Перейти к основному содержанию

Соли 2024 бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юмин солгарди қабули санади тақдирсози миллат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд ва ба ин муносибат соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон шуда, таваҷҷуҳ ба ин масъала мубрамияти хоса касб кард.

Пешвои муаззами миллат, воқеан нақши таърихии Конститутсияро дар ташаккул ва рушди далватдории нави миллии Тоҷикистон дурурст арзёбӣ намуда дар Паёми худ аз 28 декабри соли 2023 таъкид карданд, ки «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».

Тоҷикистон бо қабули Конститутсия, чун давлати демократӣ, ҳуқуқ­бунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона шоҳроҳи давлатдорию, сохтори давлатӣ, табиати қудратофарию реҷаи сиёсии ояндаи худро ба ҷаҳониён мисли ташкили як ҷомеаи сиёсии адолатпаравару давлати намунавии инсондӯст ва сулҳхоҳ муаррифӣ намуд. Интихоби ҳар яке аз ин роҳҳо бо таҳлили чуқури авзои сиёсии кишвар ва ҷаҳон дар мувозонаи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихӣ ва ҳамоиши мавзуни онҳо бо арзишҳои башарӣ дар партави Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ сурат гирифт.

Имсол моҳи апрел аз оғози фаъолияти яке аз рукнҳои Конститутсия, шохаи ҳокимияти қонунгузор, аввалин иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум 30 сол пур мешавад. Бояд қайд кард, ки дар раванди таъмини сулҳу субот, ризоияти саросарии ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум, ифтихору ҳувияти миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ба сулҳу ваҳдат даъват кардани халқи тоҷик нақши муассир дошт, ки дар ҳамин замина минбаъд ташаккули андешаи созанда ва муосири миллии мо тадриҷан шурӯъ гардида Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Албатта, ин ҳама даствовардҳо ва музаффариятҳо бемушкилию қурбониҳо, осон ба даст наомад. Гузашта аз он тоҷикон бо вуҷуди дастоварду музаффариятҳояшон дар рӯзгори беш аз се даҳсолаи охир, ҳанӯз вазифаю масъулиятҳои зиёди то охир ҳазмношударо дороанд, ки фаҳму ҳалли онҳо таъсири мустақим ба ободии ватан ва рушди давлатдори тавъам аст.

Дар давраи соҳибихтиёрӣ, ки тоҷикон бо роҳбарии Пешвои худ ба музаффарияти бузурги соҳибистиқлолӣ ноил шуданд, бо ҳама пастию баландиҳояш, воқеан як даврони хотирмону ҳикматомӯзи таърихист, ки қадру манзалат ва асрору бузургии он бо мурури замон ва гузашти рӯзгор фарохтар, азимтар ва пурҷилотар эҳсос хоҳад шуд. Ҳар қадаре, ки таърих моро аз ин санаҳои таърихӣ дур менамояд, ба ҳамон андоза қадр ва манзалати он дар рӯзгори наслҳои оянда азимтару бошукуҳтар намудор мегардад. Ин амри табиӣ аст, зеро шохаи ҳокимияти олии қонунгузории навини мо маҳз аз ҳамин нукта оғоз меёбад ва маҳз дар домони ҳамин муборизаҳои сиёсӣ ташаккул меёбад ва аз майдони нофаҳмиҳо ва муноқишаҳо то ба домони ватандорӣ, худшиносӣ ва қонунэҷодкунӣ ҳаракат мекунад.

Дуруст аст, ки проблемаҳо, душвориҳо ва масъалаҳои зиёди ҳалталабе, вобаста ба шароиту замону макон пайваста давлати моро дар пешорӯи бӯҳронҳои вазнини сиёсию ҳуқуқӣ ва иқти­содию иҷтимоӣ қарор дода, масъалаҳои ҳалталаб ҳалли оҷилии худро дар доираи манфиатҳои миллӣ масъалагузорӣ намуда, ба мазмуни давлатдорию ташаккули ҳуқуқи миллии мо бо мурури замон махсусиятҳою аломатҳои фарқкунандаро ворид менамуд. Аммо, кордонию таҳаммулпазирӣ, хирадмандию дурандешии Роҳбари муаззами мо ба сони Пешвои асили миллӣ тавонист ҳамеша ин мушкилу ноҳамвориҳои иҷтимоию иқтисодиро ҳамчун имконҳои нави рушди мафкураи миллӣ ба майдони ташаккули ҷомеаи навини мо ба маърази муборизаи созандагию ободкориҳои миллӣ кашад.

Воқеан шарафёбӣ ба ин ифтихороти таърихӣ дар он сурат имкон дорад, ки агар мо ва наслҳои ояндаамон мисли ҳамон халқиятҳои пешрафта тавонем атрофи арзишҳои меҳварии Конститутсия ба монанди аввалин иҷлосияи Маҷлиси Олӣ ва дигар дастовардҳои бунёдии миллатамон, пайваста устувору муттаҳид буда, андеша ва амалҳои Пешвоямонро, дар масири рӯзгори имрӯзи худ ва ояндагон азизу муҳтарам дошта, арҷгузорӣ ва пайравӣ намоем.

Ба вижа қадршиносӣ ва эҳтиром аз дастоврадҳои бунёдии халқ ба сони Истиқлол, Конститутсия ва рукнҳои он ба мисли аввалин иҷлосияи Маҷлиси Олӣ, Ваҳдати миллӣ, Адолати иҷтимоӣ, Эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи қонунҳои миллӣ ва ғ. ба сони орзуву омол ва одати зиндагии мардум табдил ёбад. Махсусан, қадршиносӣ аз Конститутсия ва таҷзияи ҳокимият, ки инъикоси ҳастии давлат аст, мояи устуворӣ ва пурқувватии сиёсии ҷомеа хоҳад буд. Зеро давлат устувории худро дар устувории меъёрҳои конститутсия ҳамчун тору пуди васлшавандаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ пайдо хоҳад кард.

Конститутсия дар мисоли аввалин Иҷлосияи Маҷлиси Олӣ дар тули сӣ сол на танҳо заминаи бунёдии ҳуқуқии роҳи ягона ва асосии халосии давлат ва миллат аз кашмакашию нооромиҳо гашт, балки ба ҳайси як ҳуҷҷати тақдирсози миллӣ ягонагии мардумро дар харитаи сиёсии ҷаҳон чун давлати мустақили Тоҷи­кистон муаррифӣ кард.

Масъалаҳои тайи бештар аз си соли иқтиқлол ва си соли таҷрибаи Парламентсолории навин паси сар шуда, ҳамагӣ собит менамоянд, ки роҳ дар бунёди давлати ободу зебо бо асосҳои сохтори Конститутсиониаш кори саҳл набудааст.

Дар ин ҷо нақши Маҷлиси Олӣ дар барқарорсозии рукнҳои давлатӣ, бо қабули қонунҳои конститутсинӣ ва қонунҳои дигар, ки тавассути онҳо асосҳои сохтори давлати фаъолият менамоянд таҳия ва қабул гардидаанд, бениҳоят калон аст.Қонунҳои зерини дар иҷлосия якум қабул гардида аз қабили инҳоянд; Қонунҳои Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи статуси вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъи фавқулодда», ва дигар қонунҳо қабул карда шуданд, ки шаҳодат аз тантанаву волоияти қонун буда, ҳамагонро дар Ҷумҳурӣ ба кору фаъолият дар доираи қонун ҳидоят менамуданд.

Дар ин замина адолатхоҳ будани сифати ҳуқуқии конститутсия ва шохаҳои он ба мо кӯмак намуда, бо ислоҳотиҳои конститутсионӣ (солҳои 1999,аз он ҷумла гузаштан ба Парламенти касбӣ, тағиротҳои дигари солҳои 2003 ва 2016) тавонист халқи моро бо сарбаландӣ ба касбияти қонунэҷодкунӣ ва сатҳу сифати нави зиндагӣ ҳидоят намояд.

Таҷрибаи истиқлолият собит сохт, ки ҳар як аз равандҳои давлатсозӣ таҳлили амиқи илмиро аз назари иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ талаб намуда, ҳамзамон инқилоби илмии фанҳои ҷамъиятию дақиқро дар сатҳи донишгоҳҳою сохторҳои илмии кишвар хостор аст. Насли нави донишманд, хирадманд, техноложӣ, мафкурасози давлатмеҳвар барои рушди давлати миллӣ ногузир шудааст. Дар баробари ин барои насли нав зарур аст, ки ба чанд масъалаҳои меҳварии рушди давлатдорӣ таваҷҷуҳи хос дода, вазифаҳои аввилиндараҷаи давлатдориро бо рисолати таърихӣ бояд дарк ва ҳазм намоянд.

Бо дарки ин масъулиятҳои шаҳрвандӣ, бо эҳсоси фараҳмандӣ аз шаҳрвандии ин кишвари тозаистиқлол, бо шарофатмандӣ аз пайраву дастпарвари мактаби сиёсии Пешвои миллат будан, бо эҳсоси решаи ғании фарҳанги миллӣ ва таҷрибаи бойи давлатдории ниёгон, бо дарки вазифаю масъулиятдорӣ назди бузургони гузашта ва эҳсоси ҷавобгарӣ дар назди наслҳои оянда, аз ҷумла наберагону аберагонамон, зарур шуморидем, ки ба яке аз ин шоҳсутунҳои пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллиамон – Конститутсия дар симои Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумат ва ҳокимияти судӣ андешаҳои худро дар ҳамбастагӣ бо назари бузургони илми ҳуқуқ дар партави давлатсозии миллиамон баён намуда бошем.

Бошад, ки ин гуфтаҳо то ҳадде барои мафкураи миллии мо ва васлияти он бо амалияи ҳуқуқӣ мутобиқ ба талаботи арзишҳои конститутсионӣ хидмат намояд.

Хулоса ин аст, ки миёни ҳама дастовардҳои истиқлолият Конститутсия ва шохаҳои он, аз он ҷумла мақомоти олии қонунгузории кишвар мавқеи хосаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва васлгарии арзишҳои бунёдии соҳибистиқлолии давлатро дорад.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – Президенти АМИТ, профессор