Перейти к основному содержанию

Санаи 10.12.2024 Конгресси нуҳуми байналмилалии "Мероси ҷаҳонии кишварҳои узви ИДМ" тариқи маҷозӣ баргузор карда шуд. Дар Конгресси сатҳи баланд намояндагони кишварҳои ҳудуди ИДМ, аз ҷумла, намояндагон, мутахассисон, коршиносон ва дигар кормандони илмӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларусия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон ва дигар иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Конгресси сатҳи баланд Мирзошариф Абдусаломов - Докторант PhD - и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар ин самт таҳқиқоти илмӣ анҷом медиҳад муаррифӣ намуд. Номбурда, дар мавзӯи "Раванди омоданамоии парвандаҳои номинатсионии Хуттали Қадим ҷиҳати ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО" суханронӣ кард.

Лозим ба зикр аст, ки соли 2022 бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби олимону, мутахассисон ва коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ гуруҳи корӣ барои таҳия намудани парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии "Хуттали Қадим" дар шакли силсиланоминатсия таъсис дода шуд.

Гурӯҳи корӣ аз олимону мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин коршиносон ва мутахассисони байналмилалӣ аз Институти байналмилалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ (ИБТОМ) ва ИКОМОС иборат буд.

Бо дарназардошти маълумотҳои илмӣ, археологӣ, бойгониҳо, барномаву стратегияҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои дахлдор зиёда аз 200 (дусад) ёдгории таърихию фарҳангӣ рӯйхат карда шуда, ҳайати гуруҳи корӣ тамоми ин дусад ёдгориро як-як аз назар гузаронида, барои таҳияи парвандаи номинатсионии "Хуттали Қадим" корҳои заруриро анҷом доданд.

Чун талаботҳои Кумитаи мероси ҷаҳонӣ ва дар маҷмуъ ЮНЕСКО хеле ҷиддӣ аст аз миёни 200 ёдгории таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон 11 адади он ниҳоятан интихоб карда шуд.

Инҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҳалевард (Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ), Аҷинатеппа (ноҳияи Вахш), Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (ноҳияи Данғара), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа (Ноҳияи Фархор), Шаҳристони Ҳулбук, Қалъаи Ҳулбук, Манзартеппа (ноҳияи Восеъ) ва Хиштеппаи (ноҳияи Ховалинг) мебошанд.

Ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур бо талошу кӯшиши олимону мутахассисони соҳа санаи 02 июли 2023 ба Рӯйхати пешакии Мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО (Tentative list) ворид карда шуда, дар назар аст, соли 2025 зимни Иҷлосияи навбатии 47 Кумитаи мероси ҷаҳонӣ, ки дар Ҷумҳурии Булғория баргузор мешавад, он ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда мешавад.

Имрӯз, минтақа ва ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар ба ҳамгироии фарҳангӣ ниёз дорад. Албатта, яке аз роҳҳои расидан ба он маҳз тариқи мероси фарҳангӣ бо миёнҷигарӣ ва барномарезиҳои ЮНЕСКО мебошад. Тавре дар Ойинномаи худи созмони ЮНЕСКО омадааст: ЮНЕСКО ба хотири бунёди сулҳ дар ҷаҳон тавассути роҳҳои фарҳангӣ таъсис ёфтааст. Ба ин умедворӣ ва бовар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо ин ниҳоди махсуси Созмони Миллали Муттаҳид тақвият дода истодааст.