Истиқлоли давлатӣ яке аз арзишҳои олӣ ва сарнавиштсози ҳар миллат барои таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад. Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист роҳи рушди мустақили худро интихоб намуда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устуворро касб намояд. Дар зарфи 35 соли истиқлол кишвар бо такя ба сиёсати дурбинона ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ ноил гардид.
Мисоли равшани ин раванд он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, махсусан дар соҳаҳои об ва иқлим, эътироф гардида, нуфузи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста тақвият меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 соҳиби истиқлоли давлатӣ гардида, ба марҳилаи нави таърихии рушди давлатдорӣ ворид гардид. Истиқлол барои кишвар имконияти муҳими худмуайянкунӣ, ташаккули сиёсати мустақили давлатӣ ва рушди соҳаҳои калидии иқтисодиву иҷтимоиро фароҳам овард. Бо вуҷуди ин, дар солҳои аввали истиқлол кишвар бо душвориҳои ҷиддӣ, аз ҷумла буҳрони сиёсӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъи мураккаби иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид, ки ин ҳолат ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфии худро расонд.
Дар чунин шароити ҳассос, бар души роҳбарияти олиии кишвар барқарорсозии сулҳ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа қарор дошт. Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди сулҳу субот дар кишвар таъмин гардида, заминаи устувори рушди минбаъда фароҳам гардид. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали истиқлол ба барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва дар баробари ин, ҳалли мушкилоти соҳаи илму маориф равона гардида буд.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар солҳои аввали истиқлоли кишвар ин рушди илм ва тақвияти заминаҳои таҳқиқотӣ зери тавваҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дошт. Истиқлол барои таъсис ва рушди муассисаҳои нави илмӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳимми миллӣ равона шудаанд, имкониятҳои васеъ фароҳам овард.
Дар ин замина, таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун як қадами муҳим дар роҳи таҳкими иқтидори илмии кишвар арзёбӣ мегардад. Ин муассиса имрӯз ба яке аз институтҳои таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи об, энергетика ва экология табдил ёфтааст.
Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, бо назардошти аҳаммияти стратегии захираҳои обӣ кишвар, зарурати таъсиси як маркази махсуси илмӣ барои омӯзиши масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология ба миён омад. Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони обӣ, ки қисми муҳими захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз қаламрави он сарчашма мегиранд, дипломатияи обиро яке аз воситаҳои муҳими ҳалли масъалаҳои ба миёномада медонад ва васеъ истифода мебарад.
Ташаккули чунин маркази илмӣ бевосита ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об алоқаманд мебошад. Аз ҷумла, суханронии Пешвои миллат дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид (1 октябри соли 1999) ба оғози марҳилаи нави таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об замина гузошт. Дар натиҷа, бо Қатъномаи Маҷмааи умумии СММ соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳими дипломатияи обии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.Дар баробари ташаббусҳои байналмилалӣ, дар кишвар қадамҳои устувор барои ташкили заминаи илмӣ гузошта шуданд. Бо қарори Раёсати Академияи илмҳо аз 25 декабри соли 2000 Шуъбаи масъалаҳои об ва экология таъсис ёфта, ҳамчун пояи аввалини ташаккули маркази илмӣ дар ин самт хизмат намуд. Баъдан, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2002 Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология таъсис дода шуд, ки оғози марҳилаи нави рушди илм дар соҳаи захираҳои обӣ гардид.
Таъсиси институт на танҳо як иқдоми ташкилии муассисаи илмӣ, балки натиҷаи сиёсати дурбинонаи давлат дар самти рушди устувор ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ мебошад. Ин дар шароите таъсис ёфт, ки кишвар ҳанӯз дар марҳилаи барқарорсозии иқтисодӣ ва рафъи оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Бо вуҷуди ин, сиёсати маорифпарварона ва илмпарваронаи Пешвои миллат ба рушди илм аҳаммияти аввалиндараҷа медод.
Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ институт ба таҳқиқи захираҳои об, омӯзиши равандҳои гидрологӣ, арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ва рушди гидроэнергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Бо мурури замон доираи тадқиқотҳо васеъ гардида, таҳқиқотҳои гуногун, аз ҷумла идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, робитаи мутақобилаи об ва энергетика, инчунин бехатарии иншооти гидротехникӣ мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифтанд.
Имрӯз институт ба як муассисаи муосири илмӣ табдил ёфтааст, ки дорои озмоишгоҳҳои пешрафта ва мутахассисони баландихтисос мебошад. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии он на танҳо аҳаммияти назариявӣ доранд, балки дар амал низ татбиқ гардида, барои рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти институт омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об мебошад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки гармшавии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо метавонанд ба коҳиши захираҳои об ва тағйирёбии реҷаи дарёҳо оварда расонанд. Аз ин рӯ, таҳияи чораҳои мутобиқшавӣ ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ аҳаммияти стратегӣ касб мекунад.
Дар баробари ин, истифодаи оқилонаи иқтидори гидроэнергетикии кишвар метавонад ба таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди устувори иқтисодӣ мусоидат намояд.
Фаъолияти ихтироъкорӣ ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ низ яке аз дастовардҳои назарраси институт ба ҳисоб меравад. Олимони он дар соҳаҳои гуногун ихтироот анҷом дода, патентҳои сершумор ба даст овардаанд, ки қисми онҳо дар истеҳсолот ҷорӣ гардидаанд. Ин раванд нишон медиҳад, ки илм дар Тоҷикистон тадриҷан хусусияти амалӣ гирифта, ба рушди воқеии иқтисод мусоидат менамояд.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти институт мебошад. Иштирок дар лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳои байналмилалӣ имконият фароҳам меорад, ки таҷрибаи пешқадам ҷорӣ гардида, сатҳи таҳқиқот боз ҳам баланд бардошта шавад. Чунин ҳамкориҳо ба муаррифии дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд.Дар баробари фаъолияти илмӣ, институт ба тайёр намудани кадрҳои ҷавони илмӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Роҳандозии барномаҳои таълимӣ, фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ барои ташаккули насли нави олимон заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин раванд омили муҳими рушди устувори илм дар кишвар ба ҳисоб меравад.
Фаъолияти нашриявӣ низ ҷойгоҳи махсус дорад. Нашри мақолаҳои илмӣ, китобҳо ва маҷаллаҳои соҳавӣ имкон медиҳад, ки натиҷаҳои таҳқиқот ба доираи васеи ҷомеаи илмӣ дастрас гарданд ва муҳити илмӣ рушд ёбад. Ин раванд ба табодули дониш ва густариши ҳамкориҳои илмӣ мусоидат менамояд.
Таҷрибаи солҳои истиқлол нишон медиҳад, ки рушди илм яке аз омилҳои асосии пешрафти давлат мебошад. Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология намунаи равшани он аст, ки чӣ гуна як муассисаи илмӣ метавонад дар ҳалли масъалаҳои муҳими миллӣ саҳми назаррас гузорад. Имрӯз он на танҳо маркази таҳқиқотӣ, балки як платформаи муҳим барои таҳияи қарорҳои стратегӣ дар соҳаҳои об, энергетика ва экология мебошад.
Дар шароити муосир, ки масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва норасоии захираҳои табиӣ ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтаанд, нақши чунин муассисаҳо боз ҳам муҳимтар мегардад. Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги об мебошад, ба истифодаи оқилона ва идоракунии самараноки онҳо ниёзи бештар дорад. Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсати муносиб барои арзёбии дастовардҳои назаррас ва муайян намудани дурнамои рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон метавонад бо такя ба таҷрибаи ғании илмӣ, рушди технологияҳои муосир ва ҷалби неруи ҷавони илмӣ саҳми худро дар таъмини рушди устувори кишвар боз ҳам назаррас гардонад.
Таҷрибаи 35 соли Истиқлоли давлатӣ собит намудааст, ки такя ба илм ва рушди иқтидори зеҳнӣ яке аз омилҳои асосии пешрафти давлат мебошад. Ояндаи кишвар маҳз бар пояи дониш, таҳқиқоти илмӣ ва андешаи созанда ташаккул меёбад.
Алиев Ф.А., Гулаҳмадзода А.А. ва Эмомов К.Ф. Институти масъалаҳои об,
гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон




