Тағйирёбии иқлим бо баландшавии ҳарорати ҳаво ба зиёдшавии шумора ва шиддатнокшавии равандҳои хатарноки табиӣ мусоидат намудааст. Кишвари мо ҳам аз таъсири манфии ин офатҳо эмин нест. Коршиносон ҳисоб кардаанд, ки таи шаст соли охир ҳарорати миёнаи ҳаво дар мамлакат 1,20С дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳарорати миёнаи ҳавои ҷаҳон 0,6 0С боло рафтааст ва пешгӯи карда мешавад, ки ин раванд таи даҳсолаҳои оянда тамоюли афзоиш кардан дорад.
Ҳамасола дар паи баландшавии ҳарорати ҳаво аз панҷсад то шашсад ҳолати фавқулодда дар Тоҷикистон рух медиҳад, ки навад дарсади он хусусияти табиӣ дошта, баъзеи онҳо хисороти калони иқтисодӣ ва ҳатто талафоти ҷониро ба бор меоранд. Бар асари обшавии босуръати пиряхҳо дар криосфера равандҳои хатарноки табиӣ боз фаъолтар гашта истодаанд. Пиряхҳои Тоҷикистон як ҷузъи табиати мамлакати мо буда, дар шароити тағйирёбии иқлим афзоиши суръати таназзулёбии онҳо бараъло мушоҳида карда мешавад. Ҳифзи пиряхҳо барои кишвари мо ва ҳамсоякишварҳо аҳамияти хосаро доро мебошад, зеро пиряхҳо манбаи асосии об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд.
Бо назардошти муҳиммияти масъалаи мазкур ва бо мақсади ҳалли мушкилоти дар самти обу иқлим ҷойдошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми қариб се даҳсолаи охир силсилаташаббусҳоро дар самти ҳифзу истифодабарии устувори захираҳои об, пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим дар миқёси ҷаҳон пешниҳод намуданд, ки ҳамаи онҳо бо қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд.
Аз байни ин иқдомҳо эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Даҳсолаи амал барои омӯзиши илмҳои криосферӣ, солҳои 2025-2034» нишонаи дарки мушкилоти ҷойдоштаи глобалӣ дар масъалаи ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар тақвият бахшидани кору фаъолият, омӯзиш, ҳифзи пиряхҳо ва дигар компонентҳои криосфера мусоидат менамоянд.
Таваҷҷӯҳи домии Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ба таври ҳамешагӣ дида мешавад ва дар Паёми навбатии худ ба парламенти мамлакат, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардид, Пешвои миллат қайд намуданд:
«Мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад. Дар робита ба ин, пешниҳод мегардад, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад».
Ба Институти илмӣ тадқиқотӣ табдил додани Марказ ва ба номи он зам шудани калимаи «криосфера» ин маънои онро дорад, ки самти омӯзиш ва таҳқиқотҳо боз ҳам васеъ ва фарохтар мегардад.
Яъне минбаъд дар баробари омӯзиши пиряхҳо, ки яке аз ҷузъиёти қишри криосфера ба шумор мераванд инчунин омӯзиши қабатҳои барфи баландкӯҳҳо, қабатҳои яхбастаи абадии ҷинсҳои куҳӣ, яхҳои зеризаминӣ, глетчерҳои сангӣ ва дигар компонентҳои криосфера, бояд ба роҳ гузошта шаванд. Зеро тағйирёбии иқлим, ки баландшавии ҳарорати ҳаворо дар пай дорад натанҳо ба пиряхҳо балки ба тамоми ҷузъҳои криосфера таъсири худро гузошта истодааст. Криосфера ин қишри географии болоии замин буда, дар он равандҳои физикӣ-геологии криогенӣ, яъне равандҳои махсус ҷараён доранд, ки танҳо ба ҳамин қишри замин хос мебошанд.
Бо назардошти дар оянда бо омӯзиш ва таҳқиқот фаро гирифтани тамоми қишри криосфера зарур аст ба қонунгузории ҷории танзимкунандаи самт яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо», тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шаванд, зеро дар Қонун ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда, барномаҳои қабулшуда бинобар маҳдуд будани омӯзиш дар атрофи пиряхҳо бисёр мафҳум ва истилоҳоти марбут ба криосфера сарфи назар шудаанд.
Дар криосфера равандҳои гуногунро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ба табиат ва муҳити зисти минтақаи муайян таъсири худро расонида, сабаби сар задани офатҳои табиӣ мегарданд ва вазъи ногувори экологиро ба миён меоранд. Яке аз чунин равандҳои хатарнок ин фуромадани селҳо баъд аз рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ мебошад.
Таназзулёбии бесобиқаи компонентҳои криосфера, аз ҷумла ақибнишинӣ ва обшавии пиряхҳо ба фаъолгардии раванди ташаккулёбии кӯлҳо дар сатҳ, дохил, зери пиряхҳо ва поёнтар аз забонаи онҳо боис мегардад.
Бандшавии садди ноустувори ин кӯлҳо бо ях ва маводи иборат аз шикастапораҳои ҷинсҳои кӯҳӣ (моренавӣ), калоншавии андозаи кӯлҳо, тағйирот дар шабакаҳои обгузари дохили пирях ва баландшавии ҳарорати ҳаво дар якҷоягӣ метавонанд сабабҳои асосии кандашавии кӯлҳои пиряхӣ гарданд.
Рахнашавии кӯлҳо ва бар асари он фуромадани сел барои минтақаҳои дар поёни водӣ ҷойгирбуда, хатари ҷиддӣ ба шумор рафта ба минтақаҳои баландкӯҳи ҷаҳон аз ҷумла кишвари мо, хос мебошад.
Бинобар ин мушоҳидаҳо ва мониторинги доимии кӯлҳои пиряхӣ бояд бештар тақвият дода шаванд.
Кӯлҳои пиряхӣ дар як муддати кӯтоҳ то ба ҳолати хатарнок босуръат инкишоф меёбанд, набудани фурсат барои гирифтани маълумоти кофӣ дар бораи ин кӯлҳо ба он оварда мерасонад, ки онҳо ногаҳон рахна мезананд ва дар аксар ҳолатҳо аҳолӣ ва мақомоти ваколатдор дар бораи сар задани селҳои фалокатбори пас аз рахнашавии кӯлҳо ба вуҷуд оянда огаҳӣ надоранд ва ё имкони гирифтани омодагиро ба он надоранд.
Чунин селҳо глятсиалӣ номгузорӣ шудаанд, зеро аз рахнашавии кулҳои пиряхӣ сарчашма мегиранд ва ба аҳли башар аз қадимулайём маълуманд.
Ахбороти аввалин оид ба ҳодисаи фуромадани сел дар натиҷаи рахнашавии кӯли пиряхи Гетро дар Швейтсария ва дар натиҷаи он ҷони худро аз даст додани 140 нафар, дар ёддоштҳои алпӣ, ки ба охири асри XVI рост меояд, ба қайд гирифта шудааст. Сар задани офати дигар, ки санаи 13 декабри соли 1941 дар давлати Перу, ҳангоми фуромадани сел дар натиҷаи ногаҳон рахнашавии кӯли Палкакоча рух дод, бо талафёбии ҷони 6000 нафар ва шуста шудани як қисми шаҳри Уарас анҷом ёфт.
Дар Тоҷикистони мо ҳам таи даҳсолаи охир шумораи кӯлҳои хатарноки пиряхӣ зиёд гашта истодаанд ва омӯзиши ин кӯлҳо дар давраи шуравӣ ба таври мунтазам ба роҳ монда шуда буд, вале баъдтар ба ин масъала диққати лозимӣ дода намешуд.
Бинобар зиёд гаштани шумораи ҳодисаҳои рахнашавии чунин кӯлҳо ва дар паи он фуромадани селҳои харобиовар таи солҳои охир, омӯзиши сабабҳо, шароитҳои ташаккулёбӣ ва инкишофи кӯлҳои пиряхӣ дар якҷоягӣ бо пиряхҳо аз сари нав ба роҳ монда шуда истодаанд.
Айни замон ҳамагӣ 1449 кӯлҳои пиряхии хурду калон бо майдони баробар ба 716 километри мураббаъ дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аксари онҳо дар мавзеъҳои баландкӯҳи душворгузар ҷойгир мебошанд ва гузаронидани корҳои тадқиқотӣ дар ин ҷойҳо бо мушкилиҳои зиёд анҷом дода мешаванд.
Аз ин лиҳоз иҷрои тадқиқотҳо бо истифодаи усулҳои фосилавии зондиронӣ солҳои охир ҳамчун роҳи ҳалли масъалаи мазкур дониста шуда, аз ҷониби мутахассисони МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон васеъ истифода бурда мешаванд.
Вале барои омӯзиши кӯлҳои хурди пиряхӣ аксҳои кайҳонии саҳеҳияти баланд доштаро истифода кардан лозим меояд, ки харидории онҳо маблағҳои калонро талаб мекунад. Сифат ва имкониятҳои фазоии аксҳои кайҳонии Landsat-и солҳои 90-уми асри гузашта, ки то ҳол истифода мешаванд, барои омӯзиши ҳамаҷонибаи ин кӯлҳо, аллакай қонеъкунанда нест.
Ҳамзамон, гузаронидани корҳои саҳроии тадқиқотиро ҳеҷ вақт фаромӯш набояд сохт ва ин корҳо бояд, дар якҷоягӣ бо истифодаи роҳу усулҳои муосир ба роҳ монда шаванд. Барои мисол дар Ҷумҳурии мардумии Чин гузаронидани тадқиқотҳои саҳроӣ дар мавзеъҳои баландкӯҳи душворгузар бо истифодаи роботҳои паррон иҷро карда мешаванд. Ин воситаҳои техникӣ дар саҳро барои чен кардани ҳарорати болои пиряхҳо, ҳарорат дар бурриши амудии кӯлҳо, бардоштани намунаи об аз кӯлҳо, гузаронидани аксбардорӣ ва таҳияи харитаи сеченакаи топографӣ истифода бурда мешаванд.
Харидорӣ ва ҳарчи бештар истифодабарии воситаҳои техникии муосир имкон фароҳам меорад, то ин ки тадқиқотҳои саҳроӣ босифат ва дар як мӯҳлати кӯтоҳ, аз ҳама муҳимаш бо таъмини бехатарии кормандон дар мавзеъҳои баландкӯҳ анҷом дода шаванд.
Барои иҷрои корҳои саҳроии экспедитсионӣ, коркарди мавод ва маълумотҳои бадастомада бошад зарур аст, ки муассисаи таъсис додашавандаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» бо чунин таҷҳизот ва воситаҳои техникии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шавад.
Дар ҷавоб ба таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму маориф ва хусусан ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, мо олимони соҳа бояд саъю кӯшишро бештар, меҳнату заҳматро дучанд намуда, саҳми арзандаи худро дар таҳқиқу омӯзиш ва ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва экологӣ гузорем.
Абдусалом Маҳмадалиев, номзади илмҳои геология ва минералогия,
Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон




