Skip to main content
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои оила мавқеи қатъӣ дорад, аз ин рӯ дар моддаи 33 ин шиносномаи миллати мо муқарар гардидааст: “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад”.

Вобаста ба ин ҳамасола дар ҷумҳурии мо 15-уми май, чун дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмиллалии оила, ки соли 1993 бо қарори Маҷмуаи умумии СММ эълон гардидааст, бо шукуҳу тантанаи хосса таҷлил карда мешавад. Мақсад аз таҷлили ҷашн ҷалби таваҷҷуҳи давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Мафҳуми оила барои миллати куҳанбунёди мо намунаи шоистаи суннатҳои баландпоя мебошад. Барои мо оила арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддун замина гузошта, дар зиндагии инсоният ҳамеша нақши калидӣ бозидааст.

Дар ҳар давру замон оила тавлидгари насли наврас, хишти аввалу бунёдии ҳар як шахс, қасри маънавиёти ӯ ба ҳисоб меравад. Оила аз ҷузвҳои муҳимтарини ҷамъият ва ячейкаи асосии он ба ҳисоб меравад.

Дар замони муосир оилаи навташкил дар асоси муҳаббати тарафайн ба вуҷуд меояд. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо низ оила дар дар асосӣ муҳаббат ва розигии писару духтар бунёд мегардад Муносибати зану шаваҳар ва дигар аъзоёни оила бошад, дар асоси иззату эҳтиром, самимият, дилсӯз будан ба ҳамдигар ташаккул меёбад. Дар оилаҳои тоҷикон бошад, шахси калонсол сарвари оила дониста мешавад, яъне падар, модар ё падарбузургу модарбузург ҳамчун сутуни он ҳисоб мешаванд.

Оила мураббии аввали ҳар як инсон ба шумор рафта, дар он шахсият ташаккул меёбад. Меъёрҳои ахлоқиро аз волидайн ё аъзои дигари оила аз худ карда, ин гуна шахс ба ҳаёти мустақилона қадам мениҳад.

Асоси ҳуқуқӣ ва ахлоқии оила никоҳи расмӣ ва қонунӣ мебошад. Ташкили оила ин зарурати тавлиди фарзанд, идомаи насли башар буда, вазифаи муқаддасӣ инсонист, аз ин рӯ таҳти ҳимояи қонун қарор дорад. Фарзанд бошад, сарвати бузургу бебаҳо барои оила аст. Аз ин рӯ, онҳое, ки оила ташкил мекунанд, бояд масъулияти инро ҳамаҷониба ҳис кунанд.

Оилаи солим ва устувор гарави ҷомеаи солим ва давлати босуботу пойдор аст. Бунёди оилаи солим – оғози роҳи пурпечутоб, вале хеле шавқовар дар зиндагист. Ҷавонон ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳода, ҳиссиёти масъулиятнокиву ғамхорӣ ва дилсӯзву меҳрубониро нисбати ҷуфти худ ба ӯҳда мегиранд.

Тарбияи фарзанд дар оила аз рӯзи таваллуд оғоз меёбад ва ин вазифаи падару модар дар назди худ, аъзои оила ва ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, дар кишвари мо ба оила таваҷуҳи хосса вуҷуд дорад. Барои мисол метавон гуфт, ки аз тарафи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 Соли оила эълон шуда буд. Инчунин, бо иқдоми бевоситаи Сарвари маҳбуби давлатамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” таҳия ва қабул гардидааст, ки дар он тарбияи фарзанди баркамол ва боодоб ваифаи муқаддаси волидайн шумурда шудааст.

Дар қонуни мазкур ҳамзамон дар бораи саҳлангорӣ накардани падару модар нисбати тақдири фарзанд, таҳти назорат гирифтани рафтору кирдори ҳаррӯзаи ӯ, ҳамкорӣ намудани се ниҳод - муассисаи таълими, ҷомеа ва оила ба якдигар дар тин самт пешбинӣ шудааст. Қонуни мазкур дар афкори тамоми қишрҳои ҷомеа такони ҷиддиеро ба миён овард, ки акнун тарбияи насли наврас ва масъулияти ояндаи неки онҳо на танҳо як масъалаи оилавӣ, балки уҳдадориест, ки аз ҷониби қонунгузорӣ танзим гаштааст.

Вазифаи падару модар тибқи қонун муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи муътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама, масъулият барои пешгирӣ кардан ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистаест, ки фарзандон метавонанд аз беаҳамиятии онҳо содир намоянд. Дар ҷумҳурии мо инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо амал мекунад, ки дар он сарфакорона истифода намудани буҷаи оилавӣ тавсия дода шудааст. Ин масъулият бошад, асосан дар дасти занон мебошад. Дар баробари ҳамаи ин оила ва сарнавишти аъзои он дар дасти худи мост. Масалан, барои мо бонувон, зарур аст, ки кушиш намоем, то ба фарзанд идеал бошем. Инчунин, зан агар дар хонадон босавод бошад, оила ҳам босавод мешавад.

Дар маҷмуъ, оила беҳатарин ниҳоди баркамол кардани фарзанд аст. Коршиносон мегӯянд, ки агар тарбия дар оила хуб бошад, муносибати фарзанд ба таҳсил кардан ва тарбия ёфтан низ хуб мешавад, зеро оила дар фарҳанги мо беҳтарин ниҳоди муқаддас мебошад, ки дар он арзишҳои асосии инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳамулгароӣ, меҳру муҳаббат ба падару модар ва тавассути ин, муҳаббату садоқат ба Ватан ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ мо бояд оиларо мо ҳамеша муқаддас донем.

Шарифзода Сурайё Абдузариф - раиси Шурои занони раёсати АМИТ