умумии 148 млн. 585 ҳазору 334 сомонӣ ба нашр расид. Гузашта аз ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» аз 26 июли соли 2014, №1122 қабул гардид, ки барои ба танзим даровардани таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ замина мегузорад.

23. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат барои такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф» ва дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияи Рашт филиалҳои он ташкил карда шуд.

24. Таъсиси Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм самараи даврони Истиқлол аст. Фаъолияти асосии Марказ аз таҳия ва ба чоп расонидани дастур ва тавсияҳои методӣ, тавассути ташкил ва гузаронидани семинарҳои машваратӣ расонидани кўмаки методӣ ба шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ иборат мебошад.

25. Дар даврони истиқлолияти давлатӣ бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ха¬дамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф бо мақсади дуруст ба роҳ мон¬дани рафти иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ, сифати таҳсилот, эътирофи бароба¬рарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот, таъсис дода шуд, ки баъдан ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

26. Даврони истиқлол барои матбуоти ҷумҳурӣ, аз ҷумла матбуоти соҳавӣ пайки тозае дод, зеро дар ин давра миллати тоҷик соҳиби минбари худ гашт. Ба ибораи дигар, дар саҳифаҳои таърихи кишвари мо нашрияҳои соҳавӣ, бахусус, ҳафтаномаи «Омўзгор» (замима-“Пайрав”), маҷаллаҳои «Маърифати омўзгор», «Маорифи Тоҷикистон» ва «Русский язык и литература в школах Таджикистана» низ нақши худро доранд. Илова бар ин ҳар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ нашрияҳои худро доранд.

27. Ба ғайр аз гуфтаҳои боло дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ва илми кишвар инчунин навгонию падидаҳои муҳими зайл ба амал омаданд, ки ба таври мухтасар чанде аз онҳоро қайд кардан ба маврид аст:

1. Дар соҳаи маориф Ҷоизаи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

2. Низоми баҳодиҳӣ ба дониши хонандагон тағйир ёфта, аз панҷбала ба даҳбала гузаронида шуд.

3. Маркази “Зан-Сарвар” барои донишҷӯдухтарони лаёқатманд таъсис дода шуд.

4. Барои омӯзиши забонҳои русӣ ва чинӣ маркази “Конфутсий”, ва марказҳои “Русский мир” дар Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон таъсис дода шуд.

5. Бо дастуру супоришҳои муҳтарам Ҷаноби Олӣ барои таълиму нигоҳубини кӯдакони ятим дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактаб-интернатҳо кушода шудаанд.

6. Маркази “Корҳои берун аз дарсӣ”, бо мақсади омода кардани хонандагон барои интихоби касб ташкил карда шуд.

7. Тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ ба низоми маблағгузории сарикасӣ гузаронида шуданд.

8. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фонди иҷораи китобҳои дарсӣ ба роҳ монда шуд.

9. Дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) амалан роҳандозӣ карда шуд.

Хулоса, соҳаи маориф ва илм самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои бунёди намунаи миллии таҳсилоти бисёрзинагии босифат, ҳамгироии системаи ягонаи ҷаҳонии таҳсилот, таъмини рушди маънавии инсон, талаботи шахсият барои ба даст овардани донишу ҳунар ва ба ин васила мусоидат ба пешрафту тараққиёти кишварамон тадбирҳои зарурӣ андешида ба амал бароварда мешаванд. Барои ҳамин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ соҳаи маорифро дар ҷойи аввал гузоштаанд.

Саид Нуриддин Саид, сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор