Перейти к основному содержанию
Илм аз қадимулайём дар сарзаминҳои таърихии мо нашъу намо ёфтааст ва тоҷикон саҳми қобили таваҷҷуҳе дар улуми табиӣ, пизишкӣ, риёзиёту кимиёву ҷабру фалсафа ва ғ. доштаанд. Афкори илмии классикони мо муаррифгари соҳибфарҳангиву баёнгари соҳибмаърифатии мо буда, андешаҳои илмии имрӯза муҳимтарин василаҳои ҳалли ҳамаи мушкилоти муосир маҳсуб меёбанд. Дуруст қайд мекунад Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон, ки “дар марҳалаи имрӯзаи тараққиёти башарият, ки даврони дастовардҳои бесобиқаи илму техника ва технология мебошад, неруи илмиву зеҳнӣ ба муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа табдил ёфтааст”. Аз ҷониби дигар, рушди босуръати технологияи муосир, ки боиси рақобатпазирии носолим дар давлатҳои мухталиф гардидааст, ногузир оғози тасаллуту тасарруфи «адабона» низ гаштааст.

Айнан мисли он ки дар ибтидои таърихи инсоният хурофот дар ҷавоб ба саволҳое чун кусуфу хусуф ва ба навъе аз дарки ҳаводиси табиӣ ба ҳайси ҷаҳонбинӣ буруз карда буд ва имрӯз ҳам дар дасти гурӯҳҳои алоҳида ва дар хизмати давлатҳои қудратманд барои боз ҳам дар чоҳи ғафлату гумроҳӣ қарор додани мардумон ва махсусан мусулмонон хизмат мекунад. Аммо чун имрӯз ҳам сатҳи зиндагии мардумони олам дар гӯшаҳои мухталиф якнавохт нест, муҳим он нест, ки илму технология ба суръат дар ҳоли рушд аст ва ё хурофот муҷиби қафомонии ҷомеаи хоссе ва иллати боздошти қитъае аз тавсеа мебошад. Балки муҳим ин аст, ки лаҷоми ҳар ду дар дасти инсон аст ва оё ҳар дуи ин ҷаҳонбинӣ дар хизмати инсоният қад афрохтаанд ва ё на?! Ва оё илму хурофот ғуломи инсонанд ва ё инсон ғуломи ҳалқабаргӯши инҳо?! Дар кишваре, ки мардумони он бар табиат тасаллут ёфтаанд, фармонравоии он тоифа мусаллам аст. Дар акси ҳол, ҷаҳлу нодонӣ, ки паруболбахшандаи хурофот ҳастанд, ҳукм бар бардасозии мардум медиҳанд.

Тааҷҷубовар аст ва ё ки боиси хӯрдани таассуф, ки то имрӯз аз маҳсули илмии олимони тоҷик миллату давлат кам баҳра бардоштааст. Ҳарчанд кӯшишҳои худмуаррифӣ дар байни олимон ба назар мерасад ва дар қиёс ба солҳои пеш ва вуҷуди офаридаҳои баъзе олимони хориҷӣ рушде дида мешавад, аммо ин тавсеаи зоҳирӣ дар замони ҷаҳонишавии беист давоовар нахоҳад буд. Аз ҷониби дигар танҳо сарукор гирифтан бо таърихофарӣ дар тамоми самту соҳаҳо, махсусан дар самти илмҳои ҷомеашиносӣ, аз қабили шарҳиҳолнависӣ, имлоивазкунӣ, ба ҷойи ба фалсафа рӯ овардан бо таъриху назарияҳои файласуфони асримиёнагӣ банд шудан, таърихсозӣ наметавон тафаккурро тағйир дод. Ҳатто бояд қазоват кард, ки бо беҳтар кардани вазъи иқтисодӣ ва боло бурдани шароити моддӣ олимсозӣ наметавон кард. Ҳарчанд бо талошҳои бесобиқаи Роҳбари давлат таваҷҷуҳ ба худогоҳии мардум зиёд шудааст, аммо ин нахустзинаест барои оғози ҳаракат ба сӯйи илмҷӯӣ. Худогоҳӣ василаи хубест барои тағйири ҷаҳонбинӣ ва интиқоли тафаккури технологӣ. Аммо мо худогоҳиро ҳам бо дастёбӣ ба бешии шумора ва ҳисоби оморӣ бештар шарҳ медиҳем. Афзоиши оморӣ нишондиҳандаи қонеъкунандаи пешрафт нест. Андешаи илмӣ ба унвони қудрату тавоноӣ метавон вазифа дошта бошад, аммо теъдод наметавонад қудрат шуда бошад.

Ағлаби олимони муосири мо илмро василаи фоида пиндоштаанд ва ба ин роҳ касби маош мекунанд ва дар фикри нафъи шахсӣ астанд. Шояд кори баде набошад, аммо то он даме, ки ҷомеа аз ҳосили заҳматашон фоида набарад ва илм муаррифкунандаи миллат нагардад, тирашон ба хато рафтааст. Агар имрӯз Ҳукумат бисёр зарур шуморад, то ниҳодҳои илмӣ дар ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ ва пешрафтҳои сиёсӣ сахт саҳмгузор бошанд, пас, беҳтар аст, дар доираи сохторҳои Академияи миллӣ ниҳодҳои алоҳида аз дохили мутахассисони лозима сомон дода шаванд, то ба қавле «гунҷишка кӣ кушад, қассоб» тавонанд ҷавобгӯи ормонҳо бошанд.

Мо ду намуди олимон дорем: солхӯрдагони донишманд, аммо бо тафаккури шӯравӣ ва ҷавонон дар ҷустуҷӯи ҷаҳонбинӣ ва дар чоҳи ноумедӣ фурӯрафта. Тоифаи савум надорем. Муҳоҷирати олимони солхӯрда ба кишварҳои мутараққӣ камтар сурат гирифтааст. Аз ин рӯ, ҳанӯз фурсат аст, чизеро аз онҳо омӯхт. Ҷавонони хушзеҳн дар донишгоҳҳои мамлакатҳои ҷаҳон зиёд таҳсил мекунанд, агарчӣ ҳам баргарданд (чун бо квотаи давлатӣ таҳсил карданд ва баргашти мачбурӣ доранд), боз ҳам нигоҳашон ба ҳамон ҷоҳост.

Албатта, ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам ниҳодҳои танзимкунандаи илм дар кишвар, алалхусус, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар бораи шарту шароитҳои густаришу тавсеаи илм андешида истодаанд. Ба мубоҳасату машварати зиёд натиҷаҳои дилхоҳ низ ба даст оварда шуданд. Роҳбарони муассисаҳои илмӣ муваззаф ба тағйири оинномаҳои идораҳо ва аттестатсияи кормандон гардиданд. Будҷаи пажӯҳишҳо низ афзуда шуд, аммо боз ҳам гули мақсуд машоми ҷонро хушбӯ накард. Шояд сабабҳо зиёд бошанд, аммо ба чандтои маъмули онҳо таваҷҷуҳ мекунем.

Аввалан, мо бештар ба осори назариявии муҳаққиқони замони шӯравӣ такя мекунем ва бояд гуфт, ки ин пажӯҳишҳои назарии бунёдӣ дар доираи идеологияи коммунистӣ ва усулҳои тадқиқотии он замон офарида шудаанд ва ҳам дар асоси идеологӣ доштани илм шакке нест ва асоси пажӯҳишҳои амалӣ дар замони соҳибистиқлолии мо шуда наметавонанд.

Дувум, мо такя ба андешаҳои назариявии олимони кишварҳои мутараққӣ мекунем ва хоҳони амалӣ сохтани он идеяҳоро дар кишвари худ ҳастем. Ё муқаллидем ё нусхабардор!

Савум, низоми муайяни назоратӣ аз болои идораҳои илмӣ ва корҳои илмӣ нест. Олимони зирак дар доираи фикрҳои пухтаи омода, ки шояд ҳам аз як ҷиҳат аллакай дар шакли дигар гуфта шудаанд ва ё барои тақвияти афкори миллӣ камаҳаммияттаранд, мавзуъҳо пешниҳод менамоянд ва боз худ онҳоро доварӣ мекунанд. Ин вазъи пешбурд ҳам ҳавсалаву рағбати олимонро суст мекунад ва ҳам сатҳи илмии кишварро боло намебардорад. Аз ин рӯ, Сарвари мамлакат дуруст қайд намудаанд, ки “дар фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳо як қатор камбудиҳои дигар, аз ҷумла вобаста ба мубрам будан ё набудани мавзуъҳои таҳқиқотӣ, сифати корҳои илмӣ, натиҷаҳои бадастовардашуда ва аҳаммияти амалӣ, яъне татбиқи онҳо дар истеҳсолот ҷой дорад”.

Чаҳорум, мо илм ва вазифаҳои илмиро василае барои таъмини бисоти рӯзгор пиндоштаем, ки бешакку тардид, андешаест хато. Худи фикри таъмини зиндагии маишӣ аз ҳисоби андешаи илмӣ коҳишдиҳандаи тафаккури илмист. Дар ин ҷо мусовӣ тақсим шудани маблағ байни тамоми ходимони илмӣ, новобаста аз тафаккуру фаъолият, низ зарбае ба мақоми илму манзалати олим мезанад, ба иловаи ин ки будҷаи пажӯҳишҳои илмӣ бе ин ҳам нокифоя аст. ...

Мо бузургоне чун Закариёи Розиву Ибни Сино, Беруниву Форобӣ ва садҳо олими машҳури сатҳи ҷаҳонӣ доштем, аммо дар умум аз рушд камтар баҳраманд будему фоидамандии ин донишмандонро қариб эҳсос накардем. Имрӯз ба маротиб ҳамаҷиҳата тавсеа ёфтем, аммо боз дар қатори уламои пешсафи ҷаҳонӣ чун доноёни мавсуф дигар касеро надорем. Яъне он замон огоҳӣ аз илм доштему ошноӣ бо улуми мухталиф, аммо ин огоҳиву ошноӣ алоқаи андаке ҳам бо зиндагии воқеӣ надошт ва аз он ҳаммилатону ҳаммеҳанони мо каме ҳам баҳра барои таъмини ҳаёти маишӣ набардоштанд. Имрӯз мо ба маротиб рушд кардем, аммо нишоне аз чунин бузургмардон дар байни мо нест, то мояи ифтихори мову ояндагон гарданд. Пас, мушкилот дар хоку замине, ки дарахти илм дар он сабз мешавад, будааст ва ё тафаккуре, ки заминасози илм бошад, бепаноҳ мондааст? Як чиз шояд аён бошад, ки илм ва офаридани он вазифаи коллективӣ будаву шуда наметавонад. Мо имрӯз аз илм талабгорем, ки бисоти рӯзгорамонро таъмин намояду дар беҳбуд бахшидан ба зиндагӣ хизмат намояд. Чун такя ба мағзҳои коллективӣ кардем, тафаккури фардӣ заиф гардид. Фазои кушоди андешидан олудаи гарду чанг ва дирангодиранги ҳарранг мағзҳоро гаранг мекунад, аммо на ба ҷанг меандозад. Донишмандони асримиёнагии мо, ки файласуф буданду соҳибҳикмат, илмҳои назариявиро поягузоранд ва дер дар амал татбиқ шудани андешаҳояшон пайванди мустақим дошт бо дарёфти буҷа. Пас, буҷа дар мадди аввал таъсири асосӣ ба кори бунёдии илмӣ надорад.

Насли ҷавонтари мо, ки имрӯз худро ҷойгузини донишмандони куҳансин медонанд, новобаста аз он ки иштиёқманди донишманд шудан ҳастанду бо маҳорату лаёқат дӯстӣ камтар доранд, заъфу нотавонии худро ба иллати камии буҷаи илм ва андакмаошии олим мепайванданд. Шояд аз як нигоҳ ин арзашон қабул аст, аммо саводу савдо ва нигоҳи донишмандонаву савдогарона аз ҳам сахт тафовут доранд. Имрӯз ба илм чун ба васила назар кардан мисли кори савдогаре, ки ҳосили харидуфурӯши мол пул медиҳад. Савдогар ҳамеша дар фикри дарёфти нафъу фоидаи бештар аст ва ҳам дуруст фикр кардааст. Аммо агар олим ҳамвора аз норасоии ош-мошу камии маош шиква дораду сармояи бетафаккуриашро ба бемоягӣ пайваст кунад, раҳгумзадаест ва ё бенасиб аз истеъдоди шахсӣ. Агар ҳам қазоватам нодуруст аст, пас, чаро дар як шароиту тааллуқот тафовути илмиву самараи илмии нафаре аз нафари дигар аз замин то осмонҳост. Фикр мекунам, истеъдодро бояд дарёфт, на сохт. Давлату Ҳукумат буҷаи пажӯҳишро мусовӣ тақсим мекунад ва бо ҳуқуқи баробар ходимонро таъмин месозад ва интизори баҳрагирӣ мешаваду муаррифии илми миллӣ. Бо ин роҳ чанд даҳсолаи дигар ҳам муваффақ шуда наметавонем. Тадбирҳо муҳарриканду ангезанда, аммо муваққатиянду замонӣ.

Мо дар бораи доноёни пешгузаштаи худ, ки албатта, кам нестанд, хондаву фикр карда, ифтихормандона номи онҳоро ҳамеша барои ҷаҳониён бо овози баланд ёдовар мешавем. Дар замони онҳо шояд ҷуз андаке аз наздикону огоҳон дигар касе корашонро дарк накарду аз вуҷудашон дарак наёфта буданд. Пас, илми асил бо замона камтар иртибот дорад ва илме, ки зодаи имрӯзу ниёзи имрӯзи моро бароварданӣ шавад, ба он андоза муфиду нафъовар набошад, ки мо аз он интизорӣ дорем. Чаро кори фикрии пешгузаштагони мо баъди чандсад сол нафъовар гардид ва оё илм моли баргузидагон аст ва ё маҳсули олимони мо баъди садсолаҳо мавриди эътирофу эътимод қарор мегирад, саволҳоеянд берун аз баҳси мо.

Ҳамеша маро ин фикр пойбанд кардааст, ки чаро бештари донишмандони салафи моро ҳаким мегуфтанд. Донишманд наметавонист бо донистани як ихтисос, агарчи дар он самт алломаи даврон ҳам бошад, унвони ҳакимиро гирад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки илмҳо дар ҳамаи давру замонҳо новобаста аз самташон ба ҳам сахт тавъаманд. Донишманд танҳо дар як сурат метавонист ҳам шуҳрат дошта бошаду ҳам маҳорат агар ба ҳамаи илмҳои замон тасаллут дошта бошад. Ва муҳимтар ин ки он донишмандон ҳатман дар баробари нуҷумдон ё физикдон ва ё табиб буданаш бо илмҳои инсоншиносӣ, хоссатан забону адабиёту фалсафа, ошноӣ доштанд. Хулосаи ин қазия ин аст, ки ҳар илм наметавонад дар алоҳида рушде дошта бошад ва иллати қафомонии мо ҳам дар ҳамин аст. Агар дар илмҳои ҷомеашиносӣ андаке сарболо шуда бошем ҳам, илмҳои технологии мо то ҳанӯз дар маҳдудияти донишҳои донишгоҳӣ қарор доранд. Ҳамчунин масъалаҳое, ки мо дар илмҳои инсоншиносӣ матраҳ мекунем, барои ҷаҳони тавсеаёфта ё бегонаанд ва ё нодилпазиранд ва баҳсҳое, ки дар доираи илмҳои риёзиву техникӣ меанҷомем, муддатҳост, ки ҳаллу фасл ёфтаанду дар амалия татбиқ шудаанд. Аз ин ҷост, ки таърихи пурғановати маънавиямонро бештар ғанимат мешуморем ва бо он худро ба ҷаҳониён мешиносонем. Дар таърихи сӣ сол беши соҳибистиқлолӣ заминаҳои огоҳиву ошноӣ гузошта шуданд. Ба такони ғирболи илм аввалин маҳсул баромада истодааст. Таноби худшиносӣ ҳам бар чархи ҳувият баста шуд. Ҳанӯз хеле барвақт аст, то давлат аз илму илм аз давлат беҳбуди вазъро интизорӣ кашад. Дар низоми ҷаҳонии илм мавқеъ пайдо кардан ҳанӯз барвақт аст. Ҳарчанд ҷараёни ҷаҳонишавӣ ҷойе барои хушбинӣ боқӣ намегузорад, ҳанӯз ҳам хушбин ҳастем ва ақидаи афтодарӯҳии моро рӯҳи бузургмардони пешгузашта рӯпӯш мекунад, зеро мо будему доштем ва бояд дошта бошему бошем!

Донишмандони зиёде имрӯз ба ном ҳам дорем, ки мутаассифона, тарки ватан кардаанд. Таассуфовартар он аст, ки берун аз кишварамон ному нишоне надоранд. Бузургии ватан дар ҳамин аст, ки ҳам дар паноҳ мегираду ҳам ном мебахшад. Ба илми ҷаҳонӣ тасаллут пайдо кардану дар мулки ғайр маъруф гаштан танҳо андеша доштану забон донистан басанда нест.

Имрӯз ба сабаби боз будани ҷаҳони иттилоот кулли мардум, новобаста аз макони зисту сатҳи таҳсилот, аз дониш баҳраманданд. Ин донишҳо, албатта, дар замоне, ки вақт суръаташро ба маротиб тезондааст, махсусан, барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ, басанда нестанд. Таҳсилоти миёна ва донишҳои заминавӣ воситае барои техникаоварӣ шуда метавонанд, аммо ба техникаофарии онҳо тардид мемонад. Мардуми тоҷик, ки таърихан соҳибфарҳангу тамаддунофар будааст, замони тӯлонии беистиқлолӣ иллати аз тафаккур боз монданашон гаштааст. Аз ин рӯ, ҳар гули мақсуди мо дар боғи рушд тез пажмурда мешавад. Боз фурсати зиёде лозим меояд, ки ҳар иқдоми мо дар дунёи тезтағйирёбанда мақом пайдо карда тавонад. Ҷойи гусастагии занҷири инкишофи иҷтимоии дирӯз бо имрӯзро пайваст кардану технологияи фардоро ба даст овардан дигар кори саҳлу роҳи наздик нест. Мо ба донишҳои назариявии пешгузаштагонамон зиёд ифтихор дорем, ки қавли Мавлоно Ҷомиро ба ёд меорад, ки / Ғарқи дарёи тафаккур шудаем, Таҳнишин чун садафу дур шудаем /. Имрӯз агар аз дарёи тафаккур садафу дурбарор нашавем ва чархи техникаи худиро ба ҳаракат наорем, барномаҳои рушди мо самараи мурод нахоҳанд дод. Қудратмандони ҷаҳон технологияро воситаи қудрат қарор додаанд. То он даме, ки ба ин восита тасаллут пайдо нанамоем, илми мо барои миллат фоидабахш шуда наметавонад ва бо илми бенафъ дар қатори танзимгарони низоми ҷаҳон таъсиргузор шудан басо мушкил аст.

Мо бисёр вақт дар бораи рукнҳои ҳастиву пойдории миллату давлат сухан мекунем ва мақулаҳое чун забону таъриху ..... ро ба унвони муҳимтарин аркон маҳсуб медонем… Аммо равшан ин аст, ки пойдории ин аркони мазкурро илм таъмин мекунад. Дар замони муосир илм муаррифгари ҳар миллату давлат ва рукни олами муосир буда метавонаду халос. Агар технологияи илмӣ баёнгари қудратмандӣ барои ҳар кишвар аст, месазад илмро асоситарин рукни ҳастии он давлат ҳисобид.

Дар кишвари маҳбуби мо ҳам Сарвари давлат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ талоши зиёде намуданд, то мақоми илм дар мамлакату мартабаи олимро аз ҳама боло бардорад. Самараи ин нахусткӯшишҳо он шуданд, ки аввалан, раванди муҳоҷирати донишмандон камтар сурат гирифт, баъдан, тухми умед дар дилҳо кошта шуда, пайвандии реша бо баҳра таъмин гардид. Аммо баргузории озмунҳо, аз қабили «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нахустин заминаҳо барои дарёфти истеъдодҳо гардида, фароҳамории шарту шароитҳои минбаъда барои таълиму тарбияи илмии онҳо ва зери назорати қатъӣ гирифтану ба роҳи илм равона кардани онҳо аз вазифаҳои ҷониву виҷдонии масъулин мебошад. Барои давом додани таҳсил дар хориҷи кишвар аз ҳисоби буҷаи давлат, тамоми лавозимоту шароитро фароҳам овардану бо назорати ҷиддӣ низ таъмин намудан, ҳамчунин масъалаи баргаштану таҷрибаҳоро ҷорӣ кардану бунёди тамоми улумро дар кишвар ниҳодан роҳест ягона ва танҳо бо ин роҳ мо метавонем насли соҳибтафаккурро тарбия карду иртиботи илму ҳаёти воқеиро воқеан сохт. Танҳо баъд аз чунин заминасозиҳо дар кишвари мо зиндашавии илм аёну ниёзи ниёзмандон бароварда мегардад, вагарна ба қавли Амир Хусрави Деҳлавӣ «Илм, к-аз аъмол нишонеш нест, Колбуде дораду ҷонеш нест».

Имрӯз бо супориши Роҳбари давлат зарурати таҷдиди назар кардани сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пеш омадааст. Бештари муассисаҳо самаранокии фаъолияти илмии институтҳоро бо пешниҳоди иттилооти оморӣ нишон медиҳанд. Албатта, маҷмуаи тадқиқотҳову шумораи мақолоту китобҳо ва баргузории чорабиниҳои илмӣ доираи фаъолиятро муайян карда метавонанд. Ба фикри инҷониб, мушкилот дар ҷойи дигар аст. Проблемаи асосӣ дар он аст, ки ходимони илмии институтҳо ҳам барои худ мавзуъҳои лоиҳаҳоро супориш медиҳанд ва ҳам иҷро мекунанд, ҳам дар охир назарсанҷиву арзёбӣ мекунанду ҳам боз ба корҳои ҳамдигар арҷ мегузоранд. Идораи хоссае нест, ки муҳиммияту мубрамияти мавзуъҳоро муайян намояд, имконҳову тавоноиҳои олимонро таҳқиқ намояд, самаранокии натиҷаҳоро кашф намояд ва барои дар амал татбиқ намудани онҳо чораҷӯӣ намояд. Бештари мавзуъҳо актуалӣ нестанд, талаботи ниёзҳои муосирро қонеъ гардонда наметавонанд ва дар низоми ҷаҳони илмӣ рақобатпазир нестанду барои илми миллӣ дармонпазир. То он даме, ки мавзуъҳои илмӣ бо ниёзмандиҳои ҷомеа ва ҳадафҳои оянда пайванд набошанд, то он даме, ки мо мавқеъ ва ҷойамонро дар ҷаҳони муосир (албатта, на аз назари ҷуғрофӣ) дуруст муайян накунем, то он даме, ки теъдоду оморро аз усули асосии меъёри илмсанҷӣ дур наандозем, интизориҳо бароварда нахоҳанд шуд.

Илм аз радди ҳақиқату воқеияти замонӣ тағйири рангу мазмун мекунад. Ба чанд далел ин қазияамонро исбот мекунем. Дар асрҳои X-XI аллакай ислом бо тамоми маънояш бар ҷаҳони Шарқ тасаллут ёфт. Бузургтарин шоирону олимон зодаи ин аъсоранд. Чаро? Оё ин ба таъсири арзишҳои исломӣ сурат гирифтааст ё як навъи эътироз ба андешаҳои динӣ буруз кардааст? Аз афкори олимони ин аҳд баръало аён аст, ки таваҷҷуҳ ба фарҳанги суннатии пешгузаштагон ва ҳикмати юнониву ҳиндӣ, ки бештар бар ақлу хирад устувор буд, хеле зиёд гардидааст. Яъне тамаддуни исломӣ зодаи танҳо андешаи исломӣ нест. Шубҳа кардан ва радди воқеият ва ҷустуҷӯи ҳақиқати дигар ҷаҳише дар тафаккури олимони он аҳд дида мешавад, ки собиқа надошт. Ба ҳамин сурат сабаби пешрафти илм дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ сарчашма аз радди илми амрикоиву аврупоӣ, ки ҳарчанд он замон хеле рушдёфта буд, мегирад. Иттиҳоди Шӯравӣ як давлати дарбаста буд, олимони он дастрасӣ ба дастовардҳои илмии дигар кишварҳо надоштанд, аммо дар замони ниҳоят кӯтоҳ бо кашфиётҳои илмию техникӣ тамоми ҷаҳонро дар тааҷҷуб гузоштанд. Агар аз ин назар ба илми муосиру замони соҳибистиқлолии тоҷик назар афканем, шояд нигоҳ доштану ҳифзи низому сохтори илмии шӯравӣ кори хуб буд, аммо пайгирӣ намудани анъанаҳои илмии мавҷуда танҳо барои олимони тарбияёфтаи он аҳд маъмулӣ буду барои насли нав бегона. Олимони калонсол дар замони наву низоми кӯҳна аз рушд бозмонданду насли ҷавон зарурати вуҷуди тафаккурро дуруст нашнохтанд. ...

Хулласи калом, бо пиёда шудани лоиҳаҳои зиёд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат ва талош бар амалисозии онҳо аз ҷониби роҳбари ҷавону соҳибандеши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахт мақому манзалати илму олим давра ба давра баланд бардошта шуда истодааст. Роҳбари давлат дуруст таъкид менамоянд, ки “имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд” ва бояд гуфт, ки шояд ба иллати камфаъолиятиву заъфкорӣ ва беарзишмаҳсулии мо дар замони муосир бошад, ки имрӯз дигар давлатҳои дунё ба иллати пешвои фикру амал буданашон дар доираҳои илмӣ ҳаммиллатони моро соҳибӣ карда истодаанд. Аммо боз ҳам басо хушбин ҳастем, зеро «ҳикмату андешаву фарҳангу ирфон аст тоҷик» (Абдуллоҳи Раҳнамо) ва пояи солиму боэътимоди моддӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуда, раванди ислоҳот ба тақозои ормонҳои миллат созгор гардид ва бошад, ки ба пирӯзии хиради азалӣ тавфиқ рафиқамон гардад!

Қаландариён Ҳоким Сафар, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ