Skip to main content

Имрӯз, 8 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 81- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Рӯзи Ғалаба – рамзи шуҷоат ва қаҳрамонӣ” баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, ҳамзамон доир ба шуҷоату далерии қаҳрамононаи мардуми тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори андеша намуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш иброз дошт, ки дар таърихи миллати тоҷик Рӯзи ғалаба ҳамин гуна як рӯйдоди хотирмону мондагор аст. Таъкид гардид, ки гиромидошти хотираи иштирокчиён ва қурбониёни ҷанг, арҷгузорӣ ба хизматҳои собиқадорон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза маҳсуб меёбад.

Гуфта шуд, ки таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд ва фарзандони шуҷоатманди диёри азизамон маҳсуб меёбад. Бояд ёдрас шуд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ мудҳиштарин ва даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, 1418 шабонарӯз идома кардааст ва зиёда аз 28 миллион мардуми бегуноҳи Иттиҳоди Шуравиро ба коми худ кашидааст.

Зикр гардид, ки баробари қаҳрамонии ҷанговарони тоҷик мо ба корнамоии мардуми Тоҷикистон дар ақибгоҳ низ бояд арҷгузор бошем. Марду зан ва пиру барно шабу рӯз фидокорона меҳнат карда, барои ёрӣ ба ҷабҳа сару либос, меваи хушк ва дигар чизҳои заруриро мефиристоданд. Зиндагӣ барои онҳо дар ин солҳои мудҳиши ҷанг аз ҷабҳа ҳам душвортар буд, хурду хӯрок ва либос намерасид, аммо иродаи қавӣ доштанду барои ғалаба мардонавор меҳнат мекарданд. Маҳз ҳамин устуворию меҳнатдӯстии онҳо буд, ки халқи шуравӣ дар ин ҷанги мудҳиш ғалаба кард.

Дар идомаи конфронс олимону муҳаққиқон дар суханрониҳои хеш аз қаҳрамониҳои падарону бобоёнамон дар Ғалаба бар фашизм ёдовар гардида, қаҳарамонию ҷасурӣ ва далерии онҳоро васф намуданд.