Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати зиёде дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва худшиносию худогоҳӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Таҷлили Ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷиктаборон мақоми хосаро пайдо карда аз нав эҳё шудани он боиси ифтихори мардум гардидааст. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили Ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосаро пайдо кард.
Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси хушбахтӣ аст, ки ин ҷашни бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи кишвари мо ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад. Наврӯз бузургтарин ҷашни мардуми ориёнтабор ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад.
Тавре ки дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт Ҷамшед буд. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои "рӯзи нав”, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки
«Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст”. Бояд зикр намуд, ки ӯ дар бораи ҷашни “Наврӯз” ва суннатҳои он маълумотҳои љолиб овардааст.
Бояд гуфт, ки барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.
Дар замони соҳибистиќлолӣ Наврӯз боз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ таҷлил менамоем. Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки "Наврӯз ҷашнест, ки инсонро ба покию нафосат, некию накӯкорӣ, дӯстиву бародарӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ ҳидоят мекунад." Инчунин, лозим ба ёдоварист, ки ҷашни Наврӯз рамзи эҳёи табиат гармии рӯзгор умеду орзӯҳои нав ва пешвози баҳори ҳуҷастапай низ мебошад. Воќеан, ҳам ниёгони мо тавонистанд ҷашнҳои муқаддаси Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тули асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад. Ҷашни Наврӯз ҷашни сулҳ, оштӣ ва ҳамбастагио мебошад, ки дӯстӣ миёни қавму миллатҳои гуногунро тақвият мебахшад.
Ҳамасола дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи кишвар чорабиниҳои бузурги Наврӯзӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо меҳмонони хориҷӣ ва дигар халқияту, миллатҳо ҷалб карда мешаванд.
Дар сатҳи фарҳангӣ ва сиёсӣ, Наврӯз ба як воситаи муҳими таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин ҷашн ба мустаҳкам шудани робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстонаи кишварҳои мухталиф мусоидат менамояд.
Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки як мактаби худшиносӣ, эҳтиром ба гузашта ва пайвастагии инсон бо табиат ва ҷомеа мебошад. Наврӯз таранумигари сулҳу салоҳ ва бузургтарин ҷашни миллии мардуми тоҷик мебошад, дар замони дигаргуниҳои нави ҷаҳонӣ ҳам муаррифгар ва ҳам умеду ормонҳои зиндагӣ мебошад. Мо ба ин ҷашнамон ифтихору эътимодӣ қавӣ дорем.
Фарзона Маҳмадова ходими хурди илмии ИФСҲ АМИТ
