Перейти к основному содержанию
Рушди демократия ва мустаҳкам шудани равандҳои ба он алоқаманд тақозо менамоянд, ки яке аз муҳимтарин масъалаҳои замони муосир - маърифати ҳуқуқии (донишҳои ҳуқуқӣ)-и шаҳрвандон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа бошад.

Маҳз ин омил барои бе монеа амалӣ гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, танзими ҳуқуқии фаъолияти ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва инчунин бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ҳамаҷонибамусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, бо назардошти муҳим будани ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2024-ро дар Тоҷикистон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд.

Лозим ба тазаккур аст, ки маърифати ҳуқуқӣ (донишҳои ҳуқуқӣ) ин воситаи муҳимми танзими рафтор ва фаъолияти инсон дар ҷомеа маҳсуб ёфта, омили асосии таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар мебошад.

Мусаллам аст, ки тавассути тарбияи ҳуқуқӣ шаҳрванд имконият пайдо мекунад, ки зарурати қабул ва татбиқи қонунҳоро ҳамчун воситаи муҳимми танзими муносибатҳои иҷтимоӣ дарк намояд. Дар ин сурат эътимод ба қонун ҳамчун воситаи таъмини тартибот дар ҷомеа бештар аз пештар меафзояд. Зеро ин масъала барои ҷамъияти мо хеле муҳим аст.

Зимнан бояд қайд кард, ки «Маърифати ҳуқуқӣ», «таълимоти ҳуқуқӣ», «иттилоотонии ҳуқуқӣ», «донишҳои ҳуқуқӣ», «шуури ҳуқуқӣ», «фарҳанги ҳуқуқӣ», «тарбияи ҳуқуқӣ» ва ғайраҳои дигар аз ҷумла мафҳумҳое мебошанд, ки дар баррасии мавзуи маърифати ҳуқуқӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд.

Маърифати ҳуқуқӣ ба сифати ҷузъи таркибии фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба шаҳрвандонимкон фароҳам меоварад, ки дар шинохти воқеии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаю уҳдадориҳо муваффақ гардад. Доираи васеи донишҳои ҳуқуқӣ ба ташаккули шуури ҳуқуқӣ, ки нишонаи фарҳанги комили ҳуқуқӣ мебошад, бевосита таъсир мерасонад.

Аз ин нуқтаи назар маърифати ҳуқуқӣ (донишҳои ҳуқуқӣ) ҳамчун механизми муҳимми таъминкунандаи суботу тартиботи ҷамъиятӣ баромад менамояд, ки баҳри таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ягонагии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол нақши арзишманд дорад.

Дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ва рушди равандҳои демократӣ аҳаммияти маърифатнокии ҳуқуқӣ (донишҳои ҳуқуқӣ) ба маротиб афзудааст. Воқеан мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҳар як шаҳрванд бояд ба мавқеи мустақили шаҳрвандӣ ва шахсияш муносибати бошуурона дошта, ба раванду рӯйдодҳои мухталифи ҷамъиятӣ бохирадона муносибат намояд ва оқибатҳои ҳуқуқии рафтору амалашро ба хубӣ дарк карда тавонад.

Яке аз вижагиҳои замони муосир ин аст, ки таъсиррасонии мухталифи ғоявӣ, арзишӣ, иттилоотӣ ва маърифатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ хеле зиёд шудаанд. Дар чунин шароит маҳз донишҳои ҳуқуқии зарурӣ, устувории иродаи сиёсӣ ва мафкуравӣ метавонанд, ки фаъолияти шахсро дар доираи муайяннамудаи қонун ва тартибот ҳамаҷониба таъмин созанд.

Маърифати ҳуқуқӣ (донишҳои ҳуқуқӣ) раванди муттасил ва давомдорест, ки шиносоӣ бо донишҳои зарурии ҳуқуқиро тақозо менамояд. Идомаи ин раванд пеш аз ҳама бо қонуниятҳои мухталифи иҷтимоӣ - иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии рушди ҷомеа алоқаманд мебошад. Қонунияти мазкур танзими меъёрии муносибатҳои иҷтимоиро дар асоси талаботи пайдоиши иҷтимоӣ тақозо менамояд. Бинобар ин, донишҳои ҳуқуқӣ мунтазам такмил меёбанд.

Аз ин рӯ, шахс бояд дониши ҳуқуқиашро пайваста такмил диҳад, то рафтори иҷтимоии худро дар доираи он танзим карда тавонад. Дар ин ҷо ҷанбаи муҳимми дигар рафтори фаъоли ҳуқуқӣ муайян мешавад. Ба ақидаи бархе аз коршиносон «рафтори фаъоли ҳуқуқӣ рафторест, ки ба дарки амиқ, мақсаднокӣ ва ташаббускорӣ дар масъалаи татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва манфиатҳои давлат, ҷомеа ва дигар шаҳрвандон нигаронида шудааст. Меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби шахс ҳамчун меъёрҳои ба таври воқеӣ зарурӣ, мақсадноку ифодакунандаи нуқтаи назар, талабот ва кӯшишҳои шахсӣ дарк карда мешаванд».

Хулосаи мантиқии ин иқтибос аз он иборат аст, ки он ба донишҳои ҳуқуқӣ яъне (маърифати ҳуқуқӣ) асос ёфтааст, ки шахс имконияти ташаккул ва татбиқи шакли муайяни рафтори иҷтимоӣ ҷамъиятӣ, аз ҷумла рафтори фаъоли ҳуқуқиро амалӣ менамояд. Ин шакли рафтор ҳамзамон тавсифи сиёсии худро дорад, ки онро ба сифати рафтори созанда ва фаъоли сиёсӣ маънидод менамоянд. Рафтори сиёсии созанда дар доираи талабот ва меъёрҳои қабулшудаи ҷомеа сурат гирифта, ҳадафи он мусоидат ба рушди он мебошад.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунандаи кишвар масъалаи таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин дигар ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ҳам муқаррар намудааст. Маҳз фаъолият дар доираи меъёрҳои қонунгузорӣ муайянкунандаи сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо мебошад. Дар марҳалаи рушди босуръати ҷомеа маърифати ҳуқуқӣ яке аз василаҳои муҳимми танзими фаъолияту рафтори сиёсии шахс маҳсуб меёбад.

БАҲРОМОВ Илҳом - cармутахассиси бахши ҳуқуқ ва матбуоти Раёсати АМИТ