Skip to main content

«Мо бояд фаромӯш насозем, ки масъалаи об, бинобар аҳамияти ҳаётӣ ва хоса доштанаш, бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок боқӣ монад»

Эмомалӣ Раҳмон

Тайғирёбии иқлим имрӯз бо болоравии ҳарорат ва афзоиши ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ сабаб гардидаст, ки ин мушкил метавонад ба захираҳои об ва системаи обёрӣ мушкилоти ҷиддиро ба вуҷуд оварад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 2–3 маротиба боло рафтааст ва ин омил сабаби обшавии пиряхҳо гардидааст, ки ин метавонад ба соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ таъсири ҷиддӣ расонад.

Дар даҳсолаҳои охир, тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба обшавии зиёда аз 1000 пирях сабаб гардидааст, ки ин раванд боиси танзими захираҳои обиро ба мушкил рӯ ба рӯ созад. Тибқи маълумотҳои оморӣ, танҳо дар давраи солҳои 2020–2023 дар кишвар зиёда аз 1800 ҳолати офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда далели таъсири воқеӣ ва шаддати тағйирёбии иқлим ба муҳити зист мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба «Тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот, пиряхҳои кишвар роҳандозии якчанд чорабиниҳои сиёсиву стратегиро амалӣ намудааст. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Париж, ки барои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва мутобиқшавӣ ба таъсири иқлим муҳим арзёбӣ мегардад ҳамроҳ шудааст.

Дар сатҳи миллӣ ва минтақаӣ низ ташаббусҳо дар масъалаи об ва иқлим густариш ёфтааст. Масалан, дар сессияи 81умин Комиссияи Иқтисодӣ ва Иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) ташаббус оид ба мустаҳкам намудани ҳамкории минтақавӣ дар истифодаи захираҳои об ва мубориза бо тағйирёбии иқлим қабул карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори он ба шумор меравад.

Ҳамчунин дар асоси ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), қарорҳои муҳим барои мутобиқ намудани бахши об ба таъсири иқлим низ бароварда шудаанд. Лоиҳаҳои Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) ба таҳияи Нақшаҳои Миллии Мутобиқшавӣ, аз ҷумла таҳкими иқтидори институтҳои давлатӣ ва вусъат додани иқдомҳо дар бахши об, равона шудаанд. Ин равиш нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро бо истифода аз ҳамгироии манфиатдор ва стратегияҳои давлатӣ татбиқ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тозаи ошомиданӣ буда, ин захираҳо барои таъмини рушди устувори иқтисод кишвар нақши муҳим дорад. Қариб ҳамаи обҳое, ки дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбанд, барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ ва нӯшидан мувофиқанд. Айни замон, захираҳои об дар кишвар манбаи асосии истеҳсоли энергия ба шумор рафта, 95% — и барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешаванд. Захираҳои обӣ дар соҳаҳои обёришаванда ва истеҳсоли тақрибан 80%-и маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария, саноат ва моҳипарварӣ, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат нақши муҳим дорад, истифода мегардад. Захираҳои об дар кишвар, ҳамчунин, дар таъмини шуғлнокии аҳолӣ низ саҳмгузор аст. Рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетика, соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ ва саноат ҷойҳои нави кориро ташкил менамоянд.

Об дар таъмини рушди устувор ва муътадили иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақши калидӣ дошта, Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои марказии сиёсати обии минтақа табдил медиҳад.

Ҳарчанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои системаи васеъ барои таъмини оби нӯшокӣ бошад, камбудиҳо низ вуҷуд доранд. Масалан, аз ҳисоби умумӣ танҳо қисми муайяни аҳолӣ ба оби бо сифат ва санитарияи дастрасӣ доранду халос. Илова бар ин, сатҳи талафоти об дар шабакаҳои таъминоти шаҳрҳо ва деҳот баланд буда, дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва пардохтҳои ҳаққи хизматрасонӣ яке аз камбудиҳои дигар боқӣ мондааст.

Обёрӣ яке аз бахшҳои калидии истифодаи об буда, ки аз ҳисоби захираҳои умумӣ 80–90 % оби тоза барои обёрӣ истифода мегардад, ки нишон медиҳад қисми зиёди захираҳои об ба кишоварзӣ равона шудааст. Ин аз як тараф ба рушди кишоварзии босубот мусоидат менамояд, аз тарафи дигар бо нуқсонҳои самаранокӣ ва талафоти зиёд оварда мерасонад.

Барои самаранок истифода бурдани захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба паёмадҳои тағийрёбии иқлим, зарур аст, ки идоракунӣ дар асоси принсипҳои Идоракунии Ҳавзавии Захираҳои Об таҳким дода шавад. Ин раванд ба:

истифодаи усулҳои ҳадди ақалли талафот ва сарфаи об;

беҳсозии мониторинг ва пешгӯии ҳамоҳанг дар сатҳи ҳавзаҳо;

иштирок ва ҳамоҳангсозии ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор;

ҷорӣ намудани тарифҳои оқилона ва механизми пардохти ҳаққи истифодаи об.

Тағйирёбии иқлим, афзоиши талабот ва камбудиҳои инфрасохторӣ мушкилоти ҷиддӣ пеш меоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти идоракунии захираҳои об ва ҳалли мушкилоти вобаста ба он дар арсаи байналмилалӣ мавқеи фаъол дорад ва ҳамчун пешсаф дар ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба обу иқлим шинохта шудааст. Махсусан дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид, Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ташаббусҳои муҳимеро ба роҳ мондааст, ки ҳадафашон беҳбудии идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди устувор мебошад.

Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон намуд, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ҷалб намуд. Даҳсолаи амалиёт «Об барои ҳаёт» солҳои 2005–2015 Ташаббуси дигаре буд, ки тавассути он кишварҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши об ҳавасманд гардонида шуданд.

Даҳсолаи амалиёти «Об барои рушди устувор» солҳои 2018–2028 эълон гардид, ки ҳадафаш таҳкими ҳамкорӣ дар масъалаҳои об, беҳтар намудани идоракунии захираҳои об ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мебошад.

Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба об (Ню-Йорк, 22–24 марти 2023) бо ҳаммуаллифии Тоҷикистон ва Нидерландия баргузор гардид, ки пас аз тақрибан 50 сол бори аввал дар чунин сатҳи баланд ба масъалаи об бахшида шуд. Ин ҳамоиш платформаи муҳими байналмилалӣ барои табодули таҷриба ва роҳандозии иқдомҳои муштарак гардид.

Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муаррифии аҳамияти захираҳои об дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ равона гардида, ҳамзамон барои таҳкими дипломатияи об дар минтақа, саҳми назаррас доранд.

Пешниҳод ва қабули як қатор ташаббусҳои муҳим дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла эълон гардидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), таъсиси Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташкили Бунёди байналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳо, бозгӯи равшан ва барҷастаи иродаи сиёсии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин ташаббусҳо на танҳо аз дарки амиқи мушкилоти глобалии обу иқлим шаҳодат медиҳанд, балки нишонаи хиради волои роҳбарияти олии кишвар дар ҳифзи манфиатҳои наслҳои имрӯзу фардо, таҳкими амнияти обӣ ва мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ мебошанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти ҷаҳонӣ ва ҳисси баланди миллӣ ин ташаббусҳоро ба миён гузошта, Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои пешсаф дар масоили марбут ба об, иқлим ва пиряхҳо табдил додаанд.

Ин иқдомҳо бар асоси манфиатҳои миллӣ ва рисолати инсондӯстона пешниҳод шуда, самти стратегии сиёсати хориҷии кишварро дар арсаи байналмилалӣ муайян менамоянд.

Алиев Фирдавс – муовини директори Институти масъалаҳои об,

гидроэнергетика ва экологияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон