Skip to main content

Санаи 26 декабри соли равон дар толори Раёсати АМИТ ҷаласа оид ба таблиғи нуктаҳои муҳимтарини Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки кормандони муассисаҳои илмии зертобеи АМИТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва магистрону докторантони PhD баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳи ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Мирзораҳимзода А.К. оғоз бахшида, иброз намуд, ки дар паёми имсолаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди самтҳои гуногуни илму маориф, рушди ҷаҳонбинии илмӣ, омода намудани кадрҳои баланди илмӣ, пайванди илм бо истеҳсолот нигаронида шудааст. Дар ин замина моро зарур аст, ки ҷиҳати амалисозии ин ҳадафҳо саъю талоши пайваста намоем.

Ҳамзамон оид ба нуктаҳои муҳимтарини Паём директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ҳайдарзода Рустам Ҷура баромад намуда, иброз намуд, ки яке аз масъалаҳои меҳварии Паёми имсола ин муаррифӣ ва шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина аз ҷониби Президенти кишвар дастур дода шуд, ки дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз таъсис дода шавад, ки метавонад дар ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва фарҳангии беш аз 6 ҳазор солаи миллати тоҷик нақши босазо хоҳад гузошт.

Номбурда ҳамчунин иброз намуд, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногуни илм ва истеҳсолот диққати хосса зоҳир карда шуд. Махсусан қайд карда шуд, ки “Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ буда, имкон дорад эҳтиёҷоти марказҳои бузурги ҳисоббарории зеҳни сунъиро бо неруи барқи «сабз» ва оби хунук таъмин созад”.

Дар ин замина Президенти кишвар дастур доданд, ки ба мақсади истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди рушд доир ба таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» чораҷӯйӣ карда шавад. Албатта ин иқдом метавонад, ки ба рушди соҳаҳои гуногуни кишвар мусоидат намояд.